Моддаи 169-и Кодекси оила. Эътирофи никохе, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон баста шудааст
- Никоххои шахрвандони Чумхурии Точикистон ва никоххои байни шахрвандони Чумхурии Точикистон бо шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванди, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон бо риояи конунхои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартхо ва монеахои дар кисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 хамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Чумхурии Точикистон боэътибор дониста мешавад. (КЧТ аз 25.03.11с., №710)
- Никохи шахрвандони хоричи, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон бо риояи кoнунхои он кишваре баста шудаанд, ки дар он акди никох сурат гирифтааст, дар Чумхурии Точикистон боэътибор дониста мешаванд.