Главная / Илм / ГАЛЛЮТСИНАТСИЯ

ГАЛЛЮТСИНАТСИЯ

galliutsinatsiiaГАЛЛЮТСИНАТСИЯ (Hallucinatio), таваххум, фиреби эхсос, дарккуние, ки бидуни мавчудияти объекти реали дар мавриди амрози рухи, беморихои сирояти, захролуди, осеби майна, изтироби сахти рухи ва г. ба амал меояд. Г. шунавои (ном гирифта чег задан, магал, овозхои хархела), босирави (ба назар расидани одамон, мурдахо, хайвонот, махлукхои гайритабии, ходиса ва вокеахо), машоми (ба машом расидани буи бад ё буи хуш), ломисави (хис кардани рутубат, вазиши бод, халидани сузан, дар руи пуст чунбидани чизе ва г.), чашои (бе истеъмоли гизо ва нушоки дар дахон хис шудани таъми нофорам ё гайримукаррари), хисси умуми (дар шикам, дар сари сина харакат кардани чизе) мешавад. Баъзе Г.-хо чунон ранга, образнок ва эътимодноку равшан мебошанд, ки онхоро аз идроки реали фарк кардан душвор аст. Инро Г.-хои хакики меноманд. Г.-хои дигарро бемор ботинан дарк мекунад. Дар натичаи ин доираи шуурро хиссиёти козиб (дуругин) фаро мегирад ва ба он куввае таъсир расонда, боиси ба вучуд омадани таваххум (хаёл, фикрхои «баланд» ва г.) мегардад. Инро псевдогаллютсинатсия (галлютсинатсияи дуругин) меноманд. Онро охири а. 19 духтури рус В.Х. Кандинский муайян кардааст.
Бо таъсири Г. ба гуши бемор овозхои амркунанда мерасанд. Дар чунин холат у метавонад нисбат ба атрофиён ё хаёти худ харакатхои хатарнок содир намояд. Г. аломати мухим ва асосии бисёр беморихои рухи аст.
Дар мавриди Г. маризро очилан дар беморхонаи амрози рухи бистари ва муолича кардан лозим аст. Ин кор махсусан хангоми Г.-и шадид мухим мебошад.
Ад.: Гиляровский В.А., Учение о галлюцинациях, М., 1949; Гулямов М.Г., Синдром психического автоматизма Кандинского в рамках различных клинико-нозологических форм психозов, Д., 1965.

Н.М. Шарофова.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

naqliyot

СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ Конуни мазкур …