ДОРУХОИ БАЧАДОН, моддахое, ки ба фаъолияти миометрия таъсири интихоби мерасонанд. Д. б. ду навъ мешаванд: дорухое, ки асосан ба кашишхурии миометрия таъсир меоранд ва дорухое, ки тонуси миометрияро баланд мебардоранд.
Ба дорухои ангезандаи фаъолияти кашишхурии миометрия гормони хиссаи кафои гипофиз (окситотсин), питуитрин, гифототсин, простагландинхо (динопрост, динопростон), баъзе маводи синтези (изоверин, сферофизин) мансубанд.
Окситотсин бо максади ангезиши фаъолияти зодан, пешгири ва табобати хуншории бачадон баъди ба дунё овардани тифл истифода мешавад. Питуитрин аз окситотсин ва вазопрессин иборат аст. Бинобар ин мумкин аст фишори шараёнро баланд бардорад. Простагландинхои гурухи Е ва F дар хама муддати хомилаги фаъолияти миометрияро афзун мегардонанд. Дорухои простагландинро барои катъи хомилаги ва ангехтани фаъолияти зодан кор мефармоянд.
Ба сифати Д. б., ки кашишхурии миометрияро суст мекунанд, партусистен, ритодрин, салбутамол истифода мешаванд. Онхоро асосан барои пешгирии таваллуди бармахал таъин менамоянд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …