Главная / Гуногун / ФАРЬЁДИ СУДМАНД

ФАРЬЁДИ СУДМАНД

Ривоят мекунанд, ки Абуали Сино хафтае як маротиба дар сари куча беморонро медидааст. Як руз Абуали Сино ба назди  як бемор рафта, ба руи у бодиккат нигох кардааст ва якбора дод зада гуфтааст:

– Хой, шогирдон, биёед, ки ман  котили падарамро  дарёфтам!

7229043Шогирдон тозон омадаанд ва беморро кашола карда ба хавли даровардаанд. Баъд бо ишораи Абуали Сино уро  аз ду пояш ба забаррави саисхона овехтаанд. Абуали Сино бошад, як корди калони тезро  ба даст гирифта назди бемор омадааст ва ба у гуфтааст:

– Ман кай боз туро чустучу мекардам, аммо намеёфтам. Хуб шуд, ки имруз туро дар назди  худ мебинам. Падарам дар вакти чон доданаш гуфта буд, ки котили у дар пешонааш холи калон дорад ва гуши росташ захми мебошад. Холо ман аломатхоро дар ту мебинам. Ман интикоми падарамро аз ту бояд ситонам.

Бемор ба зорию илтичо даромадааст ва гирья карда гуфтааст:

– Ман гунох надорам ва хеч касро накуштаам.

Абуали Сино:

– Ман туро зинда ба зинда пуст  меканам, – гуфта кордро ба шиками бемор расонидааст.

Бемор сахт тарсида бо тамоми кувва фарёд  задаст ва аз  шиддати тарсу  фарьёд аз дахони у як чизи лунда парида ба замин афтидааст.

Абуали Сино давида рафта он чизро ба даст  гирифта гуфтааст:

– Иллати дарди ту ана хамин буд. Акнун рафта хурсанди кун, ки аз дард халос шуди.

Бемор аз Абуали Сино миннатдор шуда, сихату саломат ба  хонааш  баргаштааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …