Главная / Илм / Дулона

Дулона

dulona-660x330Дулона (Дулона) — ин ду навъ аст: дулонаи хасак, ки самараш сурх — инро дулонаи сурхак низ меноманд; кисми дувумро самараш калон-калон ва дар вакти пухтан зард мегардад. Бехтараш калон-калони шодоб ва лазизи он аст.

Мизочи дулонаи калон дар дарачаи дувум сард ва дар якум хушк аст, вале ба кавли баъзехо тар аст. Хислатхои шифобахши он: самараи пухтагии онро бихуранд, гизо мешавад; кабзият дар узвхои бадан пайдо мекунад, яъне моддахои зарарноки ба узвхо рехташавандаро манъ месозад; баданро фарбех мекунад, шиддати чушиши моддахои сафро ва фишори баланди хунро паст мегардонад, кайро таскин медихад, меъда ва чигари гармро кави менамояд, иштихоро ба таом бармеангезад, исхолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад.

Оби дулонаро бо шакар бинушанд, дарди сареро, ки аз гарми бошад, шифо мебахшад. Дулонаро куфта гузошта банданд, варамхои сахтро тахлил медихад ва сурхбодро шифо медихад.

Вале агар дулонаро аз хад зиёд ва бисёр бихуранд, ба гурда зарар дорад, иллати кулинчро (колитро) пайдо мекунад, меъдаро заиф мегардонад. Дар ин маврид арпабодиён ва гулканд бояд бихуранд, то он ки зарараш ислох ёбад. Микдори як бор нушидан аз оби меваи дулона то 90 грамм ва аз гушти мевааш то 55 грамм аст.

Ба чойи дулона себи туршро истифода баранд, раво мебошад. Мизочи дулонаи сурхак, ки навъи майдаи он аст, ба мизочи дулонаи калон-калон наздик аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, хун кай кардан, аз дарун хунрави, инчунин кайро манъ мекунад; пуштро кави мегардонад, иллати филпоро нафъ дорад. Зарар ва микдори ошомиданаш монанди дулонаи калон аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …