Главная / Гуногун / ДУРУД БА РАСУЛИ АКРАМ /с/

ДУРУД БА РАСУЛИ АКРАМ /с/

Алхамду лиллохи Раббил ъоламин, вал ъокибату лил-муттакин вассалоту вассалому ъало Расулихи Мухаммадин ва олихи ва асхобихи ачмаъин. Аммо баъд:

Эй дил, ту агарам дар ниходат оташи мехри самимие дар фироку хасрати рухи пурфутуху мутаххараи мунаввараи рисолатпанох-пешвойи шариати гурро, афзалул анбиёи вал мурсалин-Хазрати Расули акрам Мухаммади Мустафо саллаллоху ъалайхи ва олихи ва асхобихи ва салламро дори, пас дуруде бифирист субху шом ба рухи поки он Хабиби Худо /с/, мисли яке аз умматони солех ва фозилаш доктор Сайид Абдулхайи Комили, ки мегуяд:

Ассалом, эй Хазрати хазратшуморон Мустафо,

Ассалом, эй номи покат дар забонхо ибтидо.

Ассалом, эй зохиран марди факиру хоксор,

Ассалом, эй ботинан лоики даргохи Худо.

Ассалом, эй зиннати аврангу зеби точу тахт,

Ассалом, эй бандаи хушбахту яктои Худо.

Ассалом, эй Хотими пайгамбарони мурсалин,

Ассалом, эй пешвои авлиёву анбиё.

Ассалом, эй соябонат абр бо амри Хак,

Ассалом, эй соябони умматон, эй Мустафо.

Ассалом, эй васфи рафтори накуят бехисоб,

Ассалом, эй дар каломат маънихо бемунтахо,

Ассалом, эй куввати дил, бар Амиралмуъминин,

Ассалом, эй дастгиру рахбари Шери Худо.

Ассалом, эй пуштибони собиину тобиин,

Ассалом, эй муршиди он чор ёри босафо.

Ассалом, эй мубтадои муктадоёни чахон,

Ассалом, эй Хотими чумла хабархои Худо.

Ассалом, эй мардумонро киблаи куи умед,

Ассалом, эй чумлаи бечорагонро рахнамо.

Ассалом, эй боиси хастии ин кавну макон,

Ассалом, эй чон фидоят ё Мухаммад Мустафо.

Ассалом, эй точдори бе кулах андар чахон,

Ассалом, эй кофиласолори чамъи анбиё.

Ассалом, эй сарвару сардори авлоди башар,

Ассалом, эй боиси эчод дар арзу само.

Ассалом, эй мехрубони холики хар ду чахон,

Ассалом, эй дустдори боргохи кибриё.

Ассалом, эй бахраёб, аз фазлу лутфи ламязал,

Ассалом, эй хамнишину хамдами курбатсаро.

Ассалом, эй нури имони мусалмонон, салом,

Ассалом, эй дастгири умматон, рузи чазо.

Ассалом, эй вориси худ карда ту Нуъмонро,

Ассалом, эй он, ки гуфти у «Чароги уммат аст».

Ассалом, эй машъале аз шамъу фонуси фалак,

Ассалом, эй кудсиёнро нури чашму тутиё.

Ассалом, аз умматат Абдулхайи Комил, салом,

Ассалому сад хазорон вассалом, эй Мустафо!…

«Ассалоту вассалому, ъалайка ё Расулуллох,

Ассалоту вассалому, ъалайка ё Хабибуллох

Ассалоту вассалому, ъалайка ё хайра халкуллок».

 

«Ва саллаллоху ъало хайрихи халкихи Мухаммадин ва олихи ва асхобихи ва ахли тоатика ачмаъин. Омин, бирахматика ё архамарро химин».

 

Бо камоли эхтирому

сипосу ихлоси бандаги:       Сайид Бурхониддин

Душанбе – бахори 1999  Мухаммад Бузургмехри Ханафи

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …