Главная / Гуногун / ГАЙРАТИ ГАЙРАТ

ГАЙРАТИ ГАЙРАТ

Он руз дар хотири Гайрат Салимов як умр накш баст. Дар хона паси миз сарашро набардошта хомуш менишаст. Модараш чизеро пай бурда, пурсучу кардани шуд, лекин саволи тамоман дигар дод:
– Хурок мехури?

– Не, оча, дилам намекашад.

– Ягон вокеа шуд магар? – токат карда натавониста пурсид модар.

– Ха, – кутох посух дод писар.

– Чи гап шуд? – модар хавотирашро зохир накарда пурсон шуд.

– Маро устои калон интихоб карданд.

– Наход, шухи накун-е, бачам, – нобоварона пурсиду аммо аз дилаш гузаронд: «Одамони кордида аз ухдааш набаромаданду бачаи бистсола мебаромадааст».

– Мачлис нав тамом шуд. Устои пешинаро аз кор гирифтанду ба чояш маро монданд…

Пас аз каме хомуши модар ба у ру овард:

– Корро аз чи сар мекуни?

– Холо намедонам.

Боз дар хона ороми хукмфармо шуд.

Модар муддате бо мехрубони ба писараш чашм духту баъд лаб ба сухан во кард:

– Медони-чи, писарам. Дар заводатон ветеранхо бисёр. Бо онхо маслихат кун. Онхо одамони кордида, пастию баландии зиндагиро дидаги.

– Фикри хуб, – рози шуд Гайрат.

Коллективи участкаи якуми заводи «Точикгидроагрегат»  он кадар калон нест – вай хамаги панчоху хашт аъзо дорад. Шахси асосии ин участка устои калон аст. Ва ин вазифа насиби Салимов шуд.

Дастгоххо ифлосу чиркин буданд, афзолхо хар кучо бетартибона мехобиданд, ба холи махсулоти тайёр бошад, рахми кас меомад. Ба устои нави калон ана чунин як хочагии бесару сомон мерос монда буд. Дар охири смена у боз як чизи дигареро пай бурд: ба касофати устои пешина  коллектив басо беинтизом шуда будааст. Ин хамаро андеша кардан лозим буд. Устои смена пурсид:

– Корро кай сар мекуни?

– Баъди як хафта, холо бошад, худат рохбари кардан гир. Халал намерасонам.

– Шояд, маошатро хам медодагисти?

У харфе нагуфт. «Рохбарии вай аз ин сари участка ба он сараш давидан аст. Барои ман хуб донистани холату вазъият аст». Баъди пешин устои смена гайб зад. Рузи дигар Салимов аз у пурсид:

– Ба кучо рафта буди?

– Бо супориши комитети касабавии сехи бо шароити манзили коргарон шинос шудам.

– Барои чи ба ман нагуфти?

– Розигии ту чи лозим? Бо корубори худам нарафтаам-ку.

– Интизомро вайрон кардан хуб нест.

– Ман дар ин участка то имруз дахто ту барин усторо  дидаам…

Салимов як хафта истехсолотро омухт. Плани чорабинихоро тартиб дод. План 27 модда дошт ва факат чортоаш бо суханони «харидан» сар мешуд. Бокимондааш аз «таъмир кардан», «чихозонидан», «ба тартиб овардан», «сохтан»… иборат буд. Кордонии усто аз хамин огоз меёфт.

Ин чорабинихоро усто барои панч-шаш мохи наздик пешбини карда буд. Плани дигар ба мухлати аз ин хам кутохтар тартиб дода шуд, ки максад аз он баланд бардоштани маданияти истехсолот буд. Ин хама накшахоро у ба мухикимаи коллектив гузошт. Дуруст аст, ки хозирон аввал ба фикру мулохизахои у парвое накарданд. Вай  дилашро «хун» карда гапашро маъкул мекунонд, лекин хис мекард, ки касе ба он эътибор намедод. Аз гушаи зал яке аз хозирон лукма партофт:

– Мо ба ин чо барои орою торо додан не, барои пул кор кардан меоем. Худаш чи гап? Дигар сеххо мукофот  мегиранд, мо бошем, астагфируллох…

Лукма ахли мачлисро ба шавк овард.

– Охир, хамааш ба худатон вобаста, – инони сухбатро ба даст гирифтани шуд усто. – Бехтар кор кунед, мукофот хам мегирифтаги мешавед. Маданияти истехсолот хам ба ин мададгор мешавад…

Бисёрихо бесаброна ба суи дари баромад менигаристанд. Сухбати дилхох муяссар нашуд.

Рузи дигар дар вакти танаффус ветеранхоро ба наздаш таклиф намуда, фикру мулохизахояшро оид ба кори участка ба онхо баён кард.

– Биёед хамрох тартибот чори кунем, илочи корро ёбем.

– Устои пешина бо мо маслихат намекард, донистагиашро мекард, – гуфт яке аз хозирон.

– Ман ин тавр карда наметавонам, – оромона чавоб дод Салимов. – Барои хамин хам аз шумо ёри металабам.

Дили одамон гарм шуд: онхо хис карданд, ки ба маслихаташон мухточ будаанд, ёриву мадади онхо лозим будааст.

Дастгоххои участкаро ранг карданд, хама чизи бекораву  бехударо бароварда партофтанд, ба зери пои хар дастгохчи тахтапанчара созонданд, сандукчахои асбобу афзолро нав карданд. Ин корхоро то огози смена ва баъди он ба чо меоварданд. Салимов касеро ба ин мачбур намекард – бигузор хар кас бо хохиши худаш кор кунад. Яке аз рохбарони завод боре таъкидомез чунин гуфт:

– Гайрат ин кадар саргарми ин корхо нашавед. Планро дар мадди аввал гузоред.

– Хеч гап не, яке бар зарари дигаре нест, – катъи чавоб дод у.

Хануз рузхои аввал Гайрат пай бурд, ки авзои баъзе коргарон баъди пешин дигаргун мешавад. Аз участка гузарад, онхо бар болои дастгох сарашонро хам карда, руяшонро ба дигар тараф мегардонданд. Зехн монда фахмид, ки дар танаффус машрубот нушидаанд. Хамаро баъди смена чамъ карду гуфт:

– Ин корро бас кардан лозим.

Аз огохии усто ранчиданд, магал бардошта гапхои пасту баланд гуфтанд. Рузи дигар вокеа такрор ёфт. Ин ситезаро  мемонд. Гайрат ба назди Алесандр Н. омада гуфт:

– Дируз-ку огох карда будам… Ба хонаатон равед. Имруз  кор кардан намемонам.

– Эха, амири замон! – ба газаб омада чавоб дод у. – Ба пули ту наменушам! Ин чо сехи механикиат не ки фармонфармои куни!

Усто ба чашмони пургазаби у нигох карду гап назада  монда рафт. Вай метавонист адаби ин чавони аз худрафтаро дихад, лекин ба у рахм кард. Вале шабона хеч хобаш набурд. Салимов мисли харвакта ним соат пеш аз смена ба кор омада дид, ки Александр мунтазири уст. Чавон аз кардааш пушаймон шуда, узр хост ва кавл дод, ки ин кор такрор намешавад. Усто хис кард, ки Александр ботинан тагйир ёфтааст, аз ин ру ба у бовар кард.

– Боре токатам ток шуд, – икрор шуд усто. – Як кас ба чонам расонд… Хар вакте ки дилаш хохад корро партофта меравад. Кариб хар руз масту аласт. Ба у гуфтам, ки ба наздам дарояд. Вай бошад, дар чавоб: «Дар идораат хеч коре надорам!» гуфт. Бо вучуди ин даромад. Бо ман чунон муомила кард, ки гуё кори падари маро мекарда бошад. Хунам чушида бо хам мардонавор гуфтугузор кардем… То хол аз кардаам пушаймонам…

Бояд гуфт, ки коргарони дустдорандаи машрубот хамаги панч нафар буданд. Лекин хамин панч кас ба дигарон таъсири бад мерасонданд. Салимов корро ба тарзи дигар ба рох монд: коммунистону комсомолон, фаъолони бепартияви гапашонро беш аз пеш мегузарондаги шуданд. Тамоми коллектив омузгору тарбиятгар шуд. Хар рафтори ношоямро дар мачлиси умуми мухокима мекардаги шуданд. Зеро агар бо кори тарбия факат усто машгул шавад, мегуяд Салимов он гох бадахлок гуфтанаш мумкин, ки «Сардор ба ман хурдагири мекунад». Агар уро коллектив огохонад, лаб кушода наметавонад.

Зотан, чори гардидани маданияти истехсолот, муташаккили ва интизоми мехнатро Салимов ибтидои кор медонист.

…Чавонон аз душ бо димоги чок баромаданд. Гайрат аз онхо илтимос кард, ки андаке сабр кунанд.

– Гап хаст.

Вараки когазеро аз кисааш бароварду бодиккат тахту  хамвор карда, ба Николай Животов дароз намуд:

– Ухдадорихои сосиалистиамонро дида баромадам. Мухокима кардан даркор.

Николай бодиккат ба хондан сар кард: «…Зери шиори «Набзи кор – мураттаб, суръат, – баланд, сифат – аъло!» кор мекунем, плани истехсолиро 110-115 фоиз ба чо меорем, асбобу афзол, энергияи электр, масолехро окилона истифода мебарем. Тачрибаи пешкадам, усулхои прогрессии мехнатро меомузем, дар кори расионализатори фаъолона иштирок мекунем, проссесхои нави прогрессивии технологиро татбик менамоем. Коллективи участкаи дуюмро ба мусобикаи сосиалисти даъват мекунем».

– Хамааш дуруст!

Варакро як-як хама аз назар мегузаронад. Фикри хама як хел аст:

– Мухтасар, равшану фахмост. Маъкул.

Салимов ба гап даромад:

– Ичрои ин шартхо осон нест. Металл нарасида мемонад, участкаро аз нав сохтан лозим меояд…

– Моро бо душворихо натарсонед, – гуфт Нуров. – Илочашро меёбем. Ба кори хеч кас халал намерасонем.

– Ба навкорхо хам дасти ёри дароз мекунем, – инони сухбатро ба даст гирифт Одинаев, ба китфи Александр Самойлович тап-тап зада. – Бовари дорам, ки навкорон ба мо баробар мешаванд.

Инак, муваффакияти аввалин хамаро шод гардонд: супориши квартали барзиёд ичро карда шуд. Чанд сол ин чониб участка аз ин хел комёби бенасиб буд. Гайрат коллективро самимона муборакбод намуд. Супориши квартали дигарро коллективи участка хеле барзиёд ичро кард. Баъд участка дар мусобикаи умумизаводи голиб омад, сохиби Байраки сурхи сайёри завод гардид…

– Ба хар хол Салимовро чи мададгор шуд, ки китаи кафомондаро ба сафи пешкадамон баровард? – пурсидам аз директори завод Георгий Александрович Цанаксиди.

– Аз афташ, гайрати беинтихои у. Ин гуна гайрат бошад, калби дигаронро хам ба чуш меорад…

Кабл аз хайрухуш аз устои калон пурсидам:

– Шумо дар хаёт чиро дуст медоред?

– Серкориро, – чавоб дод у. – Майдони васеи мехнат диламро фарах мебахшад. Медонед лаззати умрамро аз серкори медонам…

18 сентяби соли 1987

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …