Главная / Гуногун / ДУЪО БА ИМОМИ АЪЗАМ /р/

ДУЪО БА ИМОМИ АЪЗАМ /р/

Имоми Аъзами басо сарватманду точир ва нихоят саховатманд, ки аз тичораташ барои кориёни Куръон муфассирин, мухаддисин ва фукарои асри пурталотуми хеш либосу хурданивори харидори мекард ва барои ба иштибохи хиёнати шарикаш дарёи дирхам, аз сахми хеш, дар чандин хазор динори ироки даргузашт. Имоми сарватманд дар умри худ 55 дафъа Хач намуда, як мох 30 дафъа хатми Куръон мекардааст, яъне, у хаёти худро вакфи дини хак карда буд. Худо уро биёмурзад!

***

Имоми басо хакиму донишманди калом, ки рохи акидаи Исломиро асос гузошт ва дар рохи мунозира бо ахли бидъат ва хавову хавас ва «шайхону зохидон ва уламои»-и рибоъхору риёкор ва халифахову хукмравоёни тихимагзи асри хеш мусибатхои шадидеро мутахаммил шуд. Рахмату магфирати Худо бар вай бод!

***

Имоми шахиру факехи кабир, ки баъд аз дарёфти олитарин шаходатнома, дар илми калом, риштаи фикхро, аз Хаммод ибни Абусулаймон фаро гирифт ва мактаби фикхиро дар олами Ислом, дар асоси Куръон ва Хадис илман асос гузошт ва шогирдонашро, аз кабили нахусткозиюлкозоти Ислом-Имом Абуюсуфи Яъкуб, Имом Мухаммади Шайбони, Иброхими Адхам, Мотаридии Самарканди, Суфиёни Саври, Иброхими Нахъи, Абдуллох ибни Муборак, Имом Зуфар ибни Хузайл, Имом Абумутеъи Балхи, Имом Хаммод ибни Абуханифа /р/, Абулайси Самарканди, Имом Абумукотили Самарканди ва амсолухум хойизи дарачоти фикхи гардонид. Худо аз вай хушнуд шавад!

***

Имоми мутасаввуф, ки чихил сол намози Фачр /бомдодро бо вузу /тахорат/-и ъишо /хуфтан/ адо намуд ва хангоми самоъи оёти азоб то хадде мегирист, ки хамсоягон ба холаш дил месухтан. Худо рухашро шод дорад!

***

Имоми Аъзам Абуханифа ибни Хоча, Собит (ибни Марзбон ибни Мох ибни Хурмуз ибни Анушервон ибни Сосон, Ал-Форси ибни Завти Ал-Кобули Ал-Куфи) /р/ он шахсияти сиёси ва ичтимои, ки дар зиндон, дар рохи хидмати сиёси ва тавсияи хулафо чон супурд. Худо дарачоташро оли дорад!

***

Имоми Аъзами муаззами суфии Куфи /р/ он марди бузург ва инсони комил, ки миллионхо, яъне 60-фиссади мусалмонони олам аз мазхаби мухаззабаш пайрави мекунанд /яъне, ханафиёни олам/ ва ба донишаш коиланду мисли у дониш меомузанду чамоаи ахли суннат ва чамоатро ташкил додаву медиханд ва хоханд дод. Худо уро хушнуд гардонад!

Хазрати Имоми Аъзами муъаззами Куфи, ки аслан аз ашрофзодагони точикзабон, яъне форсиасли шахри Кобул буду дар рохи пойдории шариъат ва тарикати исломи мубин ранчхо кашида, «Сирочи уммат» («Чароги уммат») лакаб гирифту дар баробари забони Куръон, яъне забони араби, забони точикии форсиро забони илму маърифат эълон дошт – Худованд уро дар аъло илиййин чойгох иноят фармояд.

ДУО ВА Ё НОЛА

Пас бувад шод рухи покаш,

Хам Худо рози аз у.

Ман, ки Бурхонам;

Яке аз пайравони рохи у,

Чони худ созам фидо, аз бахри рохи неки у…

Дил мудом хохони он аст,

Ки бигуям хар нафас;

– Сад дуъо бар рухи покаш,

Он Имоми муслимину…

В-он факехи муъминин…

Хамчу Абдулхай агар доред, ихлосе ба у.

Пас бигуедаш салому хам дуо, бо сабки у,

Гуфтааст он хушбаён, бо назми зайл:

«Ассалом, эхёгари ойини поки Мустафо!

Ассалом, эй мучтахиду орифу Лукмони мо!

Ассалом, Нуъмони Собит, шухра бар Абби Ханиф,

Ассалом, эй мазхаби моро Чароги рахрамо!…».

Эй Худоё, бишнав афгони хамон Бурхони худ:

Сухтем, мо дар фироки он Имому в-он

                                                факеху мучтахид,

Эй Худоё, чойи уро чаннатулфирдавс кун!

Омин…

Ва ахиран он Имоми хумоме, ки кулли муслимин дар поёни ахди Расулуллох (с) ва замони ахди охирин асхоби киром (р) ва тобиъини кибор «Имоми Аъзам»-аш хондаанд ва кулли муслимин онро то кунун эътироф доранд, шахсияти нотакрори фарханг ва тамаддуни исломи буда, фахри миллати точик ва кулли форсизабонон ва сойири аксойи олам аст, ба шаходати писари Имоми Аъзам Абуханифа (р) – Хаммод ибни Абуханифа насаби падари бузургворашонро Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон куния намуда ва Марзбонро низ аз абнои Форс ривоят фармуда ва дар «Матлаъулъулум» – ном китоб насаби шарифи Имоми Аъзам Абуханифа (р)-ро ба Анушервони Одил мерасонад, ки ниёи точикон аст. Хулоса, исми шарифи имоми хумом Нуъмон кунияи муборакашон Абуханифа ва лакаби чалилашон Имоми Аъзам аслан насабан аз точикони гузари «Хочагон»-и билоди Парвони шахри Кобули Шариф мебошанд, ки дар замони Бани Таймуллох ибни Саълабайт ба Ирок, яъне ба Куфа омадаанд, ки Худованд хамаи эшонро гарики рахмат бигардонад ва шоистаи Чаннат.

Алхамду лиллохи аввалан ва охиран ва саллаллоху ъало сайидино ва Мавлоно Мухаммадин ва олихи ва асхобихи ва саллам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …