Главная / Илм / ГАРМКУНАК

ГАРМКУНАК

grelkaГАРМКУНАК, грелка, асбобест барои гарм кардани ягон узв ё тамоми бадани бемор. Дар он кисми бадан, ки Г. гузошта шудааст, чараёни хун суръат гирифта, дардро кам мекунад. Фуру нишастани дард нафакат ба харорати Г., балки ба муддати истифодаи он низ вобаста аст. Г.-хо гуногунанд: халтахои резинии гуногунхачм (№ 1 – 1 л, № 2 – 2 л, № 3 – 3 л); Г.-хое, ки асбоби шустушуй (ирригатсияви) доранд; Г.-хои махсус барои бачахо, ки ба шакли мохича, офтоб ва г. сохта шудаанд; Г.-хои барки (термофорхо); Г.-и химияви ва г. Г.-хои химияви, одатан, дар кисмхои харби истифода мешаванд. Агар Г. набошад, аз шишаи пластикии дахонаш махкам низ истифода бурдан мумкин аст. Барои ягон чои танро гарм кардан, инчунин рег, намак ё тухми баъзе растанихоро тасфонда ба халтачаи латтагин мегиранд ва ба руи бадан мегузоранд. Барои истифодаи Г.-и резини аз се ду хиссаи онро бо об пур карда, хаворо боэхтиёт мебароранд, сарпушакро нагз махкам мекунанд. Сипас онро бо сачок мепечонанд ё ба даруни халтаи латтагин меандозанд. Г.-и нихоят гармро аввал аз руи кампал, баъди андак хунук шуданаш, аз руи чойпуш ва сипас бевосита ба руи бадан мегузоранд. Агар зарур ояд, Г.-ро муддати зиёд низ гузоштан мумкин аст, вале барои насухтан ё дог пайдо накардан, ба пуст вазелин мемоланд. Ба одамони пусташон хассос ё бехуш Г. гузоштан харгиз чоиз нест.
Г.-ро факат бо маслихати духтур ба кор мебаранд. Дар хотир бояд дошт, ки хангоми сахт дард кардани шикам (мас., хангоми аппендитсити шадид, холесистити шадид ва г.), дар рузхои аввали баъди лат хурдан, иллати пуст, сирояти захм ва омосхои саратони истифодаи Г. мумкин аст боиси сар задани оризахои ногувор ва хатто марг гардад. Дар аснои сахт дард кардани шикам нихоят боэхтиёт будан зарур аст, зеро мумкин дард дар натичаи газаки римноки шикам (ниг. Перитонит) пайдо шуда бошад. Дар айни хол хангоми газаки музмин ва баъди сихат шудани захм кор фармудани Г.-и хушк ба кас шифо мебахшад. Вале дар ин маврид низ бо духтур маслихат бояд кард. Дар аснои аз хад зиёд хунук хурдани организм Г.-ро чун воситаи ёрии аввалин кор мефармоянд. Ниг. низ Гармишифои.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …