Главная / Илм / ГАММА-ГЛОБУЛИНХО

ГАММА-ГЛОБУЛИНХО

gamma-globulinhoГАММА-ГЛОБУЛИНХО, кисми таркибии сафедахои зардоби хун. Г.-г. барои пешгири ва табобати беморихои сирояти кор фармуда мешаванд. Дорухои Г.-г.-ро иммуноглобулинхо низ меноманд. Г.-г. подтанхои мухофиз дорад, ки таъсири бемориовари микроорганизмхоро рафъ менамоянд. Г.-г. вирусхо, бактерияхо, спирохетхо ва соддатаринхоро нобуд карда, бахри пешгирию табобати беморихои сирояти (хусусан амрози кудакон) шароити мусоидат фарохам меоранд. Дар мавриди тазрик (ба хун гузарондан)-и Г.-г. дар организм иммунитети нофаъол ба вучуд меояд.
Одатан, Г.-г.-ро аз хуни одаме, ки гирифтори бемори буд, хамчунин аз хуни аспе, ки ба он ваксинахои махсус гузаронда шудаанд, мегиранд. Г.-г. баъди хафтаи дуюми моягузарони (ваксинатсия) ё бемори хосил мегардад. Г.-г.-ро ба бемор хар чи зудтар (дар ду рузи аввали огози маризи) тазрик намудан лозим аст. Г.-г. муддати табу тасфро кутох, дардро сабук ва оризахои бемориро кам мекунанд. Г.-г.-ро бар зидди грипп, сурхакон, ханозир, энсифалити канаги, гепатити вируси, хасба, нагзак, исхоли хунин, махмалак, сурфакабудак, сухтани ва г. истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …