Главная / Чамъият / Эъломияи ХУКУКИ БАШАР (Одам – Инсон)

Эъломияи ХУКУКИ БАШАР (Одам – Инсон)

Эъломияи “ХУКУКИ БАШАР” – ВСЕОБЩАЯ ДЕКЛАРАЦИЯ ПРАВ ЧЕЛОВЕКА (UNIVERSAL DECLARATION OF HUMAN RIGHTS)

Adopted and proclaimed by the United Nations General Assembly Resolution 217 A (III) of 10 Desember 948

Ба ифтихори чашини 50-солагии Созмони Милали Муттахид нашр шудааст.

Ба нами Худои чону  хирад.

 ХУЧЧАТИ МУХИМ АСР

10 декабри соли 1948 Ассамблеям Генерали (Мачмаъи умумии) Созмони Миллали Муттахид бо номи *Эъломияи хукуки башар» хуччатеро кабул кард, ки метавон онро хуччати мухими аср номид. Инсоният асрхои аср ин гуна хуччату чунин муносибати байни кишвархою кавму миллатхоро орзу мекард. Куръони мачид халкхои мусулмонро муттахид сохта, дар чодаи вахдати кулли башар сахме гузошт. «Эъломияи чахонии хукуки башар» низ дар ин рох кадами наве гузошт, Мо ин хуччатро хуччати мухими асри 20-21 мешуморем. Хар як инсони солимакл онро бояд биомузад ва бахри хукукхои инсонии худ мубориза барад. Мухаррирон. 

huquqi-bashar

ЭЪЛОМИЯИ ХУКУКИ БАШАР

ПЕШГУФТОР

Чуи эътирофи кадру киммат, ки ба хамаи ахли башар хос асту хукукхои баробару дахлнопазири он асоси озоди адолат ва сулхи чахон аст:

Чун тахкиру беэътинои ба хукуки башар сабаби сурат гирифтани амали вахшиёнае гардидааст, вичдони башариятро сахт озурдаю ба эъчоди дунё, ки дар он афроди башар дар баёну акида озод ва аз тарсу фикр фориг бошанд хамчун волотарин орзуи башар эълон намхдааст;

Чун хукуки инсонон бояд дар партави  хукми конун химоят шавад то башар хамчун охирин илоч ба киёми алайхи зулму хукмронии мутлако мачбур нагардад;

Чун ба густариши муносибати дустонаи миёни халкхо мусоидат кардан зарур аст;

Чун мардуми Миллали Муттахид амони худро ба хукуки асосии башар ва макому арзиши шахсияти инсонию баробарии хукуки марду зан дар оиннома эълон кардаанд ва карор гирифтаанд, ки барои пешрафти ичтимои бикушанд дар мухити озодтар вазъи зиндагии бехтаре ба вучуд овардаанд;

чун давлатхои аъзо ухдадор шудаанд ба эхтиром риояти вокеии хукуки0 башар ва озодихои ососи бо хамкории Созмони Миллали Муттахид мусоидат кунанд; ва

чун хусни тафохуми муштарак нисбат ба ин хукуку озодихо барои ичрои комили ин ухдадори ахамияти бузург дорад.

АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИ

Ин эъломияи чахонии хукуки башарро хамчун вазифаи муштараки тамоми мардуму тамоми давлатхо эълон медорад, то хар фарду хар макоми давлати онро доиман мадди назар дошта бошанд ва чидду чахд кунанд, ки бо рохи омузишу таълим ва бо тадбирхои пешравонаи миллию байнанмилали эътирофу ичрои умумию самарабахши онхо чи дар миёни мардуми давлатхои узви созмон ва чи дар миёни мардуми каламравашон ба эхтироми хукуку озодихо ва татбики онон мусоидат кунанд.

МОДДАИ 1

Тамоми одамон озод ба дунё меоянду ва аз лихози манзалату хукук бо хам баробаранд. Хама сохиби аклу вичдонанд, бояд нисбат ба якдигар бародарвор муносибат намоянд.

МОДДАИ 2

Хар як инсон метавонад бидуни тафовуте, махсусан аз хайси нажод, ранги пуст, чинс, забон, мазхаб, акидаи сиёси ё хар як акидаи дигар ва хамчунин баромади миллию ичтимои, сарват, тоифа ё  хар мавкеияти дигар бояд аз тамоми хукуку хама озодихо, ки дар эъломия зикр шудааст, бахраманд гардад.

Бар илова хеч тафовуте набояд ба амал ояд, ки бар асоси вазъи сиёси, хукуки ва ё сохибихтиёрии он ба тарике махдуд шуда бошад.

МОДДАИ 3

Хар кас хакки хаёт, хакки озоди ва дахлнопазирии шахси дорад.

МОДДАИ 4

Хар инсон набояд дар гуломи ё бандаги нигох дошта шавад; гуломи ва хариду фуруши гуломон ба хар шакле, ки вучуд дорад, манъ аст.

МОДДАИ 5

Хар кас набояд тахти шиканча, чазо ё рафторе карор гирад, ки золимона, берахмона ва ё боиси тахкири шарафу номуси у бошад.

МОДДАИ 6

Хар кас сарфи назар аз будгохаш, хак дорад, хамчун фоили хукук шинохта шавад 

МОДДАИ 7

Хама дар назди конун баробаранду хак доранд бидуни тавофуте аз химояи баробари конун бархурдор бошанд. Хама хак доранд, дар мукобили хар хукукшикани, ки хилофи ин эъломия бошад ва хар тарик дар чунин хукукшиканихо ба таври баробар аз химояти конун бахраманд шаванд.

МОДДАИ 8

Хар инсон хак дорад, ки додгоххои миллии босалохият хукуки уро дар мавриди поймол шудани хукуки асосиаш, ки дар Конститутсияи (Конуни асоси) ё конун ифода ёфтааст баркарор созанд.

МОДДАИ 9

Касеро худсарона дастгир, хабс ё бадарга кардан мумкин нест.

МОДДАИ 10

Хар одам барои муайян намудани хукуку ухдадорихояш ва мукаррар кардани асоаноки гуноххои чинояте, ки ба гардани у гузошта шудааст, ба таври баробарии комил хукук дорад, ки парвандаи (кори) уро додгохи мустакилу бетараф ощкорою одилона барраси кунад.

МОДДАИ 11

  1. Хар касе, ки дар содир кардани чиноят гунахгор дониста мешавад, то замоне бегунох аст, ки гунохаш дар мурофиаи ошкорои додгустарои, ки дар он барои химояи у тамоми имкониятхо фарохам оварда шудааст, конунан хануз исбот нагардидааст.
  2. Kacepo барои содир кардани кирдоре ва ё бехаракатти, агар дар вакти содир шудани чиноят, мувофики конунхои милли ва ё хукуки байналхалки чиноят хисоб нашавад, чинояткор шуморидан мумкин нест.

Баробари ин назар ба чазое, ки бояд дар мавриди содир шудани чиноят дода мешуд, чазои сахттар додан мумкин нест.

МОДДАИ 12

Ба хаёти шахси, оилавии ягон фард дахолати худсарона ва ба дахлнопазирии манзил, сирри мукотибот, кадру манзалат ва обруи у худсарона касд кардан мумкин нест. Хар фард хукук дорад, дар мавриди чунин мудохила ё суикасд аз химояи конун бархурдор гардад.

МОДДАИ 13

  1. Хар инсон хак дорад, дар дохили хар давлат озодона тагйири макон дихад ва махалли икомат интихоб кунад.
  2. Хар одам хак дорад, мамлакат, аз чумла мамлакати худро, тарк кунад ва ба мамлакати худ бозгардад.

МОДДАИ14

  1. Хap кас хак дорад, аз таъкибот дар дигар мамлакат панохгох чуяд ва аз панохгох бахраманд шавад.
  2. Дар мавриде, ки таъкибот вокеан дар асоси чинояти гайрисиёси ё кирдори мухолифи максаду усули Милали Муттахид манзалат ва обруи у худсарона касд кардан мумкин нест. Хар фард хукук дорад, дар мавриди чунин мудохила суикасд аз химояи конун бархурдор гардад.

МОДДАИ 13

Хap инсон хак дорад, дар дохили хар давлат озодона тагйири макон дихад ва махалли икомат интихоб кунад.

Хар одам хак дорад, мамлакат, аз чумла мамлакати худро, тарк кунад ва ба мамлакати худ бозгардад.

МОДДАИ 14

Хap кас хак дорад, аз таъкибот дар дигар мамлакат панохгох чуяд ва аз панохгох бахраманд шавад.

Дар мавриде, ки таъкибот вокеан дар асоси чинояти гайрисиёси ё кирдори мухолифи максаду усули Милали Муттахид бощад, аз ин хак истифода намудан мумкин нест.

МОДДАИ 15

Хap инсон хукуки табаият дорад.

Хар касро аз табаияташ ё аз хакки тагйири табаият худсарона махрум кардан мумкин нест.

МАДДАИ 16 

Марду зане, ки ба синни балогат расиданд, хак доранд, бидуни ягон махдудияти нажоди, милли ё мазхаби издивоч кунанду оила ташкил намоянд. Онхо барои издивоч, дар давраи оиладори ва дар мавриди талок баробархукуканд.

Зану мард бояд бо розиги ва ихтиёри комили хамдигар издивоч кунанд.

Оила рукни табии ва асоси чамъият аст, хак дорад, аз пуштибонии чомеаю давлат бархурдор бошад.

МОДДАИ 17

  1. Хар инсон хукуки молу мулкдории шахси, инчунин муштарак дорад.
  2. Хеч касро аз молу мулкдори худсарона махрум кардан мумкин нест.

МОДДАИ18

Хар инсон ба озодии фикр, вичдону мазхаб хукук дорад.

Ин хукук озодона тагйири мазхаб ё эътикод, хамрохи дигарон ё алохида, расмй ё хусусй, озодона омухтан, ичрои расму оинхои дини ва маросимхоро дар бар мегирад.

МОДДАИ19

Хар инсон хукук дорад, ки акидаи худро озодона баён намояд. Ин хукук озодонаю бемалол риояи акидаи худ, озодона, ба хар восита, сарфи назар аз сархадхои давлати, чустучу, дастрасу интишори маълумоту гояхоро дар бар мегирад.

МОДДАИ 20

Хар инсон хукуки озодона дар мачлисхо, иттиходияхо ширкат кар­дан дорад.

Касеро мачбуран ба ягон иттихо чалб кардан мумкин нест.

МОДДАИ 21

Хap инсон хак дорад, дар идораи корхои мамлакати худ, бевосита ё ба василаи намояндагоне, ки озодона интихоб шуданд, ширкат варзад.

Хар кас дар мамлакаташ хукуки баробари ширкат варзидан ба хизмати давлати дорад.

Асоси хокимияти хукумати бояд иродаи мардум бошад. Ин ирода бояд ба василаи интихоби давлат ва бе сохтакори, ки бо рохи интихоби умумй ва баробар бо рохи овоздихии пинхони ёки ба василаи шаклхои дигари хамоханг, овоздихии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад.

МОДДАИ 22

Хар инсон хамчун узви чамъият ба таъминоти ичтимоию татбики хукук барои нигахдории кадру манзалат, инкишофи озодонаи шахсияти у дар сохаи иктисоди, ичтимои, фарханг ба воситаи чидду чахди миллию хамкории байналмилали мувофики сохтору ИМКОНИЯТХОИ хар давлат хак дорад

М0ДДАИ 23

  1. Хар кас дорои хакки мехнат, хакки интихоби озодонаи кору шароити оди лонаю мехнат ва хакки дифоъ аз бекорист.
  2. Хар инсон бидуни ягон хукукшикани ба ичрои кори баробар, ба музди баробар хукук дорад.
  3. Хар коргар ба музди одилонаю каноатбахш хукук дорад, ки инсонро барои у ва ахли оилааш зиндагии сазоворе таъмин кунад, дар сурати зарурат бо дигар воситахои таъминоти инти­мои пурра гардад.
  4. Хар кас хак дорад, иттифокхои касаба созмон дихаду барои химояи манфиатхои худ ба иттифоки касаба дохил шавад.

МОДДАИ 24

Хар кас ба истирохату фарогат, аз чумла хурок, махдудияти окилонаи рузи кор, рухсатии пулии даври хукук до­рад.

МОДДАИ25

  1. Хар инсон ба чунин сатхи зиндаги, аз чумла хурок, пушок, манзил, нигохубини тиббию хизмати зарурии инти­мои, ки барои сихатию некуахволии худашу оилааш зарур аст, ба таъминот дар мавридхои бекори, бемори, нуксон, дар мавриди пиронсоли, беваги ё дигар холатхои новобаста ба у махрумият аз воситахои зиндаги хукук дорад.
  2. Модарону кудакон ба васояти кумак хак доранд. Хамаи кудаконе, ки дар акди никох ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз химояти ичтимоии яксон бархурдор бошанд.

МОДДАИ 26

  1. Хар кас хукуки тахсил дорад. Акаллан тахсили ибтидои ва умуми бояд бепул бошад. Тахсили ибтидои бояд хатми бошад. Таълими касб бояд дастраси хамагон бошад. Маълумоти оли бояд мувофики кобилияти хар кас ба хама як хел дастрас бошад.
  2. Максади таълим бояд рушди хамачонибаи шахсияти инсон, эхтироми бештари хукуку озодихои инсон бошад. Таълим бояд хусни тафохум, бурдборию дустии тамоми миллатхо, гуруххои нажоди ё мазхаби ва хамчунин ба вусъати фаъолияти Созмони Милали Муттахид дар рохи хифзи сулх мусоидат намояд.
  3. Волидон дар бобати интихоби навъи таълими фарзандони хурдсол хакки аввалият доранд. 

МОДДАИ 27

Хар инсон хак дорад, дар хаёти фархангии чомеа озодона ширкат варзад, аз хунар бахра барад, дар пеш- рафти илм сахм гирад, аз дастовардхои он бархурдор бошад;

Хар кас ба хифзи манфиатхои моддию маънавияш, ки самараи кори илми, адаби, фаъолияти хунариаш мебошад хукук дорад.

МОДДАИ 28

Хар инсон ба тартиботи ичтимоию байналхалки хукук, дорад ки дар он хукуку озодихои дар Эъломияи маз- кур зикршуда комилан амалй шуда метавонад 

МОДДАИ 29

  1. Хар кас дар назди чомеае, ки рущду озоду камолоти шахсияти у факат дар он имконпазир аст, вазифадор мебошад.
  2. Дар инсон дар бобати татбики хукуку озодихои худ бояд ба дарачае махдуд карда шавад, ки аз тарафи конун бо максади таъмини эътирофу эхттироми хукуку озодихои дигарон, конеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлокию тартиботи чамъиятию осудахолии хамагон дар шароити чомеаи де­мократие мукаррар гардиданд.
  3. Татбики ин хукуку озодихо ба хеч вачх набояд хилофи максаду усули Созмони Милали Муттахид бошад 

МОДДАИ 30

Хеч як аз мукаррароти ин Эъломия набояд барои давлат, гурухе ё фарде додани хукуке тафсир шавад, ки ба ягон фаъолият ё кирдоре, ки максадаш. Бекор кардани хукуку озодхои дар ин Эъломия бунёд шуда бошад, асос гарданд.

ш. Душанбе

29.09.95.

Ду сухан ба чои охирсухан

Тарчумони номаълум тарчумаи точикии «эъломияи чахонии хукуки башар»-ро 8 декабри соли 1993 дар сахифаи дуюми шумораи 126 (18.865) рузномаи «Чумхурият» бо хуруфи хурд ба табъ расонид.

Хонандахо хамон руз хонданду рузи дигар фаромуш карданд, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттахид 10 декабри соли 1948 бо номи «Эъломияи хукуки башар» хуччате кабул кардааст, ки аз чихати мохияти маънавии худ яке аз мухимтарин хуччатхои аср ба шумор меравад. Ин нахустин хуччати хукукии умумиинсонист, ки дар сатхи хукумати кишвархои чахон таълиф, барраси ва тасдик шудаасту акнун кулли мамолик, кулли миллатхои чахон аз руи он кору зиндаги мекунанд.

Ба истикболи чашни 50-солагии Созмони Милали Муттахид донишчуи Донишгохи забонхои Душанбе Манижаи Тилавзод бори дигар «Эъломияи хукуки башар»-ро ба точики тарчума намуд.  У бо тавсияи муаллифи ин сатрхо нусхахои инглисию русию точикии ин хуччатро танкидан, эчодкорона, бо диккати тамом омухта, тарчумахоро бо асл мукоиса намуда, варианти суфтатару мукамалтари точикии «Эъло­мияи хукуки башар»-ро ба вучуд овард Хамаи хатохоро ислох кард. Матни тарчумаи Манижаи Тилавзодро ман такмил додам. Академик Мухаммадчон Шакурию докторанти ДЦТ Равшани Рахмони ва номзади илми таърих Усмон Эшонкулов лутфан онро тахрир карданд.

Хамин тавр китобчаи «Эъломияи чахонии хукуки башар» мохи октябри соли 1995 ба чоп омада гардиду бо пули саховатпешагони Амрико ва бо мадади Сафорати Чумхурии Исломии Эрон дар Точикистон нашр шуд.

Матни руси доираи хонандагони ин хуччати расмиро васеъ намуда, имкон медихад, ки матни точики дуруст фахмида шавад.

Бозори Тилавзод, докори илми филология.

ш. Душанбе,

03.1195.

ПАНДИ БУЗУРГОН

Пиндори нек,

Гуфтори нек,

Кирдори нек!

         (Зардушт)

Фарзанди падар мабош,

Фарзанди башар бош.

         (Хикмати халк)

Каъба чй мерави, дилеро дарёб.

(Макол)

Ёр ахл аст,

Кор сахл аст.

(Саъдй)

Дар олам хар касе бекор гардад,

Ба чашми ахли олам хор гардад.

(С. Айнй)

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …