Главная / Чамъият / Эрач Мирзо – шоири муосири форс

Эрач Мирзо – шоири муосири форс

Эрач Мирзо – яке аз шоирони адабиёти муосири форс мебошад.

Эрач Мирзо
Сурати Эрач Мирзо

Шохзода Эрач Мирзо Чалолулмамолик аз барчастатарин чехрахои арсаи шеъри васфи, таълими, интикоди, танзу мутоиба дар даврони тачаддуд ва навовари аст. У дар соли 1874 дар Табрез ба дунё омад. Шоири эрони дар оилаи шохзодаи факиргаштаи кочор. Аз хурди ба шеъргуи пардохт. Дорулфунуни Табрезро хатм намуда, илмхои мантик, фалсафа, маони ва баёнро омухт. Факирона мезист. Соли 1892 ба дарбори Музаффаруддиншох ба хидмат омад. Дар чавони ба фармони Музаффариддиншохи Кочор ба сурудани касоид ва китъаоти мадхи ва расми чихати аъёд ва маросим машгул шуд. Дар дарбор бо касидахои мадхияш шухрат пайдо кард ва ба лакабхои ифтихории «Садрушшуаро» ва «Фахрушшуаро» мушарраф шуд. Вале шоири дарбор будан ба дилу нияти вай мувофик набуд.

Соли 1896 дарборро тарк карда, дар идорахои бочхона, палатаи савдо, Вазорати маориф, идораи молия кор кард. Солхои 1917-1924 дар Машхад зистааст ва дар хамончо забонхои форси, араби, турки ва фаронсавиро омухт ва низ улуми маони, баён ва мантикро фаро гирифт. Марги хамсар, падар ва баъдхо худкушии писараш зиндагиро бар у ногувор сохт. Вай дар соли 1926 вафот кардааст.

Эчодиёт: Шигифтии шахсияти адабии у муйорин аст бо айёми икомати панчсолаи у дар Хуросон, Манзумаи маъруф ва хачвомези “Орифона” (мутассир аз “Чалоирнома”-и Коиммакоми Фарохони), ки шухрати фарогири уро ба дунбол дошт, хосили хамон даврон аст. Девони ашъори Эрач Мирзо, ки такрибан 4000 байт дорад, шеърхои гуногуни лирики, хачви, маснавихои «Орифнома», «Зухра ва Манучехр»-ро дар бар мегирад.

Дар давраи авчи харакати миллии озодихохи дар ашъори Эрач Мирзо хакикати зиндаги ва мухимтарин масъалахои ичтимоии замон ба миён гузошта шудааст. Хамчунин манзумаи “Зухра ва Манучехр”, ки тарчумаи шоиронаест аз “Винис ва Адунис”-и Шекспир ва китъаоти “Калби модар “, “Инкилоби адаби” ва гайра аз дигар осори машхури у ба шумор мераванд. Аслитарин мазомини сурудахои Эрач Мирзо иборатанд аз интикод аз авзои кишвар ва замондорон, таблигу тарвичи фархангу улуми чадид, ватанпарасти, танзу хачви дустона ё ичтимои, афкори таълими ва отифие назири дифоъ аз хукуки ичтимоии зан, эхтиром ва сипосманди нисбат ба макоми модар ва гайра.

Эрач Мирзо аз барчастатарин сарояндагонест, ки дар дамидани рухи омиёна ба колбуди забони шеъри форси сахме басазо дорад. Дар осори у хамнишинии вожагон, истилохот ва таъбироти адаби ва таобири рузмарра, идори ва омиёна ва аз тарафе балогате чашмгир боис шудааст, ки вайро “Саъдии сони” биноманд, албатта забони гарму баёни шух ва танзомезу хачвиёти вай гох ба сарохат ва ракокати калом меанчомад, ки хамин нукта шеъри уро дар арсаи накд ва нигариши ахлоки дар мавориде камранг месозад.

Эрач Мирзо шоире хинчорангез ва то худуде суннатшикан буд ва дар канори шоироне амсоли Бахор ва Орифу Ишки ва садохои ошноги давраи Машрута аст, аммо метавон гуфт, ки Эрач Мирзо бештар ба интикод аз чомеаи асри хеш ва ба фарханг пардохта ва аз хаячоноти тунди сиёси ва инкилоби барканор мондааст, харчанд, ки сиёсатмадорон ва зимомдорони аср аз теги танзи газандаи у дар амон намондаанд.

Намунаи ашъор 

МОДАР
Гуянд маро чу зод модар,
Пистон ба дахан гирифтан омухт,
Шабхо бари гохвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омухт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи рох рафтан омухт.
Як харфу ду харф бар забонам,
Алфоз ниходу гуфтан омухт.
Чун хастии ман зи хастии уст,
То хастаму хаст дорамаш дуст.[4]
КАДРИ МОДАР
Писар, рав кадри модар дон, ки доим
Кашад ранчи писар, бечора модар.
Бирав, беш аз падар хохаш, ки хохад
Туро беш аз падар, бечора модар.
Зи чон махбубтар дораш, ки дорад
Зи чон махбубтар, бечора модар.
Нигахдори кунад нух моху нух руз,
Туро, чун чон ба бар, бечора модар.
Аз ин пахлу ба он пахлу нагалтад,
Шаб аз бими хатар, бечора модар.
Ба вакти зодани ту марги худро
Бигирад дар назар, бечора модар.
Бишуяд кухна, орояд наватро,
Чу камтар коргар, бечора модар.
Тамузу дай туро соат ба соат
Намояд хушку тар, бечора модар.
Агар як атса ояд аз димогат
Парад хушаш зи сар, бечора модар.
Агар як сурфае бечо намой.
Хурад хуни чигар, бечора модар.
Барои он, ки шаб рохат бихоби,
Нахобад то сахар, бечора модар.
Ду сол аз гиряи рузу шаби ту
Надорад хобу хур, бечора модар.
Чу дандон овари, ранчур гарди,
Кашад ранчи дигар, бечора модар.
Сипас чун по гирифтй, то наяфти,
Хурад гам бештар, бечора модар.
Ту то як мухтасар чоне бигири,
Кунад чон мухтасар, бечора модар.
Ба мактаб чун рави, то бозгарди,
Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.
Агар як рубъи соат дер ои,
Шавад аз худ бадар, бечора модар.
Набинад хеч кас захмат ба дунё
Зи модар бештар, бечора модар.
Тамоми хосилаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар, бечора модар

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …