Главная / Чамъият / ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДУСТОНАИ ЗИДДИ МИНАХО – КОНУНИ ЧТ

ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДУСТОНАИ ЗИДДИ МИНАХО – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДУСТОНАИ ЗИДДИ МИНАХО  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №7, мод. 616)  

Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии фаъолияти башардустонаи зидди минахоро муайян намуда, ба танзими муносибатхо вобаста ба фаъолияти мазкур равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси  

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

minaho

– фаъолияти башардустонаи зидди минахо – мачмуи чорабинихои вобаста ба тоза намудан аз минахо, огохсозии ахоли аз хатари минахо, кумак ба шахсони аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги зарардида, таблиготи манъи истифодаи минахои зиддипиёдагард ва нобудсозии захирахои онхо бо максади кам кардани таъсири зарари минахо ба холати ичтимоию иктисоди ва мухити зист, ки аз хисоби маблагхои бучети, гайрибучети ва чалби кумаки ташкилотхои башардустона амали карда мешаванд;

– тоза намудан аз минахо – мачмуи чорабинихои вобаста ба бартараф намудани хатари минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги, аз чумла робита бо чомеа, тадкикоти техники ва гайритехники, аломатгузори, безараргардони, хуччатгузори баъд аз тоза намудан ва супоридани худуди тозашуда;

-мина – лавозимоти чангие, ки бо максади расонидани зарар ба инсон ва техника пешбини гардида, дар зери замин ё болои он гузошта мешавад;

– минаи зиддипиёдагард  – минахое, ки барои расонидани зарар ба инсон пешбини гардидаанд;

– лавозимоти нотаркидаи чанги – лавозимоти таркандаи чангие, ки мавриди истифода карор дода шудаанд, аммо бо сабабхои гуногуни техники ё дигар сабабхо натаркидаанд;

– худуди хатарнок – китъае, ки бинобар мавчуд будани минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги ё эхтимолияти мавчуд будани онхо хатарнок мебошад;

– сапёр – шахси вокеии аз чихати касби омодагардида, ки ба тоза намудан аз минахо машгул аст;

– стандартхои милли оид ба фаъолияти зидди минахо – меъёрхое, ки бо максади баланд бардоштани сатхи бехатари, бехсозии сифат ва самараи фаъолияти зидди минахо бо рохи таъмини идоракуни, чори намудани меъёрхо, муайян намудани талабот ва шартхои техники тахия гардидаанд;

– аккредитатсияи субъектхои фаъолияти башардустонаи зидди минахо  –коидахое, ки тавассути онхо субъектхо барои  тоза намудан аз минахо салохиятдор мебошанд;

– кафолати сифат – раванди умумии арзёбии тоза намудани майдонхо аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги мувофики талаботи стандартхои милли оид ба фаъолияти зидди минахо;

кумак ба шахсони аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги зарардида – кумаке, ки аз хисоби маблагхои бучети ё гайрибучети ба зарардидагон ва аъзои оилаи онхо бо максади баркарор намудани саломати, фарогири бо лоихахои даромаднок, дастгирии ичтимои, хукуки ва равони расонида мешавад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти башардустонаи зидди минахо  

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти башардустонаи зидди минахо ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипхои асосии фаъолияти башардустонаи зидди минахо  

Фаъолияти башардустонаи зидди минахо ба принсипхои зерин асос меёбад:

– инсондусти ва шафкат;

– таъмини бехатари;

– дастрасии иттилоот;

– риояи хатмии талаботи стандартхои милли оид ба фаъолияти зидди минахо.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ

БАШАРДУСТОНАИ ЗИДДИ МИНАХО  

Моддаи 4. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои фаъолияти башардустонаи зидди минахо  

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои фаъолияти башардустонаи зидди минахо мансубанд:

– тахия намудани сиёсати ягонаи давлати оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– тасдики стандартхо, стратегия ва накшахои миллии фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– муайян намудани макоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 5. Ваколатхои макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти башардустонаи зидди минахо

 

Макоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо (минбаъд – макоми ваколатдор) дорои ваколатхои зерин мебошад:

– татбики сиёсати давлати оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– бо тартиби мукарраргардида бастани шартномахо ва созишномахо дар бораи хамкори оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– тахияи стандартхо, стратегия ва накшахои миллии фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– тахия ва тасдики тартибу коидахо ва дастурхо оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– аккредитатсияи субъектхои фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– додани шаходатнома дар бораи акредитатсияи субъектхои фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– тасдики накшаву барномахои омузишии субъектхое, ки ба тоза намудан аз минахо машгуланд ва назорати ичрои онхо;

– хамохангсозии фаъолияти вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки, хамкории байналмилали оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 6. Ваколатхои макомоти дигари давлати оид ба масъалахои фаъолияти башардустонаи зидди минахо  

Ба ваколатхои макомоти дигари давлати оид ба масъалахои фаъолияти башардустонаи зидди минахо дохил мешаванд:

– мусоидат ба гузаронидани чорабинихо оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– иштирок дар татбики накшаву барномахо оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– таъмини фаъолияти башардустонаи зидди минахо бо захирахои инсони, восита ва тачхизоти барои омузиш зарур;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.  

Моддаи 7. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба масъалахои фаъолияти башардустонаи зидди минахо

 

Ба ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид бамасъалахои фаъолияти башардустонаи зидди минахо дохил мешаванд:

– мусоидат ба гузаронидани чорабинихо оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– иштирок дар татбики накшаву барномахо оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДУСТОНАИ ЗИДДИ МИНАХО  

Моддаи 8. Аккредитатсияи субъектхои фаъолияти башардустонаи зидди минахо  

  1. Барои гузаронидани фаъолияти башардустонаи зидди минахо аз чониби макоми ваколатдор тибки талаботи стандартхои милли оид ба фаъолияти зидди минахо субъектхои зерин аккредитатсия карда мешаванд:

–   шахсони хукуки;

–  ташкилотхои байналмилалие, ки бо Чумхурии Точикистон созишнома ба имзо расондаанд.

  1. Шаходатнома дар бораи аккредитатсияи фаъолияти башардустонаи зидди минахо ба мухлати се сол дода мешавад.
  2. Дар холати риоя нагардидани талаботи стандартхо дар рафти фаъолият аккредитатсияи субъектхои мазкур аз чониби макоми ваколатдор бекор карда мешавад.

Моддаи 9. Сапёрон  

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон баъди гузаштан аз муоинаи тибби, омузиш аз руи барномаи омодасозии сапёрон ва аттестатсия тибки стандартхои милли оид ба фаъолияти зидди минахо ба тоза намудан аз минахо рох дода мешаванд.
  2. Кормандони макоми ваколатдор, аз чумла кормандони оперативи, нозирони кафолат ва назорати сифат, ки ба идоракуни, хамохангсози ва назорати тоза намудан аз минахо чалб гардидаанд, сапёр шуда метавонанд.
  3. Хаёт ва саломатии сапёрон аз чониби субъектхое, ки дар моддаи 8 Конуни мазкур номбар шудаанд, бояд сугурта карда шаванд.
  4. Субъектхои аккредитатсияшуда ухдадоранд сапёронро бо либоси расми ва тачхизот мувофики стандартхо таъмин намоянд.
  5. Речаи кори сапёрон бо назардошти шароити махал аз чониби макоми ваколатдор муайян карда мешавад.
  6. Хифзи ичтимоии сапёрон мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин карда мешавад.

 Моддаи 10. Тоза намудани худудхои хатарнок аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги  

  1. Худудхои хатарнок бояд аз чониби макоми ваколатдор муайян гардида, зери назорат гирифта шаванд.
  2. Субъектхои аккредитатсияшуда бояд худудхои хатарнокро то сатхи мукаррарнамудаи стандартхои милли оид ба фаъолияти зидди минахо аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги тоза намоянд.

Моддаи 11. Огохсози аз хатари минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги 

  1. Худудхои хатарнок бо тавора ва аломатхои огохкунанда нишонагузори карда мешаванд.
  2. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, макомоти хифзи хукук ва сархади барои таъмини нигохдории аломатхои огохкунандаи хатар дар махалхо ва минтакахои сархади мусоидат менамоянд.
  3. Огохсози аз хатари минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги аз чониби макоми ваколатдор муайян ва дар мувофика бо макомоти дигари давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати амали мегарданд.
  4. Макоми ваколатдор бо максади омодасози бо волонтёрон, намояндагони макомоти дигари давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва худидоракунии шахрак ва дехот, ки ба огохсози аз хатари минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги чалб мегарданд, курсхои омузиши ва такмили ихтисос мегузаронад.

Моддаи 12. Барномахои расонидани кумак ба шахсони аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги зарардида  

Барномахои расонидани кумак ба шахсони аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги зарардида аз чониби макоми ваколатдор тахия гардида, дар доираи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

Моддаи 13. Супоридани худудхои аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги тозашуда  

  1. Субъектхои аккредитатсияшуда худудхои аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги тозашударо ба макоми ваколатдор тибки санади дахлдор месупоранд. Макоми ваколатдор пас аз назорат ва кафолати сифат худуди тозашударо мувофики талаботи стандартхои милли оид ба фаъолияти зидди минахо ба макомоти дахлдори давлати  месупорад.
  2. Агар худуди тозашуда дар минтакаи назорати сархади чойгир шуда бошад, нусхаи хуччатхои  худуди тозашуда ба макомоти хифзи сархади давлати супорида мешавад.

Моддаи 14. Хамкории байналмилали  

  1. Макоми ваколатдор бо тартиби мукарраргардида бо максади мубодилаи тачриба, иттилоот, тачхизот ва дастовардхои илмию техники, тибки санадхои хукукии байналмилалии аз чониби Точикистон эътирофшуда хамкории байналмилалии Чумхурии Точикистонро оид ба фаъолияти башардустонаи зидди минахо бо ташкилотхои байналмилали ва кишвархои хоричи ба рох мемонад.
  2. Макоми ваколатдор ва субъектхои аккредитатсияшуда дар тоза намудан аз минахо ва лавозимоти нотаркидаи чанги дар кишвархои эхтиёчманд бо тартиби мукарраргардида иштирок карда метавонанд.

Моддаи 15. Ухдадорихо дар доираи татбики шартномахои байналмилали  

Макоми ваколатдор татбики шартномахои байналмилалии Точикистонро таъмин намуда, аз натичаи ичрои чорабинихо дар доираи ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон дар мувофика бо Хукумати Чумхурии Точикистон ба Созмони Милали Муттахид хисобот пешниход менамояд.

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ  

Моддаи 16.  Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.  

Моддаи 17. Тартиби мавриди  амалкарор додани  Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода   шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон       Эмомали  Рахмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016, №1338

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …