Главная / Чамъият / Давомноки ва вакти гузаронидани санчишхои андоз

Давомноки ва вакти гузаронидани санчишхои андоз

Моддаи 30-и Кодекси Андоз. Давомноки ва вакти гузаронидани санчишхои андоз

  1. Мухлати гузаронидани санчишхои андози дар амрномаи додашуда зикршаванда набояд аз лахзаи пешниходи амрнома аз 30 рузи кори зиёд бошад, агар дар хамин модда тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.
  2. Мухлати гузаронидани санчиши хуччатии андоз барои шахсони хукуки, ки дорои вохидхои алохида мебошанд ва гайрирезидентхое, ки фаъолияташонро ба воситаи муассисахои доими амали менамоянд, дар сурати мавчуд будани зиёда аз як махалли чойгиршави дар Чумхурии Точикистон, инчунин барои андозсупорандагоне, ки дар бахисобгирии нозироти андози андозсупорандагони калон карор доранд, аз 60 рузи кори зиёд буда наметавонад. Макоми ваколатдори давлати метавонад мухлати санчиши хуччатии андозроба мухлати то 30 рузи кори дароз намояд.
  3. Мухлати гузаронидани санчиши хуччатии андози андозсупорандае, ки субъекти сохибкории хурд мебошад, набояд аз 10 рузи кори зиёд бошад.
  4. Мухлати гузаронидани санчиши амалиёти наметавонад аз 15 рузи кори зиёд бошад. Санчиши амалиёти нисбат ба андозсупорандаи алохида набояд аз чор соати кори зиёд давом кунад.
  5. Чараёни мухлати гузаронидани санчиши андоз дар фосилаи байни лахзахои ба андозсупоранда пешниход намудани талабнома оид ба пешкаш намудани хуччатхо ва пешниходи хуччатхои талабшуда аз чониби андозсупоранда хангоми гузаронидани санчиши хуччатхо, инчунин дар фосилаи кабули маълумот ва хуччатхо аз шахсони сеюм бо дархости макоми андоз боздошта мешавад. Боздоштан ва баркарор намудани чараёни мухлати гузаронидани санчиши андоз дар дафтари бакайдгирии санчишхои субъектхои хочагидор ва дар амрнома барои гузаронидани санчиш кайд карда мешавад. Мухлати боздоштан ба мухлати санчиши андоз дохил карда намешавад.
  6. Санчиши андоз метавонад танхо дар вакти кори ва рузхои кории мукарраршуда гузаронида шавад. Дар холати амали намудани фаъолияти сохибкори (истехсол ва (ё) фуруши молхо, корхо, хизматрасони) дар вакти дигар, санчиши андоз инчунин метавонад дар ин вакт гузаронида шавад. Агар вакти кории макомоти андоз ва андозсупоранда мувофик набошад, санчиши андоз метавонад дар вакти кории андозсупоранда гузаронида шавад.
  7. Макомоти андоз дар субъектхои хочагидоре, ки фаъолияти онхо хусусияти мавсими дорад, дар чунин холатхо санчишхои накшавии хуччатии андозро гузаронида наметавонанд:

-дар хочагихои истехсолкунандаи махсулоти кишоварзи дар мавсими киштукор аз 1-уми апрел то 1-уми июн ва дар мавсими чамъоварии хосил аз 1-уми август то 1-уми ноябри соли таквими;

-дар корхонахои коркарди махсулоти кишоварзи (махсулоти зудвайроншавандаи меваю сабзавот) аз 20-уми июн то 20-уми октябри соли таквими.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …