Главная / Маданият ва санъат / Достони «Юсуф ва Зулайхо»

Достони «Юсуф ва Зулайхо»

Чунайдуллохи Хозик на танхо дар эчоди навъхои гуногуни лирики табъи баланду хунари воло доштааст, балки дар достонсарои хам сохиби истеъдоди фавкулодда мебошад.

Хозик дар заминаи сунати адаби достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро таълиф менамояд. Шоир достони мазкурро дар замони амир Умархон (1809-1822) огоз намуда, соли 1724 онро ба итмом мерасонад:

Намуд илхом дар таърихаш иншо:

Муфассал киссаи «Юсуф Зулайхо».

Шуруъаш буд аз даври Умаршох,

Ки зад ба садри чаннат хаймаи чох.

Набурдам худсари дар чайби анчом,

Ки даври салтанат з-у ёфт итмом…

ishq

Хозик достони «Юсуф ва Зулайхо»-и худро дар пайравии достонхои Чомию Нозим эчод кардааст. Зимни асар шоир андешахои ичтимои, сиёси, ахлоки, чамъиятии худро низ баён кардааст:

Ба души киссаи Юсуф Зулайхо,

Мурассаъ хилъати дигар биоро.

Либоси тозаву ушшоки тоза,

Бахори тозаву авроки тоза.

Зи хар гул рангу буи тоза чушад,

Зи хар булбул наво дигар хурушад.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» дорои 60 боб ва 4496 байт буда, дар бахри Хазачи мусаддаси махзуф (баъзан максур) эчод карда шудааст, ки афоъили он чунин аст:

  • / V / V – –
  • / V / V – –

яъне: мафоъилун, мафоъилун, фаъулун.

Сужети достон аз боби 12 огоз мешавад.

Киссаи «Юсуф ва Зулайхо» яке аз машхуртарин киссахо буда, таърихи пайдоиши он ба асрхои XV – XIV то мелод тааллук дорад. Киссаи мазкур дар китоби мукаддаси «Таварот» ва баъдтар дар «Куръон»-и мачид зикр шудааст.

Дар осори адаби-бадеии халкхои форс-точик ин кисса дар осори шоирони садаи X Абулмуайяди Балхи, Бахтиёри ва Фирдавси (мансуб ба ин эчодкор), минбаъд Амони (асри XI), баъдхо Амъаки Бухорои, Масъуди Хирави, Масъуди Дехлави, Озари Туси, Масъуди Куми, Шохини Шерози ва бисёр касони дигар манзум шудааст. Хатто дар адабиёти туркзабон хам чанд тан: Хамдуллохи Чалаби, Дурбек ба ин кисса ру овардаанд.

Чанд тан шоирони асрхои Х^1-Х1Х низ дар эчоди киссаи мазкур ранч бурдаанд, ки аз зумраи онхо: Мавчии Бадахшони, Салими Табрези, Муллошохи Бадахшони, Мухаммад Иброхими Халилуллохи Бадахшони, Авхадии Балёни, Чавхари Табрези, Шахоби Туршези ва дигарон мебошанд. Вале машхуртарини таълифгарони киссаи мазкур Чоми, Нозими Хирави ва Чунайдуллохи Хозик мебошанд.

Тахлили Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Хозик

Достон мазкур бо он характернок аст, ки он фочеави нест. Аз тарафи дигар, дар ин кисса Зулайхо (нисбат ба достонхои дигари ишки- романтики) хеле фаъол аст. Зулайхо тамоми вазнинии зиндаги, рохи мухаббатро бар души худ мегирад. Чанбаъхои вокеии рузгори дар достони Хозик боз хам бештар ба назар мерасанд. Дар ин достон Юсуф тачассуми иффат- покист.

Мазмуни мухтасари Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Хозик

Дар Магриб шохе бо номи Таймус хукмрони мекард. Ин шох фарзанд надошт. Баъдхо у фарзанддор мешавад ва духтарашро Зулайхо ном мекунад. Зулайхо чунон зебо буд, ки дар хафт иклим хаммонанд надошт. Зулайхо ба балогат расида, шабе зеботарин чавонеро дар хоб мебинад ва мафтуни у мешавад. Танхо бори сеюми хоббини Зулайхо аз чавон ному нишон мепурсад:

Кучо буди, ки ман девона будам,

Зи хешу ошно бегона будам.

Бигу шахрат кучо, куят кадом аст?

Туро, ай бенишон, охир чи ном аст?

Дар чавоб чавон мегуяд:

Азизи Мисраму дигар ту худ рас,

Бувад дар хона чун кас, ин сухан бас.

Ба у аз хар тараф хостгорхо омада бошанд хам, ба касе рози намешавад.

Вазири шохи Миср – Азиз низ тавсифи хусни Зулайхоро шунида, бо хадяи зиёде хостгор равон менамояд. Таймус ба ин шахс розиги медихад. Зулайхо туй шуда ба Миср оварда мешавад. Зулайхо Азизи Мисрро хамон чавони дар хоб дидааш гумон карда хеле хурсанд буд. Вале маълум мешавад, ки он чавони дар хоб дидааш нест. Азиз базми бошукухе ороста хокими Миср-Малик Руён низ дар он иштирок мекунад. Зулайхо дар касри зеботарин зиндаги кунад хам, хурсанд набуд. Дар Канъон Яъкуб умр ба сар мебурд, ки дувоздах фарзанд дошт. Юсуф фарзанди охирини ин мард буда, зеботарин мебошад. У на танхо зохиран, балки ботинан хам нихоят хушодобу хушрафтор буд. Аз ин ру, Яъкуб уро бештар дуст медошт. Ин боиси рашки бародарон гардид ва онхо дар паи нест кардани Юсуф мешаванд. Онхо як рузи бахор падарро рози кунонида Юсуфро бо худ мебаранд. Онхо панди падарро фаромуш намуда, Юсуфро берахмона мезананд, азоб медиханд. У аз ташнаги бемадор мешаваду меафтад. Яке аз бародарон ба Юсуф об медихад, вале Шамъун хашмгин шуда, аз у обро кашида мегирад.

Вале Яхудо бо ханчар ба Шамъун хамла намуда, Юсуфро начот медихад. Онхо ба сари чохе омада Юсуфро ба он чох мепартоянд.

Онхо бо нолаву зори пеши падар меоянд ва пирохани хунолуди Юсуфро ба падар нишон дода мегуянд, ки Юсуфро гург хурдааст. Вакте ки падар ба игвои онхо чандон бовар намекунад, онхо ба сахро рафта гургеро пайдо мекунанд ва дахони онро хунолуд намуда ба Яъкуб нишон медиханд. Вале гург ба забони хол омада бегунохии худро хабар медихад.

Корвони Молик аз Магриб чониби Миср рахсипор буд. Онхо барои чустани об чуёи чох мешаванд. Башри ном гулом аз каъри чох ба чои об Юсуфро пайдо менамояд. Бародарони Юсуф аз ин кор хабар ёфта, Юсуфро ба ивази хачдах дирхам мефурушанд. Вакте корвон ба Миср мерасад, хокими он чо Малик Руён, вазири у Азиз ва завчаи вазир Зулайхо низ огох мегарданд. Зулайхо аз равзана Юсуфро дида чавони дар хоб дидаашро мешиносад. Азиз бо маслихати Зулайхо Юсуфро хамчун гулом харида ба хона меорад.

Зулайхо ба Юсуф на мисли хоча бо гулом, балки хамчун дустдоштаи худ муносибат менамуд. Онхо бо хамдигар саргузашти худро накл мекарданд. Баъдтар Юсуф пешаи чупониро ихтиёр мекунад. Зулайхо барои висол тадбирхо мечуст, вале Юсуф аз рафтори у харосида аз Худо имдод металабид. Бо хохиши Зулайхо касри мухташаме сохта мешавад. Зулайхо Юсуфро ба тамошои каср мебарад. Дар хучраи хафтум Юсуфро огуш кардани мешавад, вале Юсуф дури мечуяд. Зулайхо аз кафо домани Юсуфро кашида медаронад. Пас ба назди Азиз омада Юсуфро тухмат мекунад. Баъд аз ин бо дархости Зулайхо Юсуфро бо дахолати занони Миср ба махкама меафкананд. Зулайхо аз кардаи худ пушаймон мешавад. Дар зиндон обдор ва суфрагустори шох низ зиндони буданд.

Шабе обдор хоб мебинад, ки шох аз у оби ширин хостааст. Юсуф хоби уро ба неки таъбир менамояд, ки аз зиндон озод гардида сохиби мансабе хохи шуд. Он гох дар бораи ман,- мегуяд Юсуф, – ба шох хабар бидех. Иттифоко, шабе Малик Руён низ хобе дахшатборе мебинад, вале касе онро таъбир карда наметавонад. Обдор хабар медихад, ки Юсуф ном шахси таъбиргаре дар зиндон хаст, ки бо амри Азиз зиндони шудааст. Юсуфро аз зиндон озод намуда ба назди шох меоранд. У хоби шохро мудхиш мегуяд ва тадбирхоро хам коил мешавад.

Руён Азизро аз вазири холи намуда, Юсуфро вазир таъин менамояд. Зулайхо дар вайронае истикомат карда, исломро мепазирад. Юсуф инро фахмида ба назди Зулайхо меравад. У холи Зулайхоро дида рахмаш меояд ва Зулайхоро ба боргохи худ меорад. Зулайхо гаму гуссаро аз худ дур намуда аз нав чавон мешавад ва хуснаш бо амри Худо, баркарор мегардад:

Маро дубора бахшад зиндагони,

Дихам бозам зи сар хусни чавони.

Намояд дидаам равшан зи руят,

Муаттар хам димоги чон зи буят.

Зи лаъли чонфизоят ком ёбам,

Дар огушат хамин ором ёбам.

Юсуф базм ороста бо Зулайхо хонадор мешавад. Онхо якчоя си сол умр ба сар мебаранд. Баъд аз он Юсуф олами фониро падруд мегуяд. Зулайхо сари кабр омада онро огуш мекунад у низ чон месупорад.

Достони Хозик бо хамин хотима меёбад.

Образхои Достон.

Дар достони мазкур ба гайр аз образхои маркази-Юсуф ва Зулайхо як катор образхои дигар: Шохи Миср Малик Руён, Азизи Миср, Таймус, Яъкуб, бародарон, Молики Бишри, корвониён, занони Миср, зиндониён ва зиндонбон, дастурхондор ва обдори шох. Ин образхо низ лахзави бошанд хам, хеле халкунанда ва чолибанд.

Образи Юсуф образи маркази ва халкунандаи достон аст. У носех ва пок аст. Инчунин боаклу доно, покиза ва пуртокату поктинат аст. Танхо дорои хислатхои хамида буда, ягон хислати бад надорад. У на танхо зохиран, балки ботинан хам зебост. Дурандеш, бо мулохиза, зираку окил буда, ба оянда бовари дорад. Хислатхои хамидаи у сари хар як кадам ба назар мерасанд. Юсуф пайгмбарзода низ хаст. У боз ба гуломи рози мешавад.

Хангоми таъбири хоби зиндони дар махбас боз хам бузургии у ошкор мешавад. Хоби Руёнро таъбир намудан уро сохиби мансаб мегардонад.

Шоир ба ин восита иффату поки, ростиву росткори, адлу инсоф, садокату инсоф ва гайраро таргиб намуда, хисоли хамидаро афзалият мебахшад. Шоир хоби шохро чунин тасвир мекунад:

Малик Руён шабе чун чашм пушид,

Ба хобаш хафт гови фарбехе дид.

Пас аз вай хафт гове дид логар,

Ки хурд ин хафт логар хафти дигар.

Дар он дам хушахои сабзу хуррам,

Намудаш хафт буд он хушахо хам.

Пас он гах хафти дигар хушахо дид,

Ки хар як хушктар буди зи хуршед.

Бар он тархо чу печиданд он хафт,

Хама гаштанд хушку хуррами рафт.

Хоби Маликро касе таъбир карда наметавонад ва танхо Юсуф онро чунин таъбир мекунад:

Ки аввал хафт соли нек ояд,

Ба руи халк неъмат дар кушоянд.

Пас аз вай хафт соле дур гирад,

Ки гардад зинда кахт, арзон бимирад.

Аз он хафт ин кадар гиранд хуша,

Ки бошад дар рахи ин хафт туша.

Ба шах то нархи давлат бошад арзон,

Вазири шах набояд буд нодон.

Нигах гар бол накшояд ба гафлат,

Расад кай сар ба девори мазаллат.

Ин аст, ки аз зиндон рахо ёфтани Юсуф чори шудани адолат, тантанаи озоди, вазир таъин шудани Юсуф, сари кудрат омадани адолату озоди, яъне галабаи озодиву адолат бар зулмоту чахолат мебошад. Зеро Юсуф хатто худи шохро чунин панду насихат медихад, ки чунин чуръатро ки метавонист ба чо биёрад?!

Чунончи:

Бувад чун бо раъият шохро чох,

Раъиятпарвари мебояд аз шох.

Чу бошад бар шукухи шох иллат,

Гами худ мехурад, хох аз раъият.

Раъият гар набошад, бо ки шох аст?

Фалакро рузи беахтар сиёх аст.

В-агар бошад туро доно вазире,

Ки худ дарди сар аз кишвар нагири.

Агар дар ин казоват хиради сиёси- ичтимоии Юсуф намоиш дода шуда бошад, пас у дар чодаи дигар низ бартари дорад.

Юсуф дар ишк низ симои поки ва иффат аст. Мо таъсири ислом ва «Куръон» – ро ин чо бештар хис менамоем. У намехохад, ки ба хонадони набави гуноху табохи биёрад. Аз ин ру, сабру тахаммулро интихоб мекунад. Заррае ишки шахвони намудор намешавад ва у дар ин рох хатто фикр хам намекунад.

Юсуф шахсияти бузург аст, ки хатто ба бародарони чафокору котили худ хам шафкату рахм мекунад. Ин аст, ки дар охир ба максад мерасад ва дар зиндаги ноком нест.

Образи Зулайхо. Ин симои махсуси зани нотакрор аст. У шохдухтар аст, вале ёде аз мансаб, боигари намекунад. У миллат ва табакаи ичтимоиро хам ба назар намегирад. У устувор ва мубориз аст. Зулайхо пок, бо иффату шармгин аст. Хамин ишки пок дар аввал уро хеле укубат медихад:

Маро ишке бубин охир чихо кард,

Ватанбегона, гурбатошно кард.

Азизи Миср чуён хор гаштам,

Пари гуфтам, ба деве ёр гаштам.

Зулайхо дустдоштаашро ба зиндон меафканад, вале худ гуё хешро дар он чо афканда бошад, ки азоби рухи мекашад.

Хангоми вазир таъин гардидани Юсуф, Зулайхо боз хортар шуда, хонаву чои худро тарк мекунад ва дар рохи дустдоштааш макон интихоб намуда, бо азоби зиёд ва гиряву нола зиндаги мекунад. Вале хамоно иффату исматро нигох медораад. У низ поку беолоиш ва устувору пурсабр ва табовару пуртокат мебошад. Зулайхо хам чонибдори барпо намудани оилаи пок, содик, мушфик, халол, самими, беолоиш аст. У барои дустдоштаи худ аз худ мегузарад. Зулайхо бе Юсуф зиндагиро тасаввур карда наметавонад. Аз ин ру, у ба максад мерасад.

Дар достон образхои шохи Миср – Малик Руён, Яъкуб, Таймус, корвониён, обдори шох низ накшхои мусбатанд. Яъкуб умре барои Юсуф месузад, Малик Руён чонибдори адолат, дурандеш, мушохидакор ва донову окил аст. Таймус низ шохи доност. У дар рохи мухаббати фарзандаш монеъ нест. Чонибдори ишки пок ва ахлоки хамида мебошад.

Бародарони Юсуф аз хонадони мукаддасанд, вале рашк, хасад, бадбини, хавасхои бечо доранд. Аз ин ру, онхо дар зиндаги рохи худро пайдо карда наметавонанд.

Корвониён низ кори хайреро сомон медиханд, зеро онхо боиси идомаи хатти сужети достон мешаванд.

Обдори шох бошад кори нихоят некро сомон дода, боиси аз зиндон рахои ёфтани Юсуф ва инчунин ба мансаби баланд омадани у ва нихоят ба максад расидани Зулайхо мегардад.

Чунайдуллохи Хозик дар таълифи достон нишон додааст, ки у дар эчоди навъхои бузурги адаби махорати бештаре дорад. Хозик дар касидаву газал, китъаву рубои, тарчеоту шеъри тасмит ва гайра табъи баланд дошта бошад хам, шухрати уро хамчун эчодкор хамин достони «Юсуф ва Зулайхо» таъмин кардааст.

Аз навъхои лирики у голибан дар газал табъи баланд дошта, дар рушду тахаввули жанри мазкур сахми арзанда гузоштааст. Вале махсусан достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Хозик баъд аз асархои хамноми Чомию Нозими Хирави ва умуман миёни хамаи онхое, ки 10 аср дар ин мавзуъ асар эчод кардаанд, мавкеи намоён дорад.

Хозик дар ин достон лахзахои иловагии зиёд дорад, ки дар асархои кабли дида намешаванд: лахзаи тухмати гург ва ба забони хол омадани он, ё худ бевосита Хозик аз тавлиди Юсуф асарро огоз мекунад, вале Чоми то ин чо изхори чанд андешаи фалсафи, шарху тавзехи баъзе чизхо сар кардааст. Ё ки дар достони Чоми падари Зулайхо ба чониби Азизи Миср хостгор мефиристад, ки ин дар асари Хозик нест ва гайра.

Хозик шохи идеалии худро дар симои малик Руён тасвир намуда, мукаддас будани хонадони набавиро дар образи Юсуф ба тасвир овардааст, ки дар чузъиёт хеле чолиб эчод шудаанд.

Хунари шоирии Хозик дар сатхи Чоми ва Нозими Хироти набошад хам, пояи у аз дигар шоироне, ки дар ин мавзуъ достон эчод кардаанд, баланд аст. Барои мисол:

Зи руи хашм он кавми чафокор,

Ба сад хори дар он сахрои хунхор.

Зи по бурданд кафш, аз сар кулохаш,

Саропо шуд барахна хамчу мохаш.

Шуд он домони дашти пур зи хоре,

Зи хуни захми пояш лолазоре.

Дар ин абёт Юсуф ба мох монанд карда мешавад, зеро мох низ барахна дар биёбони фалак рох мепаймояд. Агар дар ин чо ташбехи баланду чолиб бошад, дар байти дигар тавассути гулувв аз хуни пои Юсуф рангин гардидани даштро таъкид мекунад, ки хеле хотирмон ва дилнишинанд ва хонандаро комилан мутаассир менамоянд.

Ё ин ки ба воситаи лахзаи тамсили ва тавассути санъати ташхис гург чунин холати халкунандаро мусбат хал мекунад:

Ки ман харчанд дур аз аклу хушам,

Наям инсон, аз чинси вухушам.

Вале донам, ки ин феъли кабех аст,

Ба хар нодониям кубхаш сарех аст.

Хамин фарзанди худ гумкарда будам,

Дар ин сахро сурогаш менамудам.

Ки шояд ёбам он гумкарда фарзанд,

Ба доми тухматам карданд побанд.

Бибастанд инчунин бо ресмонам,

Биёлуданд хам бо хун дахонам.

Задандам гах ба чубу гох бо санг,

Биёварданд аз сахро бад- ин ранг.

Кашидам бе чиноят гарчи бедод,

Вале руи ту чун дидам, шуд аз ёд.

Яъне ба воситаи чунин санъати баланду табъи волои шоири Хозик хатто гурги вахшии хунхорро рахмдил намудааст. Хамчунин бо чунин хунару махорати эчоди шоир кирдори бародарони Юсуфро басо вахшиёна тавонистааст биёфарад, то ин ки хонандаро бештар мутаассир намояд.

Достон бо назардошти гузориши масъала, халли он, хукму мухокимаронихо, мантики ифода, корбурди калимот, интихоби он, коргири аз маколу зарбулмасал, таъбиру ифодахои халки, хунари шоири, истифодаву интихоби радифу кофияхо, вазн, истифодаи санъатхои бадеии маънавию шакли ва гайра низ басо чолиб ва хотирмон аст.

Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Хозик баробари арзишхои хунари- шоири, адаби-бадеи, захираи лугави-лексики беш аз ин хама, ахамияти тарбияви-ахлоки дорад. Зеро покию иффат ва исмати инсони дар накшаи аввал меистад.

Хонанда намунахои олии ахлоки ошиконро меомузад ва ибрат хохад гирифт.

Савол ва супоришхо:

  1. Оид ба даврони чавони, овони тахсилоти Чунайдуллохи Хозик чи медонед?
  2. Сабаби ба Мовароуннахр омадани Чунайдуллохи Хозикро накл кунед.
  3. Муносибати Хозик ва амирони мангит чи гуна сурат гирифтааст?
  4. Мероси адабии Хозик аз кадом навъхои адаби иборат аст?
  5. Сахт ва таркиби девони Чунайдуллохи Хозикро баён намоед.
  6. Мавзуъ ва мундаричаи гоявии газалиёти Хозикро шарх дихед.
  7. Газали «Ёди айёме, ки пур аз май сабуе доштем»-ро азёд кунед.
  8. Газалиёти Хозик дорои кадом хусусиятхои адаби- бадеиянд?
  9. Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро накл кунед.
  10. Доир ба сайри таърихии киссаи «Юсуф ва Зулайхо» то эчодиёти Хозик маълумот дихед.
  11. Кадом хусусиятхои фарккунандаи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Хозикро медонед?
  12. Образхои марказии достон-образхои Юсуф ва Зулайхоро тахлил намоед.
  13. Образхои мусбату манфи, лахзави ва доимии достонро номбар кунед.
  14. Арзиши адабии достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Хозик аз чи иборат аст?

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …