Главная / Гуногун / Дигаргунихои иктисоди ва чамъиятию сиёсии Афгонистон

Дигаргунихои иктисоди ва чамъиятию сиёсии Афгонистон

Истехсолоти хамин давраи Афгонистон мохияти натурали дошт. Асоси хаёти иктисодии мамлакатро мисли пештара кишоварзи ташкил мекард. Он ба мехнати дасти асос ёфта буд. Дар огози асри XX пешрафти пахтапарвари мушохида карда мешавад. Афгонистон онро ба Хиндустон ва Русия мебаровард. Дар ин давра марказхои нисбатан калони тичоратию косибии мамлакат Кобул ва Кандахор ба хисоб мерафтанд. Кобул маркази маьмурии Афгонистон хам буд.

afghanistan

Тарзи сармоядории иктисодиёт ба Афгонистон нихоят дер ворид шуд.

Амир барои ин кор шароит мухайё кард, мавкеи точиронро мустахкам намуд, то тичорати хоричиро васеъ кард, мактабхои аввалини замонави ва матбаа сохт. Сарфи назар аз ин Афгонистон мисли пештара давлати акибмондаи феодали мондан гирифт.

Баъди соли 1901 вафот кардани Абдурахмонхон ба тахти амирии Афгонистон Хабибуллохон менишинад. У барои пешрафти фархангии мамлакат чорачуихои зиёд кард. Аз он чумла литсеи аввалин – Хабибияро кушод, ба дарбориён фармуд, ки либоси европави ба бар кунанд.

Аз давлатхои хамсоя, алалхусус аз Хиндустон ба Афгонистон гояхои маорифпарварии буржуази ворид мешуданд. Дар ин мамлакат ташаккули гояхои буржуази нисбат ба худи буржуазияи милли тезтар ба амал меомад.

Ташаббускор ва рохбари харакат барои конститутсия ва ислохот директори литсеи Хабибия Абдулгани буд. Дар атрофи у намояндагони чавони зиёиёни афгон, асосан омузгорон ва тарбиягираидагони литсей муттахид шуданд. Ин харакат дар таърих бо номи “чавонафгонхо” маълум аст. Идеологи чавонафгонхо Махмудбек Тарзи буд. У муддати зиёде дар Ирок ва Сурия дар хичрат зиндагони карда, дар ин мамлака маълумоти хуб гирифта, ба адабиёти турки ва европави шинос шуда, гояхои пешкадами он замонро кабул намуда, хаёти худро, баъди ба ватан баргаштан барои дар Афгонистон татбик кард он гояхо мебахшад. Махмудбек Тарзи бо ичозати Хабибуллох ба Афгонистон баргашта, ба фаъолияти сиёси машгул шуда, сохти чомеаи ояндаи Афгонистонро асоснок мекунад.

Тарафи пуркуввати таълимоти Тарзиро таълимоти зиддимустамликавии у ташкил мекард. У мустамликадориро махкум карда, мардумро даъват мекунад, ки барои истиклолияти ватани худ бархезад. Даъвати зидди сиёсати мустамликадории Тарзи дар бедории миллии афгонхо ба макоми баланд сохиб аст. М. Тарзи дар зери таъсири гояхои Сайид Чамолиддини Афгони буд. У хам чун Чамолиддини Афгони мехост, ки дар ислом асоси муборизаи зиддиимпериалистиро ёбад. Шакли динии идеологияи миллии Тарзи замина ва асоси таърихи дошт. Он афгонхоро барои муборизаи зиддианглиси муттахид месохт.

Чавонафгонхо дар татбики гояхои худ ба хокимони Афгонистон умед мебастанд. Онхо гайр аз амир неруи дигар намедиданд, ки дар мамлакат дигаргунихои иктисодию сиёси ва ичтимои ба амал бароварда тавонад. Мутлакият маорифпарвар – чунин буд идеалогияи ичтимоии чавонафгонхо.

Вакте чавонафгонхо диданд, ки Хабибуллохон ба татбики ислохоти конститутсиони кодир нест, ба бародари хурдии амир, шогирди Махмуди Тарзи – Амонуллохон умед бастанд.

Дар баробари чавонафгонхо “пирафгонхо” хам буданд. Ин чараёнро хонхо, ашрофони калони афгон ва мухофизони тартиботи кухна чонибдори мекарданд. Онхо ба мукобили хама гуна навгонихое мебаромаданд, ки хукук ва имтиёзхои онхоро халалдор мекарданд. “Пирафгонхо” дар шахси Англия тахдид ба тартиботи феодалии мамлакатро дида, мехостанд, ки дархои Афгонистон барои хоричиён ’’пушида” бошанд. Маданияти европавиро дар Афгонистон суикасд ба ислом хисоб мекарданд. Аз хамин сабаб мухолифи хама гуна ислохотн буржуази буданд. Ин нерухои кухиагаро (консервативи) дар атрофи Насруллохон муттахид шуда буданд.

Дар арафаи Чанги якуми чахони “пирафгонхо” ба доирахои хукмрони Германия ва Туркия наздик шуданд. Бо феодалхои Туркия онхоро мавкеи гояви наздик мекард. Агар гояхои Махмуди Тарзи ба муборизаи зидаи империализм равона шуда бошад, пас “пирафгонхо” мисли султони Туркия ба чои аввал гояи дар атрофи Туркия муттахид кардани мусулмонхоро гузошта буданд. Бо Германия бошад, “пирафгонхо”-ро тичорат наздик мекард. Аз тичорат бо ин давлат хонхои кабилахои афгон паштухо даромади калон ба даст медароварданд.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …