Главная / Илм / ГАЗАК

ГАЗАК

inflammatioГАЗАК (Inflammatio), илтихоб, аксуламали чузъии мухофизати ва мутобикатии организм, ки дар чавоби таъсири омили зараровар пайдо мешавад; ба ибораи дигар, мамониатест бар зидди омилхои зараровар. Ба туфайли аксуламали илтихоби манбаи иллатёфтаи организм махдуд мегардад. Хучайрахои сафеди хун, ки фагоситоз (фуру бурдан, хазм ва нест кардани заррачахои бегона, мас., микробхо ва г.)-ро ба вучуд меоранд, ба суи чои газакгирифта мешитобанд. Хамзамон ба туфайли афзоиши хучайрахои сафеди хун ва диг. хучайрахои махсуси бофтахо, ки офарандаи подтанхо мебошанд, иммунитет пурзур мегардад.
Г. аз се кисмати мухим иборат аст: алтератсия – осеби хучайраю бофтахо; экссудатсия – аз рагхои хун баромадани зардоб ва хучайрахои хун; пролифератсия – афзоиши хучайрахо ва нумуи бофтахо. Вобаста ба бартари доштани яке аз чузъхои таркибии Г. се навъи онро фарк мекунанд: алтеративи, экссудативи ва нумуви (рушдёбанда).
Г.-и алтеративи (бартари доштани иллати хучайрахо) бештар дар дил, чигар, гурдахо ба вучуд меояд. Чунин шакли Г. хангоми баъзе аксуламалхои аллерги, таъсири моддахои багоят захрнок (мас., захре, ки микробхои хунок чудо мекунанд) ба вучуд меояд. Шакли аз хама вазнини Г.-и алтеративи некроз (нобуд шудан)-и бофтахо аст.
Г.-и экссудативи нисбатан бештар руй медихад; дар манбаи ин навъи Г. рагхои хун хеле тагйир ёфта, сурохии девораи онхо фарохтар мегардад; дар натича кисми хун ва лейкоситхо аз рагхои хун бо бофтахо мегузаранд; аз ин ру моеъи дар манбаи Г. чамъшударо экссудат меноманд. Агар экссудат шаффоф ва дорои то 8% сафеда бошад, Г. серози номида мешавад; дар сурати дар таркиби он зиёд будани сафедаи махсус – фибриноген сухан аз боби Г.-и фибринози хохад рафт. Хангоми Г.-и фасоднок дар экссудат микдори зиёди лейкоситхои махвгашта боки мемонад.
Дар мавриди Г.-и серрози экссудат аз кисмхои обакии хун, ки дар онхо сафедахо хал шудаанд, иборат аст; дар таркиби экссудат хамчунин лейкоситхо, эритроситхо, хучайрахои бофтахои кучидаи атроф дучор меоянд. Омехтаи хучайрахо ранги экссудатро тира месозанд. Дар таркиби он, одатан, 3 – 6 % сафедаи зардоб мавчуд аст. Г.-и серози маъмулан дар пардахои серози ва луобпардахо инкишоф меёбад. Экссудат метавонад дар чавфи узв чамъ (мас., дар чавфи плевра хангоми плеврит) ё дар руи луобпарда (мас., бронххо) чори шавад.
Хангоми Г.-и фибринози дар таркиби экссудат фибрини бисёр чамъ меояд. Фибриногени хун аз доираи раг берун омада, лахта мебандад ва ба фибрин мубаддал мешавад. Дар аснои ин дар сатхи пардаи серози ё луоби пардаи фибринози ташаккул меёбад. Он метавонад дар сатхи пардаи серози ё луобпарда озод карор гирад. Хангоми бо некрози амики бофтахо якчоя шудани Г.-и фибринози, парда ба сатхи кароргохи худ сахт мечаспад ва бо душвори чудо мешавад. Чунин Г.-ро фибринозию некрози ё хуноки (онро хунок хисобидан лозим нест) меноманд.
Дар холатхои Г.-и фасоднок таркиби экссудат асосан аз лейкоситхо иборат аст (кисми зиёди онхо дар холати тачзия мебошанд). Лейкоситхо ферментхои протеолизии гуногун доранд, ки боиси хал гаштани бофтахо, яъне пайдоиши фасод мегарданд. Агар фасод сархади аник надошта бошад, онро флегмона, ва агар худуди аник дошта бошад, думбал меноманд. Дар чавфи ягон узв, мас., дар плевра ё талхадон чамъ шудани фасод эмпиема номида мешавад.
Барои Г.-и нумуви афзоиши хучайрахо хос буда, боиси пайдоиши гирехчахо (гранулёма) ва гафс шудани бофтахо мегардад. Чунин Г. дар аснои сифилис, сил, тифи хасбави ва г. дучор меояд.
Зухуроти клиникии Г. панч аломати асоси дорад: сурх шудан, варам, варача, дард ва ихтилоли кори узвхои беруни (мас., пуст), ки дучори Г.-и шадид гаштаанд. Агар узвхои даруни Г. гиранд, хамаи ин нишонахо зохир намешаванд. Одатан, дар сурати Г. аксуламали умумии организм – таб, афзоиши микдори лейкоситхо дар хун (лейкоситоз), тагйири мубодилаи моддахо ба амал омада, баъзе навъхои Г. боиси захролудии узвхои бадан мегардад.
Г. нафакат асоси аксуламали мухофизи мебошад, балки дар шароити муайян ба организм зарар хам расонда, бофтахои хаётан мухимро иллатнок мекунад.
Окибати Г. гуногун аст; бемор ачаб нест, ки пурра шифо ёбад. Агар бофта осеби зиёд дида бошад, дар чои Г. хадша пайдо мешавад. Хангоми Г.-и узвхои даруни (мас., аппендитсит), илтихоб ба вучуд омада, узвхои хамшафат ба якдигар мечаспанд. Г.-и музмин боиси инкишофи склероз (тасаллуб)-и узв мегардад. Дар натича фаъолияти узви осебдида то андозае махдуд хохад шуд.
Ад.: Внутренные болезни, ч. 1 – 2, М., 2005; Н.А. Мухин, В.С. Моисеев, Пропедевтика внутренних болезней, М., 2005.

У. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …