Фоизхо

Моддаи 73-и Кодекси Андоз. Фоизхо

  1. Ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи кисми 5 хамин модда, агар маблаги андоз, аз чумла пардохти чори дар мухлати мукаррарнамудаи конунгузории андози Чумхурии Точикистон пардохт нашуда бошад ва бакияпули чой дошта бошад, андозсупоранда (агенти андоз) ухдадораст аз санаи фаро расидани мухлати пардохт то санаи пардохти бакияпулихо фоизхои дахлдорро пардохт намояд.
  2. Фоизхо барои хар як рузи ичро нагардидани ухдадории андоз, аз рузи якум баъд аз фарорасии мухлати пардохти андоз, бо дарназардошти рузи пардохт хисоб карда мешаванд.
  3. Маблаги фоизхо, новобаста ба татбики дигар чорахои мачбуран ситонидан, инчунин дигар чорахои чавобгари барои вайрон кардани конунгузории Чумхурии Точикистон хисоб ва пардохт карда мешаванд.
  4. Пардохти фоизхо дар шакли иловапули ба маблаги бакияпули анчом дода мешавад.
  5. Фоизхо хисоб карда намешаванд:

– аз руи карзхои андози сохибкорони инфироди ва шахсони хукукие, ки нисбат ба онхо карор дар хусуси муфлисшави кабул гардидааст – аз рузи аз чониби суд кабул гардидани парванда оид ба муфлисшави;

-аз руи маблаги карзи андоз – аз санаи эътибори конунипайдо намудани карори суд дар хусуси бедарак гоиб эътироф шудани шахси вокеи то лахзаи бекор карда шудани он;

– аз руи фоизхо ва маблаги чарима;

-аз руи карзи андоз, ки бо рохи гузаронидани бахисобгирии маблаги барзиёд пардохтшудаи андоз – аз санаи хуччати пардохт барои гузаронидани бахисобгири;

-аз руи маблаги бакияпули оид ба як намуди андозхо, агар доир ба дигар намуди андозхо маблаги барзиёд пардохтшуда мавчуд бошад;

-аз руи карзхои андози шахси вокеие, ки фавтидааст ва хуччатхои тасдиккунанда дар ин бора пешниход шудааст.

  1. Агар аз санаи аз чониби андозсупоранда додани ариза барои баргардонидани (ба хисоб гирифтани) маблаги андози барзиёд пардохтшуда, яъне изофапули, то санаи вокеии баргардонидани (ба хисоб гирифтани) маблаги изофапули беш аз 30 рузи таквими гузашта бошад, фоизхо ба фоидаи андозсупоранда ба маблаги изофапулии андоз бояд аз бучети дахлдор аз санаи додани ариза барои баргардонидани (ба хисоб гирифтани) изофапули то санаи вокеии баргардонидани он пардохт шаванд. Фоизхо ба андозсупоранда пардохт намешаванд, агар баргардонидани маблаги изофаги дар мухлати на бештар аз 30 руз аз лахзаи аз чониби андозсупоранда додани ариза дар мавриди баргардонидани маблагхои зиёдатии пардохтшуда анчом дода шавад.
  2. Дар холати ба хисоб гирифтани маблаги барзиёд пардохтшуда ба санаи амали намудани бахисобгири ё, агар маблаги барзиёд пардохтшуда ё бакияпули ба бучетхои гуногун тааллук дошта бошанд, ба санаи гирифтани ичозат ба бахисобгири маблагхо баргардонида хисобида мешаванд.
  3. Фоизхо аз рузи пардохтани карзи андоз хисоб карда намешаванд.
  4. Фоизхо дар хачми 0,08 фоизи маблаги карзи андоз барои хар рузи таквимии мавчуд будани бакияпули ё изофапули хисоб карда мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …