Ё ВА Ё

Ин чавонмарди кадпаст ва чорпахлуи фарбех Салим ном дошт. У марде буд назарногир, вале чопсул. Касе номи хакикиашро намегирифт. Хама Пакана мегуфтанд уро. Чудо мехрашон тобад – Малыш. Дар маъракаву нишастхо ба у гап намерасид. Насибаш танкиду сарзаниш буд. Боре болоро хам надида буд. Ба кавле саги погахи дар буд. Хамеша зери хандаву истехзо карор мегирифт. Вале у хеле чидди:

– Ман набошам, шумохо аз зикки мемуред, – мегуфт.

Вале…

Ха, яку якбора Салимбой шуда монд. Ба ин нобасомонихои замон сабаб гашт. Кашмакашихои бемаъни сар шуду баъзе ташкилотхо бесохиб монданд. Ба Салим Худо дод. Вай аз ин вазъият мохирона истифода бурда, корхонаи «Утилсирё»-ро ба даст даровард. Молу амволи онро фурухта ба кисааш зад. Хонаи дуошёнаи бохашамат сохт, мошини «Чип» харид. Дар се деха се зани дигар гирифт. Акнун карруфарашро фил бардорад миёнаш мешикаст. Вале аклу фаросаташро мурча бардорад то Хиндустон мебурд. Гох-гох ба хамдехахо зиёфат карда медод. Хеч кас эътироз намекард, гап намезад. Якта-нимта одамон ношунаво: «Харч аз кисаи давлат бувад, Хотами Той шудан осон бувад!» – мегуфтанду халос.

Пулу мол ва макру хиял ба Салим обру ато намуд. Бехуда: «Фатир дори хотир дори» – намегуфтаанд. Акнун у бологузар. Иззатманд. Сохиби гап. Дар кучое, ки у бошад, ба касе гап намерасид. Кафки дахонашро пош дода, мисли занхои серчог гап мефурухт. Гапхои бемаъни, яке аз богу дигаре аз рог.

Боре хангоми сухбат гап дар бораи мехнати халол рафту яке аз нишастагон бо кахру газаб гуфт:

– Э, хамааш гап! Имруз кузашикаста кадр дораду обоварда не!

Давронбек, марди мехнати ва оромтабиати камгап ба у ру оварда, бо оханги таассуф гуфт:

– Гапат рост. Ана, ман як умр шабро-шаб, рузро-руз нагуфта араки чабин мерезаму хеч не, ки якам ду шавад. Хурдани ёбам пушидани намеёбам, пушидани ёбам хурдани намеёбам. Бехуда: «Ки кашад чабру чафо, ки кунад кайфу сафо» – намегуфтаанд.

– Хи – хи – хи! – баланд хандид Салимбой. – Вух – ха – ха!

– Чи механди?

Салимбой дахонашро чун калуши кухна калон кушода, бо захрханда тахкиромез нидо намуд:

– Э, хой, бехуда зур назан, ки миёнат мешиканад!

– Э, не-е, барои чи миёнам мешикастааст? – оташин шуда, гуфт Давронбек.

– Оташин нашав, – гуфт Салимбой хавобаландона. – Худо ки надихад намедихад. Ха, Худо, ки медодааст, намегуфтааст, ки хушдоманат кист.

– Рост?! – бо тамасхури ошкоро гуфт Давронбек.

– Набошад чи! – нидо намуд Салимбой. – Ана, ба ман, дод!

Оташи кахру газаби Давронбек аланга зад. Як фикр кард, ки ин беадабро дурустакак танбех дихад. О, хонаи ташкилоти «Утилсирё»-ро сухта, сохиби пулу мол шуд. «Нариштаву натофта, аз бахри Худо ёфта». Боз маро мазоху масхара мекунад! Вале боз аз фикраш гашт. Хозир чои гап не. Бо ин беадаб баъд гуфтугу мекунем. Кахру газабашро базур фуру нишонда, хомуш монд.

Дар ин сухбат олими намоён Мирзозода низ хузур дошт. Азбаски руи одам нур дорад: «Сар равад хам сир наравад» – гуён, хеле вакт ба сафсатахои Салимбой гуш дод. Аммо баъд дид, ки ба ин наздикихо чогаш тамом намешудаги барин, токаташ ток шуда, чанд бор гулу афшонд, нашуд.

– Ба Салимбой чой дихед, – гуфт у ба чойкаш. – Гулуяш кок шуд, охир.

– Ба чашм! – чойкаш дархол ба Салимбой як пиёла чой дароз кард.

Вале дахонаш банд нашуд. Нихоят хама варсокихои Салимбой ба дили Мирзозода зад, якбора ба худ киёфаи чиддиро гирифта, сухани уро бурида:

– Дар дунё хама чиз андоза дорад, Салимбой! – гуфт.

Якбора дами Салимбой ба дарун зад. Сахт дар шигифт монд. Максади Марзозодаро мутлако нафахмид. Лахзае чи гуфтанашро надонист. Сипас худро ба даст гирифта, табассуми бардуруге намуда, гуфт:

– Э, то дунё будан бошед, устод! Асло аз шухиатон намондед-да!

– Ман шухи накардам! – чидди гуфт Мирзозода.

– Э, мебахшед, устод, гапатонро нафахмидам, – гуфт Салимбой.

– Хамтуя? – табассуми тамасхуромез намуд Мирзозода. – Гапи ман хамин, ки гапи ту рост.

Дастгири аз тарафи олими намоён барои Салимбой ногахони буд. Аз ин ру аз хаячону изтироб лахзае аз забон монд Салимбой.

– Ана хамин тавр, Салимбой, – гуфт Мирзозода. – Ё ва ё.

– Ё ва ё? – ба худ омада, такрор кард Салимбой ва бо табассуми сохта изофа намуд:

– Шумо, ки олим хастед, олимона гап мезанед. Як инту содатар карда гуед, устод.

– Содаи гап хамин, ки Худои таъоло хама чизро ба инсон якбора намедихад, – чавоб дод Мирзозода.

Аз ин суханони Мирзозода Салимбой аз нав чон гирифт. Чун гули коку шукуфт. Сари зону нишаст. Ва голибона нидо намуд:

– Ана дидед! Не, дидед! Ку боз як бор такрор кунед, устод, ин хафтафахмо фахманд.

– Ха, Худои таъоло ба яке пулу мол медихаду ба дигаре акл.

Салимбой аз ин гапи Мирзозода хузур карда, бо шакарханд нидо намуд:

– Алхак!

Хама ябора кох-кох хандиданд.

– А-а?! – дахон кушода, лол монд Салимбой.

19 ноябри соли 2000

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …