Главная / Илм / ГАНДАНО

ГАНДАНО

gandanoГАНДАНО (Allium ascalonicum), шаллот, навъе аз растанихои пиёзакбех. Ба пиёзи мукаррари (А. cepa) хеле монанд, лекин сербех (дар як бех аз 3 то 40) аст. Г. сабзавоти сармобардор (–10 –150С) ва тезрас буда, баъди 15 – 20 руз сабзида мерасад. Пиёзаки Г.-ро аввали бахор мешинонанд. Дар таркиби Г. ба микдори зиёд кандхои гуногун, кислотаи аскорбинат, моддахои хушк, намакхои минерали (калий, фосфор, охан ва г.), намакхои никел, титан, герамний, витаминхои В, РР, Е, каротин, равганхои эфир, фитонсидхо мавчуд мебошанд.
Г.-ро дар тибби халки аз кадим барои табобати бавосир, дарди мафосил, нукси меъдаю гурда истифода мекунанд. Он дар косметология низ фаровон кор фармуда мешавад. Куфтаи Г. барои равондани догхои гуногун, наррак, гушт гирифтани захм, чойхои харошидаи пуст, офтобсухта муфид аст. Киёми Г. мубодилаи моддахоро дар пусти сар ба танзим дароварда, сабзиши бофтахоро метезонад, решаи муйро устувор месозад. Барги Г.-ро куфта бо сирко сиришта ба пеши сар бимоланд ё гузошта банданд, хуни биниро манъ мекунад. Агар барги онро бихуранд, рохи нафасро пок мегардонад, хозима ва камарро кувват мебахшад, дарунро мулоим мекунад, пешоб ва хайзро равон месозад, бохро таквият медихад. Андаке аз оби он бинушанд, хуни бавосирро катъ мегардонад, агар бо асал биёшоманд беморихои узвхои даруни синаро шифо мебахшад, варами шушро тахлил медихад. Барги Г.-ро як шаб дар сирко тар карда, баъд бихуранд, бемории кулинчро дафъ мекунад. Агар онро куфта бихуранд, бохро кави мегардонад, барои бавосир фоида дорад. Пиёзи Г.-ро куфта гузошта банданд, барои газидани чонварони захрнок тарёк мешавад, бо татум хамир сохта гузошта банданд, аллергия ва озаххоро дафъ мекунад. Тухми Г.-ро то буяш баромадан, тасфонида бо самари мурд бихуранд, рафтани дарун ва хуни макъадро мебандад. Порей (A. porrum)-ро низ баъзан Г. меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …