Главная / Маданият ва санъат / Фахруддини Рози (Китоб)

Фахруддини Рози (Китоб)

Мероси илмию адабии донишмандон ва мутафаккирони гузаштаи мардуми форсу точик то кунун арзишхои волои худро нигох дошта, мутобики талаботи давру замон зарурати пурра пажухишу барраси намудани онхо пеш омадааст, зеро шинохти шахсиятхои бузургон ва омузишу тахкики осори онхо дар эхёи анъана ва суннатхои ниёгон, худшиносиву худогохии мардум, инчунин боло рафтани сатху сифати омузишу парвариш (таълиму тарбия) ва хубтару бехтар гаштани донишу маърифат, махорату малака, одобу ахлоки наврасону чавонон накши мухиму босазое хохад гузошт.

kitobi-faxrudini-roziМусаллам аст, ки дар хар давру замон ниёзи инсоният ба таълиму тарбия вучуд доштааст ва ин эхтиёчот хануз хам идома дорад ва дар оянда низ идома хохад ёфт, чунки насли наврас барои пешбурди хаёт, дастёби ба касбу хунар, ризку рузи, нутку гуфтугу, илму маърифат ниёз ба мураббию омузгор дорад. Он тачрибаву малакаеро, ки волидайн ба фарзандон, устодон ба шогирдон, калонсолон ба хурдсолон, мутахассисони сохахои гуногун ба навомузон медиханд, инчунин аввалин харакоту калимоте, ки аз тарафи мурабби ба кудак ёд дода мешавад, зери мафхуми «таълиму тарбия» карор мегиранд. Аммо таълиму тарбия дар натичаи раванд ва инкишофи марохили гуногуни худ, ба эътибори дастовардхои хаёти одами фароху густариш ёфтааст.  Гирифтани китоб >>> 

Дар ташаккулу такомули ин раванд дар хар гушаву канори олам, аз хар кавму миллат ахтарони равшану тобоне дурахшидаанд ва аз худ нуру сафоеро чихати таълиму тарбия, такмили одобу ахлоки инсони ба оламиён нурафшони намудаанд. Аз чумлаи онхо донишманди бузурги охири асри XII ва аввали асри XIII (V-VІ-и хичри) Абуабдуллох Мухаммад ибни Умари Рози аст, ки бо номхои «Фахруддини Рози», «Имом Рози», «Фахри Рози», «Имом Фахр» маъруф гаштааст ва дар сарчашмахои таърихию тахкикоти дар бораи у маълумотхои зиёду гуногуне ба мо расидаанд. Чунонки устод Нозир Арабзода кайд намудааст, таваччух ба шахсият ва таълимоти Фахруддини Рози хануз аз давраи зиндагиаш огоз гашта, то кунун дар бораи у ва афкору осораш дар сарчашмахои илмию адабиёти тадкикоти маълумоти фаровоне дарч гардидааст. Аммо аксари мухаккикону таърихнигорон уро хамчун донандаи чумлаи улуми замонааш, дар радифи файласуфони машхуру маъруф ном бурдаанд, хатто ихтилофи назар намудаанд, ки оё Фахруддини Рози файласуф аст ё мутакаллим ва мо шархи ин мавзуъро дар оянда зикр хохем кард. Мувофики гуфтаи Н. Арабзода дар замони хукумати шурави аввалин бор М. Н. Болтаев чахонбинии фалсафи ва мантикии Ф. Розиро дар асари худ «Масоили гносеологи ва мантики дар осори Ибни Сино ва мактаби у» (Душанбе, 1966) баён кардааст. Сипас Н. Наимов дар мавзуи «Акидахои фалсафи ва мантикии Фахруддини Рози» диссертатсияи номзади навиштааст.

Худи Н. Арабзода соли 1993 рисолаеро ба табъ расонидааст, ки дар он рочеъ ба хаёт, акоид ва мухимтарин масоили чахонбинии фалсафии Фахруддини Рози сухан кардааст. Чи тавре ки маълум мегардад, то ин дам мухаккикони мазкур бештар ба чахонбини ва масоили фалсафии Ф. Рози ру оварда, онхоро то хадди имкон тахлилу барраси кардаанд.

Хонандаи мухтарам, рисолаеро, ки дар даст доред, дар заминаи осори дастрасгаштаи Фахруддини Рози ва дигар манобеи таърихию тадкикоти таълиф ёфта, бештар ба масоили тарбиявию ахлоки ё худ афкори педагогии Ф. Рози равона гардидааст, ки онро дар илми фалсафа «Фалсафаи ичтимои» гуфтаанд: «Илми ахлоки Фахруддини Рози, ки аз руи анъана фалсафаи амали номида мешавад, ба таълимот дар бораи нафс асос ёфта, тахкики афъолу хислатхои ахлокии инсон ва хаёти ичтимоии уро дар бар мегирад»1. Сабаби пайгирии мавзуи мазкур кабл аз хама пешниходи устоди гиромикадр М. Лутфуллоев ва баъдан ру овардан ба осору афкори ниёгон, омузишу пажухиш ва истифодаи онхо дар замони муосир чихати хубтар гаштани раванди таълиму тарбия ва камолоти одобу ахлоки инсони мебошад, зеро замони имруза бо вучуди дастоварду пешравихои илмию техникиаш, аз заъфу норасоихои адабию ахлоки, таблигу ташвик ва тахочуми фархангхои бегона ори нест. Аз ин ру, ба андешаи банда омузиш ва истифода аз осору афкор, тавсияву пешниходхои олимону мутафаккирони гузашта, ба хусус ниёгон дар рафъи ин мушкилот кумак хохад расонид.

Рисола бо баёни мухити сиёсию ичтимоии даврони Фахруддини Рози, чигунагии чараёни афкору ихтилофоти мазохибу фиркахои мавчуда ва мактабхои акидавию фалсафи, инчунин зиндагиномаву осори Ф. Рози огоз гашта, сипас бо баёни афкори тарбиявии Ф. Рози ва накши он дар тарбияи насли наврас ва хулосаву натичагири интихо меёбад. Ёдовар мешавем, ки чихати осонии фахми хонанада баъзе калимоту ибороти душворфахмро дар кавсайн ё поварак тарчумаву шарх додаем. Матолиби рисола бештар дар асоси манобеи мавчуда дар ду макон: Китобхонаи миллии Точикистон ва Китобхонаи академияи илмхои Точикистон ба номи Индира Ганди таълифу тадвин шудааст. Танхо як асари Ф. Рози бо номи «Ал-фиросат» аз тарики шабакаи интернет, ки дар мачаллаи «Таърихи илм» (шумораи чорум, соли 1384 ш. дар Техрон) ба табъ расидааст, ройгон дастрас гашт. Аз ин хотир ба кормандони ин ду китобхона ва мачаллаи мазкур, инчунин ба устодони азизу гироми М. Лутфуллоев, Я. Одинаев ва Н. Кличева чихати кумаку дастгири ва маслихату рохнамои дар таълифи ин рисола изхори сипос менамоем ва аз хонандаи азизу арчманд барои камбудию норасоихои чойдошта дар рисола пузишу бахшиш мехохем.

Зиндаги ва фаъолияти Фахруддини Рози  Мухити ичтимоию сиёси ва фалсафию фикри дар  замони Фахриддини Рози.

Мактабхои илмию адаби ва фалсафии мардуми форсу точик дар рохи инкишоф ва такомули худ таърихи дарозу тулониеро аз сар гузаронидаву басо донишмандону мутафаккирони барчаставу машхурро ба чахониён муаррифи кардааст. Аз чумлаи онхо Абуабдулло Мухаммад ибни Умари Рози мебошад.

Хаёту фаъолияти Фахруддини Рози ба нимаи дуввуми асрхои ХII (5-хичри) ва огози асри ХIII (6- хичри) рост меояд, ки дар он айём дар худуди хилофати Аббоси, давлатхои мустакил ва ниммустакил арзи хасти мекарданд. Сабаби пайдоиши ин гуна давлатхоро муаррихон дар заъф ва нотавон шудани хилофати Аббоси баъд аз як карни хокимияти он арзёби кардаанд. «Муддати асри Аббоси аз соли 132 (хичри-камари) то соли 656 х. к., яъне 524 сол аст. Салтанати бани Аббос дар ин муддат тахаввулоти зиёд ёфт ва пас аз як карн, ки дар нихояти азамат ва тавонои буд ру ба заъф ва инхитот ниход»23. Мусалам аст ки заъфу нотавони ва бепарвоию гафлат метавонад сабаби хар гуна киёму шуришхои иддае аз одамон гардад. Ин ва дигар омилхое пайдо шуданд, ки ахли Хуросон ба киём бархостанд, дар натича давлатхои мустакилу ниммустакил дар худуди хилофати Аббосиён ба тадрич ба вучуд омаданд. «Киёмхои низомию сиёсии Хуросониён ва заъфи умумии дастгохи хилофат мунтач ба ташкили давлатхои нимамустакил ва мустакили Тохири, Сафори ва Сомони гардид».

Ин чараён ба хусус аз асри чоруми хичри шиддат гирифт ва мунчар ба пайдоиши хукуматхои мухталиф гардид, ки бо хамдигар ракобат доштанд ва мавкеъу нуфузи якдигарро танг карда аз миён мебурданд. Монанди Тохириён4, Сафориён5, Сомониён6, Газнавиён7, Салчукиён, Гуриён, Карахониён ва Хоразмшохиён. Чараёни мазкур то замони хамлаи Мугул идома дошт. Аз миёни давлатхои мазкур Сомониён ва Хоразмшохиён бо вижагихои хоси даврони худ зохиртару фарккунандатар махсуб мешаванд. «Дар ин чо сирф ёдовар мешавем, ки ахди Сомониён яке аз дурахшандатарин ва олитарин даврахои таърихи ин сарзамин аст. Аз як тараф русум ва сунани кадим эхё гашт ва аз тарафи дигар таваччух ба шеър ва адаби дари мучиб шуд, ки кутуби бешуморе таълиф ва тадвин гардад ва уламо ва шуарои номдоре зухур кунад»

Фаркияти Хоразмшохиён бештар бо пируз гаштани онхо бар ракибони худ ва бузург сохтани давлати хеш, мебошад. «Хукуматхои махалли монанди Атобакони форис ва Озарбойчон ва Луристон ва бакоёи давлати Салчуки дар магриби Эрон дар баробари кудрати Хоразмшохиён ё таслим ва ё нобуд шуданд… Хоразмшохиёни оли Отсиз дар давраи Мухаммад ибни Алоуддини Текеш тамоми хукуматхои чузъии Эронро тобеи худ сохтанд…»

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …