Главная / Гуногун / Дастархони идонаи Точики

Дастархони идонаи Точики

Рох дур асту хаёлам парешон. Мехостам мошин болу пар барораду ба парвоз ояд. Харчанд, ки ронанда хаддалимкон суръатро меафзуд. Гохо чунин мешавад, ки дар як он зиндаги маънии дигар пайдо менамояд. Дируз хамрохи чурахоям махфил ороста, то поси шаб сухбат доштам, ки телеграмма оварданд. Хондаму хуш аз сарам парид. «Агар хохи, ки дидор ба киёмат намонад, зуд расида биё. Ахволи бародарат якбора вазнин шуду…». Харчанд ду хафта пеш аз ин бо телефон гуфтугу карда будем. Бародарам баъди сари киблагох мисли падар мо се додару се хохарро саробону рахнамо шуд, ба катори одамон баровард, хононд, банавбат оиладор кард. Аник медонам, онхо низ огохи ёфтаанд, шояд холо сари болинаш бошанд. Факат ман аз хама дур – дар пойтахт умр ба сар мебарам.

dastarxonСубхи барвакт бо умеди рахорах нахори хурдан чой, нону тухму мурги пухта ва хасиб туша гирифта, ману занам ба хамин мошини кироя нишастем.

Дере нагузашта аз паси куллаи кух чехраи офтоб тулуъ кард.

Тасаввур мекунам, бечора янгаам Барно дар чи хол аст. Аз аввал то ба имруз рузгори акаамро тозаву басар нигох дошта тавонист. Тамоми хурду калони деха ба по хостагистанд. Онхо мефахманд, ки кухансолтарин муаллима деха ин оламро тарк гуфтанист. Охир чандин наслу авлодро дарс додааст.

Хурдсол будем, мо, он замоне, ки падарам фавтиданд. Рахмати дуредгари камназире буданд. Тобистони гузашта, писари кенчагиаш диплом химоя карду акоям ба Душанбе омад. Куллу ахли гузарамонро ёд кардем. Овони бачагиро пеши назар овардем. Говпои, алафдарави, хезумчини, тамошои хурусчанг, сайди кабку бедона, хушаву лолачини. Хешу табор, аммаву таго, фарзандони хурдсолашонро, ки маро намешиносанд. Шиносанд хам мехр надоранд. Акаам айби худат гуфт, ба деха кам меои, манзили хешу акрабо эхтимол аз ёдат рафтааст…

Хамсарам побанди мулохизахои хеш, паи хам сигарета чокиданхоямро дида, «Ин кадар худро азоб надихад, бародарат марди хаштодсола, тани гарм бедард намешавад, иншооллох шифо меёбанд» – гуён гох–гох тасалли медод.

Барои фиреби андешахо ва рафъи гуруснаги рахорах субхона кардем. Ронанда хам розиву каноатманд шуд.

Ба маркази нохия расида як сабад нон, кандхои хархела, харбузаву тарбуз харидем.

– Як чил дакика, пас ба дехаатон мерасем, – худ ба худ гуфт ронанда.

Торафт изтиробу хаячонам меафзуд. Вакте вориди деха гардидем, ба чехраи одамон чашм медухтам. Баъзехо шинохта даст меафшонданд, дигарон ором салом медоданд.

Яке савори велосипед мерафт, дигаре сархам хезумро пушторакунон кадам мезад, саввуми гусфандонашро мечаронд, дар лаби чуй мургони марчон хайрон меистоданд. Зохиран деха орому осуда нафас мекашид. Осмон соф, гарми авч мегирифт.

Хангоме дарвозаро кушода вориди хавли гаштем, хохару додаронам, аммаву тагохо, чиянхоям моро бо чашмони махзун ба огуш гирифтанд.

– Ахволи акаам чи тавр? – пурсидам.

– Хуб, шуморо мунтазиранд. Янга пою дастонашонро молида нишастаанд.

Нуги шохи дарахт гусфанди пусткандае овезону кассоб гушт майда мекард. Онсутар оташи таги ду деги калон фурузонанд. Фикр мекардам, ки ба хона расидан замон дархол ба сари болини акаи беморам медавам. Вале…

– Арак дори, – мурочиат кардам ба додари хурди.

– Хаст, аммо дар ин лахза…

– Барои далери, – таскин додам уро.

Тайи чанд лахза бо онхову шавхари хохаронам ду шишаро холи кардем. Онхо маро мефахманд, касе хохиши маро то хануз пушти по назадааст.

Баъд назди бародарам даромадам. Вай ором мехобид, осуда нафас мегирифт. Факат янгаам маро диду худро бой дод, ашк дар чашмонаш халка зад. Оринчу банди дасти акаамро доштам. Набзаш муътадил буд.

– Омади, – гуфт у, – узр овораву сарсон кардам.

– Хеч гап не, – ва ба каъри чашмонаш нигаристам.

– Акнун, хотирчамъ илоче карда ришамро тарошам, – гуфт вай.

Акаам бешитоб аз чогах бархост ва чониби хаммом кадам монд.

Хурду калон, авлод, хар яке дар чои худ карахт монда, уро бо нигох мегуселониданд. Акаам ба пои худ, бе мадади касе рох мерафт.

– Тавба, чи муъчиза рух дод? – суоли янгаамро шунидем. Як шабу як руз дилам гуфт, гурдаам гуфт, зонуям гуфту…

Хар кас сухане илова кард, аммо дигар чизе гушам намешунид.

Ман самимона хандидам. Дигарон онро бечо пиндошта, ба истихола афтида, хичолат кашиданд.

– Нури чашмони акаам заррае хам накохидааст. Ба назарам вай ба ин карибихо мурдани нест.

Ин лахза бо чехраи болидаву лабони пуртабассум акаам берун омад. Як–ду маротиба хаму рост шуд, дастонашро халкавор чарх занонд. Сони суи хар нафар нигарист–нигаристу хандид. Хурсандона хандид. Ва гуё маъзаратхохона гуфт:

– Бубахшед, ин ягона илочи хар яки шуморо якчоя сари як дастархон гирд овардан буд. Чанд сол боз ин гуна рузро интизор мегаштам. Хушбахтона, иди ачоиб тухфа кардед. Зиёфату гусфанд хам ба хамин хотир аст.

Аз вачохати янгаам аён буд, ки шавхарашро хакорати обдоре доданист, вале дидам, ки забонаш лол аст.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …