Главная / Илм / ГАЙМОРИТ

ГАЙМОРИТ

gaimoritГАЙМОРИТ (Highmoritis), илтихоби луобпардаи чавфи Гаймор (чоги боло). Г. шадид ва музмин мешавад.
Г.-и шадид бисёр вакт чун оризаи ринити шадид, грипп, сурхакон, махмалак ва диг. беморихои ирси, хамчунин дар натичаи беморихои илтихобии дандонхо (Г.-и одонтогени) падид меояд. Дард кардани чавфи осебёфта, ихтилоли нафаскаши бо бини, аз бини шоридани об, хис карда натавонистани буй, рушноитарси, ашкшори ва г. нишонахои Г. мебошанд. Дард, одатан, пароканда ва кунд буда, бештар дар пешона ва чаккаи сар (гичгох) рух менамояд (он хамеша дар соатхои муайян пайдо мешавад). Мумкин рухсора ва пилки чашмон варам кунанд. Харорат баланд шуда, мариз табларза менамояд.
Бо максади гардондани варами луобпарда ба бини дорухои тангсозандаи раг мечаконанд. Хангоми баланд шудани харорат бемор бояд бистари гардад. Истифодаи давохои рафъи дард, антибиотикхо, нуршифои, баркшифои, УВЧ-терапия нафъ меорад. Хамчунин ингалятсияи аэрозоли антибиотикхо муфид аст.
Г.-и музмин, одатан, окибати илтихоби шадид аст. Дар натичаи такрор ёфтани Г.-и шадид, хусусан баъди тулони будани чараёни он, инчунин хангоми ринити музмин пайдо мешавад. Сабаби Г.-и музмин аденитхо, кач будани девораи бини, тангии модарзоди рохи бини, дандонхои пусида ва г. мебошанд. Г.-и музмин ду навъ – рашхи (экссудативи) ва нумувви мешавад.
Дар мавриди Г.-и рашхи беморон аз бисёр фаромадани обияти бини шикоят мекунанд. Хангоми наомадани обият ё бо душвори хорич гаштани он, халк хушкида, пагохирузи аз димог балгами бисёр меояд; дахон буи бад пайдо мекунад. Чавфи иллати, одатан, дардманд нест (вале дард метавонад хангоми бо душвори хорич шудани обияти бини аз худ дарак дихад). Сар дард карда, мариз хаста мешавад, бисёр вакт пусти сурохихои бини мекафад.
Табобати Г.-и музмин ба хорич сохтани обияти бини ва рафъи омилхое, ки боиси илтихоб мегарданд, равона карда шудааст. Саллюкс, диатермия, УВЧ, ингалятсия натичаи дилхох медиханд. Дар бисёр мавридхо бо дорухои антисептики шустани чавфи осебёфта ва ба он фиристодани ферментхои протеолизи якчоя бо антибиотикхо муфид аст. Дар сурати натичаи дилхох надодани дорушифои ба амалиёти чаррохи дар чавфи бини ру меоранд.
Ад.: Богомильский М.Р., Чистякова В.Р., Детская оториноларингология, М., 2002; Исхоки Ю.Б., Детская оториноларингология, Д., 2003; Булл Т.Р., Атлас ЛОР-заболеваний, М., 2005.

М.И. Махмудназаров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …