Дуои кадам

Кадам расид, бало нарасад. Илохо, тани сиххат, хотири чамъ, дили бегам ато намуда, гузаштагонамонро рахмат ва мондагихоямонро чойнишини некон карда, дар панохи исмати худ нигох дори. Омин. Бирахматика ё Архама-р- рохимин.

*        *        *        *        *

Илохо, кадамхои моро дар ин манзил неку бобаракат гардони. Парвардгоро, барои чумлаи бандаи муъмину мусалмон тани сиххату хотири чамъ ва дили бегам ато намуда, окибати корхояшонро ба хайр гардони. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*        *        *        *        *

Ободии макон, сиххату саломатии ахли ин хонадону ахли сухбат. Худованд рафтагихоро рахмат карда, кабрхояшонро пурнур ва чойгохашонро чаннат кунад, мондагихоро чойнишини некон карда, Куръонхони гузаштагон кунад, тани сиххату дили бегам ато кунад. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

*        *        *        *        *

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Рабби анзилни мунзилан муборакан ва Анта хайрун мунзилин. Ба даргохи ин дусти азизамон кадам ранча намудем. Илохо, ба ин хонадон хайру баракат, мехру мухаббат, рузгори пур аз нозу неъмат, доимо сулху салохияту якдигарфахми, фарзандхои солеху умри дарози бобаракатро ато фармои. Ба хурмати Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим.

Кушода бод ба давлат хамеша ин даргох,

Ба хакки ашхаду ан ло илоха иллаллох,.

*        *        *        *        *

Илохи, хайрияти кадам, ободии макон, хушнудии арвохи гузаштагон, аз Худо мадад, аз Пайгамбар шафоат, хайру баракат, ризку рузии беминнат, афву амон, бахту саодат, фарзандони солими босаховат, пархез аз маъсият, шоистаи чаннат, саллаллоху таоло ало хайра халкихи Мухаммадив-ва ало олихи ва асхобихи ачмаин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …