Главная / Гуногун / ДОГИ ДИЛИ БАБР

ДОГИ ДИЛИ БАБР

Хавлие, ки ин саги мехрубон аз овони думохагиаш се сол инчониб зиндагиву посбони мекард, дар шафати коргохе вокеъ буд. Рафта-рафта чонвари безабон, ки одатан аксар вакт шабхо аккос мезад, дарвозаву богу хавлии хамсояро низ зохиран каламрави худ мепиндошт ва озодона гаштугузор мекард. Ба кормандон хам унс гирифта буд. Ошпазхову каровулон нони коку устухон медоданд, хатто фаррошзанхо, ки хануз чашми руз накафида бахри рубучин меомаданд, махсус барои Бабр – ин саги озодидусту оромтабиат аз хонахояшон хурданихо меоварданд ва саг дум ликконда бо хушнуди аз дур онхоро мешинохту мингоззанон истикболашон мегирифт. Хуллас барои хар нафари он даргох низ саги худи хисоб меёфт…

babr

Боре чунон галогула бархост, ки хучаини Бабр аз хонааш берун давид. Ва дид, ки сагаш мобайни хафт-хашт нафар кормандон истода бо кахру газаб аккос мезанад. Аз ин рафтори Бабр хеле хайрон шуд, наздаш рафта гарданашро хоридаву молида ором карду одамон гузаштанд.

– Ха, Бабрак, чи чин зад туро? Аклатро хурди магар, ки якбора ба як гурух одамони шинос дарафтоди? А?

Саг гох ба сохибаш нигаристу гох ба замин, вале садое набаровард.

– Гох-гох фикр мекунам, ки саги зирак аз баъзе зотхо боаклу одилтар аст, – хучаини Бабр сар гардонда каровули кухансолро дид, ки рост истода назди дарвоза сигарета мечокид. Ин лахза саг ба сохибаш ва хамсухбати у як нигох афканду охиста-охиста суи хавлии хамсоя равон шуд.

– Пай бурдед, саг бошад хам, фахмид, ки мо дар борааш гап мезанем… факат забон надорад, ки дардашро гуяд…

Бабр аз назар пинхон гашт.

Каровули кухансол аз сухан бозмонд. Айни авчи бахорон – хосилбандии дарахтон буд. Баргхояшон, азбас зуд-зуд борон мезад ва чангу губори барояшон бегонаро мешуст, зери нурхои офтоб ботароват медурахшиданд.

– Биёед, бинем, ки сагатон кучо меравад, шумо на аз хама асрори ин чонвар бохабаред, – инро гуфту каровули пир чониби хавлии коргох гузашт.

Бабр байн-байни нихолони бог, таи деворхо мегашт, меистод, буй мекашид, шоша мекард, гуё чизи ошноеро мекофт. Сипас ба кунчи дури бог расиду ду-се бор тоб хурд ва нишаст, лунчашро руи пойхояш мондаву чукут варзида ба як нукта менигарист.

– Медонед, сагатон чаро ин кадар безобита шуда ба кормандон аккос зад?

– Худам дар тааччубам, – китф чунбонд сохиби саг.

– Вай ба хама не, Ба Зохир алам дорад. Миёни чил нафар хам бинад, Зохира чудо мекунад.

– Зохир чи гунох дорад?

– Замони майдахакиаш мумкин зада бошад, – ба гуфтугу ёвари каровули кухансол – чавони бисту панч-сисола, ки то ин лахза хомуш меистод, хамрох шуд.

Бабр то хануз дар хамон кунчи дури бог хобида сукут меварзид. Ин хангом писарчаи хучаини саг тозон омад ва хабар дод, ки падарашро бо телефон чег мезананд…

Танхо баъди си-чил рузи он вокеа сохиби саг Зохирро дар сари куча вохурд, ки нон дар даст меомад.

– Даратон махкам, сагатон бастааст? – хатто саломуалейк накарда мепурсад у.

– Ха, бемалол натарсида гузаштан гиред… Ба хар хол хеч сабабашро намефахмам, ки Бабр чаро ин кадар шуморо дуст медорад…

– Хайвон-дия…

Тирамох фаро расид. Рузе сохиби саг нордбон монда аз ток максади ду-се сар ангур кандан дошт. Ин махал аз болои девор мушохида кард, ки Зохир ин су–он су харосон нигариста ноаён гузаштани буд. Хамин лахза Бабр худро ба дарича зад, халкаи онро тасодуфан боз мондаанд. Доду фарёди Зохир ба гирду атроф печид. Каровули пир давида баромад. Хучаини саг чонхол поин шуд. Саг мегурриду дандон тез мекард, хучаинаш, ки байни Зохиру Бабр карор гирифта буд, бори нахуст дид, ки сагаш гуё ба гург табдил ёфта буду аз чашмонаш оташ мепарид, омода буд, ки Зохирро хомдаррон бикунад. Дар руи Зохир аз ранг нишоне боки намондаву каровули кухансол ба завк омада механдид.

– Гуфтам-ку, Зохир, ту аз ин саг як умр халос намехури, ё мачбури чои коратро иваз намои…

Бо дугу пуписа, таърифу тавсиф сарашро силазанон хучаинаш Бабрро осуда кард. Бо вучуди ин, аз акиби Зохир саг чанд маротиба аккос зада давидани шуд…

– Ёдатон хаст, хамсоя, мо як саги зебои модина доштем. Хамон чонвару саги шумо бо хам сахт унс гирифта буданд, аз хурсанди хамрох часту хез мекарданд. Ин гапи кухна, хеле шуд. Сардор ба Зохир фармон дод, ки модасагро ба ягон чои дур бурда партояд. Лекин се дафъа саг баргашта меомад. Зохир феълаш омада, сагро басту бо сангу калтак зада кушт. Руз – рузи истирохат– коргох холи буд. Фигони модасагро Бабр аз афташ дидаву шунида…

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …