Главная / Илм / ГАДУДИ ЧОГАР

ГАДУДИ ЧОГАР

thymusГАДУДИ ЧОГАР (Thymus), гадуди душоха, тимус, гадудест, ки дар кисми болои миёндевори пеш чойгир буда, ташаккул ва фаъолияти силсилаи иммунитетро танзим мекунад.
Андозаи хиссахои рост ва чапи Г.ч. гуногун мебошад; баъзан дар байни онхо хиссаи изофи низ ба мушохида мерасад. Г. ч. узви паренхимави аст; аз гилофак таворахо руста, паренхимаи Г. ч.-ро ба хиссачахои андозаашон гуногун таксим мекунанд. Хар як хиссачаи Г. ч. аз моддахои магзи ва кишри иборат аст. Моддаи кишри шабакаеро мемонад, ки аз хучайрахои ситорашакли эпители таркиб ёфтаанд; дар халкахои шабаки мазкур лимфоситхо (тимоситхо) мавчуданд, ки ба лимфоситхои хурди хун шабохат доранд. Зичии тимоситхо дар моддаи магзи нисбат ба моддаи кишрии Г. ч. кам аст.
Г.ч.-ро артерияхои сершуморе, ки аз артерияи дохилии сина ва артерияи сипаршакли поёни ибтидо мегиранд, бо хун таъмин менамоянд. Венахои Г.ч. ба венахои китфусар ва венаи дохилии сина мепайванданд.
Г.ч. дар кудак дар мохи дуюми хомилаги ташаккул меёбад. Он дар чанини семоха аллакай аз хиссачахо иборат буда, сохтори моддахои кишри ва магзии он хуб мушохида мешавад. Дар кудакони навзод вазни Г.ч. аз 7,7 то 34 г мебошад. Аз 1 то 3-солаги вазни Г.ч. афзуда, аз 3 то 20-солаги якмаром мемонад; дар одамони калон ва пирсолон вазни Г.ч. ба хисоби миёна 15 г аст.
Вазифаи асосии Г.ч. танзими тафрика (дифференсировка)-и лимфоситхо мебошад. Дар Г.ч. хучайрахои бунёдии хунофар ба Т – лимфоситхо табдил меёбанд (ниг. Иммунитет). Г. ч. нафакат дар танзими иммунитети хучайрави, балки дар танзими иммунитети гуморави (хосил шудани подтанхо) низ ширкат меварзад; дар он омили хилти (гуморави) ташаккул меёбад. Бо рохи тачриба дур сохтани Г. ч. боиси якбора аз рушду инкишоф мондани организм, ихтилоли силсилаи иммунитет ва фавти чонварони санчиши мегардад.
Барои тадкики Г. ч аз усулхои рентгенологи, иммунологи ва ситологи истифода мекунанд. Г. ч. гирифтори беморихои гуногун мешавад.
КЛ
Гадуди чогар (тимус), тарзи чойгирии он дар сандуки сина (намуд аз пеш): 1 – хиссахои рост ва чапи гадуди чогар; 2 – артерия ва венаи дохилии сандуки сина; 3 – перикард; 4 – шуши чап; 5 – венаи китфусарии чап.

С. Ч. Косимова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …