Главная / Илм / ГАСЛИ МАХБАЛ

ГАСЛИ МАХБАЛ

gasli-mahbalГАСЛИ МАХБАЛ, бо обдуздак шустани махбал; тадбирест, ки факат бо тавсияи духтур дар мавриди беморихои газаковари музмини узвхои таносули занона ба кор мебаранд.
Гасли мунтазами махбал бидуни маслихати духтур (мас., барои дучон нашудан) мумкин аст боиси тагйири мухити он гардад, муковиматро бар зидди микробхои бемориовар заиф намояд. Барои Г. м. аз оби чушондаи ширгарм (37 – 390С) истифода мебаранд. Ба об доруеро, ки духтур таъин кардааст, хамрох кардан мумкин. Г. м.-ро ба тахтапушт дароз кашида, пойхоро кат ва аз хам дур карда, ба чо меоранд; ба таги сурин тубак мегузоранд. Барои Г. м. аз дулчаи Эсмарх (хачми он 1 – 1,5 л аст), найчаи резини (дарозиаш 1,5 м)-и чумакдор ва сараки пластмасси истифода мекунанд. Дулчаи Эсмарх ва найчаи резиниро кабл аз кор фармудан, бо махлули гандзудо ва оби чуш нагз мешуянд, сараки пластмассиро дар об чушонидан лозим. Дулчаро бо махлул пур карда, дар баландии 75 – 100 см ба девор (дар шароити хона) ё поя меовезанд. Пеш аз Г. м. аз найчаи резини хаворо хорич мекунанд. Саракро ба даруни махбал ба самти акиби он ба кадри 5 – 6 см медароранд ва чумакро мекушоянд. Бояд эхтиёт шуд, ки баъди анчоми Г. м. низ ба махбал хаво рох наёбад. Г. м. 10 – 15 дак. давом мекунад. Баъди анчоми он зан бояд дароз кашида, андак дам гирад. Бо максади табобат Г. м. пагохи ва бегохи, баъди бехтар шудани саломати – рузе 1 маротиба, сипас руздармиён ва билохира хафтае 1 – 2 маротиба ба чо оварда мешавад. Як даври муолича, одатан, аз 7 – 10 проседура иборат аст.
Дар вакти хайз (ниг. Давраи хайз), хомилаги, давраи баъди таваллуд ва искот, хангоми сахт газак гирифтани узвхои таносул Г. м. чоиз нест, зеро хунрави ва чараёни газак вазнин мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …