Главная / Илм / ГАДУДХОИ НАЗДСИПАРШАКЛ

ГАДУДХОИ НАЗДСИПАРШАКЛ

gadudhoi-nazdsiparshaklГАДУДХОИ НАЗДСИПАРШАКЛ (Glandulae parathyroideae), гадудхои усораи дохили, ки паратгормон хосил мекунанд; паратгормон барои танзими мубодилаи фосфору калтсий дар организм ахамияти калон дорад. Тарашшухи паратгормон ба консентратсияи калтсий дар хун вобаста аст. Афзоиши микдори калтсий дар хун ба хосил шудани паратгормон дар Г. н. таъсири манфи мерасонад ва баръакс, дар натичаи дар таркиби хун костани микдори калтсий паратгормон бештар хосил мешавад.
Дар одам, одатан, ду чуфт Г. н. (болои ва поёни) мавчуд аст; онхо дар сатхи кафои гадуди сипаршакл чой гирифтаанд (адад ва чойгирии Г.н. метавонад тагйир ёбад). Баъзан ин гуна гадудхоро дар бофтаи гадуди сипаршакл, гадуди чогар, перикард, миёндевор ва г. мушохида кардан мумкин аст. Андозаи хар як Г. н. такр. 6 х 3 – 4 х 1,5 – 3 мм, вазни умумии онхо 0,25 – 0,5 г мебошад; ранги сурхтоб ё зарди чигари дорад. Г. н.-ро артерияхои сипаршакли поён бо хун таъмин мекунанд. Г. н. бо гилофаки нафис фаро гирифта шудааст.
Дар мавриди нукси фаъолияти Г. н. (гипопаратиреоз), ки бинобар суст инкишоф ёфтан ё умуман набудани он ва ё хангоми бо рохи чаррохи дур сохтани гадуд сар мезанад, дар хун ва моеъи байни хучайрахо консентратсияи калтсий кохиш ёфта, консентратсияи фосфор меафзояд. Дар натича асабу мушакхо сахт ангезиш меёбанд, бемории тетанияи гипопаратиреоиди ба вучуд меояд. Ин гуна холат хангоми ихтилоли хассосияти бофтаю мушакхо нисбати паратгормон низ рух менамояд (псевдогипопаратиреоз). Дар беморон холати мадхуши, хуручи саръмонанд, ихтилоли босира ва сомеа ба мушохида мерасад. Дар аснои халал ёфтани фаъолияти Г. н. беморихои гуногуни дигар, мас., остеопороз, полиурия, полидипсия, нукси гурда ва г. пайдо мешаванд.
КЛ
Гадудхои наздсипаршакл дар кисми акиби гадуди сипаршакл: 1 – гадудхои наздсипаршакли болои; 2 – гадуди сипаршакл; 3 – гадудхои наздсипаршакли поёни; 4 – балъум (кисми акиб).
Ш. С. Анварова.
ати тарафайни онхо бо гурда (намуд аз пеш): 1 – гадудхои рост ва чапи болои гурдахо; 2 – гурдахои рост ва чап.

Расми 2. Сохтори микроскопии гадудхои болои гурда: 1 – гилофаки гадуди болои гурда; 2 – китъаи тупчаги; 3 – китъаи бандчаги; 4 – китъаи шабакави; 5 – моддаи магзи; 6 – мураги синусоиди.
А. С. Осимов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …