Главная / Гуногун / ГАРАВГОНГИРИ

ГАРАВГОНГИРИ

Чанги шахрванди такрибан шаш мох ба таври задухурди руёруй дар дохили кишвар амал карда бошад хам, аз соли 1992 то аввали солхои 2000-ум ахолии кишвар дар холи мухосира зиндаги мекарданд. То баргаштани мухолифон аз Афгонистон як зумра фармондехон бедодгари мекарданд. Баъд аз оштии милли ва имзои Созишномаи сулх, чангиёни мухо- лифон низ ба кишвар ворид шуда, авчи бедодгариро ба фалак расонданд.

Шабе ногахон хабар расид, ки Абдулхакимро рабудаанд. Ман зуд ба чои вокеа расидам, ки мошинаш гирон дар даро- мадгохи гаражаш бо дархои кушод истода буд ва аз худаш нишоне набуд. Милиса хам расида омад, хамаро пурсида санад тартиб дод.

Ин вокеа соли 1999 руй дода буд. Он замон чангиёни му- холифон аз Афгонистон баргашта, хамрохашон гаравгонгири, террор ва дигар касофаткорихои дар мактабхои Покистону Афгонистон омузиш дидаашонро оварда буданд. Тахмин ме- кардам, ки уро гаравгон гирифтаанд. Вале мутмаин набудам, дилам ба сад кучаву тангкуча мерафт. Чи фикрхое аз сар намегу- зашт. Ба хавли омадам, ки хама хамкорону хешу таборон хабар ёфта, чамъ омадаанд. Хама ба ман нигох мекарданд, интизор буданд, ки ман чи мегуям. Дидани киёфаи хохарбузургам, ки хеле кохида буду чашмонаш аз гиря варам карда буданд, бароям сангин буд. Ман уро хеле дуст медорам. Хеле зиёд! Факат уро

тасалло додам, ки ман уро меёбам, пагох руз шавад, аз пасаш мешавам. Дигар харфе барои гуфтан надоштам.

Бо хомуши шабро дар курсихо нишаста, руз кардем. Сахар руз нашуда, боз дустону хамкорони дигар хабар ёфта меома- данд. Хама вокеан андухгин буданд, мисли ман узве аз бадана- шонро гум карда буданд. Дар он рузхои вазнин дустони зиёд шабу руз дар канори оилаи мо буданд. Тамоми майдонхои киштзори атрофи шахр, чуйбору рудхонаву захбурхо, беморис- тону сардхонахоро кофтанд. Доим дар тамос бо милисахонахо буданд. Хеч чугиву фолбине намонд, ки нарафта бошанд. Ман захмати якояки онхоро ёд дорам, миннатдорам ва хеч гох фаромуш намекунам.

Устод Сорбон омада, дилбардори карданд ва гуфтанд, ки бо дусташон генерали амният Худойкул Хамрокулов сухбат кардаанд ва у интизори мост, салох аст, ки наздаш биравем. Ба назди чаноби Хамрокулов рафтем ва ман буду шуди корро гуфта додам. У як афсарро даъват карда, супориш дод ва он афсар тамоми чузъиёти ходисаро навишта гирифт ва ваъда дод, ки ба зуди чои Абдулхакимро пайдо карда, уро озод мекунад. Инчунин у ба ман омузиш дод, ки дар холатхои зарури чи гуна рафтор намоям. Гуфт, ки дигар ба идораи амният наоям, онхо аз паси ман ва хавлии мо назорати 24-соати таъин карда, худа- шон аз хама кор огох хоханд шуд. Ман хеле рухбаланду дилпур шудам, ки дунё сохиб дорад ва макомоти кишвар бародарамро пайдо карда, чинояткоронро чазо медиханд.

Вале албатта, худам хам даст руи даст нишастани набудам. Накша кашидам, ки ман бо Зокирчон ва Исмоил ба назди фар- мондехони мухолифон меравем ва якояки онхоро мебинем. Гаравгонгири вахшитарин чиноят аст, ки чангиёни мухоли- фон ба кишвар ворид карда буданд. Ин хама сол кишвар дар мухосираи чангсолорон бошад хам, хеч гох касе аз онхо ин касофаткориро хамчун рохи пулкоркуни ба гушаи гумонаш рох надода буд.

Аз ёру дустоне, ки ба дастгирии мо чамъ омада буданд, хо- хиш кардам, ки тамоми сардхонахо, бемористонхо ва милиса- хонахои шахри Душанбеву шахрхои атрофро бичуянд. Хавлии моро маркази иттилоот таъин кардам.

Он замон дар Душанбе ва атрофи он дастахои мусаллахи гайриконуни амал мекарданд. Онхо бо номи сардоронашон маъруф буданд. Дастахои Рахмон Хитлер, Мансур Муаккалов, Ризвон, Саидмухтор ва гайра бедодгари мекарданд. Молу чони мардумро тороч мекарданд, рохзани мекарданд. Гаравгонгири низ яке аз роххои даромадашон буд. Хар руз мешуниди, ки писари фалониро, бародари бисмадониро гаравгон гирифтаанд ва ба ивази пардохти пул рахо кардаанд. Хар номаъкулие, ки хоханд, мекарданд. Ангор инхо човандозони мугул буданд ва мардумро буз мекашиданд.

Як точире буд, ки Алишер ном дошт. У бо умдафурушии маводи хуроквори машгул буд. Магозахояш, ки дар наздикии истгохи рохи охан чойгир буданд, ба номи «Сафар сентр» хеле маъруф буданд. Бародари хамин точирро гаравгон гирифтанд, маблагашро хам ситонданд ва боз хам рахо накарданд, шояд кушта будандаш. Чашмони модараш аз ашкрези кур шуд. Ва дере нагузашта, модари бечора аз гам мурд.

Муовини раиси Бонки миллиро гаравгон гирифтанд, ки бо пардохти пули калон харидандаш.

Писари як дусти дигарамро гаравгон гирифта буданд, ки худаш дар макомоти низоми кор мекард.

Махсусан, вакте ман ба ин табохкори рубару шудам, бо касони зиёде, ки аз дасти ин хайвонсиратон зулм дида буданд, шинос шудам ва киссахои нафратангези онхоро шунидам.

Бо дустон накша кашидем, ки як-як ин силохбадастони та- бахкорро дида, пурсем, шояд суроги Абдулхаким пайдо шавад.

Як дусти дигарро, ки аз дехаи Охток буд, рахнамо гирифта, ба минтакаи Теппаи Самарканди, ки маскани Рахмон Хитлер – яке аз ин одамсуратони хайвонсират буд, рафтем. Вакте ки аз кутал боло мебаромадем, ногох аз пушти дарахт ду сарбози мусаллах баромада, пеши мошинро гирифтанд. Рохбалади мо фуромада, бо онхо салом кард ва онхо мошинро тафтиш карда, ба мо ичозати гузаштан доданд. Каме болотар як нафари дигар руи рох баромад. Рохнамои мо «Рахмон хамин аст», гуфта, ба ронанда Зокирчон ишора кард, ки мошинро нигох дорад. Мо пиёда шудем ва ба назди он булачаб рафтем. Кади у такрибан яку шаст, ришаш то ноф, либосхои низомии танаш аз худаш бузургу овезон буданд ва боз хам кади уро пасттар нишон медо- данд. Сураташ аз сираташ бехтар набуд. Номаш Рахмон Хитлер бошад хам, ман дар зехнам уро «пакана» номидам.

  • Ха, эшон, чи гап? -гуфта аз рохбалади мо савол кард Па- кана. Рохбалади моро, ки аз зоти эшонон будааст, дар ин чо хама мешинохтанд ва «эшон» хитоб мекарданд.
  • Хамин бародаро як бародарашонро гум кардаанд, омадем пурсем, ки шумо ягон хабар надорен? – гуфт рохбалад.
  • Ки бдай? Номуш чияй? – пурсид Пакана, ки ангушташро ба бинияш халонда, чизе мекофт. Зокирчон, ки лахчааш ба у монанд буд, фахмонда дод.
  • Ай хаштоду ду гирифтануш? – зехни Пакана банди чизе буд, ки такроран пурсид.
  • Ха, таксир, – гуфт Зокирчон.
  • Мошинша нагирифтан? – боз пурсид Пакана, як тори ри- шашро шарти канда, пеши чашмаш оварда аз назар гузаронд ва чизи мекофтаашро наёфт магар, ки ба замин партофт.
  • Не, таксир, мошина нагирифтанд, – Зокирчон чавоб дод.
  • Читари мошинай? – суоли навбатиро дод Пакана.
  • Нексия, таксир.
  • Бачои ма мебдан мошиншам миёвардан, мо холи итари- ша надорем, мода даркорай, – чашмони Пакана барк пошид ва захрхандае карду – хай, ма ису усура мепурсум, ёфтум гавтон мезанум, – гуфт.

Мо аз назди Рахмон Хитлер баргашта, ба нохияи Вахдат рох пеш гирифтем. Холдонхо ба мо гуфта буданд, ки яке аз хунхортарин силохбадастони гайриконуни Малиш номе дар рохзаниву бедодгари шухрат дорад. Мо карор карда будем, ки якто-якто хар кадоми он рохзанхоро бибинем. Бояд Малишро пайдо мекардем.

Рохро чанд чой гавчуб гузошта, нигохбони мекарданд. Дар ин назоратгоххо вакте мефахмиданд, ки мо ба суроги Малиш равонем, фавран ичозат медоданд, ки гузарем. Мисли ин ки Малиш дар ин чо хеле маъруфу бонуфуз буд.

Ногох аз кафо як мошин басуръат омада, аз мо гузашт ва пеши рохи моро баст. Аз дохили он як чавони низомипуши мусаллах фуромада суи мо омад. Мо хам пиёда шудем.

  • Шумо ба ман кор доштен? – зохиран, ин Малиш буд. Ин як чавони 20-22-солаи хеле нахиф буд. Бовари кас намеомад, ки ин хамон Малиши котил бошад, ки корномааш хеле машхур буд. Зокирчон фахмонд, ки мо ки хастем ва чаро уро сурог мекунем.
  • Ма и корода кор надорум, мада бген кира куштан дарко- рай, пулша бтен, мекушумуш. Ма адиночкаюм (танхогард), – харисона моро аз назар мегузаронд Малиш.

Ин чо хам мо хабаре аз бародар наёфтем. Рузи дувум хам хамин тавр ба кофтуков машгул будем, вакте бегох ба хавли баргаштем, маълум шуд, ки касе ба падару модарам хабар бурда, ки бо ман ходисае рух додааст ва онхо хеле нигаронанд. Хушбахтона, онхо мехостанд садои маро шунаванд. Агар садои Абдулхакимро мехостанд, чи кор мекардам? Вакте садои маро аз гуши шуниданд, боварашон намеомад. Модарам дуои нек мекарданд, ки хоре ба поям нахаладу худованд пеши рохамро кушояд, ки вокеан, ин фотихаи модар барои ман хеле саривакти ва зарур буд.

Рузи чоруми кофтуков мо дар рох як хешованди Исмоил – Саидбекро вохурдем. Саидбек корманди милисаи рох буд. Вакте аз ходиса огох шуд, у ба мо пешниход кард, ки Командирро бубинем. Гуё нохияи Вахдат пур аз командиру хитлеру котил буд. Бо рохнамоии у мо ба кисми низомии мухолифон, ки чанде пеш аз Афгонистон баргашта ва дар дараи Ромит чойгир буд, рафтем. Нигахбони дарвоза рохбалади моро мешинохт магар, ки ичозат дод ва мо ворид шудем. Ин як осоишгохе буд, ки мислаш дар замони шурави дар дараи Ромит зиёд буд. Хавлии бузурге дошт, ки дар он чанд низоми гаштугузор мекарданд ва як нафар бо либоси мулки панчох-шаст кадам дуртар аз мо, тасбех дар даст, кадам мезад.

  • Хазрат, – ба суи у ишора карда, гуфт рохбалади мо. Ман гич шудам:
  • Командир кучост?
  • Чое, ки хазрат хаст, командир чи даркор! – ва рахорах тавзех дод: – ин фармондехи баталиони биступанчум, хазрати Мухаммади, командир сардори ситодаш Намоз. Бахтатон омад кард, хазратро хамаи фармондехони мухолиф хурмат мекунанд, хозир аз худаш ёри хохиш мекунем. Мо пасихам ба суи хазрат равон шудем.

Як нафар аз низомиён зуд рох гашта, худашро ба рохбалади мо расонд ва салом карда, хол пурсид.

  • Намоз командир, хамин бародарон як бародарашонро гум кардаанд, омадем бинем, барои ёфтанаш ёрдам карда ме- тавонем, – гуфт Саидбек. Зохиран, ин хамон командире буд, ки мо ба сурогаш омада будем.
  • Ному фамилияаш чист? – пурсид командир, мисли ин ки инхо хама зиндонхои гаравгонон доштанд ва руйхати номхои онхоро хам азёд медонистанд.
  • Холиков Абдулхаким, – гуфтам ман бо бекарори.
  • Холик, Холик, ха, ха фахмидам, ба хазрат гап назан, ман медонам у дар кучост, – гуфт, садояшро паст карда командир саросемавор.

Ман дигар хеч рагбати бо Хазрат салом кардан надоштам. Тамоми вучуди ман ба ин командир таваччух дошт. Бародари ман дар дасти ин гаравгон буд.

Командир пеш даромада, моро то назди хазраташ бурд. Мо салом кардем. Хазрат як марди коматбаланди си-сиюпанчсола буда, риши кутохе дошт ва то ба наздаш расидани мо тасбех гардонда, ором-ором рох мерафт. Ачибаш ин буд, ки хатто дар хавлии кисми низомие, ки худаш фармондехи он буд, чор чон- дори мусаллах аз чор тарафаш уро химоят мекарданд, ангор у ба хеч кас эътимод надошт. Хатто ба худо!

Ин Мухаммади Турачонзода, фармондехи кисми низомии мухолифон буд.

Мо бо у, ки Саидбекро хуб мешинохт, салом кардему бар- гаштем. Назди дарвоза бо командир сухбат кардани шудем, ки гуфт:

  • Шумо пагох биёед, ман муайян кунам, ки у хануз зинда аст ё не. Касоне, ки уро гаравгон гирифтаанд, хеле хатарноканд.

Ба саволхои ман, ки ки гаравгон гирифтаасту магар наме- шавад хамин холо наздаш биравем? – хандид:

  • Чура, ин гуна корхо ин тавр хал намешаванд. Агар ту онхоро бини, сиррашон фош мешавад, мачбур мешаванд туро парронанд. Додаратро хам мепарронанд. Равед, пагох биёед, ман то пагох мебинам, шояд як исботе, ки вокеан хамон бародарат аст ва зинда аст, бароятон тайёр кунам, – ва Саидбекро канор- тар бурда, чизе гуфт. Саидбек омад ва мо аз дарвоза баромада ба мошин нишастем. У гуфт, ки пагох вакти омадан, бояд ба кисми низоми хуроквори биёрем, зохиран ин хамон чизе буд, ки командир ба у дар алохидаги гуфта буд. Гайр аз ин, коман- дир гуфта буд, ба ман расонад, ки хар гуна такудав ва тамос бо макомот, махсусан амниятро бас кунам. Аз хар кадами дар ин рузхо гузоштаи ман огох буд, лаънати!

Ман нихоят чои Абдулхакимро пайдо кардам! Ман наме- донистам чи тавр ба Саидбек миннатдори баён кунам. Дар холати хаячон будам. Гуё аллакай Абдулхакимро халос хам карда бошам.

Фикр мекардам, чи тавр метавонам худи имруз уро аз дасти ин вахшиён бигирам? Ба амният арз кунам? Инхо то хол аз хар кадами ман огох будаанд. Аз амният дар ин хама вакт хеч хабаре нест. Ман бо ду нафар рохбалад тамоми командирхоро гаштам, хатто чои гаравгонро пайдо кардам, вале аз онхо хеч харакате надидам. Шояд нисбат ба таъмини амнияти мо – шахрвандон, онхо бо корхои мухимтаре машгуланд. Вагарна, чи гуна меша- вад, ки ин авбошону чинояткорон шабу руз дар шахру дехот ин хама бедод мекунанду амнияту милиса зиддашон чорае намебинанд?

Агар коре кунам, бо амниятихо вохурам, хатман ба гаравгон зарар мерасонанд. Чи бояд кард, чи, чи???

Майнаам беист кор мекард. Гич шудам. Хама фикрро яксу гузошта, аз Зокирчон хохиш кардам ба хавли ронад, мехостам аз хама пеш ба хохарам хабар дихам ва каме хам бошад, уро ором кунам. Бегохирузи ба хона расидем ва ба хохарбузургам хабар додам, ки чои Абдулхакимро пайдо кардем. У хам ба саволборон сар кард, ки худам чаро уро надидам, чаро имруз халос накардам? У хам мисли ман хеле сода пиндошта буд. Фикр мекард бозии кудаконаи «рустшавакон» бошад. Агар чои касе ошкор шуд, у хамон замон бояд аз панохгохаш барояд. Ман тамоми хатари вазъиятро дарк мекардам, вале наметавонистам ба у фахмонам, бечора бе ин хам зачри зиёд кашида буд. Ман ба у факат инро гуфтам:

  • Чои у пайдо шуд, пагох нишонаашро ба мо медиханд, баъд пул дода, халосаш мекунам, ту ором шав!

Дар асари чор шабонарузи бехобиву нимбедори имшаб хобам бурда мондааст. Субх надамида, аз такон бедор шудам, у хамон тавре, ки шаб назди тахт нишаста буд, хануз хам хамон тавр нишаста буду маро бедор мекард.

  • Хез, хез, вакти рафтан шуд.

Берун хануз торик буд, шояд соат 4-5 буда бошад. Шаби дароз мижа тах накарда буд, фикр мекард агар бихобад, мо дер мекунем.

Мо ба мошин нону гушту дигар масолехи хуроквори бор карда, ба Вахдат равон шудем. Командирро дар кисми низоми пайдо накардем. Гуфтанд, ки у дар хонааш дехаи Бузбит будааст. Хуроквориро супурда, ба дехааш равон шудем. Дилам ба сад куча мерафт, оё командирро дар хонааш пайдо мекарда бошем? Ман он кадр бетокат будам, ки ба хар деха, ки наздик шавем мепурсидам, ки оё хамин дехааш аст? Саидбек – рохбалади мо ба ман мефахмонд: ин дехаи Чиртак аст, баъди 4-5 километр ба Туркобод мерасем, ки хонаи Хазрат он чост, аз паси он дехаи Бузбит мешавад, ки бо Туркобод ба хам часпидаанд. Вакте мо ба назди хонаи командир расидем, у дар назди хонааш ба як гурух, ки аз мошин бор мефароварданд, рохбари мекард. Моро дида, назди мо омад ва гуфт:

  • Ин бародарат духтур будааст-а? Хеле бачаи шух будааст. Бо бачахои мо унс гирифтааст, – аз дахонаш баромада рафт.

Ман дигар исботе аз он, ки Абдулхаким дар дасти ин гу- рухи чиноятпеша аст, намехостам. Маълум буд, ки у дар дасти хаминхост. Гуфт:

  • Ман бо Восит сухбат кардам, – гуё ман Воситро мешинохта бошам – у мегуяд як миллион доллар биёрад, рахо мекунам. Бародарат дар дасти Восит дар Ёвон аст, – иштибохи худро руйпуш кардани шуд, ба ман бодиккат зехн монда.

Ман зуд худро ба даст гирифтам.

  • Командир, ин пуле, ки мегуед, агар хатто мавчуд бошад, чамъ кардану оварданаш кори осон нест. Ман хама чизамро сарф мекунам, ки бародарамро бихарам, вале чизе гуед, ки мантики бошад, – гуфтам.

Афсари амният ва дигар корафтодагон ба ман ёд дода бу- данд, ки ба шартхои онхо рози нашавам. Дар холи рози шудан, онхо хар замон шартро тагйир дода, пули бештар талаб кар- данашон мумкин буд.

  • Мошин, хона хама чизи доштаамро медихам, вале ин шарти шуморо ичро карда наметавонам, – илова кардам ман.
  • Восит хама коратро медонад, бо колхозхои Кабодиёну Панчу дигару дигар кор карданатро бародарат гуфта додааст, ин пулхо барои шумохо пуле нест, – бо истехзо гуфт командир.

Ва илова кард:

  • Майлаш, хаштсадто меори, ман Воситро рози мекунам. Вале агар аз ин кам гуи, бародаратро куштанашон мумкин аст.

Мо хамакаса аз у илтимос кардем, ки бо гаравгонгирон сухбат кунад, ки шартро сабуктар кунанд, мо хам мебинем, ки чи кадр пул чамъ карда метавонем. У гуфт, ки пагох оем. Ман илтимос кардам, ки маро назди онхо барад, худам бо онхо сух- бат мекунам. У аз густохии ман ба шур омада, «рав пагох биё!», гуфта дуг зад. Хамрохонам хам харчанд илтимос карданд, ки хамин холо рафта гапзанон кунад, мо интизор мешавем, рози нашуд. Вале ваъда кард, ки пагох ба мо навори видеои низ ни- шон дихад, то Абдулхакимро дида, бовар кунем, ки рост мегуяд. Ин як шеваи дигари тарсафкани ва фишори равони овардан руи акрабои гаравгон будааст, ки вакте азизи худро дар банду зор мебинанд, бештар гапдаро мешаванд.

Мо ноилоч баргаштем. Фикр мекардам, ки чи гуна акаллан як микдор пул тайёр кунам. Хеч пули тайёре дар даст надош- там, тамоми сармояам дар болои колхозхо монда буд, балки карздор хам будам. Мошину хонаву хама бисотро фурухтан вакт металабад, вале он хам пули зиёде намешавад. Чи бояд кард? Аз ки ёри пурсам?

Ягона касе, ки ба зехнам расид, Чон Стэд буд. Бегох ба офис рафтам, то шаб ба Амрико занг зада, аз у маслихат пурсам, бубинам ёрие карда метавонад ё не? Вакте Чон аз казия огох шуд, гуфт:

– Мутмаин бош, мо дар канорат хастем, хатман ёри мекунем, ман бо рохбарият сухбат карда, ба ту хабар медихам.

Пас аз сухбат бо Чон каме дилпур шудам. Пагох рафта, ме- бинам, ки командир чи мегуяд, чи кадр поён мекунад? Тамоми имкониятро истифода мекунам, додарамро халос мекунам, ба он тарафаш худо подшост.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …