Главная / Илм / ДОРУХОИ ФИШОРШИКАН

ДОРУХОИ ФИШОРШИКАН

doruhoi-fishorshikanДОРУХОИ ФИШОРШИКАН, моддахое, ки фишори шараёнро паст мекунанд. Д. ф. вокеан хам дорухое мебошанд, ки онхо рагхоро васеъ, тонуси онхоро суст ва фишори хунро паст менамоянд. Бо максади фаровардани фишор хамчунин дорухоеро низ истифода мебаранд, ки шиддати кашиши дилро суст мегардонанд; дар натича хун ба шохраг (аорта) кам равон мегардад ва фишори шараён мефарояд. Гайр аз ин ба сифати Д. ф. воситахои пешоброн низ кор фармуда мешаванд. Онхо ба ихрочи намак аз организм (асосан намакхои натрий) мусоидат ва тонуси шараёнро суст мекунанд.
Д. ф. барои табобати бемории гипертония ва гипертензияи шараёни кор фармуда мешаванд. Духтур Д. ф.-ро бо назардошти хусусияти таъсир, инчунин холати организм ва дарачаи бемори таъин мекунад. Д. ф.-ро бо маслихати шиносон истеъмол намудан чоиз нест, зеро дорухое, ки онхо тавсия кардаанд мумкин аст таъсир нарасонанд ё боиси зухуроти номатлуб (заъфи фаъолияти дил, дилбехузури, кай, бехоли, сарчархзани ва г.) гарданд. Беназорат истифода бурдани Д. ф. хатари дигар – эхтимоли якбора паст шудани фишори шараёнро дорад (боиси руй додани коллапс мегардад). Д. ф.-ро факат бо таъинот ва зери назорати катъии духтур истифода бурдан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …