Главная / Гуногун / ДУДИ ХАЗОРИСПАНД 

ДУДИ ХАЗОРИСПАНД 

Як вактхо дар тамоми шахри Бухоро касалии вабо  пахн  мешавад. Муромури бисьёр  авч мегирад. Одамон хама хайрон, чи кор карданашонро намедонанд. Баъзехо Бухороро тарк карда, бо молу холашон ба шахрхои дигар  кучида  мераванд, баъзехо ба такдирашон тан дода, «харчи шавем, шавем» гуфта, дар хонахошон мемонанд. Подшохи Бухоро барои пеши ин касалиро гирифтан хамаи уламою донишмандони мамлакатро чамъ карда, ба онхо супориш медихад, ки илочи аз ин бало халос кардани мардумро ёбанд. Аммо хеч кас дар ин бобат хеч кор карда наметавонад. Иттифоко ба подшох хабар медиханд, ки кадом як кунчи шахр Абуали гуфтаги як табиби чавон хасту агар тавонад, илочи ин хел касалиро факат хамон кас ёфта метавонад. Одам монда Абуалиро ба пеши подшох гирифта меоянд. Подшох Абуалиро дида аввал назараш  намегирад, баъд дилу бедилон  мегуяд:

zahravi-1-e1569412642664-1024x606    – Агар дар хакикат табиб бошед, ягон чораи хамин касалиро бинед.

Абуали «хуб» мегуяд ва хохиш мекунад, ки барои у хазориспанди бисьёре чамъ карда биёранд. Бо фармони подшох хохиши Абуали зуд ичро мегардад. Абуали хазориспандро дар мобайни шахр гун карда, онро дуд мекунонад. Дуд тамоми шахрро фаро мегирад. Хама чо сип-сиёх дуд, хама чо буи хазориспанд, аз бисьёрии дуд чашм кушода як кадам пеш монда намешавад. Баъд аз ин ходиса ба одамони касал охиста-охиста чон медарояду касали аз шахр бархам мехурад. Подшох ба доногии Абуали коил шуда, ба у пулу чизи бисьёр медихад ва офарин мегуяд. Аз ин кори Абуали одамон мефахманд, ки хазориспанд ба касалии вабо даво будааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …