Главная / Илм / ГАРК ШУДАН

ГАРК ШУДАН

garki_obГАРК ШУДАН, дар об ва баъзе моеъоти дигар фуру рафтани одам. Дар натичаи Г. ш. фаъолияти узвхои зарури сахт ихтилол меёбад (мас., системаи асаби маркази, узвхои нафас, системаи хунгард ва г.). Аксар вакт одамон хангоми дар чойхои кушод оббози кардан гарк мешаванд. Мувофики маълумоти Федератсияи байналхалкии шиновари хар сол дар чахон 250 – 300 хаз. наф. одамон, хоса чавонон, дар об гарк мегарданд.
Сабаби асосии Г. ш. тарс мебошад. Тарс, ки боиси ихтилоли вазнини рухи ва диг. функсияхои организм мегардад, бештар на ба хатари хакики, балки ба хатари хаёли ва нобовари ба худ вобаста аст. Одам хангоми омухтани шиновари худро дар об метавонад озод нигох дорад, ба тахтапушт, пахлу ва шикам шино кунад.
Харорати об хам хеле мухим аст. Оби сард боиси ташаннучи рагхои пуст ва шуш, кашиши тулонии мушакхои нафас мегардад. Дар натича нафаскаши ва фаъолияти дил сахт халал ёфта, ба магзи сар хун кам меояд, кас аз хуш меравад. Дар одами солим низ хангоми якбора ба об даромадан мумкин аст холати шок руй дихад (ин боиси зуд ба об гутидан ва баъзан боиси марг мегардад). Чунин ходиса на танхо дар оби хунук (харораташ аз 16 – 180С паст), балки дар оби харораташ нисбатан гарм (22 – 260С) низ ба амал меояд (агар одам дар офбтобруя ё аз кори чисмони гарм шуда, баъд ба об даромада бошад).
Сабабхои дигари Г. ш.: шино карда натавонистан, хастаги, нотоби, хангоми ба об андохтани худ зарб ёфтан, инчунин ихтилоли кори дил хангоми зери об дар чукурии беш аз 1,5 – 2 м шино кардан (дар ин асно фишори гидростатикии афзоянда ба узвхои дарун тазйик оварда, онхоро аз чояшон бачо мекунад). Хангоми масти низ оббози кардан хавфи зиёд дорад.
Чараёни тези об, гирдоб, туфон, бархурдан ба ашёи гуногун, наботот ва хайвоноти оби хатари Г. ш.-ро зиёд мекунанд. Обутоби организм ва иродаи кави хавфи Г. ш.-ро нафакат дар шароити мукаррари, балки дар шароити фавкуллода низ хеле кам менамояд.
Г. ш.-ро шартан ба «хакики», «хушк» (асфикси) ва синкопи (игмои) чудо мекунанд. Хангоми гаркшавии «хакики» рохи нафас ва хубобча (алвеолахо)-хои шуш бо об пур шуда, об ба хун мегузарад ва таносуби намаку оби организм вайрон мешавад. Ба ин холат, одатан, дар оби гарм одамоне, ки рефлекси халкумашон заиф гаштааст, инчунин одамони маст гирифтор мешаванд. Хангоми Г.-и асфикси дар натичаи рохи нафасро бастани об ва ташаннучи устувори халк норасоии шадиди оксиген руй медихад. Ба Г.-и игмои ногахон аз кор мондани дил сабаб мешавад.
Марг мумкин аст дар хама мавридхо фаро расад, мас., дар аснои ба об гутидан, баъди аз об баровардани одам ё мустакилона баромадани у (дар натичаи тагйироти илочнопазире, ки дар хучайрахои магзи сар аз сабаби норасоии шадиди оксиген, аз кор мондани дил, варам ва газаки шуш руй медихад) ва г. Барои муайян кардани сабаби марг ва халли баъзе масъалахои махсус часади одами гаркшударо хатман аз муоинаи тиббии суди мегузаронанд. Аник кардани дар кадом вазъият ва чи гуна гарк шудани одам барои расонидани ёрии аввалин, ки баъзан хатто хангоми фаро расидани марги клиники хам самари хуб медихад, хеле мухим аст.
Барои начоти одами гаркшуда харорати обе, ки у дар он гарк шудааст, ахамияти калон дорад. Дар оби сард чисми одами гаркшуда зуд хунук ва чараёни мубодилаи моддахо суст шуда, организмро ба норасоии оксиген устувор мегардонад (ин барои реаниматсия шароити мусоид фарохам меорад).
Шахси гаркшавандаро аксар шинокунон начот додан лозим меояд (хангоми набудани воситахои начотдихи, дур будан аз бунгохи начотбахши ва г.). Бо ин максад начотдиханда бояд хамаи амалиётро зуд ва мохирона бачо орад. Аввал кад-кади сохил то наздикии чое, ки одам гарк шудааст, давидан лозим аст. Баъд либосхоро кашида ва зуд ба об даромада, суи гаркшаванда шино бояд кард (хангоми шино намудан, кувваи худро низ эхтиёт кардан лозим аст). Агар гаркшаванда нопадид шуда бошад, пас ба каъри об (дар дарё самт ва чараёни обро ба назар гирифта) гута задан лозим меояд. Гаркшавандаро аз даст, зери багал, ё муи сараш дошта, бо харакати пойхо ё пойхову як даст руи об мебароранд. Агар шахси гаркшаванда дар руи об бошад, пеш аз хама уро осуда бояд кард. Дар сурати ором нагаштан, бехтараш, аз кафо шино карда, ба у наздик шудан лозим. Зеро дар чунин лахзахо у якбора ба шахси начотдиханда мечаспад (барои начот ёфтан, бо хамрохии у каме зери об рафтан лозим, дар ин лахза вай аз тарс зуд дастонашро сар медихад).
Ба одами гаркшудае, ки аз об баровардаанд, вобаста ба вазъи у ёри медиханд. Агар одам бехуш нашуда бошад, уро таскин дода, либосашро мекашанд, баданашро нагз пок карда, либоси дигар мепушонанд; агар аз хуш рафта, вале набзаш дар задан бошад ва нафас кашад, ба у спирти навшодирро буйонида, сари синаашро луч мекунанд; барои тезонидани нафаскаши забони уро кам-кам кашидан мумкин аст. Дар сурати кор накардани дил ва нафас накашидани одами гаркшуда усулхои оддии реаниматсияро ба кор мебаранд. Пеш аз хама зудтар рохи нафаси уро аз об тоза кардан лозим. Барои ин осебдидаро бо шикам ба руи зону мехобонанд. Дар ин маврид сари у ба поён овезон шуда, оби рохи нафас ва меъдааш берун меояд. Баъд дахони осебдидаро аз рег, лойка, бокимондаи кай тоза карда, ба у фавран нафаси сунъи медиханд. Нафасдихии «аз дахон ба дахон» ва «аз дахон ба бини» бехтарин рох мебошад. Хангоми додани нафаси сунъи осебдидаро руболо хобонида, сарашро барои хар чи зиёдтар кушода шудани рохи нафас ба кафо хам мекунанд. Нафаси сунъиро бехтараш аз болои дока ё ягон матои нафис бояд дод. Вакти аз дахон додани нафас, бини ва хангоми аз бини додани нафас, дахони осебдидаро махкам карда, манахашро пеш мекашанд. Дар аснои додани нафаси сунъи дилро масх мекунанд, яъне баъди фиристодани хар нафас панч маротиба сари синаи осебдида зер карда мешавад.
Сарфи назар аз ахволи одами осебдида бадан, дасту пои уро масх ва гарм кардан лозим аст.
Ин тадбирхоро фавран баъди аз об баровардани шахс (дар сохил, дар заврак) то омадани духтур ё ба беморхона бурдани у ба чо меоранд. Дар беморхона ба осебдида, агар лозим шавад, ба тавассути дастгохи махсус нафаси сунъи медиханд, дилашро масх мекунанд, дору мехуронанд.
Сайёхон, мохидорон, хусусан аъзоёни Чамъияти аз об начотдихи бояд аз усулхои ёрии аввалин ба гаркшудагон огох бошанд.
Барои дар об гарк нашудан, ба чунин коидахо риоя кардан лозим аст: бе назорат нагузоштани кудакон, аз даруни заврак, аз болои амад ба об напартофтани худ; дар чои мамнуъ оббози накардан. Дар холати масти, инчунин 1,5 – 2 соат пас аз таом, дар мавриди аз хад зиёд хаста ё рухафтода будан оббози кардан харгиз чоиз нест. Баъди дар офтобруя дуру дароз нишаста гарм шудан, оббози махсусан ба одамони солхурда ва гирифтори беморихои дилу раг хавфнок аст. Дар чои ношинос оббози кардан, хусусан бо сар худро ба об партофтан, хатари калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …