Главная / Маданият ва санъат / Фарханги Чумхурии Точикистон

Фарханги Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи фарханг

(Ахбори  Мачлиси  Олии Чумхурии Точикистон  соли  1997, № 23-24, мод. 352; соли  2001, № 4, мод.143; соли 2003, №12, мод. 691; соли 2008, №10, мод.819; соли 2009, № 8, мод.499; с. 2011,№6, мод. 445;)  

1021686116

  Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Конуни мазкур хукукхои конститутсионии шахрвандонро дар фаъолияти фарханги таъмин ва химоя намуда, муносибатхои хукукии субъектхои фаъолияти фархангиро ба танзим медарорад ва сиёсати давлатро дар сохаи фарханг муайян мекунад. (КЧТ аз 5.08.09, № 544)  

Моддаи I1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

фарханг– мачмуи арзишхои моддию маънавие, ки инсоният онхоро офарида, бо максади рушди маънавии шахе истифода мебарад;

–  фаъолияти эчоди– фаъолияте, ки ба офаридани арзишхои фарханги алокаманд аст;

мероси фарханги– мачмуи арзишхои фархангй, ки дорои ахамияти миллию давлати буда, моликияти истисноии Чумхурии Точикистон мебошанд;

мероси гайримоддии фарханги– анъана ва воситахои шифохии ифода, аз чумла забон, урфу одат,  маросиму  чашнхо,  донишу малакахои ба табиату сайёра ва хунархои анъанавивобаста, инчунин ашёву воситахои ичрои онхо;

муассисаи фарханги– шахси хукукие, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис ёфта, самти асосии фаъолияти он ба сохаи фарханг алокаманд аст;

корманди сохам фарханг– шахси вокеие, ки фаъолияти он ба хифз, рушд, интишору истифодаи арзишхои  фархангй  ва чалби шахрвандон ба ин арзишхо алокаманд аст;

фаъолияти фарханги– фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки, ки ба эчод, истехсол, эхё, хифз, рушд, интишор ва истифодабарии арзишхои фарханги марбут аст;

макомоти ваколатдори давлатми сохаи фархннг– макомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро дар сохаи фарханг амалй менамояд;

сарватхои фарханги– воситахои модцию маънавии дорои хусусиятхои дунявию дини ва дигар арзишхо, ки ахамияти таърихи, илмию бадей ва фарханги доранд;

– мероси фарханги милли– арзишхои фархднгие, ки дорои ахамияти таърихию фархангй буда, ба Федристи давлатии объектхои мероси таърихию фархангиворид карда шудаанд;

–  иттифоки эчоди– иттиходияи чамъиятии кормандони эчодии касбии як ё якчанд равияхои фархангие, ки дар асоси узвияти инфироди таъсис ёфтааст. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)  

Моддаи 2. Доираи амали  Конуни мазкур

Конуни мазкур фаъолияти фархангиро дар сохахои зерин танзим менамояд:

– ошкор, омузиш, хифз, тармим ва истифода намудани ёдгорихои таърихию фарханги;

– адабиёти бадеи, кинематография, санъати сахнави, ракси, мусики, тасвири, суратгири ва дигар намуду навъхои (жанрхои) санъат;

– касбу хунари бадеии халк, намудхои фарханги халки, забонхо, лахчахо, фолклор, анъанаву маросимхо, топонимхои таърихи;

– эчодиёти бадеии хаваскорон;

– кори осорхона ва чамъоварию гурухбанди кардани ёдгорихои таърихию фарханги;

-табъу нашри китоб, фаъолияти китобдорива фаъолияти дигари фархангие, ки бо эчоду ташвики китоб ва истифодаи он вобаста аст, инчунин фаъолияти муассисахои бойгони; (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

– телевизион, радио ва дигар воситахои намоиш, шунавонидан, дар мавриди офаридан ва густариши сарватхои фарханги;

– тарбияи зебоиписанди (эстетики), маълумоти бадеи, фаъолияти педагоги дар ин соха;

– тадкикоти илми дар сохаи фарханг;

– мубодилаи фархангии байналмилали;

– истехсоли мавод, тачхизот ва воситахои дигари марбут ба нигох доштан, офаридан, интишор ва азхудкунии сарватхои фарханги;

– фаъолияти дигаре, ки тавассути он сарватхои фарханги эчод, хифз ва азхуд карда мешаванд.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фарханг

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фарханг ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 5.08.09, № 544)

Моддаи 4. Принсипхои асосии сиёсати давлат дар сохаи фарханг

Сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи фарханг ба принсипхои зайл асос меёбад;

– дастраси умум будани сарватхои фарханг;

– озодии фаъолияти эчоди;

– мусоидат кардан ба инкишофи куввахои эчодии шахрвандон;

– эътирофи гуногунакидаги ва муносибат ба чараёни эчоди;

– химояи фарханги хамаи халки Чумхурии Точикистон;

– баробархукукии тамоми сокинони Чумхурии Точикистон дар эчод, истифода ва интишори сарватхои фарханги;

– чанбаи умумимилли, илми, дуняви ва башардустона доштани фарханг;

– чалби фаъолонаи чомеа ба сарватхои фарханги умумимилли ва умумибашари;

– истифодаи мохиронаи сарватхои фарханги дар тарбияи ахлокии одамон;

– такомул ва густариши робитахои фархангии Точикистон бо кишвархои хоричи;

– чанбаи демократи ва давлатию чамъияти доштани идоракунии фарханг, афзун намудани нуфузи иттиходияи чамъияти ва ташкилотхои эчоди дар фаъолияти фарханги.

 

Моддаи 5. Хукуки шахрвандони Чумхурии Точикистон дар сохаи фарханг

Шахрвандони Чумхурии Точикистон дар каламрави он катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, маълумот, эътикоди дини, вазъи ичтимои, молу мулк, хусусияти касбу кор хукук доранд;

– аз комёбихои фарханги умумимилли ва умумиинони озодона истифода баранд:

– аз руи майлу рагбат ва кобилияти хеш дар хамаи намудхои фаъолияти эчодии касби ва гайрикасби шугл варзанд;

– сохибхукуки (муаллифи) моликияти зехни бошанд, сирри хунари худро махфуз доранд, ба дастовардхои эчодии худ ихтиёрдори намоянд;

– сарватхои маънави, зебоиписанди ва гайраро озодона интихоб кунанд ва дар хифзи фарханги миллии хеш дар химояи давлат бо­шанд;

– сарватхои фарханги, захирахои китобхонахо, осорхонаю бойгонихои давлатиро озодона истифода кунанд. Махдудиятро барои истифодаи сарватхои фарханги конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад;

-маълумоти башардустонаю бадеиро бе махдудият гиранд, шакл ва тарзи тахсилро озодона интихоб намоянд; (КЧТ аз 5.08.09, № 544)

– нисбат ба мерос ва дастовардхои муосири фарханги гамхор бошанд;

– молики молу мулки ахамияти таърихиву фарханги, коллексияхо, бинохо, иншоот, ташкилот, муассисахо, корхона ва объектхои дигари фарханги бошанд. Тартиби сохиб шудан ва истифодаи иншоотхои (объектхои) фархангиро конунгузории Чумхурии Точикистон танзим менамояд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои инкишофи сарватхои фарханги ташкилот, муассисахо ва корхонахо, ассотсиатсияхо, иттифокхои эчоди ва дигар иттиходияхои чамъиятиро таъсис диханд, дар сохаи фаъолияти фарханги тибки тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд, вазифаи миёнаравиро адо ку­нанд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар хорича намоишхоро ба омма пешниход кунанд ва фуруши махсули фаъолияти эчодии хешро ташкил дода, бо риояи конунгузории он кишвархо ба фаъолия­ти фарханги машгул шаванд, ташкилотхои фарханги таъсис диханд.

 

Моддаи 6. Хукуки гуруххои милли ва этники

Намояндагони хама гуна акалиятхои милли ва этники, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон зиндагони мекунанд, ба нигохдори, густариш  ва хифзи фарханги миллии хеш, ташкили корхона ва муассиса, иттиходия, марказ ва чамъиятхои миллии фарханги хукук доранд.

Чумхурии Точикистон ба марказхои миллии фарханги, чомеахои милли, ассотсиатсияхо, муассисахои таълими ва дигар ташкилотхои фархангии хамватанони берун аз худуди чумхури кумак мерасонад, чихати бастани созишномахои байналмилали дар ин соха тадбирхо меандешад ва хукукхои онхоро химоя менамояд.

 

Моддаи 7. Хукуки шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар сохаи фарханг

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар сохаи фаъолия­ти фарханги бо шахрвандони Чумхурии Точикистон ба истиснои холатхое, ки конун пешбини намудааст, хукуки баробар доранд.

 

Моддаи 8. Сарватхои фарханги миллии Чумхурии Точикистон

Ба таркиби сарватхои фарханги миллии Чумхурии Точикистон бозёфтхои археологи, ёдгорихои таърихи ва фарханги, коллексияхои нодиру ашёхои кадими ва асархои санъат, аз кабили мусавварахо, осори наккоши, расмхо, мучассамахо, номхои ахамияти таърихи дошта, асархои ороиши (дизайнери), китобхои дастнавис, дастхатхои муаллифон, катибахо, хуччатхои таърихи, нусхахои нодир, оромгоххои шахсиятхои маъруф, богот ва манзарахои табиии дорои ахамияти фарханги дошта ва гайра дохил мешаванд.

Сарватхои фарханги милли, ки моликияти чамъияти, кооперативи, омехта, муштарак, шахси ва хусуси хисоб меёбанд дар асоси конун сабти ном шуда, дар фаъолияти фарханги истифода мешаванд.

 

Моддаи 81. Мероси гайримоддии фарханги

Мероси гайримоддии фарханги мачмуи шаклхои фаъолияти фархангй ва тасаввуроти ба анъанахо асосёфта аст, ки эхсоси хусусияти хос ва робитаи наслхоро ташаккул медихад. Ба таркиби мероси гайримоддии фарканги урфу одат? шаклхои тасаввуроту ифода, допишу малака, забон, достонхои шифохи, мусики, ракс, бозихо, устуратиноси, маросимхо, хунархо, шаклхои анъанавии робита, тасаввуроти экологи, рамзу аломатхо дохил мешаванд.

Хукумати Чумхурии Точикистон барои таъмини кифзи мероси гайримоддии фархангидар каламрави Чумхурии Точикистон чорахои зарури меандешад, аз он чумла:

– сиёсати давлатиро барои баланд бардоштани накши мероси гайримоддии фархангидар чомеа амалименамояд;

– унсурхои гуногуни мероси гайримоддии фархангиро бо иштироки чамъиятхо, гуруххо ва ташкилотхои дахлдори гайрихукуматй муайян менамояд;

– барои  тарбкяи   мутахассисон  дар  сохаи   идораи  мероси гайримоддии фарханги чорахои дахлдор меандешад;

– ба тахкихоти хамачонибаи мероси гайримоддии фархангм мусоидат мекунад:

– хамкории байыалмилалиро о ид ба хифзи мероси гайримоддии фарханги ба рох мемонад.

Макомоти ваколатдори давлатии сохаи фарханг Фехристи мероси гайримоддии фархангиро, ки ба хифзи бетаъхир эхтиёчдорад, тартиб дода, чихати амалй намудани он чорахо меандешад. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

 

Моддаи 9. Пахн ва дастраси омма намудани сарватхои фарханги милли

Пахн ва оммавигардонии меросу комёбихои фарханги миллии Чумхурии Точикистонро муассисахои театрию консерти, киною видеонамоишдихи, тамошогоххо, китобхонахо, бойгонихо, клубхо, касру хонахои фарханг, богхои фархангу истирохат, марказхои фархангию фарогати, намоишгоххо, осорхонахо, чойхои мукаддаси таърихию табии, телевизион ва радио, созмонхои эчоди, иттиходияхои чамъиятии кормандони фархангу санъат, муассисахои сайёхи, таълимгоххои фарханг ва санъат, марказхои пахнкунандаи донишхои илмию техники, марказ­хои фархангиву фарогатии беруназмактаби, идорахои рузномаю мачаллахо, нашриётхо ва гайра амали мегардонанд.

Корхона, муассиса ва ташкилотхое, ки дорои ваколати пахн ва оммавигардонии меросу комёбихои фарханги милли ва фархангу санъат хастанд, хукуки тахия ва кабули барномахои эчоди, репертуар, интихоби жанр, намуд, услуб ва равияхои мухталифи эчоди ва инчунин интихоби роху тарзхои пахн ва оммавигардонии мероси фарханги ва комёбихои фархангу санъатро доранд.

Пахн ва оммавигардонии мероси волои фарханги, илми ва адабии классикони точик, намудхои пурарзиши мероси фарханги классики ва дастовардхои маданияти муосири чахони тавассути маблаггузории максаднок ва сиёсати андоз кадр ва дастгири карда мешаванд.

Пахн ва оммавигардонии асархое, ки ба зуран сарнагун кардани сохти конститутсиони, чанг, зуровари, берахми, поймолкунии хукукхои нажодиву милли, адовати мазхаби даъват мекунанд тахкири шахсиятро раво медонанд, шаъну эътибори миллиро паст мезананд, фахшу бадахлокиро таргиб менамоянд, манъ аст.

Махдуд ва манъ кардани истифодаи мероси фарханги, фаъолияти фарханги ва махсули онро конун муайян мекунад.

 

Моддаи 10. Аз чумхури баровардан ва баргардонидани сарватхои фарханги

Аз чумхури берун баровардан ва баргардонидани сарватхои фарханги мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватхои фарханги» амали карда мешавад.

 

Моддаи 11. Фехристи давлатии сарватхои фарханги миллии Чумхурии Точикистон

Фехристи давлатии сарватхои фарханги миллии Чумхурии Точикистонро Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон тартиб медихад.

 

Моддаи 12. Мукаррарот оид ба молу мулки сарватхои фарханги мил­лии Чумхурии Точикистон

Беичозат мубодила, иваз, нобуд, тагйири чой, нусхабардори, тармими молу мулки ба Фехристи давлатии сарватхои фарханги Чумхурии Точикистон воридшуда манъ аст. Бе чунин ичозат молу мулки бутуни дорои арзиши махсуси таърихи, бадеи ва зебоиписандиро аз хам чудо ва пароканда кардан манъ аст.

Истифодаи сарватхои ба Фехристи давлатии сарватхои фарханги милли дохилшуда берун аз таъиноти таърихи, бадеи ва дини манъ аст.

Молу мулки мансуби масчидхо, калисо ва дигар ибодатгоххои мазхаби, ки хамчун сарватхои фарханг ё худ арзишхои фарханги милли шинохта шудаанд, дар доираи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи озодии вичдон ва иттиходияхои дини» ва вобаста ба таъиноташон истифода мешаванд.

Муассисахои фарханг ва санъат дар истифодаи ёдгорихои меъмори хукуки афзалиятнок доранд. Ба нигохдори ва хифзи иншоотхои сарватхои фарханги милли сохибон ё худ истифодабарандагон масъуланд. Ичро накардани ухдадорихои мазкур боиси махрум шудан аз хукуки додашуда мегардад.

Дар сурате, ки субъект барои нигахдории объектхои сарватхои фарханги миллии дар ихтиёраш буда имконияти модди надошта бошад, харочоти онро давлат ба зимма мегирад.

 

Моддаи 13. Фаъолияти эчоди

Чумхурии Точикистон озодии фаъолияти эчодиро эътироф карда, давлат ба он дахолат намекунад. Давлат фаъолияти эчодиро дастгири карда ба рушди он ёрии моддию маънави мерасонад, эчодиётро аз дахолати муассисахо, корхонахо, ташкилотхо, хизбхо химоя мекунад, барои амали гаштани махсули эчодкор мадад мерасонад.

Дар Чумхурии Точикистон барои инкишофи хамаи намудхои фаъ­олияти эчодии касби, гайрикасби (хаваскори), санъати театри, тасвири, мусики, кино, сирк, телевизион, радио, эчодиёти бадеии халк, эчодиёти касбии анъанави, фаъолияти эчодии устодони халки ва гайра, шароитхои зарури мухайё карда, барои гирифтани маълумоти касби, такмили ихтисос, дар иттиходияхо, ассотсиатсияхо, чамъиятхо ва махфилхои эчоди озодона муттахид шудан кафолат медихад.

Корманди касбии эчоди шахрванди чумхури ё шахси хоричие хисоб меёбад, ки барои у фаъолияти эчоди, асоси мехнат ва сарчашмаи даромад мебошад.

Мавчудияти яке аз омилхои зерин шарти эътирофи корманди касбии эчоди мебошад:

– гирифтани музд барои фаъолияти эчоди;

– бакайдгирии фаъолият хангоми мукарраркунии андоз;

– гирифтани маълумоти касби дар муассисахои таълими ё худ дар назди мутахассис ё устоди дар сохаи фаъолияти эчоди расман эътирофшуда;

– сазовори унвонхои фахри, мукофотхои касби шудани кормандони эчоди;

– аз тарафи мутахассисон ва чомеа хамчун эчодкор эътироф гаштани он;

– узвияти шахс дар ташкилотхои касбию эчоди (иттифокхо ва ассотсиатсияхои эчоди).

 

Моддаи 14. Идоракунии низоми фарханг дар Чумхурии Точикистон

Ба низоми макомоти давлатии идоракунии фарханг дар Чумхурии Точикистон инхо дохил мешаванд:

– Хукумати Чумхурии Точикистон;

– Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон;

– Вазорату идорахои Чумхурии Точикистон, ки дорои ташкилот, корхона ва муассисахои фарханг мебошанд;

– макомоти хокимияти ичроия дар махалхо.

 

Моддаи 15. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи фарханг

Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи фарханг корхои зайлро анчом медихад:

– сиёсати давлатро дар сохаи фарханг муайян ва амали менамояд;

– кафолати конеъ гардондани эхтиёчоти фархангии шахрвандон химояи хукуки онхоро дар сохаи фаъолияти фарханги таъмин менамояд;

– барномахои чумхурияви, инчунин байнидавлати ва байналмилалии инкишофи фархангро барраси ва тасдик намуда, онхоро бо воситахои моддию техники ва молияви таъмин менамояд;

– тартиби таъсис намудан, аз нав ташкил кардан, бархам додан, тагйири чой кардан, нусхабардори намудан ва таъмири иншоотхои дорои арзиши махсуси таърихи ва эстетикиро муайян мекунад;

– стратегияи барномахои максадноки чумхуриявии фархангиро муайян ва тасдик мекунад;

– хифзи ичтимои ва хукукии кормандони сохаи фархангро таъ­мин мекунад;

– тараккиёти инфраструктураи сохаи фархангро таъмин менамояд;

– таъминоти молиявию иктисодии муассисахои фарханг ва хизматрасонии фархангии ахолиро муайян мекунад;

– таъсис ва фаъолияти муассисахои фарханги давлати ва гайридавлати, аз чумла муассисахои фархангии хусусиро хавасманд гардонида, ба инкишофи заминаи моддиву техникии онхо мусоидат мекунад;

– маблаггузории бучетии муассисахои давлатии сохаи фархангро ба рох мемонад ва дар мавриди зарурат, дар маблаггузории ташкилотхои фархангии гайридавлатии сохаи фарханг хисса мегузорад;

– ба монополияи давлати дар сохаи фаъолияти фарханги рох намедихад.

 

Моддаи 16. Ваколати макомоти ваколатдори давлатии сохаи фарханг

Дар Чумхурии Точикистон макомоти ваколатдори давлатии сохаи фарханг Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон мебошад. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон корхои зеринро амали мегардонад:

– татбики сиёсати давлат дар сохаи фарханг;

– эхё, хифз, инкишоф, интишори сарватхои фарханги милли;

– дастраси умум гардондани мероси фарханги милли ва умумибашари;

– сабти ном ва муайян намудани тартиби истифодаи мероси фарханги миллии хоричи кишвар:

– ташкили хамкории фархангии байналмилали, баркарор намуда­ни робитахои фарханги бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилалии сохаи фарханг;

– мукаррар намудани тартиби таъсис ва бархам додани муассисахои сохаи фарханг;

– ташкили таълиму тарбияи мутахассисон, такмили ихтисоси онхо, ташкили тадкикоти илми дар сохаи фарханг;

– бо иттилоот ва маводи илми-методи таъмин кардани муассисахо;

– хавасманд кардани фаъолияти шахрвандон, аз чумла ба воситаи татбики сиёсати давлатии андозситони ва нархгузори бо максади чалб намудани кудакон ба кори эчоди, инкишофи фарханг, машгул шудан ба худомузи, санъати хаваскори, хунарманди;

– ташкили шароит барои таълими ибтидоии бадеи, тарбияи умумии зебоишиноси, пеш аз хама ба тарики гуманитари кардани сохаи маориф, дастгири ва таракки додани шабакаи муассисахо ва ташкилотхо – мактабхои санъат, студияхо, курсхо, нигох доштани хизматрасонии асосии бепули китобхонахои хамаи идорахову ташкилотхо, инчунин санъати хаваскори (эчодиёти бадеии хаваскори);

–   мусоидат ба ривочи хайрия ва талабот дар сохаи фарханг;

– ташкили шароит ва сарпарасти барои инкишофи фарханг, санъ­ат, адабиёт ва намудхои дигари фаъолияти фарханги милли;

– муайянкуни, бакайдгири, омузиш, тармим ва хифзи ёдгорихои таъриху фарханг, хифз ва истифодаи ёдгорихои таъриху фарханг, ки моликияти шахси ва коллективи хисоб меёбанд, кафолат додан ба афзалияти сохиб шудан ба ёдгорихои таъриху фарханг;

ба рох мондани хисоботи расмии омори дар сохаи фарханг, таъмини эътимодноки ва дастрасии он;

– тахияи санадхои меъёрии хукукии сохаи фарханг;

– хамохангсозии фаъолияти тамоми муассисахои фарханг, новобаста аз тобеияти идорави ва шакли моликияти онхо;

– муайян намудани коидахои бахисобгирии муассисахо, гуруххо ва дастахои хунари дар Чумхурии Точикистон;

– мукаррар   кардани коидахо ва тартиби сафархои хунари аз Чумхурии Точикистон ва ба Чумхурии Точикистон;

– андешидани тадбирхо барои хифз, рушд ва истифодаи мероси гайримоддии фарханги. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

 

Моддаи 17. Салохияти  вазорат,  ташкилот  ва  идорахои  дигар  дар  сохаи  фарханг

Вазоратхо, ташкилотхо ва идорахои дигари Чумхурии Точикистон дар мувофика бо Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон ухдадоранд:

– муассисахои тобеи фарханги ташкил намуда, онхоро бо маблаг заминаи модди-техники, мутахассисон таъмин кунанд;

– самтхои афзалиятноки онхоро муайян созанд;

– риояи санадхои меъёрии хукукии сохаи фархангро таъминнамоянд; (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

– низомномахои умумии муассисахои фархангро, ки ба ихтиёри онхо дода шудаанд ва ё ба онхо итоат мекунанд тасдик ва амали намоянд;

– барномахои сохавии инкишофи фаъолияти фархангии муассисахои тобеашонро тасдик ва дар амал татбик намоянд;

– новобаста аз тобеияти идорави дар ташкили фаъолияти фарханги иштирок намуда, кори муассисахои фархангро мутобик гардонанд;

– рохбарии методии муассисахои тобеи худро таъмин намоянд;

– тартиби такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони муасси­сахои фархангии тобеи худро ба рох монанд;

– доир ба инкишофи фаъолияи фархангии муассисахои тобеашон тадбирхои дигари амали андешанд.

 

Моддаи 171. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи фарханг

Макомоти махаллии хокимияти давлатй дар сохаи фарханг ваколатхои зерин доранд:

– тахия, тасдик ва татбики барномахои рушди фарханг дар худуди марзию маъмурии дахлдор;

– танзими фаъолияти муассисахои фархангии худуди марзию маъмурии дахлдор;

– ташкили озмунхо, фестивалхо ва намоишхои вилоятй, шахри ва нохиявй;

– эхё, хифз, нигахдорива истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги;

– пешниход намудани таклиф ба макомоти ваколатдор барои ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги ворид намудани номи ёдгорихои дорои ахамияти таърихию фарханги;

–  мусоидат намудан ба рушди забон, адабиёт, санъати касби, танзими анъана ва расму оинхо;

–  амалинамудани дигар ваколатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст.(КЧТ аз 28.06.11с., №734)

 

Моддаи 18. Низоми  муассисахо,  идорахо  ва ташкилотхои сохаи фарханг

Ба муассисахо, корхонахо ва ташкилотхои фарханги Чумхурии Точикистон инхо дохил мешаванд: радио ва телевизион, театрхо, филармонияхо, оркестрхо, ансамблхо, коллективхои дигари эчоди, осорхонахо, китобхонахо, бойгонихо, кинотеатрхо, намоишгоххои бадеи, клубхо, марказхои дизайнери, тадкикоти ва тармими, мамнуъгоххо ва минтакахои фархангии таърихи.

Муассисахо, корхонахои фарханг танхо дар сурати мавчуд будани заминаи моддию техникии бо меъёрхои хизматрасонии фархангии ахоли мутобик, таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 19. Тарбия, бозомузи, такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони сохаи фарханг

Кормандони сохаи фархангу санъат сарфи назар аз мансубияти идорави ухдадоранд, ки ба тарбияи бадеи, зебоиписанди, омузишу бозмузи машгул гарданд, ихтисосашонро такмил диханд, аттестатсия шаванд.

Муассисахои фарханг, иттиходияхои чамъияти барои конеъ гардондани талаботи худ дар тахияи барномахои таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос иштирок менамоянд.

Ба муассисахои таълимии фархангу санъат хукук дода мешавад, ки бе мухлатхои мукарраршуда ба сафи донишчуён довталабонеро кабул кунанд, ки дар ин ё он сохаи нодири фархангу санъат истеъдоду кобилияти фавкулодда доранд ё худ голиби озмунхои чумхури мебошанд.

Муассисахои давлатии фарханг барои бозомузи, такмили ихтисоси кормандони худ шароит фарохам меоранд.

Муассисахои таълими ва курсхои такмили ихтисоси кормандони фархангу санъат вазифадоранд, ки дархостхои муассисахои давлатии фархангро оид ба такмили ихтисоси кормандон ичро кунанд. Такмили ихтисоси кормандони муассисахои гайридавлатии фарханг дар асоси шартномахо ташкил мешавад.

Дар Чумхурии Точикистон ба ташкили муассисахои таълимии хусуси ва кооперативии фархангу санъат ичозат дода мешавад.

Аз аттестатсияи навбати гузаштани хамлаи кормандони фарханг, рохбарони макомоти давлатии соха, корхонахо, муассисахо ва таш­килотхои фарханг хатми мебошад.

Макомоти идории давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои фарханг, иттифокхои эчоди ва дигар иттиходияхои чамъияти барои дар хорича тайёр кардан, бозомузи ва анчоми такмили ихтисоси кор­мандони фарханг мусоидат мекунанд; хамчунин ба точикони берун аз худуди Точикистон имкон медиханд, ки бепул ё пулаки дар муас­сисахои таълимии чумхури аз руи ихтисосхои сохаи фарханг маълумоти махсус гиранд.

 

Моддаи 20. Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои фархангй

Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои фарханги тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.(КЧТ аз 28.06.11с., №734)

 

Моддаи 21. Хукуки моликият дар сохаи фарханг

Хукуки моликият дар сохаи фарханг тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.(КЧТ аз 28.06.11с., №734)

 

Моддаи 22. Маблаггузории сохаи фарханг ва фаъолияти фарханги

Асоси кафолатхои давлатии хифз ва рушди сохаи фарханг дар Чумхурии Точикистон маблаггузории давлати мебошад.

Маблаггузории харсолаи рушди сохаи фарханг ба кадри зарурат ва тибки имкониятхои мавчуда асосан аз бучети чумхури ва бучетхои махалли сурат мегирад.

Маблаггузории сохаи фарханг хангоми тахияи бучет дар тамомисатххо дар сатри алохида нишон дода мешавад. Маблагхои эхсонкоронаи шахсони вокеиза хукукй, даромадхо аз лотереяхо, музоядахо, намоишхо, фуруши когазхои киматнок ва дигар манбаъхои маблаггузори, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф нестанд, метавонанд барои рушди сохаи фарханг истифода бурда шаванд. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

Воридоти маблагхо аз сарчашмахои гайрибучети ба ихтисори маблаггузории бучетии рушди сохаи фарханг асос шуда наметавонад.

Маблагхо барои рушди сохаи фарханг танхо ба максадхое сарф карда мешаванд, ки дар низомномахои муассисахои фарханг пешбини шудаанд. Низомномаро макомоти ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

Иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо, ташкилот ва шахрвандон мустакилона ва ё худ бо усули шартномави метавонанд барои маблаггузории фаъолияти фарханги хазинахо таъсис диханд. Ташкил ва фаъолияти чунин хазинахо дар асоси оинномаи мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон тасдикшудаи онхо сурат мегирад. Макомоти давлати ва худидоракунии махалли метавонанд дар таъсиси ин захирахо хаммуассис бошанд.

 

Моддаи 23. Захирахои молиявии муассисахои фарханг

Муассисахои фарханг харочоти худро аз хисоби маблагхои муассис (муассисон), даромадхои фаъолияти худ, даромадхо ва воридоти дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат медихад, мепушонанд.

Фаъолияти муассисахои давлатии фарханг аз тарафи муассисон дар асоси шартномахо ва на камтар аз меъёрхои молиявии мукарраршудаи давлати оид ба хар як навъу намуди муассисахои фарханг маблаггузори мешавад. Маблагхое, ки аз сарчашмахои дигар ворид мешаванд, боиси кам шудани меъёр ва хачми мутлаки маблаггузори намегарданд.

Фаъолияти муассисахои гайридавлатии фарханг дар асоси шартномахои байни муассис (муассисон) ва муассисахои фарханг маблаггузори мешаванд.

Хукуки муассисахои фарханг ба гирифтани хайрия (хадя, ёрии пули) аз шахсони вокеи ва хукукии ватанию хоричи, инчунин аз ташкилотхои байналмилали махдуд карда намешавад.

Маблагхо мувофики оинномаи муассисахои фарханг истифода мешаванд. Маблагхои дар давоми давраи хисоботи истифоданашуда аз муассисахои фарханг пас гирифта ва ё ба хисоби соли оянда гузаронида намешаванд.

 

Моддаи 24. Фаъолияти сохибкории муассисахои давлатии фарханг

Муассисахои давлатии фарханг дар доираи оинномаи худ ба фаъолияти сохибкори хак доранд.

Ба фаъолияти сохибкории муассисахои давлатии фарханг инхо дохил мешаванд:

–  савдои молхо ва тачхизот;

–  хизмати миёнарави;

– хиссагузори дар фаъолияти корхонахо, муассисахо ва ташки­лотхои тичорати (аз чумла фарханг);

– харидани сахмияхо, вомбаргхо, когазхои арзишноки дигар ва ба тавассути онхо ба даст овардани фоида –  дивидендхо, фоизхо.

Ба фаъолияти сохибкори машгул шудани муассисахои фархангитибки конунгузории Чумхурии Точикистон амаликарда мешавад. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

 

Моддаи 25. Сиёсати инвеститсиони дар сохаи фарханг

Дар Чумхурии Точикистон барои гани гардондан ва инкишоф додани заминаи модди-техникии фарханг ба маблаггузории давлатии фарханг афзалият дода мешавад.

Таксимоти маблагхои асоси ба объектхои таъиноти фарханги аз тарафи макомоти марбутаи идораи давлати дар асоси мухокимаи кушод ва ошкори шаклхои алтернативи муайян карда мешавад.

Барои сохтмони муассисахои нави фарханг дар навбати аввал китъахои замин чудо карда мешавад.

(Кисми сеюми моддаи 25 хорич карда шуд Конуни ЧТ аз 28.06.11с., №734)

 

Моддаи 26. Инкишофи фарханг дар дехот

Дар дехоти Чумхурии Точикистон аз чониби давлат ба намудхои мухталифи фаъолияти фарханги, ташкили муассисахои фарханг ва корхои мансуб ба бехбудии мухити эстетики ва такмили фаъолияти фарханги таваччухи афзалиятнок дода мешавад.

 

Моддаи 27. Таъмини моддию техникии муассисахои фарханг

Ба таъминоти афзалиятноки моддию техники дар навбати аввал муассисахои фарханг, махсусан муассисахои хизматрасонии кудакон ва наврасон хукук доранд.

Истифодаи заминаи моддию техники ва молу мулки муассисахои фарханг берун аз таъинот манъ аст.

Макомоти хокимияти давлати эхтиёчотро ба маводи барои татбики барномахои минтакавии хифз ва инкишофи фарханг, сохтмон ва тармими объектхои пуркимати фарханги, дастгирии давлатии фаъолияти муассисахои фархангро мутобики шартхои таъмини эхтиёчоти давлати ба махсулот таъмин менамоянд.

Макомоти хокимияти давлати сиёсати илми-техникиро, ки чори намудани техника ва технологияи навро дар фаъолияти муас­сисахои фарханг таъмин менамояд, тахия ва татбик мекунанд, тавассути додани карзхо ва дигар воситахо иштироки ташкилотхои гайридавлатиро дар бунёди техника ва технологияи нав барои сохаи фарханг хавасманд мегардонанд.

Таъминот ва инкишофи заминаи моддию техникии муассисахои давлатии фарханг дар доираи маблагхои бучети ва воситахои пулии муассисахои фарханг ба амал бароварда мешавад.

Макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати дар мавриди зарурат вазифадоранд, ки ба муасси­сахои фарханги тобеи худ дар халли масъалахои таъмин ва тараккии заминаи моддию техникии онхо ёри расонанд.

Макомоти худидоракунии махалли ва кормандони эчодкор, коллективхои эчоди барои ташкили студияхо, устохонахои бадеи, лабораторияхо ва чойхои дигари кории мавриди зарурати фаъолияти эчоди бинохоро барои истифода ё ба ичора медиханд. Хакки ичора бояд аз хачми пардохти хизмати коммунали зиёд набошад. Ба ихтиёри касе гузоштан ва ё ба максадхои дигар истифода намудани ин бинохо манъ аст.

 

Моддаи 28. Фаъолияти иктисодии хоричи дар сохаи фарханг

Макомоти рохбарии хамаи сатххо, муассисахои сохаи фарханг мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти иктисо­дии хоричи» ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон метавонанд бо фаъолияти иктисодии хоричи машгул бошанд, аз номи худ бо ташкилотхои фархангии хоричи созишномахо ва дигар санадхоро ба имзо расонанд.

Муассисахои фарханг фаъолияти иктисодии хоричии худро дар бобати фуруши асархои санъат, махсули хунархои бадеии халк, ашёхои атика ва осори дигари фарханги мутобики конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон метавонанд амали намоянд.

Маблагхои асъори, ки аз фуруши асархои санъати тасвири, амали-ороиши ва намудхои дигари санъат, аз фаъолияти ичрокунандаги дар давлатхои хоричи ба даст омада, дар асоси шартномахои тарафайн дар байни муаллифон, ичрокунандагон ва миёнаравон таксим карда шуда, аз он маблагхо мувофики конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон андоз ситонда мешавад.

Муассисахои фарханг метавонанд аз бонкхои ватанию хоричи карз гиранд, мувофики конунхои Чумхурии Точикистон бо асъор хариду фуруш намоянд.

Сарватхои фархангии дар осорхонахо, нигористонхои (галереяхои) асархои санъати тасвири, китобхонахо, бойгонихо ва дигар муассисахои давлатии фарханг махфузро ба бадали карз барои истифодабари додан ва ё ба гарав гузоштан манъ аст.

 

Моддаи 29. Муносибатхои мехнати ва тарзхои пардохти музди мехнати кормандони сохаи фарханг

Муносибатхои мехнатии кормандони сохаи фарханг аз руи конунгузории амалкунанда дар бораи мехнат танзим мегарданд.

Шакли асосии муносибатхои мехнати бо кормандони эчоди, рохбарон ва мутахассисони муассисахои давлатии фарханг шартномаи мех­нати мебошад.

Андоза ва шартхои пардохти музди мехнати кормандони эчоди,мутахассисон ва рохбарони сохаи фарханг тибки санадхои меъерии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

Андозаи музди хизмати муаллифи, тартиб ва мухлати пардохти он дар шартнома бо муаллиф муайян карда мешавад.

Андозаи хадди акали музди хизмати муаллифон хамзамон бо курби (индексатсияи) андозаи нишондиханда барои хисобхо  дода меша­вад.

 

Моддаи 30. Хифзи ичтимоии кормандони фарханг

Шахрвандоне, ки дар сохаи фарханг ва санъат маълумоти махсус доранд, хангоми мавчудияти шароити баробар хукуки афзалиятноки аз руи ихтисос ба кор кабул шудан доранд.

Иттифокхои эчоди, ассотсиатсияхо, иттифокхои касаба ва дигар созмонхои чамъияти бо максади хифзи ичтимоии коркунони эчоди метавонанд хадамоти шугл, хазинахои махсус барои зиёд кардани андозаи чубронпули оид ба бекори ва дароз кардани мухлати пардох­ти он таъсис диханд. Маблагхоро ба ин хазинахо метавонанд макомоти давлати низ ирсол намоянд.

Таъмини нафакаи кормандони муассисахои фарханг, инчунин таъмини имтиёзхо барои категорияхои алохидаи кормандон мутобики конунхои Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

Аъзои иттифокхои эчоди ва ассотсиатсияхо, инчунин кормандони дигари эчоди, ки узви иттифокхои эчоди нестанд ва манбаи ягонаи даромадашон музди хизмати муаллифи ба шумор меравад, дар сурати супоридани сугуртапули ба фонди нафака мувофики собикаи кор хукуки гирифтани нафакаро доранд.

Ба мутахассисони муассисахои фарханг, ки дар дехот, шахракхои коргарнишин ва типи шахри чой гирифтаанд, имтиёзхое дода мешаванд, ки ба коркунони маориф пешбини шудаанд.

Барои хатмкардагони мактабхои оли ва миёнаи махсуси фарханг ва санъат ва дигар мутахассисоне, ки ба муассисахои фархангии дехот ба кор омадаанд, тартиб ва шартхои додани чубронпулии яквакта ба­рои ташкили хочагии шахси, ки барои хатмкардагони мактабхои оли ва техникумхои кишоварзи мукаррар мегарданд, чори карда мешаванд.

Ба кормандони муассисахои фарханг истифодаи бепули манзил, об, гармидихи, хизмати тибби ва табобати ройгон, ба моликияти шахси ройгон табдил додани манзили давлати, барои сохтмони манзили шахси ва харидани асбобхои гаронбахо додани карзхои имтиёзноки дарозмуддат кафолат дода мешавад.

Макомоти хокимияти давлатй, макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, корхоиахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, иттиходияхои чамъиятй метавонанд аз хисоби захирахои дохилии худ барои кормандони сохаи фарханг имтиёзхои иловагиеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, муайян намоянд. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

 

Моддаи 31. Мубодилаи фархангии Чумхурии Точикистон бо мамлакатхои хоричи

Сиёсат ва афзалиятхои робитахои байналмилалии фархангии Чумхурии Точикистонро барномахои давлатии рушди сохаи фарханг ва созишномахои Чумхурии Точикистон бо дигар давлатхо муайян мекунанд.

Самтхои мухими мубодилаи фархангии байналмилалии Чумхурии Точикистон инхоянд:

–  бунёди муштараки сарватхои фарханги;

–  тармими ёдгорихои нодири таъриху фарханг;

–  тайёр кардан, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандони фарханг;

–  офаридан ва татбики технологияи нав, воситахои техники, тачхизот барои фаъолияти фарханги;

–  мубодилаи усули кор, маводи таълим, китобхои дарси, барномахо ва воситахои таълим.

 

Моддаи 32. Хамкории фарханги бо хамватанони хоричи кишвар

Чумхурии Точикистон бо хамватанони берун аз худуди чумхури ва ворисони онхо иртибот баркарор намуда, барои бунёди марказхо, муассисахои рушди сохаи фарханг, хазинахои махсус ёри расонида, чорабинихои муштараки фарханги гузаронида, ба тараккиёти фарханг дар хорича мусоидат мекунад. Давлат барои бозгаштани ходимони ба хорича рафтаи фарханг шароит фарохам меоварад. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

Чумхурии Точикистон бахри инкишофи фаъолияти фархангии точикони бурунмарзи созишномахои байнидавлати ба имзо мерасонад.

 

Моддаи 33. Сарватхои бурунмарзии фарханги ва таърихи халки точик

Чумхурии Точикистон дар бобати баргардондани сарватхои фархангие, ки гайриконуни ба хоричи кишвар бурда шудаанд, сиёсати максаднок мегузаронад.

Сарватхои фархангии гайриконуни ба хорича бурдаро, ки мукаддасоти фархангии халки Чумхурии Точикистон эътироф гаштаанд, новобаста аз чои хозираи нигахдори, вакт ва шароити баровардан зарурати ба Чумхурии Точикистон бозгардони доранд.

Давлат дар бобати хифзи сарватхои фархангии Чумхурии Точикистон, нигахдории оромгоххои хамватанон, ки дар кишвархои хоричи мавчуданд, тадбирхои зарури меандешад.

 

Моддаи 34. Марказхои фарханги дар хорича

Чумхурии Точикистон дар хорича марказхои фарханги таъсис медихад ва бо хамкории дигар давлатхо фаъолияти онхоро ба рох мемонад, ба шахсони вокеи ва хукукй барои ба максадхои фарханги истифода бурдани моликияташон шароитхо мухайё месозад.

 

Моддаи 35. Иштирок дар ташкилотхои байналмилалии фарханг

Таъсиси шахсони хукукии хоричидар сохаи фарханг ва филиалунамояндагихои онхо дар каламрави Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амалй карда мешавад. (КЧТ аз 28.06.11с., №734)

Шахсони хукуки ва вокеи хукуки ба ташкилотхои байналмилалии фарханг дохил шудан доранд.

Ташкилотхои фархангии Чумхурии Точикистон метавонанд дар сафхои худ аъзои хоричиро муттахид намоянд ва хукук доранд маблагхои кишвархои хоричи, ташкилотхои байналмилали ва шахсони алохидаро истифода баранд.

 

Моддаи 36. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 5.08.09, № 544)

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                     Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1997

№ 519

 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фарханг»

 

(Ахбори  Мачлиси  Олии Чумхурии Точикистон  соли  1997, № 23-24, мод. 353)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фарханг» пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

Ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Конуни мазкур мутобик гардонидани санадхои конунгузори таклифхо пешниход намояд;

карорхои худро бо Конуни мазкур мутобик гардонад.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                           С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1997

№ 520

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …