Главная / Маданият ва санъат / Дуои аз хона берун омадан

Дуои аз хона берун омадан

Хазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: “Хар гох касе вакти берун омадан аз манзил ин дуоро бихонад, дар он вакт ба у гуфта мешавад, яъне фариштахо мегуянд: «Корхои ту дуруст карда шуданд ва аз хар бади мухофизат карда шуди». Шайтон номуроду ноком шуда аз у дур мешавад»[1]. Дуо ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Бисмиллохи таваккалту алаллохи, ло хавла ва ло куввата илло биллох.

Тарчума: Maн бо номи Аллох берун меравам, бар Аллох таваккал мекунам. Хосил кардани хар хайр, ё начот аз хар бади факат бо амри Аллох мумкин аст.

duo-az-xona

Ва дар ривояте чунин омадааст: «Дар он вакт (баъд аз хондани ин дуо) ба у гуфта мешавад: «Комилан рохнамои карда шуди. Корхои ту дуруст карда шуданд ва ту мухофизат карда шуди». Пас шайтонхо аз у дур мешаванд. Шайтони дигаре ба он шайтони кабли мегуяд: «Ту чи тавр метавони бар чунин шахсе голиб шави, ки рохнамои карда шудааст? Корхои у дуруст карда шудаанд ва у мухофизат карда шудааст».[2]

  [1] Ин хадисро Имом Тирмизи ривоят кардааст.

[2] «Ал-аходису-л-мунтахаб».

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …