Главная / Илм / ДОРУХОИ ЗИДДИ ГАЗАК

ДОРУХОИ ЗИДДИ ГАЗАК

prednizolonДОРУХОИ ЗИДДИ ГАЗАК, моддахое, ки чараёни илтихобро суст мекунанд. Д. гуногун мебошанд. Хусусан гормонхои кишри гадудхои болои гурда ва ивазкунандаи сунъии онхо – глюкокортикоидхо (преднизолон, дексаметазон ва г.), ки таъсири зиддиаллерги низ доранд (ниг. Аллергия), нихоят фаъоланд. Хангоми табобат бо глюкокортикоидхо аксар вакт таъсири номатлуби онхо зохир мегардад: ихтилоли мубодилаи моддахо, нигох доштани обу натрий дар организм, афзудани хачми плазмаи хун, яра шудани луобпардаи меъда ва рудаи дувоздахангушта, фуру нишастани иммунитет ва г. Дар мавриди истифодаи тулонии онхо синтези гормонхои табии дар гадудхои болои гурда кам шуда, дар натича зимни катъ кардани истифодаи ин дорухо мумкин аст фаъолияти кишри гадудхои болои гурда халал ёбад. Аз ин сабаб табобат бо глюкокортикоидхо бояд зери назорати доимии духтур гузаронида шавад (бе таъиноти духтур истифода бурдани дорухо хеле хавфнок аст). Глюкокортикоидхо инчунин ба таркиби баъзе мархаму суспензияхо дохил мешаванд (онхоро дар аснои газаки пуст ва луобпардахо кор мефармоянд). Ин дорухоро низ бе таъиноти духтур истифода бурдан чоиз нест, чунки дар ин сурат хуручи баъзе амрози пуст ва диг. беморихо эхтимол дорад.
Ба сифати Д. баъзе дорухои дардбар, аз чумла аналгетикхои гайринаркози (кислотаи атсетилсалитсилат, аналгин, амидопирин, бутадион) ва дорухои хосиятхояшон ба онхо наздик (индометатсин, ибупрофен, волтарен ва г.) истифода мешаванд. Ин дорухо нисбати глюкокортикоидхо суст мебошанд, вале таъсири номатлуби онхо низ камтар аст (бинобар ин барои табобати газаки банду мушакхо ва узвхои даруни истифода мешаванд).
Дорухои мукбиз низ таъсири муътадили зидди илтихоб доранд. Онхоро асосан хангоми газаки чузъии пуст ва луобпардахо истифода мебаранд. Ин дорухо бо сафедаи бофта пардахои мухофиз хосил карда, луобпарда ва чои иллатёфтаро аз ангезиш хифз мекунанд, ба инкишофи минбаъдаи газак монеъ мешаванд.
Гурухи дорухои номбурда бевосита ба манбаи газак таъсир намерасонанд. Бар хилофи онхо антибиотикхо, дорухои сулфаниламиди ва г. хосияти махсуси зидди илтихобро доранд. Онхо кодиранд фаъолияти микроорганизмхои муайянро фуру нишонанд. Чунин дорухоро факат бо таъиноти духтур хангоми газаки дар натичаи беморихои сирояти пайдошуда кор мефармоянд.
Дар аснои газаки меъдаю руда, махсусан барои кудакон, дорухои шилмак (мас., луоб) таъин мекунанд; онхо таъсири зидди газак нарасонда, факат луобпардаро фаро мегиранд ва аз ангезиш хифз менамоянд. Аз дорухои шилмак инчунин хангоми таъин кардани дорухое, ки гайр аз таъсири асоси боз таъсири ангезанда доранд, истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …