Главная / Илм / ГАРМИЧА

ГАРМИЧА

garmichaГАРМИЧА (Sudamina), гармоб, аракобила, иллати пустро гуянд, ки дар натичаи аз хад зиёд арак кардан ва суст бухор шудани он ба амал меояд. Бештар дар мависи гарм кудакони ширмак ва хурдсол гирифтор мешаванд. Ба инкишофи Г. нихоят тафсидани бадани кудак ва гарм печондану пушондани он мусоидат мекунад. Калонсолон хангоми беморихои сироятии шадид (бинобар таб ва араки бисёр кардан), гармбанди кардан, фарбехи ва г. Г. мебароранд.
Г. ба шакли обилачахои майда дар тамоми бадан ё ягон кисми он (бештар тахтапушт, сурин, гардан, чинхои пусти байни сурин, зери каши кудакон, дар чинхои зери гадуди сина, кадкашак, зери каши калонсолон) медамад. Хангоми Г. инчунин укдахои сурхи варамкарда ва обилачахои газакгирифта ба вучуд меоянд. Агар Г. дер пояд, доначахо якчоя шуда, чарохат (хусусан дар чинхои пуст) хосил мекунанд. Дар пусти сари кудакони заиф Г. мумкин аст ба иллати римноки пуст табдил ёбад.
Г.-ро бо маслихати духтур табобат мекунанд. Бартараф намудани омилхое, ки онро ба вучуд меоранд, хеле мухим аст. Ваннахои хавои, зуд-зуд шамол додани хона, обзанхо (бо махлули перманганати калий), баъди обзан ба чинхои пуст пошидани хокаи талк ва оксиди рух, молидани равгани офтобпараст ё махлули 1%-и спирти салитсилат, омехтаи шароб бо оби чушида (ним хисса об, ним хисса арак) ахамияти калон дорад. Пушидани либос аз матоъи сунъи чоиз нест.
Дар фаслхои гарми сол либоси пахтагин пушидан бехтар аст. Нигохубини дурусти бемори муддати зиёд бистарибуда омили мухими пешгирии Г. мебошад (либоси таги беморро зуд-зуд иваз карда, ба баданаш махлули 1 – 2-фоизаи спирти салитсилат ё борат, лосёни спиртдор молидан лозим). Ба кудакони хурдсол либоси бисёр пушондан ё онхоро сахт парпеч кардан чоиз нест; кабули мунтазами ваннахои хавои ва оби муфид аст.
К.И. Исмоилов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …