Главная / Гуногун / Духтари чиновник

Духтари чиновник

Имсол мухлати мураххасиамро дар деха гузаронидам. Азбаски чанд сол боз ба зодгохам нарафта будам, мардуми зиёд, хешу таборон, хамсояхо ва хамсинфон ба дидорбиниам омаданд. Аз ин сабаб чанд руз аз хона ба чое нарафта мехмон кабул мекардаму гусел. Пас аз канда шудани кадами мехмонон рузе бафурча дар байни хаётамон сайругашт доштам, ки чашмам ба Абдусалом-амак афтод. Аз бозе ки худамро мешиносам, мо бо у хамсоя хастему байни богхоямон девор надорад. Онро танхо як шохчуй, ки лаб-лаби он дарахтони сафедор кад кашидаанд, чудо мекунад. Бино бар гуфти падарам хануз бобову бобокалонхои мо хамсоя будаанду миёндевор надоштаанд.

bacha-duxtar

Абдусалом-амак дар миёначои пали юрушка дикак нишаста, алаф медаравид. Хамин, ки кабзаи дасташ пур шуд, онро канор мегузошту боз медаравид. Хамин тарз чанд дарза даравида аз чой хест ва баъд онхоро як-як чамъ оварда, дар як чо гун кард. Факат як дарзааш танхо мехобид. Аз афташ, хама дарзахои даравидаашро хисоб карда буд, ки хамон кабзаро хеле кофта наёфт. Гирду атрофашро даст-даст мекард, аммо намеёфт. Хол он ки каме дуртар аз вай мехобид.

– Духтари чиновник! – фарёд кард ба суи хонааш. Аммо аз он су касе чавоб надод. Кучо рафт ин дайду, – гуфт  хастахолона ва ба чояш нишаст.

Аз дармондагиаш дилам вайрон шуд. Охир, вай дар чавониаш як марди пахлавончуссаи коматбаланд, пешонааш кушод, синааш фарох, бозувонаш рустамона буд. Агар баланд гап мезад ва ё механдид овозаш мисли раъд гулдуррос мезад. Тобистону зимистон дар сараш телпак, дар бараш чомаи ласи сиёх ва дар пояш музаи кирзаги буд. Хатто солхое ки муаллими мекард, хамин ки аз мактаб баргашт, зуд либоси тозаашро иваз намуда, чомаву телпаку муза мепушид ва то бегох дар байни огилу кахдон, богу анбор чунбучул мекард. Лекин хозир пири асар кардааст: коматаш хамида, чабинаш пурожанг ва чисмаш логар шудааст. Аммо овозаш хамоно базарба, гулдуросси.

Ёд дорам,мо, мактаббачахо аз байни муаллимон бештар аз у метарсидем. Он кадар сахтгир буд, ки хатто фориг аз дарс, рузхои истирохат хам дар куча дучор оем, пинхон мешудем. Худо нокарда чашмаш афтад, пагох хатман ба назди тахтаи синф чег зада, вазифаи хонагиро мепурсид. Агар чавоб дода натавонем, сахт танбех медод. Кисса кутох, аз у на танхо мо, шогирдонаш, балки калонсолон, хатто раиси колхозу чамоат ва директори мактаб низ метарсиданд, дар хузураш хар гапро намегуфтанд, ибо мекарданд. Чунки вай хакбину хакгуй буд, дуругро чашми дидан надошт, нохакиеро дида, ором нишаста наметавонист. Хатман овоз баланд мекард, лозим ояд мушт ба гиребон мешуд. Агар зури худаш нарасад, ба ташкилотхои болои, то додситони аризаи шикояти менавишт. Аз ин сабаб мардуми деха ба у «нависанда» лакаб монда буданд. Аммо хеч кас дилёб намешуд, ки дар хузураш лакаби уро ба забон орад. Хулоса, офати порахуру харомгулухо буд. Вакте ки ба ин гуна зотхои касиф сангар гирифта, аз болояшон шикоят менавишт, шиораш “ё марг, ё галаба” буд. То одами гунахкорро аз вазифа сабукдуш накунанд, ё огахии катъи дода, дар байни мардум “хайфи ту” нагуянд, Абдусалом ором намегирифт, мубориза мекард. Ачибаш у дар ин муборизаи худ касеро шарик намегирифт, гурухбози намекард, мардумро бар зидди он нобакорон намешуронд. Танхо буд.

Окибат зотхои шариру ифлос тибки одат муттахид шуда, Абдусаломро аз пой дароварданд.

Он сол зимистон сахт омад. Аллакай дар миёнаи мохи ноябр барфи калон галтида, мардуми дехаро дар гафлат мононд. Кисми зиёди хосил дар сахро монду мевахоро дар шохи дарахт сармо зад. Алалхусус масъалаи сузишвори мушкил буд.

Зимистон нисф нашуда, ангишти захира намудаи мактаб низ тамом шуд. Синфхонахо мисли яхдон сард буданд. Фаррошзанхо, ки хар пагохи дар бухории чуяни алав дармегиронданд, аз набудани ангишт шикоят карда, ба чубу тахтапора ва саргини гов алав мекарданд. Хамон чубу чаг низ фаровон набуд. Тафси алав зуд паст мешуду синфхона – хунук.

Абдусалом аз ин холати сангин ва азоби мактаббачахо, ки аз хунуки дар паси парта дарак-дарак меларзиданд, ба танг омада, аз боби хунукназарии директори мактаб ба мудири маорифи нохия шикоят навишт. Директор, Фармон Осим, ки хусури Абдусалом буд, ин хабарро шунида, сахт дар газаб шуд.

Рузе аз нохия чанд нафар намояндагон барои тафтиш ба мактаб омаданд. Фармон Осим дар хузури аъзоёни комиссия ба сари Абдусалом дуг зад:

– Ту дар аризаат навиштаи, ки гуё ман, директори мактаб ангиштро ба хонаам бурдаам…

– Рост, – гуфт Абдусалом. – Бурдед нисфаша. Ман хамчунин дар аризаам оид ба бисёр харомкорихои шумову думравонатон маълумот додаам… Ё не? – чониби аъзоёни комиссия руй овард у.

– Саросема нашавед, хамаашро ба навбат месанчем, – гуфтанд онхо.

– Исбот кун! – ба шур омад директор.

– Ягон чои исбот кардан нест, – гуфт Абдусалом оромона. – Зеро хамааш мисли руз равшан. Хамсарам – духтари шумо – ду хафта пеш аз хонаатон як чувол ангишт овард. Баъд ним соат дар бехи гуши ман чашми кордонии падарашро таъриф кард, ки  ним мошин ангишти мактабро натарсида рост ба хавлиатон бурда рехтаед. Боз ба шумо чи хел исбот лозим?

– Занатон хамин гапро тасдик мекунад? – пурсиданд аъзоёни комиссия.

– Албатта. Агар дар зарфи ин ду хафта аклашро нахурда бошад, бояд тасдик кунад.

Аммо вакте ки хамсари уро хамчун гувох ба мактаб чег заданд, занак дар хузури мардони бегонаву падари сахтгираш нисфи руяшро ба хошияи руймоли сараш пушонида гуфт, ки дуруг мегуяд шавхараш.

Фармон Осим, аз чавоби духтараш рух гирифта, ба хучум гузашт:

– Хой курнамак, агар ман гами бачахои ту сакалтуро хурда, аз ангишти ба пули халоли худам харида ду-се сатил дода бошам, гунахкор шудам, а?! Ба ивази неки бади,а?!

  Марди кадпасти тоссар ва шикамгафс, ки аз афташ, сардори комиссия буд, аз чавоби  занак каноатманд, бо истехзо ба Абдусалом гуфт:

– Даъвоятон исбот нашуд, ку, муаллим!

Абдусалом, аз ришханди марди тоссар буд ва ё аз руирост дуруг гуфтани занаш, якбора инони хеш аз даст дод:

– Хой, канчик! – дод зад у ба сари хамсараш. – Чаро дуруг мегуи?! Медонам, падарат туро гап ёд додааст. Аммо ба сарат тег ояд хам, гапи ростро гуй, охир!

– Ана! Ана! – нидо кард Фармон Осим ба чониби комиссия руй оварда. – Боз шон номи муаллимиро бардошта гаштаанд. Ба фарзандони мардум аз адабиёт дарс медиханд. Гапзанишона бинед. Э мур, ба хамин рузат!

– Шумо чи хел мардак, ки дар хузури мардхои бегона хамсаратонро тахкир мекунед, – гуфт марди тоссар низ маломати Фармон Осимро кувват дода.

Абдусалом фахмид, ки ин садди чиниро гузаштан ба у муяссар намешавад. Директор, аз афташ, кайхо бо намояндагони маориф гапро пазондааст. Болои сухта намакоб, нуктаи дигаре, ки Абдусалом дар аризааш аз кори директори мактаб гирифта буд, низ тасдик нагардид. Ба кавли Абдусалом мудири кисми хочаги ва чанд нафар муаллимон ба руяшон пусти хар кашида, гуфтанд, ки аз мурдани хеш хабар доранду аз як кисм маблаги барои таъмири мактаб чудошударо ба чайбаш задани директор – не. Хол он ки махз онхо чандин маротиба дар хузури Абдусалом аз каллобии директор дахони шикоят кушода буданд.

Хулоса, Абдусалом окибат дар халкаи муборизаи худ танхои танхо монд. Бар замми ин уро барои ба шаъни директори мактаб тухмат заданаш ба игвогари муттахам карданд. Баъди ба итмом расидани тафтишот рузе мудири маорифи нохия Абдусаломро ба хузураш хонда, гуфт,ки уро барои кор ба мактаби дигар мегузаронанд.

Мактабе, ки Абдусаломро барои кор фиристоданд, дар як дехаи баландкух вокеъ буд. У хар руз ба ончо харсавор рафта меомад. Боре хангоми бозгашт ба бурон дучор омада, дасту пой ва руяшро сармо зад. Ду мохи дароз дар беморхонаи нохия хобида муолича гирифт. Баъди як сол, аз таъсири хамон сармо, чашмонаш хира шуданду уро чаррохи карданд. Окибат нобино шуд. Дигар ба куча намебаромад, ба тую маъракахо намерафт. Хамеша дар хона менишаст. Дилаш бухс мекард, ба кафидан оид мешуд. Дар чунин лахзахо у хама кахру ситезашро ба сари занаш мерехт. Акнун тез-тез овози гулдурросиаш дар фазои хавли танин меандохт.

– Духтари чиновник! Хе дар арвохи падари харомхурат… – хакорат медод вай.

Агар ин лахза хамсараш дар хонаи мо бошад, баробари шунидани овози Абдусалом-амак часта аз чояш мехест.

– Илохи, ба паи чиновник рави, – мегуфт вай рохравон. – Дар гур хам ором хобидан намон чиновника… Мана, ман, омадам.

– Кучо буди? – дод мезад Абдусалом-амак.

– Хонаи хамсоя хам наравам?

– О, мон, хамун хамсояхо аз паи бечорагиашон шаванд. Рузи дароз лак-лак карда, вакти хамунора нагир. Хама ту барин  бекор нестанд… Чанд бор ба ту фахмонам, а, духтари чиновник…

***

Охиста ба боги Абдусалом-амак гузашта, наздаш рафтам. Вай хамоно дар чойи пештарааш нишаста, якин фикр мекард, ки як дарза алафи даравидаашро кучо монда буд?

Шарфаи поямро шунида аз чой нимхез шуд, ва чанд лахза ба садои атроф гуш андохта:

– Духтари чиновник! – гуён дод зад. – Кадом гур шуди?!

– Салом, муаллим, – гуфтам ман ва пеш аз ба у даст додан, дарзаи юрушкаи гумкардаашро аз замин бардошта, болои гарам партофтам.

Абдусалом-амак сар бардошта, зуд аз овозам шинохт маро.

– Шавкати? – пурсид у.

– Ха, – дасти уро гирифтам ман.

– Сихат-саломат хасти, бачахакот нагзанд. Шунидам, ки омадаи. Духтари чиновника чанд бор гуфтам, маро хонаи хамсоя гузарон, имруз-пагох гуфта набурд.Худам равам гуям, метарсам; мабодо дар ягон чой афтам. Дар пиронсоли шикасту банд баробари марг аст. Агар ягон чои марди пир шиканад, дигар устухонхояш намесабзанд, бо хамин дард мемурад.

Ман танхо хамин лахза аз чанд руз боз Абдусалом-амакро хабар нагирифтанам сахт дар хичолат мондам.

– Гап зан-ку! – гуфт Абдусалом-амак. – Дар Душанбе чи гап? Газ нест, барк нест, мегуянд, наход рост бошад, а! Охир, вай пойтахт-ку! Чаро масъулинро чазо намедиханд?

– Хозир, шукр хаст, – гуфтам ман.

– Ха, хайрият. Дар шахр бе газу барк чи хел зиндаги карда мешавад… Намешавад. Биё, хона равем, – аз чой бархост Абдусалом-амак ва хам шуда аз замин досу банди алафро бардошта, зери каш кард.

Харчанд хостам аз дасташ банди алафро гирам надод.

– Либосат чиркин мешавад, – гуфт вай пеш даромада. – Биё, чорта чак-чак кунем. Чанд сол шуд на газет мехонам, на радио хаст… Радио хасту батари надорад. Порсол, тирамох, ба додарат гуфтам, ки маъракаи обуна сар шудагист, маро ба газити “Правда” обуна кун, механдад. Ин хел газит нест, мегуяд. Агар бошад хам, ба гумон, ки нафакаи шумо барои се мох обуна кардан расад, мегуяд. Рост мегуяд? Лекин газит бошад хам, одами мехондаги нест. Худам очиз, фарзандон мисли ту паррончак шуда ба хар тараф рафтанд. Ин духтари чиновник савод надорад, ки ба ман хонда дихад, – шикояткунон сар-сари вот мерафт Абдусалом- амак. Вай, аз афташ, ин рохро азёд карда буд, ки дар ягон чой кадами бечо нагузошт, пешпо нахурд. Вакте ки ба хонааш наздик шудем, алафи дасташро дар бехи дарахти чормагзи пир гузошта, коматашро рост кард ва аз чи бошад бо ду даст миёнашро дошта, овоз андохт:

– Духтари чиновник! Чой мон, хона мехмон омад.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …