Главная / Чамъият / Дар бораи ветеранхои Чумхурии Точикистон

Дар бораи ветеранхои Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН   

 Дар бораи ветеранхо

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1995, №7-8, мод. 67; соли 1996, №3, мод.48; соли 1998, №22, мод.295; соли 2004, №2, мод.41; соли 2007, №7, мод.657; соли 2010, №1, мод.)

Ин Конун статуси ветеранхоро муайян намуда, назму тартиби татбики сиёсати давлатро нисбати ветеранхо мукаррар мекунад.

veteranh

ФАСЛИ I.

КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Максад ва вазифахои конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ветеранхо

Максади конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ветеранхо аз он иборат аст, ки барои таъмини зиндагии шоистаи ветеранхо ва иштироки фаъоли онхо дар сохахои гуногуни фаъолияти чамъият ва давлат шароити зарури мухайё гардад.

Вазифахои конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ветеранхо аз инхо иборатанд:

танзими муносибатхои чамъиятие, ки субъекти онхо ветеранхо мебошанд;

химояи хамачонибаи хукуку озодихо ва манфиатхои ветеранхо;

дар чамъият устувор намудани муносибати боэхтиромона нисбати ветеранхо;

тарбияи ватандустонаи шахрвандон.

Моддаи 2. Конунгузории  Чумхурии Точикистон дар бораи ветеранхо

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ветеранхо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз ин Конун дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, инчунин шартномахои байналхалкие, ки Чумхурии Точикистон иштирокчии онхо мебошад, иборат аст.

Моддаи 3. Таносуби байни ин Конун ва шартномахои байналхалки

Агар дар шартномаи байкалхалкии Чумхурии Точикистон меъёрхое мукаррар шуда бошанд, ки аз меъёрхои ин Конун тафовут доранд, он гох меъёрхои шартномаи байналхалки истифода бурда мешаванд.

Моддаи 4. Шахсоне, ки амали ин Конун нисбати онхо татбик мегардад

Амали ин Конун нисбати шахрвандоне татбик мегардад, ки онхо дар каламрави чумхури сукунати доими дошта, мувофики Конун вете­ран дониста мешаванд.

Статуси ветеранхо – шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар каламрави давлатхои дигар сукунат доранд, тавассути шартномахои байналхалкии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 5. Татбики амали ин Конун нисбати ветеранхо – шахрвандони давлатхои дигар

Ветеранхо – шахрвандони хоричи, ветеранхо – шахсони бетабаа, ки муваккатан ё доими дар каламрави Чумхурии Точикистон буду бош доранд, аз хукуку кафолатхо ва чубронот ба андозае истифода менамоянд, ки тавассути шартномахои байналхалкии Чумхурии Точикистон ва ин Конун муайян карда шудаанд.

Моддаи 6. Мафхумхое, ки дар ин Конун мавриди истифода карор гирифтаанд

Мафхумхое, ки дар ин Конун мавриди истифода карор гирифтаанд, мазмуни зайл доранд:

«кам кардани (озод будан аз) пардохти хизматрасонии коммунали» – обтаъминкуни, обпартои, кашонда бурдани партовхои маиши ва дигар партовхо, таъминот бо газ, таъминот бо гарми ва кувваи барк – дар худуди меъёрхои истифода аз хизматрасонихои коммунали;

«кам кардани (озод будан аз) пардохти хизмати алока» – пардох­ти пули телефон, радио, хакки истифодабарии антеннаи коллективи – дар худуди меъёрхои истифода аз хизматрасонии алока;

«кам кардани (озод будан аз) пардохти хакки манзили ишголнамудаи истикомати – кам кардани (озод будан аз) пардохти хакки масохати умумии манзили ишголнамудаи истикомати – дар худуди меъёрхои ичтимои.

ФАСЛИ II.

СИЁСАТИ ДАВЛАТ НИСБАТИ ВЕТЕРАНХО

Моддаи 7. Сиёсати давлат нисбати ветеранхо

Сиёсати давлат нисбати ветеранхо аз статуси конститутсионии Точикистон хамчун давлати ичтимои бармеояд, ки он барои мухайё намудани шароит чихати таъмини зиндагии шоиста ва рушду камоли озодонаи инсон нигаронида шуда, мачмуи тадбирхои хукуки, ичтимоию иктисоди, фархангию маърифати, ташкили ва тадбирхои дигарро дарбар мегирад, ки онхо чорахои зайлро пешбини мекунанд:

Тахия ва татбики барномахои максаднок, ки химояи хукуки ва ичтимоии ветеранхоро таъмин менамоянд;

аз тарафи макомоти хокимият ва идораи давлати ба назар гирифтани манфиатхои ветеранхо хангоми тахия ва татбики мухимтарин барномахои давлатии тараккиёти ичтимоию иктисодии кишвар;

чалб намудами ветеранхо барои иштироки бевосита дар идоракунии давлат ва чамъият;

мусоидат намудан ба ташкилотхои ветеранхо дар амали гардонидани вазифахо ва ваколатхояшон;

таблиг намудани ахамияти хизмати харби ва фаъолияти мехнати, нуфузу эътибори мукофотхои давлати барои корнамоихои чанги ва мехнати.

Моддаи 8. Кафолатхои химояи ичтимои ва хукукии ветеранхо

Давлат таъмини дарачаи шоистаи зиндагиро ба ветеранхо кафолат дода, хукукхо, озоди ва манфиатхои онхоро ба воситаи макомоти хокимияти конунгузори, ичроияви ва суди химоя мекунад.

Хукукхо ва дигар тадбирхои химояи ичтимои, ки пештар барои ветеранхо ва оилахои онхо тавассути конунгузории Иттиходи ЧШС ва Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудаанд, бе додани подоши баробарарзиш ба тартибе, ки Конун муайян кардааст, бекор карда шуда наметавонанд.

Ба хеч гуна махдуд кардани хукук ва имтиёзоте, ки ин Конун барои ветеранхо ва ахли оилахои онхо пешбини мекунад, рох дода намешавад.

Амалигардонии хукук ва кафолату чуброноте, ки конунгузори дар бораи ветеранхо мукаррар намудааст, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон таъмин карда мешавад.

Моддан 9. Вазифахо ва хукукхои макомоти давлати, шахсони мансабдор, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва шахрвандон нисбати ветеранхо

Макомоти давлати, шахсони мансабдор, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз шаклхои моликият ва шароити хочагидори ва шахрвандон бояд дар хакки ветеранхо ба аломати эътирофи хизматхои шоистаашон дар назди давлат ва чамъият гамхори зохир намоянд.

Макомоти давлати, корхонахо, ташкилотхо ва муассисахо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хочагидори, метавонанд дар бораи аз хисоби захирахои худи дидани чорахои иловаги нисбати химояи ичтимоии ветеранхо, ки дар ин Конун пешбини нашудаанд, карор кабул намоянд.

Моддаи 10. Ташкилоти ветеранхо

Бо максади хифзи хукуку манфиатхои аз тарафи Конун химоя кардашавандаи ветеранхо дар Чумхурии Точикистон ташкилотхои ветеранхо барпошуда метавонанд.

Ташкилотхои ветеранхо фаъолияти худро мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иттиходияхои чамъияти ва оинномаи ташкилот амали менамоянд ва ба тартиби мукарраркардаи Конун хак доранд дар тахия ва кабул кардани карорхое, ки макомоти давлати нис­бати ветеранхо кабул менамоянд, иштирок кунанд.

Моддаи 11. Кафолатхои фаъолияти ташкилотхои ветеранхо

Макомоти давлати, инчунин корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хочагидори, дар доираи салохиятхои худ метавонанд ба ташкилотхои ветеранхо ёрии молияви расонанд, аз хисоби маблаги бучетхои дахлдор карз диханд, бепул ё дар асоси имтиёзнок дар ихтиёри онхо чою бинохо, тачхизот ва амволи дигарро, ки барои ичрои вазифахои оинномавиашон заруранд, вогузор намоянд.

Моддаи 12. Кафолатхои фаъолияти корхонахое, ки моликияти ташкилотхои ветеранхо мебошанд

Корхонахое, ки моликияти ташкилотхои ветеранхо мебошанд, аз пардохти андозхо ва бочу хироч дар мавридхо ва ба тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, пурра ё кисман озод буда метавонанд.

ФАСЛИ III.

КАТЕГОРИЯИ ВЕТЕРАН

 

Моддаи 13. Категорияи ветеранхо

Ветеранхо ба сурати комил дорои хукуку озодихои сиёси, ичтимоию иктисоди ва шахси мебошанд ва ба ухдаи худ вазифа ва масъулиятхое доранд, ки Конститутсия (Сарконун) ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд.

Ветеранхо ба чунин категорияхо таксим мешаванд:

ветеранхои Чанги Бузурги Ватани;

ветеранхои амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар;

ветеранхои хизмати харби;

ветеранхои мехнат.

Моддаи 14. Ветеранхои Чанги Бузурги Ватани

Ветеранхои Чанги Бузурги Ватани[1] шахрвандоне мебошанд, ки дар амалиёти чанги барои хифзи Ватан ё таъминоти кисмхои армияи амалкунанда дар минтакахои амалиёти чанги бевосита иштирок кардаанд, инчунин шахсоне, ки хизмати харбиро солхои Чанги Бузурги Ватани сипари намудаанд, дар акибгох шаш мох, ба истиснои давраи кор дар каламрави муваккатан аз тарафи душман истилогардидаи ИЧШС, кор кардаанд, ё барои мехнати фидокорона ва хизмати бенуксон дар акиб­гох бо ордену медалхои ИЧШС дар солхои Чанги Бузурги Ватани мукофотонида шудаанд.

Чунин шахсон ветеранхои Чанги Бузурги Ватани шуморида мешаванд:

а) хизматчиёни харби, аз чумла ба эхтиёт чавобшудагон (ба истеъфо баромадагон), ки хизмати харбиро дар кисмхои харби, штабхо ва муассисахои дар давраи Чанги граждани ва Чанги Бузурги Ватани ба хайати армияи амалкунанда дохилшаванда адо намудаанд, дар амалиёти дигари чанги барои хифзи Иттиходи ЧШС иштирок кардаанд, партизанхо ва пинхонкорони Чанги граждани ва Чанги Бузурги Ватани;

б) хизматчиёни харби, аз чумла ба эхтиёт (истеъфо) баромада, инчунин шахсони хайати рохбари ва катории макомоти корхои дохили ва амнияти давлатии Иттиходи ЧШС, ки хизматро дар давраи Чанги Бузур­ги Ватани дар шахрхое адо намудаанд, ки иштирок дар мухофизаи онхо ба собикаи хизмат чихати таъин намудани нафака аз руи шарту шароити барои хизматчиёни харбии кисмхои харбии армияи амалкунанда мукарраршуда хисоб карда мешавад;

в) шахсони хайати кирояи Армияи шурави, Флоти харбии Бахри, кушунхо ва макомоти корхои дохили ва амнияти давлатии ИЧШС, ки дар кисмхо, штабхо ва муассисахои ба хайати армияи амалкунанда дохилшаванда дар давраи Чанги Бузурги Ватани аз руи штат сохибмансаб буданд ё дар он даврахо дар шахрхое буданд, ки иштирок дар мухофизаи онхо ба собикаи хизмат чихати таъин намудани нафака аз руи шарту шароити барои хизматчиёни харбии кисмхои армияи амалкунанда мукарраршуда хисоб карда мешавад.

г) шахсоне, ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани дар хайати кисмхои харби, штабхо ва муассисахои ба хайати армияи амалкунанда ва флот дохилшаванда ба сифати писархондхои (тарбиягирандагони) полкхо ва юнгахо шомил буданд;

д) шахсоне, ки дар амалиёти чанги бар зидди Германияи фашисти ва иттифокчиёни он дар солхои Чанги Бузурги Ватани дар каламрави кишвархои хоричи дар хайати отрядхои партизани, гуруххои пинхонкор ва дигар вохидхои зиддифашисти иштирок кардаанд;

е) хизматчиёни харби, аз чумла онхое, ки ба эхтиёт (истеъфо) баромадаанд, шахсони хайати рохбари ва катории макомоти корхои дохили ва амнияти давлати, шахсоне аз чумлаи чанговарон ва хайати фармондехии баталонхои киркунанда, взводхо ва отрядхои мухофизати халк, ки супоришхои Чангии хукуматии Иттиходи ЧШС-ро дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 9 маи соли 1945 дар каламрави ИЧШС, ЧШС Бело­руссия, ЧШС Литва, ЧШС Латвия ва ЧШС Эстония ичро кардаанд.

Моддаи 15. Дигар категорияхои шахрвандоне, ки ба ветеранхои Чанги Бузурги Ватани баробар карда шудаанд

Ба чумлаи ветеранхои Чанги Бузурги Ватани, ки дар моддаи 14-уми ин Конун пешбини гардидаанд, чунин шахсон низ дохил мешаванд:

а) коркунони вохидхои махсуси Комиссариати халкии роххо, Комиссариати халкии алока, хайати шинокунандаи киштихои шикори ва наклиёти ва хайати парвозу боркашонии авиатсияи Комиссариати халкии саноати мохии собик Иттиходи ЧШС, Флоти бахрию дарёи, хайати парво­зу боркашонии авиатсияи роххои асосии бахрии шимоли, ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани ба холати шахсони ба хайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот вазифахоро дар худуди сархадхои акибгохии фронтхои амалкунанда, минтакахои оперативии флотхо ичро менамуданд, инчунин аъзоёни экипа­жи киштихои флоти наклиёти, ки дар огози Чанги Бузурги Ватани ба бандархои давлатхои дигар боздошта шуда буданд;

б) шахсоне, ки дар объектхои мудофиаи зиддихавои, мудофиаи зиддихавоии махалли, дар сохтмони иншоотхои мудофиави, базахои бахри, аэродромхо ва дигар объектхои харбии худуди сархади акибгохии фронтхои амалкунанда, дар китъахои рохи охан ва автомобилии ба фронт наздик, дар госпиталхои эвакуатсиони ва поёздхои санитари дар солхои Чанги Бузурги Ватани кор кардаанд;

в) кормандони муассисахо, ташкилотхо (аз чумла муассисахо ва ташкилотхои фарханг ва санъат), намояндагони воситахои ахбори оммави, ки дар солхои Чанги Бузурги Ватани ба хайати армияи амалкунанда ба командировка фиристода шудаанд;

г) шахсоне, ки дар солхои Чанги Бузурги Ватани аз тарафи макомоти хокимияти махалли ба чамъоварии мухимот ва техникаи харби, аз мина тоза кардани минтакахо ва объектхо чалб карда шудаанд;

д) шахрвандоне, ки дар давраи мухосираи шахри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои шахр кор кардаанд ва бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шудаанд ва шахсоне, ки бо нишони «Сокини Ленингради дар мухосирабуда» мукофотонида шудаанд;

е) шахсоне, ки бо ордену медалхои Иттиходи ЧШС барои мехнати фидокорона ва хизмати бенуксони харби дар акибгох дар солхои Чанги Бузурги Ватани мукофотонида шудаанд;

ж) шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри со­ли 1945 дар хизмати харби, дар хизмати макомоти корхои дохили ва амнияти давлати на камтар аз шаш мох буданд (гайр аз шахсоне, ки дар хизмати армияи амалкунанда карор доштаанд);

з) шахсоне, ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани дар акибгох камаш шаш мох, ба истиснои вакти кор дар марзхои муваккатан истилошудаи ИЧШС, кор кардаанд;

и) собик махбусони ноболиги лагерхои консентратсиони, гетто ва дигар чойхои нигахдории мачбури, ки аз тарафи фашистон ва иттифокчиёни онхо дар давраи Чанги дуюми чахон сохта шуда буданд;

к) хамсари (шавхари) маъюбони вафоткардаи Чанги Бузурги Ватани ва маъюбоне, ки ба онхо баробар карда шудаанд, инчунин хамсари (шавхари) иштирокчиёни вафоткардаи чанг, партизанхо, пинхонкорон, шахрвандоне, ки дар давраи мухосираи шахри Ленинград дар муассисахо, корхонахо ва ташкилотхои шахр кор кардаанд ва бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ва нишони «Сокини Ленингради дар мухосирабуда» мукофотонида шуда, дар натичаи касалихои умуми, иллати (маъюбии) мехати ва дигар сабабхо хамчун маъюб эътироф шудаанд  (ба гайр аз шахсоне, ки дар натичаи амалхои гайриконуни маъюб шуда­анд),  ва никохи дигар  накардаанд.

Моддаи 16. Иштирокчиёни амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар

Чунин шахсон иштирокчиёни амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар шуморида мешаванд:

а) хизматчиёни харби, аз чумла ба эхтиёт (истеъфо) баромадагихо, ухдадорони харбие, ки ба чамъомадхои харби чалб шудаанд, шахсони хайати катори ва фармондехии макомоти корхои дохили ва амнияти давлати, кормандони макомоти мазкур ва Вазорати мудофиаи собик ИЧШС, ки дар асоси карори макомоти хокимияти давлатии ИЧШС ба дигар давлатхо фиристода шуда, хангоми ичрои вазифахои харбиашон (хизматиашон) дар ин давлатхо дар амалиётхои чанги иштирок кардаанд;

б) хизматчиёни харби, аз чумла ба эхтиёт (истеъфо) баромадагихо, шахсони хайати катори ва рохбарии макомоти корхои дохили ва амнияти давлати, чанговарон ва хайати фармондехии баталонхои киркунанда, взводхо ва отрядхои мухофизаи халк, ки хангоми ичрои супоришоти Чангии хукумати дар каламрави ИЧШС дар давраи аз 10 маи соли 1945 то 31 декабри соли 1951 ё даврахои дигар дар амалиёти чанги иш­тирок кардаанд;

в) хизматчиёни баталонхои автомобили, ки ба Афгонистон барои кашондани борхо дар давраи амалиёти чанги ба ин кишвар фиристода шудаанд;

г) хизматчиёни харбии хайати парвозкунанда, ки аз каламрвви Иттиходи ЧШС барои ичрои супоришхои Чанги ба Афгонистон парвоз кар­даанд;

д) кормандоне, ки (ба шумули аъзоёни экипажхои парвозкунандаи самолётхои авиатсияи граждани, ки дар давраи амалиёти чанги дар Афгонистон парвоз кардаанд) ба кисмхои харбии Куввахои Муссаллахи ИЧШС худуди давлатхои дигар хизмат расонида, маъюб шудаанд, садаме дидаанд, ё иллатнок гардидаанд, ё бо ордену медалхои ИЧШС мукофотонида шудаанд;

е) кормандоне, ки аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989 ба Афгонистон ба кор фиристода шуда, мухлати хизмати мукарраршударо адо намудаанд ё бо сабабхои узрнок пеш аз мухлат пас фиристода шу­даанд.

Моддаи 17. Маъюбони Чанги Бузурги Ватани ва маъюбони амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар

Чунин шахсон маъюбони Чанги Бузурги Ватани ва маъюбони амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар[1] шуморида мешаванд:

а) хизматчиёни харби, аз чумла ба эхтиёт (истеъфо) баромадагихо, (ба шумули тарбиягирандагони кисмхои харби ва юнгахо), ки хизмати харбиро адо намудаанд ё дар кисмхои харби, штабхо ва муассисахои шомили хайати армияи амалкунанда дохилшаванда муваккатан карор доштанд, партизанхо, пинхонкорон, коргарон ва хизматчиёне, ки дар натичаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории дар давраи Чанги граждани ва Чанги Бузурги Ватани, дар минтакахои рохи охани наздикии фронт, дар сохтмони иншоотхои мудофиави, базахои харбии бахри, аэродромхо гирифтор шудаашон маъюб гардидаанд ва онхое, ки аз чихати таъмини нафака ба хизматчиёни харбии кисмхои армияи амалкунанда баробар карда шудаанд;

б) хизматчиёни харбие, ки дар натичаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории хангоми хифзи Ватан ё хангоми ичрои вазифахои хизмати харби дар фронт, дар минтакахои амалиёти чанги маъюб шудаанд;

в) шахсони хайати катори ва рохбарии макомоти корхои дохили ва амнияти давлати, ки дар натичаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории хангоми ичрои вазифахои хизматиашон дар минткахои амалиёти чанги ба амаломада маъюб шудаанд;

г) хизматчиёни харби, шахсони хайати катори ва рохбарии макомоти корхои дохили ва амнияти давлати, чанговарон ва хайати фармондехии баталионхои киркунанда, взводхо ва отрядхои мухофизаи халк, ки дар натичаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории хангоми ичрои супоришхои Чангии хукумати дар каламрави ИЧШС дар давраи аз 1 янва­ри соли 1944 то 31 декабри соли 1951 ё даврахои дигар ба амаломада маъюб шудаанд;

д) шахсоне, ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани аз тарафи макомоти хокимияти махалли ба чамъоварии лавозимот ва техникаи харби, аз мина тоза кардани минтакахо ва объектхо чалб шуда, дар натичаи яра­доршави, садама, иллат ё бемории дар ин давра шудаашон маъюб шу­даанд;

е) кормандони ба кисмхои армияи амалкунанда дар каламрави давлатхои дигар хизматрасонанда, ки дар натичаи ярадоршави, садама, ил­лат ё бемории дар давраи амалиёти чанги дар ин давлатхо мубталогаштаашон маъюб шудаанд.

Моддаи 18. Макомоте, ки фехристи кисмхои ба хайати армияи амалкунанд дохилшаванда, фехристи давлатхоеро, ки дар онхо амалиёти харби бо иштироки шахрвандони Чумхурии Точикистон бурда шуда­анд, муайян мекунанд ва шахрвандонро ба категорияи ветеранхо дохил менамоянд.

Фехристи кисмхои харби, ки ба хайати армияи амалкунанда дохил буданд, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Фехристи давлатхо, шахрхо, минтакахо ва даврахои амалиёти чанги, ки бо иштироки шахрвандони Чумхурии Точикистон бурда шудаанд, инчунин ба чумлаи ветеранхои Чанги Бузурги Ватани ва ветеранхои ама­лиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар дохил намудани дигар категорияхои шахрвандон аз тарафи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи19. Ветеранхои хизмати харби

Хизматчиёни харбии Куввахои Мусаллахи Иттифоки ЧШС, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, кушунхои сархади, кушунхои дохили ва дигар вохидхои харбии мувофики Конун ташкилшуда, инчунин хизматчиёни харбии вазоратхо ва идорахое, ки дар онхо хизмати харби пешбини шудааст, дар сурати мавчудияти яке аз асосхои зайл ветеранхои хизмати харби хисоб карда шудаанд:

25 соли таквимии собикаи хизмат ва беш аз он;

чавоб шудан аз хизмати харби бинобар вазъи саломати (аз руи маъюби);

чавоб шудан аз хизмати харби бинобар ихтисор шудани штатхо дар сурати мавчудияти 20 соли таквимии собикаи хизмат ва беш аз он;

дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо орденхою медалхои ИЧШС ва Чумхурии Точикистон, мукофотонида шудан бо се дарачаи нишонхои хизмати шоистаи идорави;

тартиб ва шарту шароити додани унвони «Ветерани хизмати харби» аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 20. Ветеранхои макомоти хифзи хукук

Ветеранхои макомоти хифзи хукук он шахсоне мебошанд, ки дар вазифаи катори ё дар хайати рохбари (аз руи аттестатсия) дар макомоти корхои дохили, макомоти гумрук ва макомоти прокуратура хизмат мекунанд, судяхои собик Иттиходи ЧШС ва Чумхурии Точикистон, инчунин судяхои Суди иктисодии Иттиходи давлатхои мустакил, ки дорои яке аз асосхои зайл хастанд:

25 соли таквимии собикаи хизмат ва беш аз он;

чавоб шудан аз вазифа (хизмат) бинобар вазъи саломати (аз руи маъюби);

чавоб шудан аз вазифа (хизмат) бинобар ихтисори штатхо дар су­рати мавчудияти 20 соли таквимии собикаи хизмат ва беш аз он;

дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо ордену медалхои ИЧШС ва Чумхурии Точикистон, мукофотонида шудан бо се да­рачаи нишонхои хизмати шоистаи идорави;

тартиб ва шарту шароити додани унвони «Ветерани хизмати харби» аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 21. Ветерани мехнат

Ветеранхои мехнат шахсоне мебошанд, ки дар корхонахо, муассисахо, ташкилотхо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хочагидори дар давоми на камтар аз 25 соли таквими (барои мардхо) ва 20 соли таквими (барои занхо) кор карда, яке аз асосхои зеринро доранд:

дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо ордену медалхои Иттиходи ЧШС ё Чумхурии Точикистон;

мукофотонида шудан бо се дарачаи нишонхои хизмати шоистаи идорави;

барои хизматхои шоистаашон нафака мегиранд.

Тартиб ва шарту шароити додани унвони «Ветерани мехнат» аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 22. Статути унвони «Кахрамони Чумхурии Точикистон», орденхо, медалхо ва унвонхои фахрии Чумхурии Точикистон

Статути унвони «Кахрамони Чумхурии Точикистон», орденхо, медалхо ва унвонхои фахрии Чумхурии Точикистон бо санадхои конунгузории ЧумхурииТочикистон муайян карда мешавад.

Ветеранхое, ки ба мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфароз гардидаанд, аз дигар хукуку кафолатхо ва чубронот, ки тавассути Статути мукофотхои мазкур мувофики конун мукаррар карда шудаанд, истифода бурда метавонанд.

Моддаи 23. Нишони сарисинаги ва шаходатномаи ветеран

Нишонхои сарисинагии ветеранхое, ки дар моддаи 12-уми ин Конун зикр шудаанд, мукофоти давлати буда, аз номи Президенти ЧумхурииТочикистон тавассути макомоти (шахсони) ба он вазифадор кардашуда супурда мешаванд.

Статути нишони сарисинаги тафассути Конун муайян карда мешавад ва тавсифи он аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда меша­вад.

Хукук, кафолатхо ва чуброноти давлатии ветеранхо хангоми аз та­рафи онхо нишон додани шаходатномахои намунаашон якхелае, ки Шурои Вазирони ИЧШС то 31 декабри соли 1991 ё Хукумати ЧумхурииТочикистон барои хар як категорияи ветеранхо мукаррар кардааст,  татбик мешавад.

Моддаи 24. Тадбирхои умумии хифзи хукуки ва ичтимоии ветеранхо

Ба шахсоне, ки дар асоси хамин Конун ветеран дониста шудаанд, афзалиятхои зайл дода мешавад:

1) хукуки афзалиятнок барои муоличаи бепул дар муассисахои тиббии статсионари ва амбулатории давлати;

2) муоинаи харсолаи диспансери дар муассисахои тиббии давлати;

3) хангоми ба нафака баромадан бепул истифода бурдан аз поликлиникахое, ки дар онхо ба кайд гирифта шуда буданд (аз чумла поликлиникахои тобеи идори);

4) дар навбати аввал аз чои кор таъмин карда шудан, барои бекорон бошад, – аз тарафи макоми таъинкунандаи нафака дар махалли истикомат ё аз тарафи макоми таъинкунандаи нафака таъмин намудани роххатхо барои истирохат дар шифохонахо, профилакторияхо ва истирохатгоххо;

5) афзалият барои табобати санаторию курорти дар вакти муносиб (аз руи коидахои банди 9-уми хамин модда);

6) бемузд омухтани касбхои нав дар махалли кор дар курсхои такмили ихтисос дар системаи давлатии тайёр  кардани кадрхо ва такмил додани ихтисоси онхо бо пардохти музди мехнат аз чои кор дар тамоми давраи тахсил;

7) дар мавриди мувофик истифода бурдани рухсатии мехнатии хар­солаи пулаки ва гирифтани рухсатии иловагии бепул;

8) афзалият хангоми таъини нафака, пардохти ёрдампули, ки конунгузори мукаррар кардааст;

9) афзалият хангоми кабул шудан ба хона-интернатхо барои пиронсолону маъюбон, марказхои минтакавии хизматрасонии ичтимоии нафакахурон ва шуъбаи расонидани ёрии ичтимои дар хона (бенавбат факат ба ветеранхои Чанги Бузурги Ватани ва амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар, ба категорияи бокимондаи ветеранхо – дар навбати аввал);

10) афзалият дар истифодаи тамоми навъхои хидмати алока, муассисахои мадани-равшаннамои ва варзишию тандурусти, харидани билет ба тамоми, навъхои наклиёт (аз руи коидахои банди 9-уми хамин модда);

11) афзалият хангоми кабул шудан ба муассисахои давлатии маълумоти оли ва миёнаи касби;

12) афзалият хангоми дохил шудан ба кооперативхои манзили, сохтмони манзил, гараж, кооперативхои бустонсаройсози, ширкатхои богпарварию обчакори, хангоми гирифтани китъахои замин (дар худуди меъёре, ки конунгузори мукаррар кардааст) барои сохтмони хонахои хусуси, хочагихои богдорию обчакори (аз руи коидахои банди 9-уми хамин модда);

13) афзалият дар гирифтани карз аз муассисахои бонки давлати барои харидани (сохтани) хона, манзили истикоматии шахси, богсарой, ободонии китъаи боги ва таъмири асосии манзилхои ба онхо тааллукдошта (аз руи коидахои банди 9-уми хамин модда);

14) бепул шахси кунонидани манзили ишголкардаи истикомати дар хонахои фонди давлати, мунисипали ва идорахо (аз руи коидахои бан­ди 9-уми хамин модда);

15) ба хисоби собикаи мехнат (собикаи хизмат) дохил кунонидани факти иштирок дар амалиётхои чанги дар хачми секарата (як сол ба хисоби се сол).

 

ФАСЛИ IV.

ХУКУК ВА КАФОЛАТУ ЧУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ВЕТЕРАНХОИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ

Моддаи 25. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии ветеранхои Чанги Бузурги Ватани

Ветеранхои чанг (моддаи 14-ум) гайр аз тадбирхои хифзи хукуки ва ичтимои, ки дар моддаи 24-уми хамин Конун пешбини шудаанд, аз хукук ва кафолату чуброноти давлатии зерин истифода менамоянд:

а) умрбод аз пардохтхои зерин озод карда мешаванд;

1) аз пардохти хакки манзили ишголнамудаи истикомати. Зимнан то 15 метри мураббаъ аз масохати иловагии истикомати ба андозан яккарата пардохта мешавад;

2) аз пардохти хакки хидмати посбонии гайриидорави, хадамоти коммунали (новобаста аз фонди манзили) (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии), ва барои онхое, ки дар хонахои оби гарме надошта зиндаги мекунанд, аз пардохти пули сузишвори дар худуди меъёри фуруши барои ахоли мукарраршуда ва хизматгузории наклиёти барои расонидани ин сузишвори;

3) аз пардохти хизмати алока;

4) барои гирифтани китъахои замин дар он хачме, ки конунгузори барои сохтани хонаи шахси, богчахо, гараж, хочагии богдорию полези, чорво мукаррар кардааст;

5) аз фоизи карзи яккаратаи муассисахои бонки давлати барои ха­ридани (сохтани) хона, бинои шахси, богсаро, ободонии китъаи замини бог, ташкили хочагии ёрирасон ё дехкони;

6) аз дорупули аз руи нусхаи духтурон дар худуди меъёрхое, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;

7) аз хакки сохтану тармим кардани дандонхои сунъи (ба истиснои дандонхои сунъие, ки аз металлхои киматбахо сохта шудаанд) инчунин барои таъмин кардан бо навъхои дигари ёрии протезию-ортопеди (ба истиснои онхое, ки аз металлхои киматбахо сохта шудаанд);

8) аз пули путёвкахо барои табобати санаторию курорти (ба шарте, ки онхо барои корнамоихои чанги бо ду ва зиёда аз он орденхои ИЧШС ва ЧумхурииТочикистон мукофотонида шуда бошанд);

9) аз рохкирои хамаи навъхои наклиёти мусофирбари шахри ва наздишахри (ба гайр аз такси) ва дар наклиёти автомобилии истифодаи умуми, (ба истиснои такси) дар дехот дар худуди нохияи маъмурии чои истикомат, хамчунин дар наклиёти рохи охани наздишахри ва автобусхои хатти харакати наздишахри;

10) аз рохкиро як бор дар ду сол хангоми рафтуомад дар наклиёти рохи охан, хавои ё автомобили ё ин ки мувофики хохиши у дар як сол як бор сафар (рафтуомад) кардан бо нархи 50 фоиз арзоншуда бо навъхои наклиёти дар боло номбурда;

б) гайр аз ин хукуки зерин дода мешавад:

1) дар навбати аввал (барои маъюбон бенавбат) аз чои кор, бо нар­хи арзон ва барои касоне, ки кор намекунанд, аз хисоби макоми дахлдори таъминоти нафака гирифтани путёвка барои табобати санаторию курорти;

2) дар навбати аввал шахсони барои бехбуди шароити манзили мухточ, (маъюбони гурухи 1 ва 2 бенавбат) аз хисоби фондхои манзилии давлати, мунисипали ё идорави бепул бо манзили истикомати таъмин мешаванд (кучондани онхо аз манзили истикоматии хизмати бе додани ман­зили истикоматии дигар манъ аст);

3) бенавбат гузаронидани телефони хона, зимнан барои инвалидони чанг бепул;

4) берун аз конкурс кабул кардан ба муассисахои таълими давлатии маълумоти оли ва миёнаи касби ва дар давраи тахсил дар ин муассисахо гирифтани стипендияи зиёдтаре, ки Хукумати ЧумхурииТочикистон мукаррар кардааст;

5) аз чои кор гирифтани рухсатии иловагии бепул ба мухлати се хафта (маъюбони чанг то чор хафта);

6) дар навбати аввал (барои маъюбони чанг бенавбат) таъмир намудани манзили истикомати;

7) гирифтани ёрдампули барои корношоямии муваккати дар натичаи бемории умуми то се мох паи хам ё то чор мох, паи хам дар як со­ли таквими (маъюбони чанг мувофикан чор ва панч мох);

8) гирифтани ёрдампули барои корношоямии муваккати дар хачми 100 фоиз, новобаста аз собикаи мехнати;

9) дар навбати аввал таъмин шудан бо сузишвори.

Ба иштирокчиёни чанг, ки дар натичаи беморихои умуми, иллати мехнати ва дигар сабабхо (ба истиснои шахсоне, ки маъюбиашон дар натичаи аъмоли гайриконуни ба амал омадааст) маъюб шудаанд, хукуку кафолатхо ва чуброноти маъюбони чанг, мувофики гурухи мукаррашудаи маъюби, бидуни ташхиси иловагии экспертии тибби дода ме­шавад.

Моддаи 26. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии маъюбони чанг

Ба маъюбони чанг (моддаи 17) илова бар тадбирхои химояи хукукиву ичтимоии дар моддаи 24-25-уми хамин Конун пешбинишуда хукукхои зерин дода мешаванд:

1) бенавбат дар муассисахои давлатии табобатии статсионари хобидан (бархам додани шифохонаи маъюбони чанг мумкин нест);

2) ба онхо мутобики хохишашон ба чои путёвка, барои табобати санаторияву курорти дар ду сол як бор додани чубронпули аз руи тартибу андозае, ки Хукумати ЧумхурииТочикистон муайян мекунад;

3) гирифтани варакаи бемори (ба маъюбони гурухи 1-2) дар сурати нокифоя будани рухсатии навбати ва иловаги барои табобат ва рафтуомади курорт барои чанд рузе, ки лозим бошад. Зимнан ёрдампули, сарфи назар аз он ки путёвка аз хисоби ки дода шудааст, пардохта мешавад;

4) бенавбат гирифтани масолехи сохтмони барои сохтмони манзили шахси ва таъмири асосии хонае, ки дар он истикомат мекунанд;

5) таъмири асосии хонахои хусуси аз хисоби бучети махалли ба тартибе, ки Хукумати ЧумхурииТочикистон муайян кардааст;

6) бепул сафар кардан, аз чумла барои шахсе, ки маъюби гурухи 1-умро хамрохи мекунад, дар тамоми навъхои наклиёти шахрии мусофиркаш (ба гайр аз такси) ва дар наклиёти автомобилии истифодаи умуми (ба гайр аз такси) дар дехот дар худуди нохияи маъмурии чои истикомат, инчунин харакати наздишахри;

7) дар як сол як бор бепул сафар кардан (рафтану омадан) тавассути наклиёти рохи охан, наклиёти хавои ё автомобилии байнишахри. Ба шахсе, ки маъюби гурухи 1-умро дар сафар хамрохи мекунад (на зиёдтар аз як хамрохикунанда) нархи рахкирои навъхои номбаршудаи наклиёт 50 фоиз арзон карда мешавад. Зимнан, маъюбони гурухи 3-юм-дар як сол як бор аз рохкирои 50 фоиз арзоншудаи (рафтану омадан) бо наклиёти рохи охан, хавои ва наклиёти автомобилии байнишахри истифода мебаранд;

Ба маъюбони Чанги Бузурги Ватани аз руи тартибу мухлате, ки Хукумати ЧумхурииТочикистон муайян кардааст, бо пешниходи муоинаи тибби бепул (бидуни хукуки фурухтан) автомобили сабукрави дасти идорашаванда ба муддати хафт сол ё ин ки мотоколяска ба муддати исти­фодаи панчсола дода шуда, харочоти хариди бензин, кисмхои эхтиёти, инчунин харочоти тармиму хизматрасонии техникиашон пардохта меша­вад. Зимнан ба маъюбоне, ки аз руи муоинаи тибби барои бепул мошин ё мотоколяска гирифтан хукук доранду онро нагирифтаанд, хар сол чубронпулии харочот барои истифодаи наклиёт пардохта мешавад.

Моддаи 27. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии ветеранхои амалиётхои чанги дар каламрави давлатхои дигар

Ветеранхои амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар ба гайр аз тадбирхои хифзи хукуки ва ичтимои, ки дар моддаи 24-уми хамин Конун пешбини шудаанд, аз кафолату чуброноти зерин истифода мебаранд:

а) кафолату чуброноти дар моддаи 25-уми хамин Конун зикршуда. ба истиснои зербандхои 2), 3, 4)-ум ва 10-уми банди «а» ва зербандхои 3, 7-уми банди «б» – шахсоне, ки дар сарсатрхои «а», «б», «в»-и моддаи 16-уми хамин Конун зикр шудаанд, истифода мебаранд. 3имнан категорияи шахсони мазкур хизмати коммунали (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии), пули хизмати алокаро 50 фоиз кам месупоранд, барояшон бенавбат телефони хона гузаронида мешавад. Бар замми он, категорияи шахсони номбаршуда, ки садама дидаанд ва ярадору иллатнок шудаанд, хак доранд дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар наклиёти рохи охан, хавои ё наклиёти автомобилии байнишахри бепул сафар кунанд, ё бо хохиши худ дар як сол як бор дар наклиёти зикршуда бо пардохтани 50 фоизи хаки рохкиро сафар кунанд; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №594).

б) дар моддаи 25-уми ин Конун зикршуда ба истиснои зербандхои 1), 2), 3), 4)-ум ва 10-уми банди «а» ва зербандхои 3, 7, 9-уми банди «б» онхое, ки дар сарсатрхои «г» ва «д»-и моддаи 16-уми хамин Конун зикр шудаанд; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №594).

в) дар моддаи 25-уми хамин Конун зикршуда, ба истиснои зербандхои 1), 2), 3), 4), 6), 7), 8)  ва 10-уми банди «а» ва зербандхои 2, 3, 6, 7, 8-уми банди «б» – онхое ки дар сарсатри «е»-и моддаи 16-уми хамин Конун зикр шудаанд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №594).

Моддаи 28. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии коркунони ташкилотхои махсуси Комиссариатхои халки ва идорахои собик ИЧШС

Коркунони ташкилотхои махсуси Комиссариати халкии роххо, Комиссариати халкии алока, хайати шинокунандагони киштихои шикори ва боркашон ва хайати парвозу боркашонии Комиссариати халкии саноати мохии собик ИЧШС, флотхои бахрию дарёи, хайати парвозкунандагону боркашонии авиатсияи Саридораи роххои Бахри Шимоли (Главсевморпуть), ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани ба холати шахсони ба хайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот супоришхоро дар худуди сархадхои акибгохии фронтхои амалкунанда, минтакахои оперативии флотхо ичро менамуданд, аъзоёни экипажхои киштихои флоти боркашон, ки дар аввалхои Чанги Бузурги Ватани дар бандархои дигар давлатхо боздошта шудаанд, хамчунин шахсони дар сарсатрхои «в» ва «г»-и моддаи 15-уми хамин Конун зикршуда илова бар тадбирхои хифзи ичтимои, ки дар моддаи 24-уми хамин Конун пешбини шудаанд, аз хукук ва кафолату чуброноти зерини давлати истифода мебаранд:

1) гирифтани карзи бефоизи яккарата аз муассисахои бонки давлати барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истикомати, богсаро ва ободонии китъаи замини боги;

2) бепул гирифтани китъахои замин дар хачме, ки конунгузори ба­рои сохтмони манзили истикомати, хочагии богдорию полизи ва дехкони муайян кардаанд;

3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;

4) аз руи нусхахои духтурон бепул гирифтани дорухо дар худуди меъёре, ки Хукумати ЧумхурииТочикистон мукаррар кардааст ва бепул ва дар навбати аввал сохтану таъмир кардани дандонхои сунъи (ба ис­тиснои дандонхои сунъие, ки аз металлхои киматбахо сохта мешаванд) дар дармонгоххои махалли истикомат;

5) гирифтани рухсатии иловагии бепул соле ба муддати то сехаф­та;

6) бепул сафар кардан бо тамоми навъхои наклиёти мусофиркаши шахр ва наклиёти мусофиркаши наздишахри (ба гайр аз такси) ва наклиёти автомобилии истифодаи умуми (ба гайр аз такси) дар дехот дар худуди нохияи маъмурии чои истикомат, инчунии дар наклиёти рохи охани наздишахри ва автобусхои хати харакати наздишахри;

7) озод будан аз пардохти хонапули, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии) ва хизмати алока.

Моддаи 29. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии шахрвандоне, ки дар давраи мухосираи шахри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои шахр кор карда, бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Ба сокини Ленингради дар мухосирабуда» мукофотонида шудаанд

Шахрвандоне, ки дар давраи мухосираи шахри Ленинград (аз 8 сен­тябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои шахр кор карда, бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Ба сокини Ленингради дар мухосирабуда» мукофотонида шудаанд, илова бар тадбирхои хифзи хукуки ва ичтимои, ки дар моддаи 24-уми хамин Конун пешбини шудаанд, аз хукук ва кафолату чуброноти зерини давлати истифода мебаранд:

1) гирифтани карзи бефоизи яккарата аз муассисахои бонки дав­лати барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истикомати, хочагии богдори ё дехкони;

2) дар навбати аввал бепул ва бенавбат гирифтани манзили истикомати дар хонахои мансуби фонди манзилии давлати, мунисипали ва идорави барои шахсоне, ки мухточи бехтар кардани шароити манзили мебошанд, дар навбати аввал таъмир намудани манзилхои истикоматии онхо;

3) бенавбат гузаронидани телефони хона;

4) бепул гирифтани китъахои замин дар хачме, ки конунгузори ба­рои сохтмони манзили истикоматии шахси, хочагии богдорию полизи муайян кардааст;

5) бепул гирифтани дорухо аз руи нусхаи духтурон дар худуди меъёре ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;

6) бепул сохтану таъмир кардани дандонхои сунъи (ба истиснои дандонхои сунъие, ки аз металлхои киматбахо сохта шудаанд), ва таъмин намудан бо дигар навъхои дандонхои сунъи ва маснуоти ортопеди;

7) гирифтани рухсатии иловагии бепул ба мухлати то се хафта дар як сол;

8) аз чои кор таъмин шудан бо роххат ба шифохонахо, дармонгоххо, хонахои истирохат бо нархи арзон ва касони корнакунанда аз тарафи макомоти нафака бо роххатхои бепул таъмин карда мешаванд;

9) бепул таъмин шудан бо роххатхо аз руи муоинаи тибби барои табобати санаторию курорти дар давраи аз октябр то апрел;

10) бепул сафар кардан дар тамоми навъхои наклиёти мусофиркаши шахри ва наздишахри (ба гайр аз такси) ва наклиёти автомобилии истифодаи умуми (гайр аз такси) дар дехот дар худуди нохияи маъмурии чои истикомат, инчунин дар наклиёти рохи охани байнишахри ва автобусхои хати харакати наздишахри;

11) бепул сафар кардан дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар наклиёти рохи охан, хавои ё наклиёти автомобилии байнишахри ё ин ки дар як сол як бор сафар кардан ба навъхои наклиёти номбаршуда бо 50 фоиз кам кардани рохкиро;

12) озод будан аз пардохти хонапули. Зимнан пули масохати илова­гии манзили истикомати (то 15 метри мураббаъ) дар хачми яккарата пардохта мешавад;

13) озод будан аз паддохти музди хизмати посбонии гайриидорави, хизмати коммунали ва хизмати алока. Зимнан шахсоне, ки хонахояшон маркази гармидиханда надорад, – аз пардохти пули сузишвори, ки дар худуди меъёрхои барои фуруш ба ахоли мукаррар карда шудаанд ва хизмати наклиёти барои овардани ин сузишвори.

Моддаи 30. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии шахсоне, ки солхои Чанги Бузурги Ватани дар объектхои харбии худуди сархади акибгохии фронтхои амалкунанда кор мекарданд

Шахсоне, ки дар объектхои мудофиаи зиддихавои, мудофиаи зиддихавоии махалли, сохтмони иншоотхои мудофиави, базахои бахри, аэродромхо ва дигар объектхои харбии худуди сархади акибгохии фронтхои амалкунанда, дар минтакахои наздифронтии рохи охан ва автомобилгард, дар шифохонахои сайёр (эвакуасиони), ва поездхои санитари дар давраи Чанги Бузурги Ватани кор кардаанд, илова бар тадбирхои хифзи хукуки ва ичтимои, ки моддаи 21-уми хамим Конун пешбини намудааст аз хукук ва кафолату чуброноти давлатии зерин истифода мебаранд:

1) гирифтани карзи яккаратаи бефоизи муассисахои бонки давлати барои харидани (сохтани) хонаи истикоматии хусуси, богсарой ва ободонии китъаи замини бог аз руи тартиб ва хачме, ки конунгузори мукаррар кардааст;

2) бепул гирифтани китъахои замин дар хачме, ки конунгузори ба­рои сохтмони манзили хусуси ва ташкили хочагии дехкони муайян кардааст;

3) 50 фоиз кам кардани нархи дорухои аз руи нусхаи духтурон гирифташаванда дар худуди меъёрхое, ки Хукумати ЧумхурииТочикистон мукаррар кардааст;

4) гирифтани рухсатии иловагии бепул ба мухлати то се хафта дар як сол;

5) бепул сафар кардан дар тамоми навъхои наклиёти мусофиркаши шахри ва наклиёти мусофиркаши наздишахри (ба гайр аз такси) ва наклиёти автомобилии истифодаи умуми дар дехот (ба гайр аз такси) дар худуди нохияи маъмурии чои истикомати, инчунин дар наклиёти рохи охани наздишахри ва автобусхои хатти харакати наздишахри;

6) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии), пар­дохти пули хизмати алока;

7) касонеро, ки дар натичаи бемории умуми маъюби гурухи I ва II шудаанд, аз манзили хизматии ишголкардаашон бидуни барояшон беподош додани икоматгохи дигар хорич намудан мумкин нест.

Моддаи 31. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз шаш мох дар хизмати харби, хизмати макомоти корхои дохили ва амнияти давлати будаанд (ба гайр аз шахсони дар хайати армияи амалкунанда буда ё барои хизмати бенуксони харбии солхои Чанги Бузурги Ватани дар акибгох бо ордену медалхои ИЧШС мукофотнидашуда)

Шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 камаш 6 мох дар хизмати харби, хизмати макомоти корхои дохили ва амнияти давлати будаанд (гайр аз шахсони дар хайати армияи амалкунанда бу­да ё, барои хизмати бенуксони харби дар акибгох, солхои Чанги Бузурги Ватани бо ордену медалхои ИЧШС мукофотонида шудаанд), ба гайр аз тадбирхои химояи хукукию ичтимои, ки моддаи 24-уми хамин Конун пешбини кардааст, аз хукук ва кафолату чуброноти зайли давлати истифода мебаранд:

1) гирифтани кредитхои якдафъагии бефоизи муассисахои бонки давлати барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истикоматии шахси, богсарой, ободонии китъаи замини бог, ташкили хочагии ёрирасон ва дехкони ба тартибе, ки конунгузори мукаррар кардааст;

2) маъюбони гуруххои I ва II аз хонахои хизмати, ки дар он зиндаги мекунанд, бе додани дигар манзили бепул кучонда шуда наметавонанд;

3) гирифтани рухсатии иловагии бепул ба мухлати то се хафта дар як сол;

4) рафтуои бепул дар хамаи навъхои наклиёти мусофиркаши шахри (гайр аз такси), инчунин 50 фоиз кам кардани музди рафту омад бо наклиёти мусофиркаши наздишахри ва наклиёти автомобилии истифодаи умуми дар дехот дар худуди нохияи маъмурии чои истикомат.

Моддаи 32. Хукуку кафолатхо ва чуброноти шахсоне, ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани на камтар аз шаш мох дар акибгох кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар махалхои муваккатан истилошудаи ИЧШС, ё барои мехнати фидокоронаи солхои Чанги Бузурги Ватани дар акибгох бо ордену медалхо мукофотонида шудаанд

Шахсоне, ки дар давраи Чанги Бузурги Ватани камаш  шаш мох дар акибгох кор кардаанд, ба истиснои замони кор кардан дар махалхои муваккатан истилошудаи ИЧШС ё барои мехнати фидокоронаи солхои Чанги Бузурги Ватани дар акибгох бо ордену медалхои ИЧШС мукофотонида шудаанд, бар замми тадбирхои химояи хукукию ичтимоии дар моддаи 24 Конуни мазкур пешбинишуда аз хукук ва кафолату чуброноти давлатии дар моддахои 25, 26 ва банди 2 моддаи 31 Конуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №594).

 

Моддаи 33. Хукук ва кафолату чуброноти собик асирони ноболиги конслагерхои фашисти

Асирони собик ноболиги лагерхои консентратсиони, гетто ва дигар чойхои нигохдории мачбури, ки фашистон ва иттифокчиёни онхо дар давраи Чанги Бузурги Ватани ташкил карда буданд, бар замми химояи хукуки ва ичтимоии дар моддаи 24-уми хамин Конун пешбинишуда, аз хукук ва кафолату чуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:

1) гирифтани карзи бефоиз аз муассисахои бонки давлати барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истикоматии шахси, богсарой, ободонии китъаи бог, ташкили хочагии ёрирасон ё дехкони ба тартибе, ки конунгузори мукаррар кардааст;

2) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии) ва хиз­мати алока, касоне, ки дар хонахои маркази гармидиханда надошта сукунат доранд, аз пули сузишвори дар худуди меъёрхое, ки барои фуруш ба ахоли мукаррар шудааст;

3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;

4) 50 фоиз кам кардани пардохти пули дорухои аз руи нусхаи (ресепти) духтур харидашаванда дар худуди меъёрхое, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, хамчунин пардохти пули сохтан ва таъмир кардани протезхои дандон (ба истиснои протезхо аз маъданхои киматбахо) ва дигар ёрии протезию ортопеди аз руи нишондоди тибби;

5) гирифтани рухсатии бепул ба муддати то се хафта дар як сол;

6) соле як маротиба 50 фоиз кам кардани нархи рафтуомад дар наклиёти рохи охан, наклиёти хавои ё наклиёти автомобилии байнишахри ва ё бо хохиши худ дар ду сол як маротиба дар наклиёти фавкуззикр бепул рафтуомад кардан;

7) бепул рафтуомад кардан дар тамоми навъхои наклиёти мусофиркаши шахри ва наклиёти мусофиркаши наздишахри (ба гайр аз такси) ва наклиёти автомобилии истифодаи умуми (ба гайр аз такси) дар дехот дар худуди нохияи маъмурии чои истикомат, инчунин дар наклиёти рохи охани наздишахри ва автобусхои хатти харакати наздишахри.

ФАСЛИ V.

ХУКУК ВА КАФОЛАТУ ЧУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНЕ, КИ БАРОИ ХИЗМАТХОИ ШОЁН БО ОРДЕНУ МЕДАЛХО МУКОФОТОНИДА ШУДААНД

Моддаи 34. Хукук ва кафолату чуброноти Кахрамонхои Иттиходи Шурави ва ашхоси бо се дарачаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда

Кахрамонхои Иттиходи Шурави ва ашхоси бо се дарачаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда илова ба тадбирхои химояи хукуки ва ичтимоие, ки дар моддаи 24, зербандхои  2), 3), 4), 5), 6), 7), 9-уми банди «а» ва зербандхои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9-уми банди «б»-и моддаи 25, сарсатрхои 1, 3, 4, 5-уми кисми якуми моддаи 26-уми хамин Конун пешбини шудаанд, аз хукук ва кафолату чуброноти давлатии зайл истифода мебаранд; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №594).

1) таъини нафака барои хизматхои шоён;

2) соле як маротиба рафтуомади бепул бо наклиёти рохи охан (вагони купейдор), наклиёти хавои ё автомобилии байнишахри;

           3) соле як маротиба аз чои кор ва барои шахсоне, ки кор намекунанд, аз чониби макомоти нафака таъмин шудан бо путёвкаи бепул ба­рои муоличаи санаторию курорти мутобики хулосаи муассисаи тибби;

4) додани масохати иловагии истикомат дар бинохои фонди манзили давлати, мунисипали ё идорави то 20 метри мураббаъ.

Бо карори макомоти махаллии хокимияти ичроияи чои таваллуди Кахрамони Иттиходи Шурави ва шахси бо се дарачаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда хотираи онхо бо гузоштани номашон ба кучаю майдонхо, гулгаштхо, мактабу махалхои ахолинишин, объектхои физикию географи ё бо тадбирхои дигари дар конунгузори пешбинигардида абади гардонида мешавад.

Моддаи 35. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии Кахрамонхои Мехнати Сотсиалисти ва ашхоси бо се дарачаи ордени «Шарафи Мехнати» мукофотонидашуда

Кахрамонхои Мехнати Сотсиалисти ва ашхоси бо се дарачаи ордени «Шарафи Мехнати» мукофотонидашуда илова ба химояи хукукию ичтимоие, ки дар моддаи 24, зербандхои 1), 2), 3), 4), 5), 6), 9-ми банди «а», зербандхои 2, 3, 4, 5, 8-уми банди «б»-и моддаи 25, сарсатрхои 1, 3, 4, 5-уми кисми якуми моддаи 26 ва бандхои 1), 2), 3)-уми кисми якуми мод­даи 34-уми хамин Конун пешбини шудааст, ба бепул гирифтани масохати иловагии манзили истикомати то 15 метри мураббаъ хак доранд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №594).

Моддаи 36. Хукук ва кафолату чуброноти шахсоне, ки бо се дарачаи ордени «Барои хизмати Ватан дар Куввахои Мусаллахи ИЧШС» мукофотонда шудаанд

Шахсони бо се дарачаи ордени «Барои хизмати Ватан дар Куввахои Мусаллахи ИЧШС» мукофотонидашуда бар замми тадбирхои химояи хукуки ва ичтимоии дар моддаи 24, зербандхои 1), 2), 5), 9)-уми банди «а»», зербандхои 2, 4, 5, 7-уми банди «б»-и моддаи 25, банди 3-уми кисми якуми моддаи 34-уми хамин Конун пешбинишуда хак доранд, ки соле як маротиба бо наклиёти рохи охан (вагони купейдор) бепул рафту омад кунанд ва харочоти хизмати комуналиро дар хачми 50 фоиз кам мепардозанд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №594).

ФАСЛИ VI.

ХУКУК ВА КАФОЛАТУ ЧУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ВЕТЕРАНХОИ ХИЗМАТИ ХАРБИ, МЕХНАТ ВА МАКОМОТИ ХИФЗИ ХУКУК ВЕТЕРАНХО – ШАХРВАНДОНИ ДАВЛАТХОИ ДИГАР

Моддаи 37. Хукук ва кафолату чуброноти ветеранхои хизмати харби

Ветеранхои хизмати харби (моддаи 19) бар замми тадбирхои химояи хукукию ичтимоие, ки дар моддаи 24-уми хамин Конун ва санадхои конунгузории ЧумхурииТочикистон дар бораи статуси хизматчиёни харбе пешбини шудааст, аз хукук ва кафолату чуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:

           1) дар навбати аввал таъмин шудан бо манзили бепул дар иморатхои фонди манзилии давлати, мунисипали ва идорави. Зимнан аз манзил хорич кардани хизматчиёни харбии аз хизмати харби чавобшуда бидуни барояшон додани манзили дигар манъ аст;

2) гирифтани масохати иловагии истикомати то 9 метри мураббаъ (барои хайати афсарони олирутба);

3) 50 фоиз кам кардани пули пардохти манзил ва хизмати коммунали (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии);

4) таъмини муоличаи санитарию курорти аз хисоби Вазорати мудофиаи ЧумхурииТочикистон. Дар ин сурат шахсоне, ки аз Вазорати мудофиаи ЧумхурииТочикистон роххат мегиранд, як хиссаи арзиши роххатро мувофики тартиб ва андозаи мукарраркардаи конун мепардозанд;

5) озод намудан аз пардохти пули рафтуомад дар хамаи навъхои наклиёти мусофиркаши шахри ва наздишахри (ба истиснои такси) ва наклиёти автомобилии истифодаи умуми (гайр аз такси) дар дехот.

Ба ветеранхои дорои унвони генерал хангоми фиристода шуданашон барои хизматрасонии тибби ва муоличаи санаторию курорти ба муассисахои тиббии харби, санаторияву истирохатгоххо мутобики путёвкахое, ки муассисахои тиббии харби медиханд, хукук дода мешавад, ки дар асоси хулосаи муассисахои марбутаи тиббии харбии Вазорати мудофиаи ЧумхурииТочикистон аз хисоби маблаги идораи дахлдор барои муоличаи статсионари рафта оянд.

Моддаи 38. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии ветеранхои макомоти хифзи хукук

Ветеранхои макомоти хифзи хукук бар замми тадбирхои химояи хукукии ичтимоие, ки дар моддаи 24-уми хамин Конун, санадхои конунгузори оид ба статуси шахсони хайати катори ва рахбарии макомоти корхои дохили, шахсони дорои унвони махсуси макомоти гумрук, судяхо ва кормандони прокурорию тафтишотии макомоти прокуратура аз хукук ва кафолату чуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:

1) таъин кардани нафака, пардохтани замимапули ва иловапули ба нафака мутобики Конун «Дар бораи таъмини нафакаи хизматчиёни харби»;

2) хисоб кардани вакти хизмат (собикаи хизмат)  ба собикаи мехнат (як бар як);

3) озод кардан аз пардохти пули рафтуомад дар тамоми навъхои наклиёти мусофиркаши шахри ва наздишахри (ба гайр аз такси) ва дар наклиёти автомобилии истифодаи умум (ба гайр аз такси) дар дехот;

4) дар навбати аввал гирифтани хона, аз чумла масохати иловагии манзил то 9 метри мураббаъ (масохати иловаги ба шарте дода мешавад, ки унвон, дарача (рутба) ба унвони генерал-майор ва унвони аз он болотар, мутобик бошад);

5) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии).

Моддаи 39. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии ветеранхои мехнат

Ветеранхои мехнат хангоми ба нафака баромадан бар замми тадбирхои химояи хукукию ичтимоие, ки дар моддаи 24, банди 3-юми моддаи 38-уми хамин Конун пешбини шудаанд, аз хукук ва кафолату чуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:

1) гирифтани кумаки модди ё молияви аз хисоби маблаги корхонахо;

2) гирифтани иловапули ба нафака;

3) барои онхое, ки ба нафакаи пиронсоли баромадаанд, нигох доштани собикаи муттасили мехнати;

4) дар навбати аввал гирифтани манзил  (дар холатхои пешбиникардаи Конун).

Ветеранхои мехнат вакти ба нафака баромадан аз хукуки аъзои коллективи мехатии корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки онхо пеш аз нафакахур шудан дар он чо кор мекарданд, истифода меба­ранд. Хукуки бехбуди шароити манзилии онхо ва иштироки онхо дар хусусигардони ва саххомикунонии корхона, муассиса ва ташкилот боки мемонад.

Моддаи 40. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии ветеранхо – шахрвандони давлатхои дигар, ки муваккатан мукими Чумхурии Точикистон мебошанд

Ветеранхо – шахрвандони давлатхои собик ИЧШС, шахрвандони хоричи ва шахсони бетабаа, ки муваккатан мукими ЧумхурииТочикистон гаштаанд, аз хукук ва кафолату чуброноти зерини давлати истифо­да мебаранд:

а) ветеранхои чанг;

аз руи нусхахои (ресептхои) духтурон бепул гирифтани дорувор (дар худуди меъёрхое, ки Хукумати ЧумхурииТочикистон муайян месозад);

муоличаи бепул дар муассисахои тиббии давлати;

б) ветеранхои хамаи категорияхо:

рафтуомади бепул дар тамоми навъхои наклиёти мусофиркаши шахри ва наздишахри (ба истнои такси) ва дар наклиёти автомобилии истифодаи умум дар дехот;

бенавбат истифода бурдан аз хизмати алока ва муассисахои спортию солимгардони ва маданию маърифати;

бенавбат харидани билет ба хамаи навъхои наклиёт.

ФАСЛИ VII.

ХУКУК  ВА  КАФОЛАТУ  ЧУБРОНОТИ  АЪЗОИ  ОИЛАИ  ВЕТЕРАНХО

Моддаи 41. Шахсоне, ки аъзои оилаи ветеранхо дониста мешаванд.

Шахсони зайле, ки якчоя бо оилаи ветеран зиндаги мекунанд, аъзои оилаи у дониста мешаванд:

а) волидайн (модар, падар);

б) хамсарон (шавхар, зан);

в) фарзандони ба синни 18 нарасида ё калонтар аз ин син, агар онхо дар муассисахои таълимии оли ё миёнаи касби тахсил намоянд;

г) бародарон, хохарон ва наберахои гайрикобили мехнат, агар онхо дар таъминоти ветеран бошанд;

д) бобо, биби ё дигар ашхоси гайрикобили мехнат, ки дар таъми­ноти ветеран мебошанд.

Моддаи 42. Хукук ва кафолату чуброноти давлатии аъзои оилаи ветеран

Аъзои оилаи ветеран аз хукук ва кафолату чуброноти зайли давлати истифода мебаранд:

а) 50 фоиз кам кардани пардохти пули хизмати коммунали (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии) барои аъзои оилаи ветеран, ки дар сарсатри «а» моддаи 27, дар модахои 25, 26, 28, 29, 30, 33, 35 ва 36-уми хамин Конун зикр шудаанд;

б) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил барои аъзои оилаи ветеран, ки дар модахои 26, 31, 35-уми ин Конун зикр шудаанд;

в) аз пардохтани пули хизмати коммунали (ба истиснои пардохти кувваи барк ва гази табии) озод намудани аъзои ои­лаи ветеран, ки дар моддаи 34-уми хамин Конун зикр шудаанд.

Моддаи 43. Хукук ва кафолату чуброноти иловагии давлатии аъзои оилахои ветеранхои Чанги Бузурги Ватани ва ветеранхои амалиёти чанги дар каламрави давлатхои дигар, ки халок шудаанд (фавтидаанд)

Аъзои оилахои ветеранхои Чанги Бузурги Ватани ва ветеранхои ама­лиёти Чангии дар каламрави давлатхои дигар халокшуда (фавтида), ки дар модахои 14, 16 ва17-уми хамин Конун зикр шудаанд, ба замми тадбирхои химояи хукуки ва ичтимоии дар моддаи 42-юми ин Конун пешбинишуда аз хукук ва кафолату чуброноти зайли давлати истифода мебаранд:

1) таъини нафака ба сабаби гум кардани саробон ва андозбандии имтиёзнок;

2) гирифтани ёрдампули барои гурондан дар хадди меъёре, ки конунгузори мукаррар кардааст;

3) ба моликияти оила додани автомобили сабукрав ё мотоколяскае, ки маъюб бепул гирифта буд;

4) дар навбати аввал бо манзил бепул таъмин намудани ашхоси мухточи бехбудии шароити манзил;

5) кам кардани пули пардохти сузишвори (дар хачми 50 фоиз) дар худуди меъёре, ки сокинони хонахои марказгарми надошта мехаранд;

6) гирифтани кредити яккаратаи имтиёзноки муассисахои бонки ба­рои харидани (сохтани) квартира, хонаи истикомати, богсарой, ободонии китъахои бог, ташкили хочагии ёрирасон ё дехкони;

7) хукуки имтиёзноки дохилшави ба кооперативхои манзили, сохтмони манзил, гаражхо ва кооперативхои дигар, ширкатхои богу полизи;

8) бепул гирифтани китъаи замин ба андозаи дар Конун муайяншуда барои сохтмони манзил, ба рох мондани хочагии богу  полизи ё дехкони;

9) норавоии аз хонахои истикоматии хизмати баровардани оилахои ветеранхои халокшуда (фавтида) бе ин ки ба онхо хонаи дигари истикомати бепул дода шавад;

10) бепул истифода кардан аз поликлиникахо хангоми ба нафака баромадан, ки аъзои оила дар замони зинда будани ветерани халокшуда (фавтида) вобаста карда шуда буданд;

11) дар асоси нусхахои (ресептхои) духтурон ба хадди меъёр ва тартиби мукарраркардаи Хукумати ЧумхурииТочикистон аз дору бепул таъмин намудани волидайн, зани (шавхари) ветерани халокшуда (фав­тида);

12) хукуки имтиёзнок барои таъмин карда шудан бо путёвкаи сана­торияхо, профилакторияхо, истирохатгоххо (дар сурати чоиз будани муоличаю истирохат аз нигохи тибби) аз охирин чои кори ветерани ха­локшуда (фавтида);

13) бепул сафар кардани волидайн, зани (шавхари) ветерани халок­шуда (фавтида) дар тамоми навъхои наклиёти мусофиркаши шахри, наздишахри (ба гайр аз такси) ва дар наклиёти автомобилии истифодаи умуми дехот (ба гайр аз такси) дар худуди нохияи маъмурии чои истикомат, хамчунин дар наклиёти рохи охани хатти наздишахри ва дар автобусхои маршрутхои наздишахри;

14) дар навбати якум кабул кардани зани (шавхари) ветерани халок­шуда (фавтида) ба хона-интернатхои пиронсолону маъюбон, ба марказхои хизматрасонии ичтимои, хамчунин бенавбат кабул намудани онхо барои хизматрасони аз тарафи шуъбахои кумаки ичтимои дар хона;

Хукуку кафолатхо ва чуброноти давлати ба волидайни зани (шав­хари) дубора акди никох накарда, сарфи назар аз ин ки онхо нонхури ветерани Чанги Бузурги Ватани, ветерани амалиёти чанги мебошанд ё не ва сарфи назар аз гирифтани хар навъи нафака ва музди кор, хамчунин ба шахсони дар банди «и» моддаи 15-уми хамин Конун зикршуда дода мешаванд.

Хукук ва кафолату чуброноти давлати, ки барои аъзои оилаи ветеранхои халокшудаи Чанги Бузурги Ватани ва ветеранхои амалиёти Чангии каламрави давлатхои дигар мукаррар карда шудаанд, ба аъзои оилахои хизматчиёни харби, шахсони хайати катори ва хайати рохбарии макомоти корхои дохили ва амнияти давлати, шахсони дорои унвони махсуси макомоти гумрук, судяхо ва кормандони прокурорию тафтишотии макомоти прокуратура, ки хангоми ичрои хизмати харби ё вазифахои хизмати, ё дар асири ва ё мутобики тартиби мукарраркардаи Конун дар минтакахои амалиёти чанги беному нишон гумгашта дониста шудаанд, татбик мегарданд.

ФАСЛИ VII.

КОИДАХОИ НИХОИ

Моддаи 44. Боздоштани хукук ва кафолату чуброноти давлатии ве­теран ва аъзои оилаи вай

Дар сурати ба махрумият аз озоди махкум шудани ветеран хукук ва кафолату чуброноти давлатии пешбининамудаи хамин Конун дар давраи адо кардани чазои таъимнамудаи суд боздошта мешаванд.

Макоме, ки ба ветеран замимаваракаи шаходатномаро дар бораи истифодаи хукук ва кафолату чуброноти давлатии пешбиникардаи ин Конун додааст, варакаи мазкурро бекор мекунад.

Хукук ва кафолату чуброноти марбутаи давлати баъд аз адои чазо дар асоси дархости он муассисаи ислохоти мехнати, ки ветеран дар он чо мухлати чазоро сипари мекунад, аз нав баркарор карда мешавад.

Масъалаи боздоштан ё баркарор намудани хукук ва кафолату чуброноти давлати нисбати аъзои оилаи ветерани ба махрумият аз озоди махкумшуда низ ба хамин тартиб хал мегардад.

Моддаи 45. Таъмини молиявии хукук ва кафолату чуброноти давла­тии ветеранхо ва аъзои оилаи онхо

Таъмини молиявии хукук ва кафолату чуброноти давлатие, ки Конуни мазкур барои ветеранхо ва аъзои оилаи онхо пешбини намудааст, аз хисоби бучети чумхурияви ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 46. Масъулият барои риоя накардани конунгузори дар бо­раи ветеранхо

Шахсоне, ки дар риоя накардани конунгузори дар бораи ветеранхо гуннахкоранд, масъулияте ба душ доранд, ки конунгузории ЧумхурииТочикистон мукаррар кардааст.

Моддаи 47. Бахсхо аз руи масъалахои вобаста ба амали кардани хукук ва кафолату чуброноти давлатии пешбиникардаи ин Конун

Бахсхо аз руи амали кардани хукук ва кафолату чуброноти давла­тии пешбининамудаи ин Конун аз тарики суд хал карда мешаванд.

Амалхои гайриконунии макомот ва шахсони мансабдор оид ба ама­ли намудани хукук ва кафолату чуброноти давлати низ ба хамин тартиб хал карда мешаванд.

 

 

     Президенти

ЧумхурииТочикистон                                                         Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе,  7 апрели соли 1995,

№59

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оид ба мавриди амал карор додан ва татбик намудани Конуни ЧумхурииТочикистон

«Дар бораи ветеранхо»

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1995, №7-8, мод. 69)

 

Мачлиси Олии ЧумхурииТочикистон карор мекунад:

  1. Конуни ЧумхурииТочикистон «Дар бораи ветеранхо» аз рузи нашр шуданаш мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати ЧумхурииТочикистон дар муддати як мох:

оид ба дохил намудани тагйирот ва иловахо ба санадхои конунгузори, ки бо кабули Конун «Дар бораи ветеранхо» вобастаанд, ба тартиби мукарраршуда таклифхо пешниход намояд;

карорхо ва супоришхои Хукуматро ба Конуни мазкур мутобик созад;

ба вазоратхо ва идорахои ЧумхурииТочикистон супорад, ки санадхои меъёрию хукукии баровардаашонро бо Конуни мазкур мутобик гардонанд;

ба тартиби мукарраршуда санадхои меъёрию хукукии Хукумати ИЧШС-ро оид ба хукук ва кафолату чуброноти давлатии ветеранхо дар каламрави чумхури беэътиборшуда хисоб кунад;

коидахои дахлдорро дар бобати татбики Конуни мазкур тахия ва тасдик намояд.

III. Мукаррар карда шавад, ки амали модахои 14, 15 ва 17-уми Конуни мазкур нисбати шахсоне (аз чумлаи сокинони Чумхурии Точикистон) татбик мешавад, ки дар амалиёти Чангии фронтхои Чанги граждани дар худуди ИЧШС аз 23 феврали соли 1918 то октябри соли 1922;

дар мубориза ба мукобили босмачиги дар каламрави Точикистон аз ок­тябри соли 1922 то июни соли 1931; дар Чанги байни Шуравию Польша аз март то октябри соли 1920; дар худуди Испания аз соли 1936 то со­ли 1939; дар махалли Кули Хасан аз 26 июл то 11 августи соли 1939; дар сохили дарёи Халхин-Гол аз 11 май то 16 сентябри соли 1939; хангоми муттахидкунии ИЧШС, Украинаи Гарби ва Белоруссияи Гарби аз 17 то 28 сентябри соли 1939; дар Хитой аз августи соли 1924 то июли соли 1927, аз октябр то ноябри соли 1929, аз июли соли 1937 то сентя­бри соли 1945; Чанги Шуравию Фин аз 30 ноябри соли 1939 то 13 марти соли 1940 ва Чанги Шуравию Япония аз 9 август то 3 сентябри соли 1945 иштирок кардаанд.

  1. Фахмонда шавад, ки иштирок дар химояи шахрхои Одесса аз 10 август то 16 октябри соли 1941, Севастопол аз 5 ноябри соли 1941 то 4 июли соли 1942, Сталинград аз 12 июл то 19 ноябри соли 1942 ва Ленинград аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 дар асоси шартхое, ки барои таъини нафака ба хизматчиёни харбии кисмхои харбии армияи амалкунанда мукаррар карда шудааст, ба собикаи хизмат хисоб карда мешавад.
  2. Фахмонда шавад (хангоми татбики сарсатри «б» моддаи 16-уми Конун), ки дар давраи аз 10 май соли 1945 то 31 декабри соли 1951 ама­лиёти чанги дар каламрави ЧШС Белоруссия, ЧШС Украина, ЧШС Лат­вия, ЧШС Литва ва ЧШС Эстония, ки ба хайати собик Иттифоки ЧШС дохил буданд, инчунин дар чазираи Даманск мохи марти соли 1969 дар махалли кули Жаланашкул мохи августи соли 1969 бурда шудаанд.
  3. Мукаррар карда шавад, ки амали моддахои 16 ва 17-уми Конуни мазкур нисбати шахсоне (аз чумлаи сокинони Чумхурии Точикистон) татбик мешавад, ки дар амалиёти чанги дар каламрави давлатхои зерин иштирок кардаанд:
  4. Алчазоир – солхои 1962-1964.
  5. Ангола – ноябри соли 1975 – ноябри соли 1979.
  6. Афгонистон – апрели соли 1978 – 15 феврали соли 1989.
  7. Бангладеш – солхои 1972-1973 (танхо барои хайати шахсии киштихо ва киштихои ёрирасони Флоти харбии Бахрии ИЧШС).
  8. Венгрия – октябр-ноябри соли 1956.
  9. Вьетнам – январи соли 1961 – декабри соли 1974.
  10. Миср (Чумхурии Муттахидаи Араб) – октябри соли 1962 – марти соли 1963, июни соли 1967; соли 1968 марти соли 1969 – июли соли 1972, октябри соли 1973 – марти соли 1974, июни соли 1974 – феврали соли 1975 (танхо барои хайати шахсии миначуёни Флотхои Бахри Сиёх ва Укёнуси Ором, ки барои аз мина тоза кардани минтакаи нахри Суэц иштирок намудаанд).
  11. Чумхурии Ямани Араб – октябри соли 1962 – марти соли 1963, ноябри соли 1967 – декабри соли 1969.
  12. Камбоча – апрел – декабри соли 1970.
  13. Хитой – марти соли 1946 – апрели соли 1949, март – май соли 1950 (танхо барои хизматчиёни харбии гурухи кушуни мудофиаи зиддихавоии минтакаи шахри Шанхай), июни соли 1950 – июли соли 1953 (танхо барои хизматчиёни харбии кисмхои харбии шурави ва чузъу томхое, ки дар амалиёти чанги дар Кореяи Шимоли аз худуди Хитой иштирок кардаанд).
  14. Лаос – январи соли 1960 – декабри соли 1963, августи соли 1964 – ноябри соли 1968, ноябри соли 1969 – декабри соли 1970.
  15. Лубнон – июни соли 1982.
  16. Мозамбик – солхои 1967-1969, ноябри соли 1975 – ноябри соли 1979.
  17. Кореяи Шимоли – июни соли 1950 – июли соли 1953.
  18. Сурия – июни соли 1967, март-июли соли 1970, сентябр – ноябри соли 1972, октябри соли 1973, июни соли 1982.
  19. Эфиопия – декабри соли 1977 – ноябри соли 1979.
  20. Чумхурии Чехословакия – августи соли 1968 -1969.

VIII. Мукаррар карда шавад, ки амали модахои 14, 15 ва 17-уми Конун нисбати хизматчиёни харбии (аз чумла ба эхтиёт (истеъфо) баромадаи сокини ЧумхурииТочикистон) кисмхои харби ва муассисахои шуравии аз 25 август то 5 сентябри соли 1941 ба Эрон даровардашуда татбик мегардад.

IХ. Фахмонида шавад, ки имтиёзхои кам кардани пардохти пули истифодаи манзил ва хизматрасонии коммунали (озод намудан аз он), ки дар Конуни ЧумхурииТочикистон «Дар бораи ветеранхо» пешбини шудааст, новобаста аз мансубияти фонди манзил ё хусусигардонии ман­зил дода мешаванд.

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                             С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе, 7 апрели соли 1995,

№60

[1] Xанги Бузурги Ватанb аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945.

[1] Минъбад маъюбони xанг

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …