Главная / Маданият ва санъат / Фазоили дуруд гуфтан бар пайгамбарони пешина

Фазоили дуруд гуфтан бар пайгамбарони пешина

Бидон, эй муъмин, чунончи дуруд гуфтан бар Пайгамбари мо (с) савоб аст, дуруд гуфтан бар пайгамбарони дигар низ савоб аст, чунончи дар «Чомеу-л-фазоил» омадааст, ки Расулуллох, (с) гуфт: «Хар ки рузе се бор «Салавотуллохи ало Одаму алайхи-с-салом» гуяд, Хак таоло гунохони уро биёмурзад, агарчи гунохони у бештар аз катрахои борон бошад».

payombaron

Хар ки гуяд «Салавотуллохи ало Хобилу алайхи-с-салом», савоби шахиди дар номаи аъмоли у навишта шавад.

Хар ки «Салавотуллохи ало Довуду алайхи-с-салом» гуяд, Хак таоло тавбаи уро кабул кунад ва савоби чихилсола ибодатро ёбад.

Хар ки гуяд «Салавотуллохи ало Яъкубу алайхи-с-салом», дарояд дар бихишт аз хар даре, ки хохад.

Хар ки гуяд «Салавотуллохи ало Иброхиму алайхи-с-салом», Хак таоло хафт андоми уро бар оташи дузах харом гардонад.

Хар ки гуяд «Салавотуллохи ало Юсуфу алайхи-с-салом», Хак таоло уро аз азоби гур ва чоххои дузах нигох дорад.

Хар ки бигуяд «Салавотуллохи ало Сулаймону алайхи-с-салом», Хак таоло уро дар бихишт мулке азим рузи кунад.

Хар ки гуяд «Салавотуллохи ало Мусо алайхи-с-салом», чунонасти, ки мисли кухи  Тур зар садака дода бошад.

Хар киро хочате бошад, шаби якшанбе саду як бор гуяд «Салавотуллохи ало Мусо алайхи-с-салом», ба кифоя расад.

Хар ки гуяд «Салавотуллохи ало Исо алайхи-с-салом», намирад, то чойи худро дар бихишт набинад.

Хар ки бар беморе бисту як бор гуяд «Салавотуллохи ало Исо алайхи-с-салом» ва дамад, он бемор сиххат ёбад.

Хар ки дуруд фиристад бар пайгамбаре, рузи киёмат он пайгамбар мар уро чун гумшуда талаб кунад ва дар бихишт расонад.

Бар пайгамбарон дуруд фиристед ва эшонро шафеъ оваред.[1]

Дуруди афзалтарин

Афзалтарини дуруд он аст, ки он Хазрат (с) дар чавоби сахобаи киром (раз) иршод фармуданд ва дар урф уламо онро «Дуруди Иброхимия» мегуянд. Аллох чалла чалолуху Хазрати Иброхим (а)-ро Халили Худ ва Хазрати Мухаммад (с)-ро Хабиби Худ карор додааст. Аз ин вачх кадом дуруди Илохи, ки ба тарафи Хазрати Мухаммад (с) нисбат шудааст, он аз кисми мухаббат мебошад ва рохи мухаббат аз хама арфаъу лазиз мебошад. Кадом нисбат, ки дар миёни хиллат ва мухаббат мебошад зохир аст. Аз ин вачх дар ин хар ду дуруд якеро ба дигаре ташбех дода шудааст, аз ин ру, ин дуруд ба нисбати дигар дурудхо арфаъу афзал ва лазиз аст.[2]

НаКл аст, ки чун ояти дуруд нозил шуд, сахоба (раз) гуфтанд, ки:

  • Эй Расулаллох (с), кайфияти салавот бар Хазрати Шумо чи гуна аст?

Фармуд, ки:

  • Хамчунин салавот фиристед, ки:

Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин камо саллайта ало Иброхима ва ало оли Иброхима иннака Хамиду-м-Мачид. Ва борик ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин камо боракта ало Иброхима ва ало оли Иброхима иннака Хамиду-м-Мачид.

Яъне: Худоё, дуруд бифрист бар Мухаммад (с) ва бар оли Мухаммад (с), чунончи дуруд фиристодаи Ту бар Иброхим (а) ва бар оли Иброхим (а), ба дурусти, ки ту Сутудашуда ва Бузургвори; ва баракат дех бар Мухаммад (с) ва бар оли Мухаммад (с), чунончи баракат додаи Ту бар Иброхим (а) ва бар оли Иброхим (а), ба дурусти, ки Ту Сутудашуда ва Бузургвори.[3]

Ин салавотро Мавлоно Мушаррафи дар китоби «Назми Далоилу-л-хайрот» ба тарики назм чунин овардааст.

Назм:

Ё Илохо, Ту рахмате бахшой,

Бар Мухаммад дари карам бикшой.

Низ бо оли он хучастасифот

Барфиристон Ту тухфаи салавот.

Хамчуноне, ки ёфт Иброхим

Тухфаи рахматат зи лутфи амим.

Хам ба авлоди у фиристоди,

Рахматат ом бекарон доди.

Ба хакикат, туи Хамиду Мачид,

Бешаку шубха, бемисолу фарид.

Баракат барфирист, ё Рахмон,

Бар Мухаммад-расули инсу чон.

Низ ирсол кун бар авлодаш,

Баракат бар тамоми ахфодаш.

Чу Бирохим бидид ин эхсон,

Хамрахи ол аз Ту, ё Субхон.

Ту Хамиди, ки нест чуз Ту Хамид,

В-он бузурги, ки нест чуз Ту Мачид.[4]

Ва дар ин салавот ду хикмат донистанист. Яке он, ки хикмат чист дар хаволаи салавот ба Хак таоло, то гуфт «Аллохумма салли ало Мухаммад»-бор Худоё, дуруд гу бар Мухаммад (с), зеро ки салавоти бандаро кадру манзалати он нест, ки дархурди калому чоху чалоли Мухаммади (с) тавонад буд, пас, аз он чихат хавола ба Хак таоло кард. Ё гуем, ки чун дар мукобили салавот савоби абади ва дарачоти сармади хохад буд, ба салавоти ходиси ту муяссар нагардад ва хавола ба Хак таоло кард, то салавоти абадии у муставчиби атиёти сармадии ту гардад. Ва назири ин он аст, ки хамди нокиси бандагони ходис дархурди остонаи кадим набувад. Лутфи азал ниёбати эшон доштан ба каломи кадими худ гуфт «Алхамду лилохи Рабби-л-оламин», то бандагони ходис ташбис ба хамди кадим намуда, ба остонаи кидам маъруз медоранд, то ба маърази кабул мерасанд. Хамчунин салавоти бандаи очизи нокис кобилияти атияти Хазрати Мухаммадият (с)-ро надошт, лочарам хавола ба чаноби Ахадият чалла ва ало намуда, гуфт «Аллохумма салли ало Мухаммад».

Хикмати дуввум ташхиси Иброхим (а) аз миёни анбиё (а) чи буд? Чавоб он аст, ки чун Халилу-р-Рахмон (а) аз Хак таоло зикри хайр бар забони ин уммат масъалат намуда буд, Хак таоло ичобат фармуда, уммат ба зикри хайри падари миллат маъмур гаштанд. Ва дар ин сухан танбехест багоят латиф ишорат ба фазли Хабиб (с) бар Халил (а), чунончи Хак таоло гуфт: «Эй Иброхим (а), аз Ман дархости, то забони уммати Мухаммад (с)-ро ба санои ту бикушудам ва Ман ба зоти Худ аз фавки Арш мегуфтам, бе он, ки аз Ман талабида бошад».

Ва дар «Захрату-р-риёз» ва «Точу-л-музаккирин» мегуяд, ки чун Иброхим (а) хонаи Каъбаро бино фармуд, Хак таоло онро киблаи ин уммат гардонид ва мукофоти он мефармояд, ки уро ба хайр ёд кунед, то миннат аз ман бошад, на аз Иброхим (а).[5]

Ва хам дар «Точу-л-музаккирин» мегуяд, ки аз Имом Абубакри Рози пурсиданд, ки:

  • Ташхиси салавот бар Иброхим (а) ва оли уро хикмат чист?

Фармуд, ки:

  • Чун Иброхим (а) аз бинои Каъба фориг шуд, дуо мекард ва оли у – Исмоил (а) ва Исхок (а) ва Сораву Хочара (а) «Омин» мегуфтанд. Иброхим (а) мегуфт:
  • Хар ки аз машоихи[6] уммати Мухаммад (с) руйи таваччух бар ин хона намуда, дугона адо кунад, Худовандо, маро шафеи у гардон.

Исмоил (а) мегуфт:

  • Хар ки аз кахули[7] уммати Мухаммад (с) ба ин хона таваччух намуда, Туро парастад, мар уро биёмурз.

Ва дигарон «Омин» мегуфтанд. Исхок (а) чавонони уммати Мухаммад (с)-ро дархост мекард ва Сора занону Хочара канизакони ин умматро ва дигарон «Омин» мегуфтанд.

Хак таоло бо Хабиби Худ (с) хитоб фармуд, ки:

  • Чун Иброхиму оли у (а) умматони туро дар хини ичобати дуо фаромуш накарданд, уммати худро бигу, ки дар охири намоз, ки вакти ичобати дуост, эшонро ёд кунед, то мукофоти он тавонад буд.

Ва дар ин сухан дакикаест, ки ба сад чон арзон аст ва он он аст, ки агар дуои эшон дар хакки ин уммат аз пиру чавонмардон ва занону канизакон ичобат наяфтоди, ба мукофоти он маъмур нагаштанди.[8]

[1] «Анису-л-воизин». Сах. 248.

[2] «Макбул вазифаи дуруду салом». Сах. 18.

[3] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 126.

[4] «Назми Далоилу-л-хайрот». Сах. 26.

[5] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 126-127.

[6] Машоих пирон.

[7] Кахул – миёнсолон.

[8] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 127.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …