Главная / Илм / ГЕЛИОТЕРАПИЯ

ГЕЛИОТЕРАПИЯ

gelioterapiyaГЕЛИОТЕРАПИЯ (аз юн. helios – офтоб ва терапия), бо максади муолича ва пешгирии беморихо ба организми одам таъсир расондан ба тавассути нурхои офтоб; яке аз усулхои климатотерапия.
Омили таъсирбахши Г. энергияи афканишоти электромагнитии Офтоб аст. Спектри афканишоти мазкурро ба ултрабунафш (УБ), рушнои ва инфрасурх (ИС) чудо мекунанд. Нурхои ИС-и спектри офтоб ба бофтахо ворид шуда, онхоро гарм мекунанд, яъне асосан таъсири гармибахши доранд; нурхои ба чашм аён (рушнои) ба силсилаи асаби маркази таъсири ангезишовар мерасонанд; афканишоти УБ ба пайдоиши аксуламалхои фотохимияви ва биофизики замина мегузоранд, ки дар натича дар пуст витамини D, меланин, ранги сиёхтоб (ниг. Офтобхури) хосил мешаванд. Афканишоти УБ бактерияхоро низ махв менамоянд.
Г. дар мавриди шикастани устухон, дар шифо ёфтани захм ва яра, баъзе беморихои пуст (пиодермия, псориаз ва г.), гиповитаминози D, рахит, амрози музмини бронху шуш, беморихои музмини рохи меъдаю руда, сил, аъзои таносули занхо ва г. истифода мешавад.
Хангоми беморихои илтихобии шадид, омосхо, хуручи сили шуш ва устухон, атеросклероз, зики дил, беморихои хун, гипертония (зинаи II ва III), амрози гадудхои усораи дохили, силсилаи асаби маркази, бодхура, варача ва г. дар зери офтоб гаштан ва Г. чоиз нест.
Г. дар шакли ваннахои умуми (тамоми бадан) ва чузъи (руй, даст)-и офтобию хавои, хамчунин нимваннахо таъин карда мешавад. Г. дар дили нахор ва хамон замон баъди истеъмоли гизо зиён дорад. Хангоми Г. сар ва чашмро аз нури бевоситаи офтоб мухофизат кардан лозим аст. Г.-ро духтур таъин мекунад. Ниг. низ Ваннахои хавои ва офтоби.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …