Главная / Гуногун / Дуохои гуногуни Расулуллох (с)

Дуохои гуногуни Расулуллох (с)

Расулуллох (с) мефармояд: «Оё ба шумо нишон дихам дуое хар гох онро бихонед, Худованд хамму гам ва карзи шуморо бартараф созад, пас, дар субху шом ин дуоро бихонед. Дуо ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохума инни аузу бика мина-л-хамми ва-л-хазани, ва аузу бика мина-л-ачзи ва-л-касали, ва аузу бика мина-л-чубни ва-л-бухли, ва аузу бика мин галабати-д-дайни ва кахри-р-ричол”.[1]

Тарчума: Худоё, аз хамм, гам, нотавони, танбали, тарс, бухл, карзи бисёр ва кахру газаби одамони бадниход ба Ту панох мебарам.

*             *          *          *          *

shutur-arab

Расулуллох (с) мефармояд: “ Оё ба шумо ёд дихам калимотеро, ки Худованд ба касе, ки иродаи хайр кунад, онро ба у  ёд медихад ва хеч гох фаромуш нахохад кард. Он калимот ин аст:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохума инни заифунфа кавви фи ризока заъфи, ва хуз ила-л-хайри ва носияти, ва-чъали-л-ислома мунтахо ризоя. Аллохума инни заифун фа-к-каввини, ва инни залилун фа-аъиззани, ва инни факирун фа-рзукни, ва-кфини би халолика ва харомика, ва агнини би фазлика амман сивок”.[2]

Тарчума: Парвардигоро, ман заифам, ба ризои худат нерумандам бифармо ва ба суйи хайр маро бикашон, нихояти ризоятамро дар ислом карор бидех. Парвардигоро, заифам, нерумандам фармо; залилам, ба ман иззат бахш; факирам, рузиям дех бо рузии халол, аз харом дурам бифармо ва ба фазлу бузургият аз гайри худат бениёзам гардон.

*             *          *          *          *

Расулуллох (с)  мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохума инни аузу бика мин илми-л-ло янфау ва амали-л-ло юрфау ва дуои-л-ло юстачоб.[3]

Тарчума: Парвардгоро, ба Ту панох мебарам аз илме, ки суд нарасонад ва аз амале, ки ба суйи Ту авч нагирад ва аз дуое, ки мавриди кабули Ту набошад.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма-гфирли ва-рхамни ва алхикни би-р-рафики-л-аъло.[4]

Тарчума: Парвардгоро, маро бибахш ва ба ман рахм кун ва рафики аъло, ки Аллох аст, мулхаку пайвастам бигардон.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни асъалука мина-л-хайри куллихи мо алимту минху ва мо лам аъламу ва аузу бика мина-ш-шарри куллихи мо алимту минху ва мо лам аълам.[5]

Тарчума: Худовандо, тамоми некихоро ончи медонам ва намедонам, аз Ту металабам ва аз Ту мехохам. Худовандо, аз шарри хама бадихо ончи ки бар он огохи дорам ва ончи ки аз он бехабарам, ба Ту панох мебарам.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим.

Аллохумма-чъални мина-л-лазина изо ахсану-стабшару ва изо асоу-стагфару.[6]

Тарчума: Худоё, аз чумлаи онон карорам дех ки хар гох кори хайре анчом диханд, хушхоланд ва чун муртакиби гунох шаванд, талаби бахшиш менамоянд (онхоро мавриди афв карор медихи).

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим.

Аллохумма инни аузу бика мин калби ло яхшаъу ва мин дуои-л-ло юсмаъу ва мин нафси-л-ло ташбаъу ва мин илми-л-ло янфау аузу бика мин хоулои-л-арбаъ.[7]

Тарчума: Худоё, ба Ту панох мебарам аз диле, ки дар он хушуъ набошад; ва аз дуое, ки кабул нашавад; ва аз нафсе, ки сер нахурад; ва аз илму донише, ки нафъу суде нарасонад; ва дар хар хол аз ин чахор ба Ту панох мебарам.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма-рзукни хуббака ва хубба май-янфауни хуббуху индак. Аллохумма мо разактани миммо ухиббу фа-чъалху куввата-л-ли фи мо тухиб. Аллохумма ва мо завайта анни миммо ухиббу фа-чъалху фарога-л-ли фи мо тухиб.[8]

Тарчума: Худоё, мухаббати худат ва мухаббати касе, ки мухаббаташ нафъ ба ман мерасонад, насибам гардон. Худоё, ба ончи ки рузиям додаи аз ончи ки дуст дорам, василаи тавоноиям гардон дар ончи ки Ту дуст дори. Худоё, ончи аз ман дур намудаи, ки ман онро дуст доштаам, василаи фарогати холам гардон, дар ончи ки Ту дуст дори, кушо бошам.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма-чъални шакуран ва-чъални сабуран ва-чъални фи айни сагиран ва фи аъюни-н-носи кабиро.[9]

Тарчума: Худоё, собиру шокирам гардон, дар чашми худ кучак ва дар чашми дигарон бузургам гардон.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни аузу бика мина-л-ачзи ва-л-касали ва-л-чубни ва-л-бухли ва-л-харам. Ва аузу бика мин азоби-л-кабр. Ва аузу бика мин азоби-н-нор. Ва аузу бика мин фитнати-л- махёи ва-л-мамот.[10]

Тарчума: Худоё, аз ачзу танбали ва тарсу бухлу пири ва азоби оташи дузах ва фитнаи (ошубу парешонии) зиндаги ва фитнаи марг ба Ту панох мебарам.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма Раббано отино фи-д-дунё хасанатав-ва фи-л-охирати хасанатав-ва кино азоба-н-нор.[11]

Тарчума: Худоё, дар дунёву дар охират ба мо неки ато фармо ва аз азоби оташи дузах махфузамон бидор.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма ло айша илло айшу-л-охирах.[12]

Тарчума: Худоё, айшу зиндаги чуз зиндагии охират нест (зеро зиндагии охират доими ва бидуни ранч аст, аммо зиндагии дунё ба чуз захмату машаккат чизи дигаре нест).

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма-гфирли хатиъати ва чахли ва исрофи фи амри ва мо Анта аъламу бихи минни. Аллохумма-гфирли мо каддамту ва мо аххарту ва мо асрарту ва мо аъланту Анта-л-Мукаддиму ва Анта-л-Муаххиру ва Анта ало кулли шайъин кадир.[13]

Тарчума: Худоё, гунохонамро бибахш. Аз нодониву исроф ва зиёдарави дар корхое, ки кардам ва ончи ки Ту аз ман бар он огохтари, даргузар. Худоё, аз гузаштаам ва аз ончи ки дар он кутох омадаам ва таъхир кардаам, ончи дар пинхону ошкор анчом додаам, афв фармо. Ту азали ва абади ва бар хар чиз тавонову кадир хасти.

*****

Расулуллох, (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма иннака тасмаъу каломи ва таро макони ва таъламу сирри ва алонияти ло яхфо алайка шайъу-м-мин амри. Ва ана-л-боису-л-факиру-л-мустачиру-л-вачилу-л-мушфику-л-мукирру-л-муътарифу би занбихи. Асъалука масъалата-л-мискини ва абтахилу илайка-бтихола-л-музниби-з-залил. Ва адъука дуоа-л-хоифи-л-музтарри ман хазаъат лака ракабатуху ва фозат лака абратуху ва залла лака чисмуху ва рагима лака анфух. Аллохумма ло тачъални би дуоика шакийяв-ва кун би рауфа-р-рахимо, ё Хайра-л- масъулина ва ё Хайра-л-муътин.[14]

Тарчума: Худовандо, Ту суханонамро мешунави, чоямро медони, бар пинхону ошкорам огохи дори, чизе аз корхоям бар ту пушида нест. Маъюсам ва факирам, аз Ту таманно дорам, ба Ту панох мебарам, дар баробари Ту рангзарду тарсонам. Икрор мекунам ба гунохонам, монанди гадоён дасти гадоиямро ба суят дароз мекунам ва фарёд мезанам хамчун фарёди гунохгорони залил. Туро мехохам монанди онон, ки мухточу ниёзманданд гарданро ба тавозуъ фуру ниходаам, монанди онон, ки гардан ниходаанд ва ашк мерезанд ва вучуди онон дар баробари Ту залил аст. Пешонии залили ба даргохат мемолам. Худовандо; маро дар дуои худ бенасиб магардон ва аз чумлаи бадкоронам машумор, эй Бехтарин масъули мехрубон ва эй Некутарини бахшандагон.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма аслих зота байнино ва аллафа байна кулубино вахдино субула-с-саломи ва наччино мина-з-зулумоти ила-н-нури ва чаннибна-л-фавохиша мо захара минхо ва мо батан. Аллохумма борик лано фи асмоъино ва абсорино ва кулубино ва азвочино ва зуррийётино ва туб алайно иннака Анта-т-Таввобу-р-Рахиму ва-чъално шокирина ли ниъматика муснина бихо кобилина лахо ва атиммахо алайно.[15]

Тарчума: Худоё, дар байни мо сулху сафо баркарор бифармо, дилхои моро ба хам наздик гардон, моро ба рохи росту солим хидоят намо, аз торикии гунох моро начот дех ва ба суйи нури худат рохнамои бифармо ва аз корхои бади зохири ва пушидаву пинхон маро дур соз. Худовандо, гуш, чашм, дил ва зану фарзандонамонро бар мо муборак гардон, тавбаи моро бипазир, танхо Туи тавбаро мепазириву тараххум мефармои. Моро аз чумлаи шокирин бар неъмати худ махсуб гардон, ки дар баробари он сипосгузор бошем ва дар баробари неъматат санову таърифи Туро кунем. Неъмататро бар мо афзуну тамом гардон.

*****

Расулуллох (с) мефармояд: «Хостаи худро аз Худо чунин бихохед:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма аслихли дини-л-лази хува исмату амри ва аслихли дунёя-л-лати фихо маоши ва аслихли охирати-л-лати фихо маоди ва-чъали-л-хаёта зиёдата-л-ли фи кулли хайрив-ва-чъали-л-мавта рохата-л-ли мин кулли шар».[16]

Тарчума: Худоё, динамро, ки боиси обруям аст, ислох кун. Худоё, дунёямро, ки боиси маишати зиндаги аст, ислох фармо, охиратамро, ки ба он бармегардам, ислох намо, зиндагиямро дар хар кори хайре афзун гардон, маргро василаи осоишу рохати ман аз хар шарру ногувори бигардон.

Расулуллох, (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма-чъал хуббака ахабба-л-ашёи илайя ва-чъал хашятака ахвафу-л-ашёи инди ва-ктаъ анни хочоти-д-дунё би-ш-шавки ило ликоика ва изо акрарта аъюна ахли-д-дунё мин дунёхум фа акрир айни мин ибодатик.[17]

Тарчума: Худоё, мухаббати худатро дар дилам аз хар чиз азизтар гардон, хавфу тарси аз Туро дар дилам аз хар чиз тарсноктар гардон, ниёзмандихои дунёиямро ба василаи иштиёк ба суи ликоят аз ман бартараф соз, хар гох чашми ахли дунёро ба дунё равшан сохти, чашми маро ба ибодати худат мунаввару равшан бифармо.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма-фтах масомиа калби ли зикрика ва-рзукни тоатака расулика ва амалам-би китобик.[18]

Тарчума: Худоё, гуши диламро барои фаро гирифтани зикри худат боз фармо ва итоату фармонбардори дар фармони Ту ва Расули Ту ва амал ба Китоби Туро насибам гардон.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма-лтуф би фи тайсири кулли асирин фа инна тайсира кулли асирин алайка ясир, ва асъалука-л-юсра ва-л-муофата фи-д-дунё ва-л-охирах.[19]

Тарчума: Худоё, дар осон намудани хар мушкил маро ёри ва ба ман лутф кун, зеро халли хар мушкил бар Ту осон аст. Осоишу рохат ва офияти дунёву охиратро аз Ту металабам.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма агнини би-л-илми ва заййинни би-л-хилми ва акримни би-т-такво ва чаммилни би-л-офиях.[20]

Тарчума: Худоё, ба василаи дониш бениёзам фармо ва ба хилму хавсала зиннатам дех ва ба таквову пархезгори мухтарамам шумор ва ба офият накуномам гардон.

*****

Расулуллох (с) мефармояд:

Бисмиллохи-р-Рахмони-р-Рахим

Аллохумма инни аузу бика мин халили-м-мокирин, айноху тараёни ва калбуху яраони ир-рао хасанатан дафанахо ва ир-рао сайиатан азоахо.[21]

Тарчума: Худоё, ба Ту панох мебарам аз дусти хиллагар, ки чашмонаш маро мебинад, дилаш мурокиби ахволи ман аст ва хар гох аз ман некие бинад, мепушонад ва чун бадие бинад, ошкору мунташир месозад.

[1] Ин хадисро Ибни Моча ва Хоким аз Абухурайра (раз) ривоят кардаанд.

[2] Ин хадисро ривоят кардааст.

[3] Ин хадисро Бухори ва Муслим аз Абдуллох ибни Аббос (раз) ривоят кардаанд.

[4] Ин хадисро Бухори ва Муслим аз Оиша (раз) ривоят кардаанд.

[5] Ин хадисро Табарони аз Чобир ибни Сумра (раз) ривоят кардааст.

[6] Ин хадисро Ибни Моча аз Оиша (раз) ривоят кардааст.

[7] Ин хадисро Тирмизи ривоят кардааст.

[8] Ин хадисро Тирмизи ривоят кардааст.

[9] Ин хадисро Баззор аз Бурайда (раз) ривоят кардааст.

[10] Ин хадисро Бухори ва Муслим аз Анас (раз) ривоят кардаанд.

[11] Ин хадисро Бухори ва Муслим аз Анас (раз) ривоят кардаанд.

[12] Ин хадисро Бухори ва Муслим аз Анас (раз) ривоят кардаанд.

[13] Ин хадисро Бухори ва Муслим аз Абумусои Ашъари (раз) ривоят кардаанд.

[14] Ин хадисро Табарони аз Ибни Аббос (раз) ривоят кардааст.

[15] Ин хадисро Табарони аз Абдуллох ибни Масъуд (раз) ривоят кардааст.

[16] Ин хадисро Муслим аз Абухурайра (раз) ривоят кардааст.

[17] Ин хадисро Абунаим дар “Хулияту-л-авлия” ривоят кардааст.

[18] Ин хадисро Табарони аз Хазрати Али (раз) ривоят кардааст.

[19] Ин хадисро Укайли ва Табарони аз Абухурайра (раз) ривоят кардааст.

[20] Ин хадисро Бухори аз Ибни Умар (раз) ривоят кардааст.

[21] Ин хадисро Баззор аз Бурайда (раз) ривоят кардааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …