Главная / Гуногун / ФАЗИЛАТХОИ ДУРУД ФИРИСТОДАН БАР ПАЙГАМБАР (С)

ФАЗИЛАТХОИ ДУРУД ФИРИСТОДАН БАР ПАЙГАМБАР (С)

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Ситам мепарварад огуши гул аз хор парвардан Забонеро, к-аз у кори дуруд ояд ба саб[1] макшо.

Мирзо Бедил

Аввалин ва мухимтарин унвон дар ин боб ин фармуда Худованди азза ва чалла дар Каломи Мазиди Худ аст ки бар умматони Хабиби Худ (с) чунин мефармояд, ки:

«Инналлоха ва малоикатаху юсаллуна ала-н-набийи ё айюха-л-лазина оману саллу алайхи ва саллиму таслимо».[2]

Тарчума: Хар ойина Худованд ва фариштагони у дуруд мефиристанд бар Пайгамбар (с), эй мусалмонон, дуруд фиристед бар вай ва салом гуед салом гуфтани.

omin-duo-ramazon-qodirov

Тафсир: «Инналлоха ва малоикатаху»-ба дурусти, ки Худои таоло ва фариштагони вай «юсаллуна»-дуруд мефиристанд «ала-н-набийи»-бар Пайгамбар (с) «ё айюха-л-лазина оману»-эй он касоне, ки ба Худову Пайгамбар (с) гаравидаед «саллу алайхи»-салавот гуед бар Пайгамбар (с) «ва саллиму»-ва салом гуед бар Пайгамбар (с) «таслимо»-салом гуфтани, ё инкиёд[3] кунед амри уро инкиёд кардани.

Бидон, эй хонандаи азиз, ки ин нидои муборак, албатта, шону ахамияти бузургест ва кифоят мекунад, барои ту он чи амр кард Худованди таоло барои бандагони муъмини Худ ва кабл аз ин амр кардан Худи Парвардгор ба чо овард амри Худро, ки гуфт ба кавли мубораки Худ, ки: «Инналлоха ва малоикатаху юсаллуна ала-н-набийи». Хабар дод, ки Худованд ва фариштахои вай дуруд мефиристанд бар Мухаммад (с) дар он хол, эй мусалмонон, барои моён амр кардани Парвардгор ба дуруду салом фиристодан барои Расули акрам (с) шарафи бузургест барои моён ва кароматест, ки аз он болотар каромати дигаре нест дар дунё.

Вакте ки Худованди таоло Хазрати Одам (а)-ро офарид, ба фариштагон дастур дод, то уро сачда кунанд. Вале дар хеч чой инро нафармуд, ки: «Ман Худам хам ин корро анчом медихам». Факат барои эъзозу икроми Расули акрам (с) фармуд: «Нахуст Худам, сипас фариштагон бар эшон салавот мефиристанд». Он гох ба мусалмонон хам дастур дод, ки: «Аллох ва фариштагони у бар Пайгамбар (с) дуруд мефиристанд ва шумо хам дуруд бифиристед». Чи фазилате бузургтар аз ин, ки дар ин амр Аллох ва фариштагон бо муъминон ширкат доранд.

Худованд дар ин оят аз малому манзалати Пайгамбари гиромиаш (с) назди Худ дар малаи аъло[4] хабар дода, назди фариштагонаш бар Пайгамбари Худ (с) дуруд мефиристад ва фариштагони вай низ бар Пайгамбар (с) дуруд мефиристанд. Бинобарин Хак таоло бандагонашро низ дастур медихад, то дар ин кор ба у ва фариштагонаш пайрави карда, бар он Хазрат (с) дуруд бифиристанд, то санову дуруди Пайгамбар (с) бар забони хамаи оламиён аз олами малакутиву замини чори гардад.

Максад аз дуруд бар Наби (с) сано ва таъзиму рахмат ва дустиву мехрубони бар Пайгамбар (с) мебошад, пас, ба хар касе, ки салавот мансуб шавад, мутобики шону рутбаи у санову таъзим ва рахмату мехрубониро мурод хохем гирифт. Хазрати Худованд бар Расули Карим (с) салавот мефиристад, яъне ба рахмату шафакати Кибриёии Хеш сифату эъзозу икроми он Хазрат (с)-ро мекунад ва фариштагон хам салавот мефиристанд, магар салавоту рахмату такрими хар яке ба андозаи шону рутбаи у мебошад. Баъд аз он бар муъминон хукм шуда, ки шумо хам салавоту рахмат бифиристед, мартабаи он бояд аз ин харду алохида бошад.

Уламо гуфтаанд, ки: «Салавоти Худованд иборат аз санои Худованд бар вай ва рози будани Худованд аз Пайгамбар (с) ва нишонаи рахмат ва ризвон. Дуруд фариштагон бар Пайгамбар (с) дуои онхост барои Расули акрам (с) ва истигфори онхост. Дуруди мусалмонон барои Пайгамбар (с) ба маънии ташрифу таъзим ва такриму гиромидошти у ва амру дастуроти уст».

Гараз ин аст, ки Хак таоло бар муъминон хукм дод, ки шумо хам бар Пайгамбар (с) салавот[5] бифиристед. Нишон дод, ки дуруд фиристодани шумо хамин аст, ки аз хузури Аллох, таоло дархост кунед, ки рахматхои Худро беш аз беш, то абад бар Пайгамбар (с) нозил фармояд, зеро ки рахмати у бенихоят аст. Ин хам аз рахмати Аллох таолост, ки хамон рахматхои зиёдеро, ки дар асари арзи манозил мефармояд, ба суйи мо бандагони очиз мансуб карда, гуё мо фиристодаем, хол он ки фиристандаи рахмат дар хар сифат хамон Худованди ягона аст. Чи бандаи очиз кудрати онро надорад, ки дар боргохи Сайиду-л-анбиё муносиби шону рутбаи вай тухфае такдим кунад.

Аллома Сахови (paх) дар «Кавли бадеъ» менависад: «Дар китоби «Амир Мустафо Ханафии Туркмони» матлаби мухиммеро аз ин карор навишта шуда, ки агар гуфта шавад: «Хикмати ин амр чист, ки Худованди мутаол ба мо дастури дода, то дуруд бифиристем ва мо мегуем «Аллохумма салли ало Мухаммад» ва аз Худованд мехохем, ки вай дуруд фиристад, яъне дар намоз ба чойи ин, ки «Усалли ало Мухаммад» бигуем «Аллохумма салли ало Мухаммад» мегуем». Чавоби ин ашкол чунин аст, ки: «Вучуди мубораки он Хазрат (с) холи аз хар гуна айбу нукс аст ва вучуди мо саропо пур аз айбу нукс, пас, хар кас, ки махалли уюбу навокис бошад, касеро, ки аз он пок аст, мадху ситоиш мекунад. Аз ин чихат мо аз Худованди мутаол дархост мекунем, ки у бар Расули акрам (с) салавот фиристад, то ин салавот аз чониби Рабби пок бар Набии покаш (с) бошад».

Дар ин чо ишколе ворид мешавад, ки онро Аллома Рози (paх) дар «Тафсири Кабир» маркум дошта ва он ин, ки: «Хангоме ки Худованди мутаол ва фариштагони вай бар он Хазрат (с) дуруд мефиристанд, пас, чи ниёзе ба дуруди мо боки мемонад? Чавоби ин ишкол ин аст, ки фиристодани дуруд аз чониби мо барои он Хазрат (с) аз чихати ниёз ва эхтиёчи эшон ба он нест. Ва агар чунин мебуд, баъд аз дуруди Худованд ниёзе бар дуруди фариштагон набуд, балки дуруди мо ба манзури изхор ва баёни азамати он Хазрат (с) аст, хамчунон ки Худованд бандагонро маъмур ба зикр ва ёди Худ кардааст. Хол он ки Худованди мутаол ниёзе ба ёду зикри бандагон надорад».

Хазрати шох Сохиб (paх) менависад, ки: «Талаби рахмат аз Худованд барои Пайгамбар (с) ва ахли байти у нихоят макбулу мустахсин[6] аст. Бар Пайгамбар (с) мутобики шони у рахмат нозил мешавад, магар бар талабгор ивази як бор талабидан дах бор рахмат нозил мешавад, акнун хар кас хар микдоре, ки мехохад ба даст орад».

Ва Сови гуфтааст, ки: «Ин оят нишон медихад, ки Пайгамбар (с) махалли нузули рахмат ва ба таври кулли бузургтарини аввалину охирин аст, зеро салавоти Худованд бар Пайгамбар (с) ба маънии рахмати хамрох, бо таъзим аст ва аз чониби Худованд бар гайри Пайгамбар (с) бар маънии рахмат мебошад. Хамон гуна, ки мефармояд: «Хува-л-Лази юсалли алайкум ва малоиках»-Уст он зоте, ки дуруд мефиристад бар шумо ва бар фариштагон. Пас, тафовути байни ду салавотро дарёб ва фазли байни ду макомро бинигар ва бад-ин тартиб Пайгамбар (с) ойинаи тамошонамоест, ки рахмату баракоти Худованд дар эшон тачаллли ёфтааст. Пас, эй гурухи муъминон, хар чи бештар дуруду салом бар у бифиристед, чун хакки зиёде бар гардани шумо дорад. Шуморо аз гумрохи начот дод ва ба суйи хидоят рахнамун шуд ва аз торики ба суйи нуру рушнои хидоят кард, пас, хар вакт номаш бурда мешавад, бигуед:

Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва оли Мухаммад».

Назди чамъе маънии «Аллохумма салли ало Мухаммад» ин аст, ки: «Бор Худоё, таъзим кун Мухаммад (с)-ро дар дунё ба аълои дин ва изхори даъват ва аъзами зикр ва акбаи шариат ва дар охират ба кабули шафоати у дар шони уммат ва тазъифи савоб ва изхори фазли у бар аввалину охирин ва такдими у бар хамаи анбиёву мурсалин ва малоикаву мардумон ачмаин».

Сови гуфтааст, ки: «Хикмати дуо кардан ва талаби омурзиш намудани фариштагон ва муъминон барои Пайгамбар (с) иборат аст аз мушарраф шудани онхо ба он манзалат, ки дар ин маврид ба Худои азза ва чалла иктидо карда ва бахше аз хукуки уро бар халки Худо вафо кардаанд, зеро Пайгамбар (с) бузургтарин воситаи хар неъматест, ки бар бандагон мерасад ва хак чунон аст, ки подоши фардеро бояд дод, ки сабаби неъмат аст. Ва бояд он чое, ки халк подоши хаккаш наметавонанд гузорид, аз Подшохи тавоно масъалат доранд, ки уро (с) подош дихад».

Аллома Сахови (paх) достони ибратомезеро баён доштааст ва он ин, ки аз Ахмади Ямони (paх) накл мекунад, ки: «Ман дар Санъо будам, дидам, ки атрофи шахсе чамъияти анбухе гирд омадаанд. Пурсидам:

  • Чи хабар аст? Чаро мардум чамъ шудаанд?

Мардум дар посух гуфтанд:

  • Ин шахс бо савту лахни бисёр зебое Куръон тиловат мекард, вакте ба ин оят расид, ба чойи «юсаллуна ала-н-набийи», «юсаллуна ало Алийи-н-набийи» хонд, ки маънои он чунин аст: «Аллох ва фариштагони у бар Хазрати Али дуруд мефиристанд, он Али пайгамбар аст». Баъд аз хондани он фавран гунг шуд ва ба бемории песиву чузом мубтало гардид ва куру фалач шуд.

Чойи басе ибрат аст. Худованд Худаш аз беадаби ва ихонат[7] ба сохати мукаддаси Хеш ва пайгамбарон ва каломи Хеш моро махфуз нигах дорад».

Факех Абумолик (paх) дар «Точу-л-музаккирин» мегуяд, ки: «Хак таоло хар як аз анбиё (а)-ро ба каромате махсус гардонид. Масалан, Одам (а)-ро ба сучуди малоика мукаррам сохт ва Нух (а)-ро ба ичобати дуо мукаррам гардонид ва Иброхим (а)-ро ба халили махсус гардонид ва Мусо (а)-ро ба калими баргузид ва Довуд (а)-ро ба хилофат таъйин фармуд ва Сулаймон (а)-ро ба забони чонварон таълим фармуд ва Исо (а)-ро барои давои беморихо ва зинда гардонидани мурдагон тахсис фармуд ва Хочаи мо (с)-ро ба салавот бар вай (с) мукаррам гардонид, ки: «Инналлоха ва малоикатаху юсаллуна ала-н-набийи, ё айюха-л-лазина оману саллу алайхи ва саллиму таслимо». Яъне: «Аллох таоло, ки зоти у Ламязал асту сифоти у бебадал дархои максадхоро бар руйи хохишмандон мекушояд ва рохи халоикро, ки равандагони водии талабанд ба каъбаи максадхо у рох менамояд. Агар як дам рахматаш аз ин сакфи обгун[8] катъ гардад, то таъсири оташ ин сипехри духониро чун хокистар ба бод дихад ва агар як нафас хифзи инояташ ва амни тарбияташро аз ин бисоти хок барчинад, касе дар ин руйи замин намемонад».

Назм:

Эй хама соликони Ту дар талаби ризои Ту,

Сухтагони шавки Ту сохта бо казои Ту.

Васфи Ту васфи Ламязал, зоти Ту зоти бебадал,

Дур зи офату халал Хазрати Кибриёи Ту.

Хам зи Ту суду хам зиён, хам зи Ту хавфу хам амон,

Кист, ки нест дар чахон боркаши балои Ту.

Не арази, на чавхари Холики чарху ахтари,

Хаст Туро тавонгари, подшахон гадои Ту.

Неъмати Туcm беадад, рахмати Туcm бо мадад,

Гардани мову то абад силсилаи вафои Ту.

Малоикаи киром, ки тугои исмат ба номи эшон оро ёфта ва маншури иффат бар унвони эшон сабт гашта ва саманди тоат дар майдони итоат давонидаанд ва фатхномаи мукарабиву тоати бериёиро бар минбари мунири тасбехи хамду поки хонда, баъд аз санои Худои таоло салавоти Мустафои (с)-ро бар забон рондаанд, шумо низ, эй муъминон, ки сахифахои авроки иштиёки хешро бо раками мухаббати Ахади ва накшхои мутобиати Ахмади (с) барнигошта оед ва нишонахои илохиро, ки баландии мартабаи шавки ликои Рисолатпанохист бар боми хафт осмони лочуварди барафрошта намоед.

Байт:

Олами хок баруманд зи болои ту шуд,

Бахри як capв диханд об хиёбонеро[9].

Ибни Аббос (раз) мегуяд, ки: «Чун ин ояти карима нозил шуд Хазрати Рисолат (с)-ро рухсораи муборакаш бар мисоли донаи анор аз гояти фараху башошат барафрухта буд. Шунидам, ки фармуд: «Муборакбод кунед, ки аз барои ман ояте омадааст, ки бештар аст назди ман аз дунёву хар чи дар дунёст». Ва ин оятро бархонд, ки:

«Инналлоха ва малоикатаху юсаллуна ала-н-набийи, ё айюха-л-лазина оману саллу алайхи ва саллиму таслимо».

Гуфтам: «Ё Расулаллох (с), хушгувор бод туро ин неъмат». Баъд аз он сахоба гуфтанд: «Ё Расулаллох (с), мехохем, ки моро аз хакикати ин оят вокиф гардони». Фармуд: «Аз ман савол кардед аз он илми макнуне, ки агар намепурсидед, изхори он намекардам, ки Хак таоло муаккал кардааст ду фариштаро, ки хеч бандаи муъмин набошад, ки номи маро бишнавад ва он банда бар ман салавот нафиристад, магар он, ки он ду фаришта гуянд: «Гафараллоху лака»-яъне: Биомурзад Худованд туро. Баъд аз он Хак таоло бо хамаи фариштагон дар чавоби он ду фаришта гуянд «Омин»-яъне: «Чунин бод». Ва хар кас, ки номи ман назди вай зикр шавад ва вай бар ман салавот нафиристад, магар он, ки он ду фаришта гуянд: «Ло гафараллоху лака»-яъне: «Наомурзад Худои таоло туро». Он гох Хак таоло ва малоикаи у (а) гуянд «Омин».

Наъти Мансури Хофиз:

Ин мохру, ки киёми фалак аз сучуди уст,

Курси, ки цкоим аст, ба файзи вучуди уст.                                                                              I

Кавну макон зи суфраи инъоми у хуранд,

Худ коинот катраи дарёи чуди уст.

Олам ба нури Одаму нури Хабиб буд,

Буде, ки хаст партаве аз нури буди уст.

Аз Хак шунуду гуфт ба Хак Хотами русул,

Моро хамеша гуш ба гуфтушунуди уст.

Хар боди хушнасим, ки ояд зи Ясриб аст,

Хар буйи хуш, ки мешунавам буйи уди уст.

Моро ниход шахди шаходат ба коми чон,

Дил низ масти чоми шароби шухуди уст.

Зикре, ки созад ойина равшан, санои вай,

Вирде, ки занги гам бизудояд, дуруди уст.

Мансур дод дунйиву дин дар иваз ситад,

Хар, к-у чунин муомилате кард, суди уст.

Баъзе аз бузургон, ки хикмат дар салавоти Хазрати Хак субхонаху ва таоло бар Хабиби Худ (с) он гуфтаанд, ки чун малоика (а) ба сучуди Одам (а) маъмур гаштанд ва ба сучуди Мухаммад (с) не, ба ин маъни таваххуму тафзили Одам (а) бар Хазрати Мухаммадия (с) намуданд, аммо Хак таоло фармуд: «Эй малоика, агар шумо бар Одам (а) арзи сучуд кардед, Ман ба худии Худ бар Мухаммад (с) арзи салавот кардам ва шуморо низ амр мекунам ба салавоти бар вай (с), то фазли Мухаммади (с) бар Одам (а) зохир гардад. Ва он чо фариштагон сучуд карданд як бор ва ин чо салавот бар Мухаммад (с) Ману фариштагон ва муъминон мефиристем аз азал то ба абад».

Эй дарвеш, Хак таоло туро амр мекунад ба салавоти он Хазрат (с) шукргузории он, ки туро аз уммат гардонида ва баъд аз он Хабиби Худро (с) амр мефармояд ба дуову шафоати ту, то шукргузории он, ки уро пайгамбари ту сохта, то чунончи ту имруз бо вай менози, фардо у бо ту менозад ва чунончи ту имруз ба салавоти у мепардози, фардо у ба шафоати ту мепардозад.

Наъти Сайидои Насафи:

Хилватсарои Ризвон кошонаи ту бошад,

Суйи бихишт poхe аз хонаи ту бошад.

Аз мах гирифта шамъе гардад ба гирди куят,

Шаб то ба руз хуршед парвонаи ту бошад.

Фарходу Бесутунаш caнгe ба дасти тифлон,

Mусову кухи Тураш девонаи ту бошад.

Харгиз лабе надидам холи зи гуфтугуят,

Хар чо, ки менихам гуш афсонаи ту бошад.

Хар зарраро ба хуршед имруз ошноист,

Дар зери осмон кист бегонаи ту бошад.

Сарчашмаи дахонam гирдоби бахри рахмат,

Аз оби магфират пур паймонаи ту бошад.

Деворро ба мижгон то хашр метарошам,

Бинам чу суратеро дар хонаи ту бошад.

Чун Сайидо нух афлок хастанд хушачинат,

Чун дом чашми олам бар донаи ту бошад.

Дар «Риёзу-л-унс» мегуяд, ки: “Салавот бар зикри Худованди рохич аст. Ба далели он, ки дар зикр фармуд: «Фа-зкуруни азкуркум» ин чо зикри Худро ба зикри банда мукобала фармуд ва дар боби салавот фармуд, як салавотро дах салавот мефиристам, яъне: «Эй банда, агар санои Ман як бор гуйи, Ман як бор туро сано гуям ва агар санои Хабиби Ман бигуи як бор, Ман туро сано гуям дах бор, зеро ки назди мухиб номи хабиби у бурдан ва авсофи камолу нуути чамоли у баён кардан ба маротиб бехтар аст аз дигар камоли мухаббат, зеро ки эхтимоми мухиб бар холи махбуб бештар аст аз эхтимоми ба холу нафси худ».

Назм:

Маро бар тан ба чойи чон ту боши,

Зи чон хуштар чи бошад, он ту боши.

Туфайли mycm чон андар тани ман,

Фидоят созам, ар чонон ту боши.

Басе дард аст аз гам дар дилам, лек

Чи гам дорам, агар дармон ту боши.

Зи фармонат тачовуз чун тавон кард,

Чу андар шахри дил султон ту боши.

Як дуруд ва як рахмат аз чониби Аллох таоло барои хамаи чахон кофист. Чи чойи он, ки дар мукобили фиристодани як дуруд дах рахмат аз чониби у нозил шавад. Чи фазилате бузургтар аз ин барои дуруд вучуд дорад, ки дар ивази хондани як дуруд дах рахмат аз чониби Аллох таоло бар одами нозил шавад. Хушо бар холи он бузургоне, ки дар барномаи рузонаи онхо беш аз яксад хазор хондани дуруд вучуд дошта бошад!

Дар як ривоят аз «Таргиб» аз Хазрати Абдуллох ибни Умар (раз) накл шуда, ки: “Хар кас бар он Хазрат (с) як бор дуруд бифиристад, Аллох таоло ва фариштагони у хафтод бор бар вай дуруд мефиристанд». Дар ин чо ба як матлаб бояд таваччух дошт ва он ин, ки агар дар бораи подоши хар амале подошхои мухталиф ба сурати каму зиёд баён шуда, чунонки дар ин хадис хафтод савоб ва дар хадисе дигар дах савоб баён шудааст. Назари баъзе аз уламо ин аст, ки чун алтофу иноёти Худованди мутаол бар уммати мухаммадия рузафзун будаанд, аз ин чихат ривоёте, ки подошашон дар онхо зиёдтар мазкур аст, мутааллик ба баъд хастанд ва гуё Худованди мутаол нахустин навид дах савоб ва сипас навид хафтод савобро баён фармудааст. Ва баъзе дигар аз уламо ин тафовутро ба лихози афрод ва ахволу авкоти мухталиф медонанд. Мулло Али Кори (paх) дар бораи ривоёти хафтод навиштааст, ки: «Шояд ин махсуси рузи чумъа бошад, зеро ки дар ривоёти дигар баён шуда, ки ачру подоши аъмоли нек дар рузи чумъа то хафтод баробар дода мешавад».

Наъти Шахдии Истаравшани:

Офарин бар кади дилчуйи Мухаммад салавот,

Бод бар оразу абруйи Мухаммад салавот.

Мефиристам салавот бод туро аз дилу чон,

Хамчу бо комату бозуи Мухаммад салавот.

Даргирифт кавну макон оташи ишкат афтод,

Маст шуд ин хама аз буйи Мухаммад салавот.

Кай мурам, хок шавам, омада худро бикушам,

Чон дихам дар сари зонуи Мухаммад салавот

Надихам як сари муйи ту баолам харгиз

Дар хаки наргису гесуйи Мухаммад салавот.

Шахдиё, аз дилу чон гуй хама наъти Расул,

Рузу шаб дар сари он куйи Мухаммад салавот.

[1] Саб – дашном.

[2] Сураи Ахзоб, ояти 56.

[3] Инкиёд – фармонбардори.

[4] Малаи аъло – гурухи фариштагон дар олами улви.

[5] Салавот — рахмат.

[6] Мустахсин – неку.

[7] Ихонат — паст кардан.

[8] Сакфи обгун – осмон.

[9] Байт аз Мирзо Соиби Табрези.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …