Главная / Чамъият / Дастрасии кормандони макомоти андоз

Дастрасии кормандони макомоти андоз

Моддаи 34-и Кодекси Андоз. Дастрасии кормандони макомоти андоз ба худуд ё бино барои гузаронидани санчиши андоз

  1. Андозсупоранда ухдадор аст, ки барои ворид шудани кормандони макомоти андози санчиши андозро гузаронанда чихати муоина ба худуд ё бинои (ба истиснои манзилхои истикомати) барои гирифтани даромад истифодашаванда ё ба объекти андозбанди ва объекти бо андозбанди алокаманд, ичозат дихад.
  2. Дар сурати монеъ шудан ба ворид шудани кормандони макомоти андоз, ки санчиши андозро мегузаронанд, ба худуди номбаршуда ё ба объекти андозбанди ё объекти бо андозбанди алокаманд ё ба дигар бинохо (ба истиснои манзилхои истикомати) протокол тартиб дода мешавад.
  3. Протоколро кормандони макомоти андоз, ки санчиши андозро мегузаронанд ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо менамоянд. Агар андозсупоранда (агенти андоз) аз имзо кардани протоколи мазкур даст кашад, санчишгар дар протокол оид ба даст кашидани андозсупоранда аз имзо кайд мегузорад.
  4. Кормандони макомоти андоз бояд бо худ ичозати махсус дошта бошанд, агар мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои ворид шудан ба худуд ва (ё) бинои андозсупоранда он зарур бошад.
  5. Андозсупоранда дар холатхои зерин хукук дорад ба ворид шудани кормандони макомоти андоз ба худуд ё бино барои гузаронидани санчиши андоз ичозат надихад, агар:

-талаботи моддахои 31 ва 33 Кодекси мазкур риоя карда нашаванд;

-мухлатхои санчиши дар амрнома нишондодашуда фаро нарасида бошанд ё гузашта бошанд;

-хамин шахсон дар амрнома зикр нашуда бошанд;

-кормандонимакомоти андоз ичозати дахлдори махсуси махфиятро, ки барои даромадан ба худуд ё бинои андозсупоранда тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон заруранд, хамрохи худ надошта бошанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …