Главная / Илм / ЭЧКИЭМАР дар Канзи Шифо (Китоб)

ЭЧКИЭМАР дар Канзи Шифо (Китоб)

echkimar-660x330Эчкимар (Эчкиемар) — ин чонварест монанди калпеса (калтакалос), вале назар ба чуссаи он хеле калон аст. Инро дар баъзе махалхои точикон бузмак меноманд. Маънои калимаи «эчкиэмар» хамон «бузмаки» точикист, ки аз забони узбеки ба точики дохил шудааст. Ба форси бузмача, ба араби варал ва ба руси варан мегуянд. Ин чонвари сахрозамин ва дашти мебошад, ки маълум аст.

Мизочи гушташ дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, вале баъзехо дар дарачаи дувум гуфтаанд. Мизочи саргинаш бисёр гарм ва хушк аст.  Хислатхои шифобахши он: гушти онро бихуранд, фолич, кач шудани руй, ларзак, карахти, кузоз (столбняк), никрис (подагра), дарди бугумхо ва беморихои сардмизочи асабхоро шифо мебахшад; баданро гарм мекунад; бохро кувват медихад, олати мардиро ба харакат меоварад. Хусусан инро бо асал, бо обе, ки наск дар он пухта бошанд, бо шароби хурмо ва бо шароби мавизи ангур, бо зардии тухми мурги нимпухта тановул намоянд, маниро ба он дарача ба харакат меоварад, ки хатто ба халокат мерасонад (шояд ин муболага хам бошад ва шояд дар баъзе мизочхо ва минтакахои гарм чунин бошад.

Чун гушти намакини онро куфта, бо зардии тухми мурги нимпухта ё тухми индовро соида, бар он пошида бихуранд, хамчунин намакини онро, хусусан, намак-чарб ва сараи онро бо дорчини суда, ба зардии тухми мург пошида бихуранд, барои куввати бох кори калон аст ва дар ин бобат зиёда аз гушт ва равгани он мебошад. Хамон Махрёрис гуфтааст: «Хуни онро бо халила даромехта бимоланд, ранги доги сафеди пуст ва песро тагйир медихад».

Гушти эчкиэмарро гузошта банданд, тир ва хор, инчунин захрхои чонваронро аз бадан ба худ мекашад. Чун онро чок карда, ба беруни пуст банданд, боиси фарбехии он узв мегардад. Гушти онро дар равгани зайтун то мухарро шудан чушонида, баъд он равганро бимоланд, догхои пуст, каляра (качали) ва хоришро дафъ мекунад; ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад. Он равганро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекуиад. Ин равганро бимоланд, доги сафеди пуст, догхои кунчидак ва шукуфахои пустро шифо мебахшад, баданро фарбех мегардонад.

echkemar

Агар равгани эчкиэмарро бо кувват ба закар бимоланд, онро калон мекунад. Хокистарашро бимоланд, узвро бехис мегардонад. Гушти эчкиэмар барои одамони хунукмизоч ва тармизоч форам ва мувофик аст, вале ба одамони гарммизоч ва хушкмизоч зарар дорад, хусусан, ки бидуни ислохкунандаи зарари он бихуранд. Табиб Исхок гуфтааст: «Ба сар зарар мекунад, давои ин асал хурдан аст». Микдори як бор хурдан аз гушташ дар як руз аз 4,5 то 13,5 грамм аст. Гушти эчкиэмарро синну сол, обу хавои махали мизочро ба хисоб гирифта истеъмол намоянд, хубтар мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …