Главная / Маданият ва санъат / Фарханг-хастии миллат

Фарханг-хастии миллат

(Ба хотири соли рушди сайёхи ва хунархои милли)

 Хар як миллат бо доштани таърих, тамаддун, фарханг ва сарзамини худ метавонад як давлати абаркудрат ва поянда ташкил намояд. Фарханг асоси шинохти миллат ва давлат аст. Халки точик хамчун як шохаи ориёнои бузург бо доштани фарханги хоси худ, хамеша  сунатхои ачдодии худро эхтиром ва нигох медорад.

 Яке аз фарханги бой ва хеле зебои мардуми точик гулдузи аст, ки аз бостон то имруз ин фарханг ва ин сунат аз насл ба насл ва аз авлод ва авлод то ба мо расидааст. Гулдузи-ин хунари зебо ва чолиби мардуми точик  хануз аз замони хуршедпарасти вучуд дошт ва ва дар тули таърих дар гирудорхову, катлу горатхо аз миён нарафт балки рушд ёфт.

Хунари гулдузи ё чакан  на факат як шугли дустдошта ва ё зебу зиннат барои либос ва хонадони точикон аст, балки рамзи эхтирому эътикоди мардуми точик ба дин ва оини бостонии худ аст. Дар гулдузи ё чакан асосан   гулхои гирдаи калон тасвир мегарданд, ки онхо хатман бо ранги сафед ва ё зард духта мешаванд, ки ин рамзи рушнои ва офтоб аст.

 Мардуми точик аз бостон бо офтоб ва гармию рушнои эътикоду эътимоди кави доштанд ва тасвири офтобро, ки рушнои ва гарми аст дар матоъхои махсус гулдузи мекарданд ва дар деворхои хонахои худ меовехтанд. Ин анъана имруз низ дар бисёре аз хонахои мардуми точик ба назар мерасад. Рамзи дигаре, ки дар гулдузи инъикос мегардад, бутахои сабз аст, ки дар пахлуи гулхои гирда ва ё атрофи он духта мешавад.

Ин буттахо рамзи дарахт, табиат ва сарзабзи аст. Тибки сарчашмахои таърихи ачдодони мо дар кадим ба дарахт эътикод доштанд ва дарахтро мояи сарзабзии умр мегуфтанд. Хатто тибки иттилои донишмандон  дарахти арчае, ки имруз масехиён хамчун рамзи сарсабзи дар соли нави мелоди рангу бор медиханд ба хамин дарахтпарастии ачдодони мо мерасад.

Тасвири дарахти хаёт, ки имруз дар гулдузихои точики дида мешавад дар атрофи он гулхои хурди майда низ духта мешаванд, ки онро хунармандони гулдуз ситора мегуянд ва ин ситорахо низ хамчун силсила болои арчаи солинавиро оро медиханд. Хатман дар болои арча ситораи панчгушае низ гузошта мешавад, ки бояд сурх ва дурахшон бошад ва ин дурахшандаги хамон гирдаи офтоб дар гулдузихои точики аст. Яъне  тамоми унсурхое, ки дар арчаи солинавии масехиён ба назар мерасад, хазорхо сол пеш дар гулдузихои точики тасвир ёфтааст.

Хатто таърихи 31-уми декабр – чашни соли нави мелоди низ иртибот мегирад ба шаби ялдои мардумони ориёи, ки дар ин шаб ба хотири муборизаи неки ба бади ё рушани бар торики, хамчун рамзи офтоб дар дастархон тарбуз  ва ё анор пора мекарданд ва ин шабро то субх дар сари дастархон бо гуфтани суханони хубу шеъру хушгуихо мекарданд.

 Хамин тарик дар гулдузии точики рамзу рози бисёр зиёде нухуфтааст, ки мутаасифона имрзу на хар яки мо ин розро медонем ва дарк мекунем. Боиси хушнудист, ки эълони Соли 2018- соли рушди сайёхи ва хунархои милли барои бедор кардани марудми мо ба шинохти аслияти хеш рушди хунари ачдоди имконияти фаровон медихад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …