Главная / Илм / ГАРМИШИФОи

ГАРМИШИФОи

termoterapiyaГАРМИШИФОи, термотерапия, бо максади муолича кор фармудани гарми. Дар мавриди Г. аз гармкунак, гармибанди, обзанхои гарм, ваннахои офтоби, афканишоти ионзо, душ, лойкаи гарм, парафин, озокерит, реги тасфон, барк ва г. истифода карда мешавад. Гарми хамчунин метавонад дар бофтахои худи организм бинобар табдили энергияи омилхои физики ба вучуд ояд: майдони магнитии баландбасомад (индуктотерамия), майдони электрии ултрабаландбасомад (УВЧ-терапия) ва г.
Дар натичаи таъсири гарми гардиши хун бехтар шуда, моддахои фаъоли биологи бештар хосил мегарданд. Гарми мубодилаи моддахоро таквият дода, дардро кам ва ба сабзиши бофтахо мусоидат мекунад.
Г., хусусан Г.-и умуми, бояд эхтиёткорона ичро карда шавад. Дар мавриди он вазъияти мариз ва синну соли у, хамчунин беморихои «хамсафар»-ро ба эътибор гирифтан лозим аст.
Г.-ро бо таъиноти духтур дар аснои беморихои силсилаи асабхои канори, узвхои дарун, дастгохи такяву харакат, аъзои чинсии занхо, амрози пуст кор мефармоянд. Худсарона табобат кардан бо гарми хавфнок аст, зеро он метавонад чараёни беморихои дил, рагхо ва хунравиро вазнин гардонад.
Кабл аз муолича бо гарми ва баъди он, бояд 15 дак. истирохат карда шавад. Агар ахвол бад гардад, пас бетаъхир ба духтури табобатгох хабар додан лозим аст. Дар хавои хунук баъди Г. хатман либоси гарм мепушанд. Дар сурати дар хона табобат гирифтани бемор, бояд мухлат ва харорати омилхои муоличави ба таъиноти духтур мувофик бошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …