Главная / Гуногун / Дили шикаста аз зиндаги

Дили шикаста аз зиндаги

Чавоне чусту латиф, хандону ширинзабон дар халкаи ишрати мо буд, ки дар дилаш аз хеч навъе гам наёмади ва лаб аз ханда фарохам. Рузгоре баромад, ки иттифоки мулокот наюфтод. Баъд аз он дидамаш, зан хоставу фарзандон хоста ва бехи нишоташ бурида ва гули хавас пажмурда. Пурсидамаш: «Чи гунаи ва чи холат аст?»

Гуфт:
– То кудакон биёвардам, дигар кудаки накардам!

Чун пир шуди зи кудаки даст бидор,
Бозию зарофат ба чавони бигузор.

***
Тараби навони зи пир мачуй,
Ки дигар нояд оби рафта ба чуй.
Заръро чун расид вакти дарав,
Нахиромад чунон ки сабзаи нав.

***
Даври чавони бишуд аз дасти ман,
Оху дарег он замани дилфуруз.
Куввати сарпанчаи шери бирафт,
Розиям акнун ба пашизе чу юз.
Пирзане муй сиях карда буд,
Гуфтамаш: «Эй момаки деринаруз».
Муй ба таблис сиях карда гир,
Рост нахохад шудан ин пушти куз!»

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

Vivek-Sinha-Lor-vrach

Духтури Гушу-Гулуъ ва Бини аз Хиндустон ба Точикистон октябри 2021 меоянд

Ба диккати Пиру Барно мерасонем, ки дар Маркази тиббии «Шафран» саломатии шумо боз хам комилтар …