Главная / Илм / ГАРДАН

ГАРДАН

sheyaГАРДАН (Cervix), кисми дар байни сар ва тан чойгиршудаи бадан. Асоси Г. кисми сутунмухра – мухраи гардан мебошад. Мушакхои Г. як кисми мушакхои шаклан дигаршудаи бадан махсуб мешаванд. Дар Г. ибтидои узвхои нафас (ханчара, хирной), хозима (гулу, гадудхои оби дахон, як кисми сурхруда), рагхои хун ва лимфа, гадуди сипаршакл ва гадудхои наздсипаршакл, инчунин асабхо чой гирифтаанд. Хароммагз низ аз мухрахои Г. ибтидо меёбад.
Аз нукси инкишофи Г. бештар качгардани дучор меояд. Кистаи Г. ташкилаи гирдашакл буда, диаметри он 4 – 5 см аст; дард намекунад. Нукси Г.-ро, одатан, бо рохи чаррохи табобат менамоянд.
Осебхои пушидаи Г. дар натичаи садамахои маиши, наклиёти ва варзиши, афтодан аз баланди, овехтан ба дор ва г. ба вучуд меоянд. Дар ин гуна мавридхо бофтахои нарм лат хурда, тагоякхои ханчара ва трахея, устухонхои зери забон, мухрахои гардан мешикананд, дил мумкин аз кор монад. Осебхои кушодаи Г. бо нишонахои иллати рагхои калон, ханчара, сурхруда, гадуди сипаршакл, асабхои чумчумаю магзи сар ва г. падид меоянд.
Ба беморихои илтихобии Г. лимфаденит, флегмона, пучак, хафтпуст, саромос, ки бисёр вакт ба сарсом (менингит) ва уфунат (сепсис) мепечад, мансуб мебошанд. Лимфаденити фасоднок ва флегмонаи Г. бисёр вакт бинобар мавчудияти манбаи сироят дар дандонхои пусида, хангоми ангина, фарингит, ларингит, амрози илтихобии гадуди оби дахон, пусти ру ва сар, беморихои сироятии кудакон, захми сурхруда, ханчара, гулу ва г. рух менамоянд.
Иллатхои Г. бо дорухои гуногун ва амалиёти чаррохи табобат карда мешаванд.
КЛ
Гардан (топография). А – кисми пеш (бо хати чигари чудо карда шудааст); Б – кисми синаю чанбару пистонакшакл (аз пеш бо хати чигари, аз пушт бо хати сабз ишора карда шудааст); В – кисми чонибии гардан (бо ранги сабз чудо карда шудааст). Секунчахои гардан бо хати зард ишора гаштаанд. 1 – секунчаи зери чоги поён; 2 – секунчаи Пирогов; 3 – секунчаи суботи; 4 – секунчаи шонаю хирной; 5 – секунчаи шонаю чанбар; 6 – секунчаи шонаю трапетсияшакл; 7 – асбоби зери забон; 8 – артерияи забон; 9 – венаи югии даруни; 10 – артерияи умумии суботи; 11 – мушаки синаю чанбару пистонакшакл; 12 – артерия ва венаи зери чанбарак; 13 – шиками поёнии мушаки шонаю зери забон; 14 – бофти гардан; 15 – асаби калони гуш; 16 – асаби хурди паси гардан; 17 – асаби кундаланги гардан; 18 – бофти китф.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …