Главная / Илм / ДОЪУЛХАМР

ДОЪУЛХАМР

delirij-alkogolnyjДОЪУЛХАМР (Delerium alcoholicum), делирий холатест, ки дар майзадагон бинобар якбора катъ кардани истеъмоли май ё худдори намудан аз истеъмоли он (дар мавриди осеб ёфтан ё гирифтори ягон маризии дигар шудан) ба вучуд меояд. Нишонаихои аввалини Д. бад шудани хоби шабона, ларзидани даст, серараки, хамчунин болидарух ва серхаракату фаъол шудани мариз мебошанд. Дар як муддати кутох табъи бемор борхо тагйир меёбад. Ин холат бештар шомгохон ва шаб рух менамояд. Минбаъд мариз бехоби мекашад, пеши назараш хар гуна ашё менамоянд, хазён мегуяд. Барои Д. таваххумоти хакикии бинои (галлютсинатсия) хос аст. Ба бемор хашарот (нонхурак, магас, гамбуск, пашша ва г.) ва чонварони хурди гуногун (гурба, мушу калламуш ва г.) хамла мекунанд. Мариз баъзан хайвоноти калон ва одамони афсонавиро мебинад, бо мору аждахо, чину ачина, хешу табори фавтидааш ру ба ру мешавад. Тахайюлот ва таваххумоти босирави гохо дар шакли танхо ба вучуд меоянд; баъзан бемор хаёлан тасвирхои мураккаб, намоишхои театриро мебинад, ба гуш садохо ва ба машом буйхои гуногун мерасанд, у гуё парвоз мекунад. Табъи бемор зуд-зуд тагйир ёфта меистад: уро гох вохима зер мекунад, гох хайрон мешавад, гохо дилгир аст. Чунин беморон, одатан, бекарор буда, хар гуна имою ишорахо менамоянд. Харакат ва рафтори онхо ба таваххумоте, ки хамон лахзахо вучуд доранд, вобаста мебошад. Мас., хангоми тарс ва пеши назар намудани чизхои дахшатнок бемор пинхон мешавад, худро мухофизат мекунад, дар газаб аст. Дар ин маврид онхо пурра банди холати худ мебошанд. Хангоми Д. хазён, одатан, маънои таваххумотро ифода мекунад (бисёр вакт он хазёни таъкиб намудан аст). Беморон дар кучо будани худро галат мефахманд (мас., онхо дар беморхонаанду мегуянд, ки дар кор, хона ё тарабхона мебошанд), вале худашонро мешиносанд. Барои Д. фаромуш сохтани баъзе холатхои рухи хос аст, яъне лахзахое фаро мерасанд, ки хама гуна таваххумот нест мешаванд.
Д. бидуни муолича низ баъди 3 – 5 руз аз байн меравад; баъзан он 1 – 2 хафта идома меёбад. Беморон, одатан, баъди хоби сахт ба худ меоянд.

Н. М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …