Главная / Гуногун / Фазилати гуфтани калимаи тайиба

Фазилати гуфтани калимаи тайиба

Хазрати Исо (а) фармояд, ки: Аъмоли уммати Мухаммад (с) дар тарозуи махшар ба ин хотир аз хама сангинтар хоханд буд, ки забонашон оди ба калимае аст, ки бар умматони пешина сангин буд ва он калимаи «Ло илоха иллаллох» аст.

Тавзех: Ин як амри везеху равшан аст. Он кадар, ки хондани ин калима дар миёни умматони Мухаммадия (с) маъмул аст, дар миёни хеч уммате ба ин касрат маъмул набудааст. Теъдоди машоихи сулук ва орифон на ба садхо хазор, балки ба милионхо нафар мерасад. Ва боз хар шайх садхо мурид дорад, ки такрибан хар яке аз онхо рузона хазорон бор ин калимаро зикр месозанд.

taibaДар «Чомеу-л-усул» навишта шудааст, ки: Калимаи лафзи «Аллох» ба унвони зикри рузона хадди камтарин панч хазор бор дар як руз аст ва зиёда аз инро хадде нест. Ва барои орифон хадди камтарин рузона бисту панч хазор бор аст. Ва дар мавриди зикри «Ло илоха иллаллох» навиштааст, ки: «Хадди камтаринаш панч хазор бор дар як руз бошад». Ин микдор бинобар тачвизу ташхиси машоихи сулук каму зиёд хам мешавад. Хадафи ман ин аст, ки дар кувват додани кавли Исо (а) микдори зикри машоихро нишон дихам, ки хар яке рузона дар хадди камтар ин микдор зикрро доштааст.

Хазрати шох Валийюллох дар «Кавли чамил» аз падараш накл мекунад, ки: «Ман дар ибтидои сулук дар хар нафасе дусад бор «Ло илоха иллаллох»-ро зикр мекардам».

Шайх Абуязиди Куртуби мефармояд: Ман шунида будам, ки хар кас хафтод хазор бор «Ло илоха иллаллох»-ро бихонад, аз оташи чаханнам начот меёбад. Бо шунидани ин хабар ман як нисоб, яъне хафтод хазор барои зани худам хондам ва чандин нисоб барои худам хондам ва захира кардам. Наздики мо навчавоне сукунат дошт, ки ба кашфу каромот машхур буд. Ба тавре, ки бихишту дузах хам барояш кашф мешуд ва ман дар сиххати ин матлаб шак доштам. Боре хамин навчавон бо мо газо мехурд, ки ногахон фарёде кашид ва нафасаш гирифта шуд ва гуфт: Ба назарам омад, ки модарам дар дузах дар холи сухтан аст.

Куртуби мегуяд: Дар хамин асно, ки ман тарсу вахшати уро медидам, ба зехнам расид, ки як нисоб аз калимаи тайибаро ба модараш бибахшам, ки дар зимни ин садокату ростгуии ин навчавон хам тачриба мешавад. Чунонки ман як нисобро ба микдори хафтод хазор аз нисобхоям, ки барои худам хонда будам, дар дили худ ба модари у бахшидам ва ба гайр аз Худои таоло касе хабар надошт. Аммо бефосила он навчавон гуфт:

  • Эй аму, модарам аз азоб начот ёфт.

Куртуби мегуяд: Аз ин вокеа ду фоида бароям хосил шуд: Яке тачрибаи баракате, ки дар хондани хафтод хазор калимаи тайиба шунида будам. Дигар ин, ки ба садокати ин навчавон якин пайдо кардам.

Ин як вокеае аз вокеоти бешуморе буд, ки дар афроди ин уммат ёфт мешавад.

Дар «Танбеху-л-гофилин» овардааст, ки гуфт Пайгамбар (с): Хар ки гуяд «Ло илоха иллаллох» бадар ояд аз дахони вай мурги сабз, ки бар вай бошад ду боли сафед мурассаъ ба дурру ёкут. Пас бадар ояд ин мург бар осмон, пас шунида шавад аз вай овозе паст дар зери Арш мисли овози занбури асал. Пас гуфта шавад уро, ки:

  • Сокин шав. Яъне овоз макун.

Гуяд:

  • Не, то он замон омурзида шавад сохиби ман.

Пас омурзида шавад сохиби уро. Баъд аз он гардонида шавад барои ин мург хафтод забон, ки омурзиш гуяд барои сохиби худ то рузи киёмат. Ва хар гох киёмат биёяд, ин мург биёяд ва бигирад дасти сохиби худро ва бикашад уро ба бихишт.

Бояд донист, ки ин машрути он аст, ки хакки гайри мутаатилик дар зиммаи у набошад. Ва агар гуфта шавад, ки чун сохиби он мург омурзида шавад, пас чи бошад фоида истигфори ин мург барои сохиби худ то рузи киёмат. Мегуям фоидаи истигфор баъд аз магфират рафъи дарачот аст. Чунончи дар «Мишкот» омада аз муснади Имом Ахмад, ки гуфт Пайгамбар (с), ки: Баланд созад Хазрати субхонаху дарачаро аз барои банда, чунонки бандаи солех дар бихишт. Пас гуяд ин банда, ки:

  • Эй Парвардгори ман, аз кучост маро ин дарача?

Пас гуяд Худои азза ва чалла, ки:

  • Ба сабаби истигфори фарзандони ту.

Пас аз ин хадис маълум шуд, ки касе солех ва бегунох бошад, истигфор кардан дар хакки у сабаби рафъи дарачаи у мегардад.

Бояд донист, ки фоидаи калимаи тайиба на он аст, ки Хазрати Хак субхонаху ба тавхиди мо вохид гардад, зеро ки у вохид асту дар зоти Худ мухточ ба тавхиди касе нест. Балки фоидаи тавхид рочеъ ба банда аст, ки ба гуфтани ин калима муваххиду муъмин мегардад. Бояд донист, ки такрори ин калимаро чандон, ки бигзашт дар фазоили у таъсире азим аст дар саколат[1] ва тухури гайбиёт ва тачаллии зоти мукаддаси Хазрати Хак субхонаху. Ва аз ин чихат аст, ки машоихи тарикат (каддасаллоху таоло асрорухум) ин калимаро ихтиёр кардаанд аз миёни соири азкор ва соликони мутаваччехи зоти акдасро ба такрори ин калима маа шароити маъруфа амр кардаанд, то анвори калбия ва маорифи якиния ба зухур ояд, чунонки азизе гуфт.

Байт:

Бар тахти вучуд хар ки шоханшох аст,

Уро суйи олами хакикат рох аст.

Хар нури якин, ки дар дили огох аст,

Аз гуфтани ло илоха иллаллох аст.

Ва аз калимоти тайиботи анфоси зокиёти Хазрати муршиди самадони ва он муктадои хакоик Хазрати Хоча Абдулхолики Гичдувони (каддасаллоху сирруху), ки:

Байт:

Эй он, ки туро гами чамолу чох аст,

Андешаи богу рогу хидматгох аст.

Мо сухтагони олами тачридем,

Моро гами ло илоха иллаллох аст.

Хазрати султону-л-мутааххирин ва сулолату-л-мутакаддимин ва он хумои хумоюнсояи Хазрати Шайх Начмиддини Доия (каддаса сирруху) фармудаанд.

Байт:

То дил зи баду неки чахон огох аст,

Дасташ зи баду неки чахон кутох аст.

3-ин пеш буду бехазор андеша,

Акнун хама ло илоха иллаллох аст.

Ва дигар бояд донист, ки дусттарини азкор назди Хазрати Парвардгор ин калима аст, зеро ки аъзам ва бадтарини гунох назди Хазрати Аллому-л-гуюб чалла зикруху ширк аст ва дар ин калима катъи ин гунохи кабех аст.

Дар хабар аст, ки: Хар гох дустии Хазрати Хак субхонаху бандаро бисёр шавад уро чудо гардонад аз амволу авлоду азвоч. Ва азизе фармуд.

Байт:

Бо фокаву факр хамнишинам карди,

Бехешу табору бекаринам карди.

Ин мартабаи мукаррабони дари туст,

Ё Раб, ба чи хидмат хамчунинам карди?

Ва чун калимаи тайиба аз ин асмои нафи ширк ва нафи мухаббати гайр аст, пас такрори ин калима муфиди нуксони мухаббати гайр бошад ва сабаби издиёди мухаббати Хазрати Хак субхонаху. Ва ин мухаббат зиёда мегардад ба такрори ин калима то хадде, ки банда ба дарачаи мухаббати зоти мерасад ва мухаббати зоти самараи тачаллии зоти мешавад ва хакикати ширк он чо мунтафи мегардад. Ва мухаббати Хазрати Хак субхонаху бар анвоъ аст. Як навъ он аст, ки аз тарси икоб аст. Ва дуввум он аст, ки бар тамаъи савоб аст. Ва саввум он аст, ки на аз чихати хавф ва тамаъ аст ва ин мухаббатро мухаббати зоти мегуянд ва ин мухаббатро сабаби курби тачаллии зоти доштаанд. Ва аднои маротиби мухаббат навъи аввал аст ва аълои он навъи охир аст ва мухаббати орифон ва сиддикону соликон аст. Ва Хамчунин тоати Хазрати Хак субхонаху бар ин се навъ аст, чунончи гуфтаанд:

Халки чахан, ки хидмати додор мекунанд,

Хастанд бар се кисм, ки ин кор мекунанд.

Кисме шуданд аз паи чаннат худопараст,

В-ин расму одатест, ки туччор мекунанд.

Кавме дигар кунанд парастиш зи бими У,

Ин кори бандагон-ст, на ичбор мекунанд.

Чамъе назар аз ин ду чихат катъ кардаанд,

Бар кори хар ду тоифа инкор мекунанд.

Ин аст рохи ишк, ки ин фирка мераванд,

Сайру сулуки рох ба хинчор мекунанд.

Ва гуфтаанд, ки: Мумкин нест, ки банда Хазрати Хак субхонахуро дуст дорад ва у бандаро дуст надорад, балки мухаббати Хазрати Хак субхонаху голиб аст бар мухаббати банда Уро, зеро ки хар сифате аз сифоти у бар вачхи камол аст хамчу зоти У. Пас хар ки хохад бидонад, ки Хазрати Хак субхонаху уро дуст медорад ва ё не, назар бар дили худ кунад, агар дили худро ба мухаббати Хазрати Хак субхонаху меёбад бетараддуд бидонад, ки Хазрати Хак субхонаху уро дуст медорад ва илло не. Чунонки гуфтаанд:

Чуянда аз они, ки туро чуён аст,

В-ар чуёни, дон, ки туро чуён аст.

Маснави:

Хеч ошик худ набошад васлчу,

Гар на маъшукаш бувад чуёи у.

Майли маъшукон нихон асту сатир,

Майли ошик бо дусад таблу нафир.

Лек майли ошикон логар кунад,

Майли маъшукон хушу бофар кунад.

Лек ишки ошикон тан зех кунад,

Майли маъшукон хушу фарбех кунад.

Майли маъшук дузахи  афрухта,

Майли ошик чони уро сухта.

Кахрабо ошик ба шакли бениёз,

Кох мекушад дар он рохи дароз.

Ишк з-авсофи Худои бениёз,

Ошики бар гайри У бошад мачоз.

Хар ки ошик диданаш маъшук дон,

К-у наясту хаст з-ин ду хам аз он.

Чун дар ин дил барки мехри дуст част,

Андар он дил дусти медон, ки хacm.

Дар дили ту мехри Хак чун шуд дуту,

Хаст Хакро бегумоне мехри ту.

Хеч бонги кафзадап ояд бадар

Аз яке дасти ту бе дасти дигар.

Бедилонро бахри он чуста ба чон,

Чумла маъшукон шикори ошикон.

Ташнагон гар об чуянд аз чахон,

Об чуяд хам ба олам ташнагон.

Ташна менолад, ки: Ку оби гувор?

Об хам нолад, ки: Ку он обхор?

Чазби об аст ин аташ дар чони мо,

Мо аз они уву у хам з-они мо.

Нолаи саг дар паяш бечазба нест,

3-он ки хар рогиб асири рахзанест.

Хосил он, ки хар ки у толиб бувад,

Чони матлубаш бад-у рогиб бувад.

Дар «Сахехайн» омада аз ривояти Анас ибни Молик (раз), ки у гуфт, ки: Марде гуфт:

  • Ё Расулаллох, (с), киёмат кучост?

Гуфт:

  • Вой ба ту, чи омода кардаи барои киёмат? Гуфт:
  • Омода накардаам аз барои киёмат чизе, лекин ин хаст, ки дуст медорам Худойро субхонаху ва Расули уро (с).

Гуфт Пайгамбар (с), ки:

  • Ту бо он каси, ки дуст медори уро дар охират.

Гуфт Анас (раз): Надидам мусалмонеро, ки шодон шуда бошад баъд аз ислом, хамчу шодмонии эшон аз ин башорати Пайгамбар (с).

Назм:

Нориён мар нориёнро чозибанд,

Нуриён мар нуриёнро толибанд.

Чони Хомон чониби кибти шуда,

Чони Мусо чониби сибти шуда.

Чозибай чинсист акнун ту бубин,

Ки ту чинси кисти аз куфру дин.

Гар ба Хомон моили хомонии,

В-ар ба Мусо моили субхонии.

Ва низ дар «Сахехайн» омада, ки марде гуфт:

– Ё Расулаллох (с), чи мегуи дар хакки касе, ки кавмеро дуст медорад ва намерасад ба кирдори эшон?

Гуфт:

  • Мард бо касест, ки уро дуст дорад.

Ва низ манкул аст аз Хазрати Султон Саид (каддасаллоху сирруху) дар «Макомот»-и эшон, ки гуфт Пайгамбар (с):

  • Хар ки дуст дорад кавмеро аз барои аъмоли эшон, барангехта шавад дар чамоати эшон ва хисоб карда шавад ба хисоби эшон, агарчи накарда бошад аъмоли эшонро.

[1] Саколат-сайкалхурдаги.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …